Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 18

Дар вохӯриҳои ҷамоат якдигарро рӯҳбаланд кунед

Дар вохӯриҳои ҷамоат якдигарро рӯҳбаланд кунед

«Биёед дар фикри ҳам бошем... якдигарро рӯҳбаланд созем» (ИБР. 10:24, 25).

СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон

ПЕШГУФТОР a

1. Чаро мо дар вохӯриҳо шарҳ медиҳем?

 ЧАРО мо ба вохӯриҳои ҷамоат меоем? Асосан барои ҷалол додани Яҳува (Заб. 26:12; 111:1). Боз мо барои дар ин рӯзҳои душвор якдигарро қувват бахшидан ба вохӯриҳо меоем (1 Тас. 5:11). Вақте мо дар вохӯриҳоямон даст бардошта, ҷавоб медиҳем, ба ҳар дуи ин мақсадамон мерасем.

2. Аз кадом имкониятҳо истифода бурда дар вохӯриҳоямон шарҳ додан мумкин аст?

2 Ҳар ҳафта мо имконият дорем, ки дар вохӯриҳои ҷамоат шарҳ диҳем. Масалан, дар охири ҳафта мо дар баррасии мақолаи «Бурҷи дидбонӣ», дар байни ҳафта бошад, дар муҳокимаи бахши «Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом», «Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад» ва дигар қисмҳои вохӯрӣ иштирок карда метавонем.

3. Мо бо кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда метавонем ва чӣ тавр Ибриён 10:24, 25 ба мо кумак мекунад?

3 Ҳар яки мо мехоҳем Яҳуваро ҷалол диҳем ва ҳамимононамонро дилбардорӣ кунем. Лекин, вақте гап дар бораи шарҳ додан меравад, мушкилиҳо ба миён омада метавонанд: шояд моро тарсу хавотирӣ фаро гирад ё самимона дар вохӯрӣ иштирок кардан мехоҳем, лекин бародар моро чени хостамон намепурсад. Дар ин мавридҳо чӣ ба мо кумак карда метавонад? Ҷавоби ин саволро аз номаи Павлус ба ҷамоати ибриён ёфтан мумкин аст. Вақте ӯ дар бораи аҳамияти вохӯриҳоямон сухан гуфт, қайд кард, ки диққати мо бояд ба «рӯҳбаланд» кардани якдигар равона бошад. (Ибриён 10:24, 25-ро хонед.) Бародару хоҳарон ҳатто аз шарҳи одии мо, ки нишонаи имонамон аст, рӯҳбаланд мегарданд. Вақте мо инро дарк мекунем, дар муҳокима иштирок кардан бароямон осонтар мешавад. Инчунин агар моро бисёр напурсанд, мо хурсанд мешавем, ки дигарон имконияти шарҳ додан пайдо мекунанд (1 Пет. 3:8).

4. Дар ин мақола чӣ муҳокима мешавад?

4 Дар ин мақола мо аввал андеша меронем, ки чӣ тавр дар ҷамоати хурде, ки шумораи ҷавобдиҳандагон кам аст, якдигарро рӯҳбаланд карда метавонем. Сипас дида мебароем, ки чӣ тавр дар ҷамоати калон, ки бисёр касон дар муҳокима иштирок кардан мехоҳанд, якдигарро қувват бахшем. Дар охир мебинем, ки бо кадом роҳҳо мазмуни шарҳҳоямонро қувватбахш гардондан мумкин аст.

ЯКДИГАРРО ДАР ҶАМОАТИ ХУРД РӮҲБАЛАНД СОЗЕД

5. Вақте дар вохӯрӣ одам кам аст, чӣ тавр мо якдигарро рӯҳбаланд карда метавонем?

5 Дар ҷамоат ё гурӯҳи хурд шумораи онҳое, ки ҷавоб медиҳанд, кам аст. Баъзан ба бародар шояд лозим ояд, ки муддате интизор шавад, то ягон кас даст бардошта ҷавоб диҳад. Дар чунин мавридҳо вохӯрӣ дилгиркунанда метобад ва аз он рӯҳбаландӣ гирифтан душвор аст. Барои ба ин роҳ надодан шумо чӣ кор карда метавонед? Даст бардошта ҳарчи бештар дар муҳокима иштирок кунед. Дар ин ҳол дигарон шуморо дида дар муҳокима бештар иштирок мекунанд.

6, 7. Чӣ тавр барои шарҳ додан тарсу хавотириамонро камтар карда метавонем?

6 Лекин агар шуморо танҳо фикри ҷавоб додан ба тарсу ҳарос орад чӣ? Ба бисёриҳо ин ҳиссиёт шинос аст. Дар ин сурат барои рӯҳбаланд гардондани бародару хоҳарон хуб мебуд роҳҳоеро ҷӯем, ки тарсу хавотириамонро кам карда метавонад. Биёед фаҳмем, ки инро чӣ тавр кардан мумкин аст.

