Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМУЗИШИИ 15

Мо аз муъҷизаҳои Исо чӣ сабақ мегирем?

Мо аз муъҷизаҳои Исо чӣ сабақ мегирем?

«Ӯ дар тамоми сарзамин гашта, некӣ мекарду... шифо медод» (КОР. 10:38).

СУРУДИ 5 Масеҳ намуна барои мост

ПЕШГУФТОР a

1. Фаҳмонед, ки Исо дар кадом вазъият аввалин муъҷизаашро ба амал овард.

 ОХИРИ соли 29-ми милодӣ, оғози хизмати заминии Исоро тасаввур кунед. Ӯро ҳамроҳи модараш Марям ва якчанд шогирдаш ба Қоно, ба тӯй, даъват карданд. Ин шаҳр дар тарафи шимоли зодгоҳи Исо, Носира, ҷойгир буд. Марям чун дӯсти соҳибони тӯй, аз афташ, дар хизмати меҳмонон мебошад. Дар авҷи тӯй мушкилие сар мезанад, ки аҳли хонавода ва навхонадоронро дар хиҷолат монда метавонад. Гап сари он аст, ки шароб тамом шуд b. Эҳтимол, меҳмонони зиёд омаданд. Марям дарҳол назди писараш омада, мегӯяд: «Онҳо дигар шароб надоранд» (Юҳ. 2:1–3). Исо чӣ кор мекунад? Кори ғайриодие: ӯ муъҷизавор обро ба «шароби хуб» табдил медиҳад (Юҳ. 2:9, 10).

2, 3. а) Исо чӣ гуна муъҷизаҳо нишон медод? б) Мо аз дида баромадани муъҷизаҳои Исо чӣ манфиат мегирем?

2 Дар давоми хизмати заминиаш Исо боз бисёр муъҷизаҳо нишон дода буд c. Ӯ қудрати муъҷизаовари худро ба кор бурда ба даҳҳо ҳазор одам кумак кард. Масалан, дар ду муъҷизааш ӯ 5000 мард ва баъдтар боз 4000 мардро хӯронд. Агар занону кӯдаконро ҳам ба назар гирем, шумораи ҷамъшудагон, эҳтимол, ба зиёда аз 27 000 нафар расида буд (Мат. 14:15–21; 15:32–38). Дар ҳар дуи ин маврид Исо инчунин шумораи бисёр одамони беморро шифо дод (Мат. 14:14; 15:30, 31). Тасаввур кунед мардуми зиёде, ки муъҷизавор шифо ёфтанду сер шуданд, аз корҳои Исо чӣ сон ба ҳайрат омаданд!

3 Муъҷизаҳои Исо имрӯз барои мо аҳамият доранд. Дар ин мақола баъзе дарсҳои қувватбахш муҳокима мешаванд, ки мо аз ин муъҷизаҳо таълим гирифта метавонем. Сипас дида мебароем, ки чӣ тавр ба фурӯтанӣ ва ҳамдардии Исо, ки ҳангоми нишон додани муъҷизаҳояш зоҳир мекард, пайравӣ намоем.

АЗ ЯҲУВА ВА ИСО ЧӢ МЕОМӮЗЕМ?

4. Муъҷизаҳои Исо боз дар бораи кӣ ба мо дарсҳои қувватбахшро таълим медиҳанд?

4 Мо аз муъҷизаҳои Исо на танҳо дар бораи ӯ, балки дар бораи Падараш низ дарсҳои қувватбахшро таълим мегирем. Охир, маҳз Яҳува ба Исо қувват медод, ки муъҷиза нишон диҳад. Бинед дар Корнома 10:38 чӣ гуфта мешавад: «Худо Исои носириро бо рӯҳи муқаддас тадҳин кард ва ба ӯ қудрат дод... ӯ дар тамоми сарзамин гашта, некӣ мекарду ҳамаи онҳоеро, ки дар банди Иблис буданд, шифо медод, зеро Худо бо ӯ буд». Инчунин дар ёд доред: Исо ҳам дар гуфтор ва ҳам дар рафтораш, аз ҷумла ҳангоми нишон додани муъҷизаҳо, комилан мисли Яҳува фикр ва эҳсос мекард (Юҳ 14:9). Биёед се дарсеро дида бароем, ки аз муъҷизаҳои Исо таълим мегирем.