7 Маслиҳатҳои баъзе нашрҳои «Бурҷи дидбонӣ» b-ро аз назар гузарондан манфиатовар аст. Мисол, маслиҳат дода шуда буд, ки ба вохӯриҳо нағз тайёрӣ бинем (Пнм. 21:5). Чи қадаре маводро нағз аз худ кунем, ҳамон қадар шарҳ додан бароямон осон мешавад. Инчунин кӯшиш кунед, ки шарҳатон кӯтоҳ бошад (Пнм. 15:23; 17:27). Аз шарҳи кӯтоҳ додан шахс камтар ба ҳаяҷон меояд. Ба бародару хоҳарон ҳам мазмуни ҷавоби кӯтоҳи шуморо, ки шояд аз як ё ду ҷумла иборат аст, фаҳмидан осонтар мешавад. Баръакси ин мазмуни ҷавоби дуру дарозеро, ки фикрҳои бисёрро дар бар мегирад, фаҳмидан душвор аст. Ғайр аз ин, вақте шумо бо суханҳои худ шарҳи кӯтоҳ медиҳед, маълум мешавад, ки хуб тайёрӣ дидаед ва маводи омӯзиширо аз худ кардаед.

8. Яҳува ба кӯшишу ғайрати мо чӣ хел муносибат мекунад?

8 Лекин фарз кардем шумо баъзеи ин маслиҳатҳоро ба кор бурдеду ҳоло ҳам аз як ё ду бор зиёд шарҳ додан метарсед. Бовар дошта бошед, ки Яҳува кӯшишу ғайрати шуморо қадр мекунад (Луқ. 21:1–4). Охир, ӯ берун аз қувватамон чизе талаб намекунад (Флп. 4:5). Пас, аниқ кунед, ки боз чӣ аз дастатон меояд, мақсад монда аз рӯйи он амал намоед ва дар дуо оромиву осудагӣ пурсед. Дар аввал мақсади баъзеамон шояд як шарҳи кӯтоҳ додан шавад.

ЯКДИГАРРО ДАР ҶАМОАТИ КАЛОН РӮҲБАЛАНД СОЗЕД

9. Дар ҷамоати калон чӣ гуна мушкилӣ ба миён омада метавонад?

9 Агар дар ҷамоат воизон бисёр бошанд, мушкилии дигаре ба миён меояд. Шояд чунон бисёр бародару хоҳарон шарҳ додан мехоҳанд, ки бисёр вақт ба шумо навбат намерасад. Мисоли хоҳар Дениелеро c мегирем: Ба ӯ ҳама вақт дар вохӯриҳо шарҳ додан маъқул. Ӯ инро қисми ибодаташ мешуморад,— воситаи рӯҳбаланд кардани дигарон ва мустаҳкам кардани имонаш ба ҳақиқатҳои Калом. Лекин, вақте Дениеле ба ҷамоати калон гузашт, дар вохӯриҳо ӯро камтар мепурсиданд. Баъзан ӯ ҳатто як шарҳ дода наметавонист. Дениеле мегӯяд: «Ман сахт рӯҳафтода шудам. Худро тавре ҳис мекардам, ки аз як чизи пуршараф маҳрум гаштам. Вақте туро гаштаву баргашта намепурсанд, хаёл мекунӣ, ки бародар қасдан ин тавр мекунад».

10. Барои шарҳ додан кадом чораҳоро андешидан мумкин аст?

10 Ба шумо ҳиссиёти Дениеле шинос аст? Агар ҳа, шояд қарор карданиед, ки дигар даст намебардоред, вохӯриро гӯш мекунеду бас. Лекин минбаъд низ кӯшиш кунед, ки шарҳ диҳед. Барои ин чӣ кор кардан даркор? Бар ҳар як вохӯрӣ якчанд шарҳ тайёр кунед. Дар ин сурат агар шуморо дар аввалҳои вохӯрӣ напурсанд, эҳтимоли зиёд аст, ки дар давоми омӯзиш имконияти ҷавоб додан пайдо кунед. Вақте ба «Бурҷи дидбонӣ» тайёрӣ мебинед, фикр кунед, ки чӣ тавр ҳар як сархат бо мавзуи мақола алоқаманд аст. Ин тавр карда дар рафти муҳокима ҷавобҳои хуб ба саратон омада метавонад. Ғайр аз ин, ба сархатҳое ҷавоб тайёр кардан мумкин аст, ки ҳақиқатҳои чуқур муҳокима мешаванд (1 Қӯр. 2:10). Ба ин сархатҳо ҷавоб додан мушкилтар аст, барои ҳамин шумораи дастон шояд кам шавад. Лекин агар ҳамаи ин маслиҳатҳоро ба кор бареду дар давоми якчанд вохӯрӣ ҳоло ҳам шуморо напурсанд-чӣ? Пеш аз оғози вохӯрӣ назди бародаре, ки омӯзишро мегузаронад, омада гӯед, ки ба кадом савол ҷавоб додан мехоҳед.