5. Аз чӣ сабаб Исо муъҷиза нишон медод? (Мат. 20:30–34).

5 Якум, Исо ва Падараш моро беҳад дӯст медоранд. Вақте Исо дар замин буд, ӯ ба воситаи қудрати ҳайратовари худ дарди одамонро сабук гардонда, муҳаббати бепоёнашро нишон медод. Боре ду марди нобино фарёд зада аз ӯ мадад пурсиданд. (Матто 20:30–34-ро хонед.) Исо онҳоро шифо бахшид, зеро дилаш «ба онҳо сӯхт». Аз ҳисси ҳамдардӣ, ки нишонаи муҳаббат аст, Исо ҳамчунин гуруснаро мехӯронду махавиро шифо медод (Мат. 15:32; Марқ. 1:41). Мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува Худои «дилсӯзу ҳамдард» ва Писараш моро бениҳоят дӯст медоранд ва азоби моро дида, дард эҳсос менамоянд (Луқ. 1:78; 1 Пет. 5:7). Онҳо бесаброна рӯзеро интизоранд, ки ҳамаи мушкилиҳои инсониятро решакан кунанд.

6. Худо ба Исо чӣ гуна қудрат додааст?

6 Дуюм, Худо ба Исо қудрат додааст, ки тамоми мушкилиҳои инсониятро ҳал кунад. Бо муъҷизаҳояш Исо нишон дод, ки мушкилиҳоеро, ки ҳалли онҳо аз дасти мо намеояд, бартараф карда метавонад. Масалан, ӯ қудрат дорад сабаби мушкилиҳои одамизодро решакан кунад, яъне гуноҳ ва таъсири онро, инчунин беморӣ ва маргро (Мат. 9:1–6; Рум. 5:12, 18, 19). Муъҷизаҳои Исо исбот карданд, ки ӯ ҳар бемориро шифо дода, ҳатто мурдаро зинда карда метавонад (Мат. 4:23; Юҳ. 11:43, 44). Исо инчунин қудрат дорад, ки тӯфонҳои сахтро идора кунад ва рӯҳҳои нопокро мағлуб созад (Марқ. 4:37–39; Луқ. 8:2). Донистани он ки Яҳува ба Писараш чунин қудрати бузург додааст, рӯҳбаландкунанда мебошад.

7, 8. а) Муъҷизаҳои Исо моро аз чӣ дилпур мекунанд? б) Шумо кадом муъҷизаро, ки дар дунёи нав мешавад, бесаброна интизоред?

7 Сеюм, мо дилпур буда метавонем, ки ҳамаи ваъдаҳои Яҳува дар Подшоҳии ӯ ҳатман иҷро мешаванд. Мо аз муъҷизаҳои Исо мефаҳмем, ки ӯ дар оянда чун Шоҳи Подшоҳии Худо дар миқёси бузургтар чӣ хел муъҷизаҳо мекунад. Аҳамият диҳед, ки дар ояндаи наздик мо аз кадом баракатҳо баҳра мебарем: Саломатиамон комил мешавад, зеро ҳамаи дарду бемориҳое, ки инсоният аз он азоб мекашад, нест мешаванд (Иш. 33:24; 35:5, 6; Ошкор. 21:3, 4). Мо ҳеҷ гоҳ гурусна намемонем ва аз офатҳои табиӣ зарар намебинем (Иш. 25:6; Марқ. 4:41). Инчунин шахсони наздикамонро, ки аз даст додаем, бо оғӯши гарм, шодикунон пешвоз мегирем (Юҳ. 5:28, 29). Шумо махсусан кадом муъҷизаеро, ки дар дунёи нав мешавад, интизоред?

8 Ҳангоми муъҷиза ба амал оварданаш, Исо фурӯтании бемисл ва ҳамдардӣ нишон медод. Хуб мешуд, ки мо низ ба ин хислатҳои ӯ пайравӣ кунем. Биёед дар ин хусус ду мисолро дида бароем. Аз базми арӯсӣ дар Қоно сар мекунем.

ДАРСИ ФУРӮТАНӢ

9. Исо дар базми арӯсӣ чӣ кор кард? (Юҳ. 2:6–10).

9 Юҳанно 2:6–10-ро хонед. Вақте дар тӯй шароб тамом шуд, магар Исо бояд ягон чора меандешид? Не. Охир, ягон бор пешгӯйӣ нашуда буд, ки Масеҳ муъҷизавор шароб тайёр мекунад. Лекин як тасаввур кунед, агар дар тӯйи шумо нӯшокӣ тамом шавад, чӣ ҳис мекунед? Аз афташ, дили Исо ба он хонавода, махсусан ба домоду арӯс, сӯхт ва ӯ намехост, ки онҳо дар хиҷолат монанд. Бинобар ин, чи хеле дар боло қайд кардем, Исо муъҷиза нишон дод. Ӯ тақрибан 390 литр обро ба шароби аълосифат табдил дод. Чаро Исо шаробро бо чунин фаровонӣ муҳайё гардонд? Шояд барои он ки аҳли хонавода баъд аз тӯй ҳам онро истифода барад ё ҳатто шаробро фурӯхта, домоду арӯс зиндагиашонро пеш баранд. Тасаввур кунед, навхонадорон аз ин чӣ хел хурсанд шуданд!

Аз Исо ибрат гирифта аз корҳои худ фахру каттагӣ накунед (Ба сархатҳои 10 ва 11 нигаред.) e

10. Баъзе ҷузъиёти муҳиме, ки дар воқеаи Юҳанно боби ду омадаанд, кадоманд? (Инчунин ба расм нигаред.)

10 Ба якчанд ҷузъиёти воқеаи Юҳанно боби ду диққат диҳед. Аҳамият додед, Исо кӯзаҳои сангинро худаш аз об пур накард? Ӯ аз касоне, ки дар тӯй хизмат мекарданд, хоҳиш намуд, ки ин корро кунанд (Оятҳои 6 ва 7). Чаро? Зеро Исо намехост, ки диққатро ба худ ҷалб кунад. Вақте ӯ аллакай обро ба шароб табдил дод, худаш онро гирифта ба сардори тӯй наовард. Баръакс, ӯ ба хизматгорон гуфт, ки шаробро баранд (Ояти 8). Исо ҷоми шаробро дар назди меҳмонон баланд бардошта, худро таърифкунон нагуфт: «Канӣ, шароберо, ки ман худам тайёр кардам, як чашед!»

11. Мо аз муъҷизаи Исо чӣ таълим мегирем?

11 Мо аз ин муъҷизаи Исо чӣ таълим мегирем? Дарси фурӯтанӣ. Исо баъди муъҷизааш худро таъриф накард. Дар асл, ӯ ҳеҷ гоҳ барои корҳояш худро таъриф намекард. Баръакс, Исо фурӯтанона ҳамаи ҷалолро ба Падараш равона месохт (Юҳ. 5:19, 30; 8:28). Агар мо низ аз ӯ ибрат гирифта, фурӯтаниро пеша кунем, барои ягон корамон худро таъриф намекунем. Пас, чи коре дар пеши Яҳува накунем, биёед бо худ неву бо Худои бузургамон фахр кунем (Ирм. 9:23, 24). Биёед ҳамаи ҷалолро ба Яҳува равона созем, зеро ӯ ба ин сазовор аст. Охир, кумаки Яҳува набошад, ягон кор аз дастамон намеояд (1 Қӯр. 1:26–31).

12. Мо боз чӣ тавр ба фурӯтании Исо пайравӣ карда метавонем? Мисол оред.