11. Мувофиқи Филиппиён 2:4 мо бояд чӣ кор кунем?

11 Филиппиён 2:4-ро хонед. Павлуси расул зери илҳоми Худо масеҳиёни асри якро насиҳат кард, ки дар бораи фоидаи дигарон фикр кунанд. Чӣ тавр мо ин маслиҳатро дар вохӯриҳо ба кор бурда метавонем? Донед, ки дигарон ҳам мисли мо шарҳ додан мехоҳанд.

Чи хеле ҳангоми суҳбат ба дигарон имкон медиҳед, ки гап зананд, дар вохӯриҳо низ ба дигарон имкон диҳед, ки шарҳ диҳанд (Ба сархати 12 нигаред.)

12. Як роҳи хуби рӯҳбаланд кардани дигарон кадом аст? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

12 Як андеша кунед. Мисол, вақте бо дӯстонатон суҳбат мекунед, асосан худатон гап мезанед? Не албатта. Шумо мехоҳед, ки онҳо низ дар суҳбат иштирок кунанд. Ба ҳамин монанд, дар вохӯриҳоямон мо мехоҳем, ки шумораи ҳарчи бештари одамон дар муҳокима иштирок кунанд. Бояд гуфт, ки вақте мо ба бародару хоҳарон имкон медиҳем, ки имонашонро нишон диҳанд, ин яке аз роҳҳои беҳтарин барои рӯҳбаланд кардани онҳо мебошад (1 Қӯр. 10:24). Биёед фаҳмем, ки инро чӣ тавр кардан мумкин аст.

13. Чӣ кор кунем, то дар вохӯрӣ дигарон ҳарчи бештар шарҳ диҳанд?

13 Аввалан мо метавонем шарҳҳои кӯтоҳ диҳем, то ки дигарон низ дар муҳокима иштирок кунанд. Пирони ҷамоат ва воизони соҳибтаҷриба аз ин ҷиҳат намунаи ибрат гузошта метавонанд. Ҳатто агар шарҳҳоямон кӯтоҳ бошанд, мо набояд ҳамаи фикрҳои сархатро қайд намоем. Агар дар ҷавобамон ҳар як фикри сархатро гуфта гузарем, ягон кас дигар чизе илова карда наметавонад. Хуб, дар ин сархат ду маслиҳат дода шудааст: шарҳҳоямон кӯтоҳ бошанд ва дар ҷавобамон бисёр фикрҳоро қайд накунем. Пас, агар шуморо барои ҷавоб додани ягон сархат якум пурсанд, хуб мебуд, ки танҳо як фикри сархатро қайд кунеду халос.

Дар кадом маврид мо қарор карда метавонем, ки даст намебардорем? (Ба сархати 14 нигаред.) f

14. Дар масъалаи чанд бор даст бардоштан бояд чиро ба назар гирем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

14 Андешакорона муайян созед, ки чанд бор ҷавоб медиҳед. Агар мо бисёр даст бардорем, ба бародаре, ки муҳокимаро мегузаронад, фишор меорем, то моро тез-тез пурсад, ҳол он ки дигар воизон ҳоло ягон ҷавоб надодаанд. Ин рафтори моро дида шояд бародару хоҳарон дигар даст бардоштан нахоҳанд (Пандгӯ 3:7).

15. а) Агар моро напурсанд, бояд чӣ хел муносибат кунем? б) Чӣ тавр бародар ба ҳамаи ҳузурдоштагон аҳамият дода метавонад? (Ба чорчӯбаи  «Агар шумо муҳокимаро гузаронед» нигаред.)

15 Вақте дар вохӯрӣ бисёр кас даст мебардорад, шояд ба мо навбати ҷавоб додан кам расад. Баъзан чунин шуданаш мумкин аст, ки бародар моро тамоман намепурсад. Кас аз ин рӯҳафтода шуда метавонад. Лекин агар моро напурсанд, мо набояд хафа шавем (Пандгӯ 7:9).

16. Чӣ тавр мо онҳоеро, ки шарҳ медиҳанд, рӯҳбаланд карда метавонем?

16 Агар шуморо чени хостатон напурсанд, хуб мебуд ба шарҳҳои бародару хоҳарон диққат дода, дар охири вохӯрӣ онҳоро таъриф кунед. Таърифу таҳсин низ мисли шарҳҳоямон бародару хоҳаронро обод мегардонад (Пнм. 10:21). Дар асл, таъриф боз як роҳест, ки мо якдигарро рӯҳбаланд карда метавонем.

РОҲҲОИ ДИГАР БАРОИ РӮҲБАЛАНД КАРДАНИ ЯКДИГАР

17. а) Чӣ тавр волидон ба фарзандони худ кумак карда метавонанд, ки ҷавоб тайёр кунанд? б) Мувофиқи видео барои ҷавоб тайёр кардан кадом чор қадамро гузоштан даркор? (Ҳамчунин ба поварақ нигаред.)

17 Боз чӣ тавр мо дар вохӯриҳо якдигарро рӯҳбаланд карда метавонем? Агар шумо волид бошед, ба фарзандатон кумак кунед, ки ба саволҳои ба синну солаш мувофиқ ҷавоб тайёр кунад (Мат. 21:16). Албатта, баъзан дар омӯзиш масъалаҳои ҷиддӣ муҳокима мешаванд, аз ҷумла мушкилиҳо дар издивоҷ ё ахлоқи пок. Лекин, эҳтимол, барои ҷавоб додани кӯдакатон як-ду сархат ёфт шавад. Инчунин ба кӯдаки худ фаҳмонед, ки, вақте дар вохӯрӣ даст мебардорад, шояд ӯро напурсанд. Дар ин ҳол, раваду ӯро напурсанд, рӯҳафтода намешавад (1 Тим. 6:18) d.

18. Чӣ тавр ҳангоми шарҳдиҳӣ диққатро ба худ ҷалб накунем?

18 Ҳар яки мо бо шарҳҳои худ метавонем Яҳуваро ҷалол диҳем ва ҳамимононамонро обод созем (Пнм. 25:11). Баъзан мо метавонем кӯтоҳакак дар бораи таҷрибаи худ гап занем, лекин набояд аз ҳад зиёд дар ин бора қисса кунем (Панднома 27:2-ро хонед; 2 Қӯр. 10:18). Баръакс, мо кӯшиш мекунем, ки диққатро асосан ба Яҳува, Каломаш ва халқи ӯ равона созем (Ошкор. 4:11). Албатта, агар савол талаб кунад, ки фикри шахсиамонро баён кунем, ин тавр кардан бамаврид аст. Намунаи чунин маврид дар сархати навбатии ин мақола оварда шудааст.

19. а) Вақте мо дар вохӯрӣ дар бораи дигарон фикр мекунем, ин чӣ натиҷа меорад? (Румиён 1:11, 12). б) Чаро шумо барои имконияти шарҳ додан миннатдор ҳастед?

19 Ҳарчанд барои шарҳ додан қоидаҳои аниқ муқаррар нашудааст, ҳар яки мо кӯшиш карда метавонем, ки ҳама аз вохӯрӣ рӯҳбаландӣ гирад. Барои ин, шояд, лозим шавад, ки дар муҳокима бештар иштирок кунем. Дар баъзе мавридҳо аз фурсатҳое, ки ҷавоб медиҳем, қаноатманд бошем ё хурсанд шавем, ки дигарон низ дар муҳокима иштирок карда метавонанд. Бале, агар дар вохӯрӣ дар бораи дигарон фикр кунем, ҳамаамон «аз имони якдигар рӯҳбаланд» мешавем. (Румиён 1:11, 12-ро хонед.)

СУРУДИ 20 Вохӯриҳои моро баракат деҳ

a Вақте мо дар вохӯриҳо шарҳ медиҳем, якдигарро рӯҳбаланд мекунем. Лекин баъзеҳо аз шарҳ додан метарсанд. Ҳамзамон ба дигарон ҷавоб додан маъқул аст ва мехоҳанд, ки онҳоро бештар пурсанд. Дар ҳар дуи ин маврид чӣ тавр ба якдигар аҳамият диҳем, то ҳама рӯҳбаландӣ гиранд? Чӣ тавр бо шарҳҳои худ ба бародару хоҳарон кумак кунем, то муҳаббат нишон дода корҳои нек кунанд? Ҷиҳатҳои мазкур дар ин мақола фаҳмонда мешавад.

b Барои гирифтани маълумоти бештар ба «Бурҷи дидбонӣ» аз январи соли 2019 саҳ. 8–13 ва 1 сентябри соли 2003 саҳ. 19–22 (рус.) нигаред.

c Ном иваз шудааст.

d Видеонавори «Дӯсти Яҳува шав! Ҷавоби худро тайёр кун»-ро аз сомонаи jw.org тамошо кунед.

f ШАРҲИ РАСМ: Дар ҷамоати калон бародаре, ки аллакай ҷавоб додааст, имкон медиҳад, ки дигарон низ дар муҳокима иштирок кунанд.