12 Боз чӣ тавр аз фурӯтании Исо ибрат гирифта метавонем? Фарз кардем хизматгузори ҷамоат аввалин бор бо нутқи оммавӣ баромад карданӣ аст. Пири ҷамоат вақти бисёр сарф карда, ӯро ба баромад тайёр мекунад. Дар натиҷа хизматгузор нутқи олиҷаноб гуфта, ҳозиронро рӯҳбаланд мегардонад. Баъд аз вохӯрӣ шахсе назди пири ҷамоат омада, мегӯяд: «Фалон бародар суханронии зӯр кард-а?» Ба фикратон дар ин маврид шарт аст, ки пири ҷамоат чунин ҷавоб диҳад: «Рост. Лекин, ту медонӣ ман бо ӯ чӣ қадар тайёрӣ дидам?» Ё беҳтараш пир фурӯтанона гӯяд: «Бале, суханрониаш зӯр буд. Қандаша занад!» Мо фурӯтаниро пеша карда, барои некиҳоямон худро таъриф намекунем. Ба мо бас аст, ки Яҳува корҳои моро мебинад ва қадр мекунад (Бо Матто 6:2–4 муқоиса кунед; Ибр. 13:16). Бешубҳа, вақте мо аз Исо ибрат гирифта, фурӯтанӣ нишон медиҳем, Яҳува хурсанд мешавад (1 Пет. 5:6).

ДАРСИ ҲАМДАРДӢ

13. Исо дар наздикиҳои шаҳри Ноин чиро мебинад ва чӣ кор мекунад? (Луқ. 7:11–15).

13 Луқо 7:11–15-ро хонед. Саҳнаеро тасаввур кунед, ки дар давоми хизмати Исо рӯй дода буд. Исо ба Ноин, шаҳри Ҷалил сафар мекунад. Ноин дар наздикиҳои Шунем ҷойгир аст, ҷойе, ки тақрибан 900 сол пеш пайғамбар Элишоъ писари занеро зинда карда буд (4 Подш. 4:32–37). Ба дарвозаҳои шаҳр наздик шуда, Исо мебинад, ки майитеро берун меоранд. Ин саҳна хеле ғамангез аст, бевазане писари ягонаашро ба хок супурданист. Модари ғамзадаро мардуми бисёр ҳамроҳӣ мекунад. Исо онҳоро боздошта, барои бевазан кори ҳайратоваре мекунад: Ӯ писарашро ба ҳаёт бармегардонад! Мувофиқи Хушхабар, аз се воқеае, ки Исо мурдаро зинда карда буд, ин якумаш аст.

Аз Исо ибрат гирифта ба мотамзадагон ҳамдардӣ нишон диҳед (Ба сархатҳои 14–16 нигаред.)

14. Баъзе ҷузъиёти муҳими воқеаи Луқо боби 7 кадоманд? (Инчунин ба расм нигаред.)

14 Ба баъзе ҷузъиёти муҳими воқеаи Луқо боби 7 диққат кунед. Аҳамият додед, Исо ҳамин ки модари андуҳгинро дид, «дилаш ба ӯ сӯхт»? (Ояти 13). Эҳтимол, вақте Исо дид, ки чӣ хел он бевазан пешопеши тобути писараш рафта, гиря мекунад, дилаш реш-реш шуд. Ҷолиб аст, ки дили Исо ба ин зан на танҳо сӯхт, балки ӯ дар амал ҳамдардӣ нишон дод. Исо ба бевазан бо оҳанги умедбахше гуфт: «Гиря накун». Сипас писарашро ба ҳаёт баргардонда, «ӯро ба модараш супорид» (Оятҳои 14 ва 15).

15. Мо аз муъҷизаи Исо чӣ меомӯзем?

15 Мо аз ин муъҷизаи Исо чӣ дарс мегирем? Мо мефаҳмем, ки бояд ба мотамзадагон ҳамдардӣ нишон диҳем. Албатта, мурдаро зинда кардан аз дасти мо намеояд, вале мо мисли Исо ба мотамзадагон аҳамият дода, ҳамдардӣ карда метавонем. Кӯшиш мекунем, ки аз ҳамдардӣ ба мадади онҳо шитоб кунем ва бо гуфтору рафторамон тасаллиашон диҳем d (Пнм. 17:17; 2 Қӯр. 1:3, 4; 1 Пет. 3:8). Ҳатто як-ду сухани одӣ ва корҳои андак ба шахс болу пар бахшида метавонад.

16. Мувофиқи расм шумо аз суханони модаре, ки духтарчааш вафот карда буд, чӣ омӯхтед?

16 Воқеаеро мисол меорем, ки чанд сол пеш руй дода буд. Дар вохӯрии ҷамоат ҳангоми сурудхонӣ хоҳаре пай бурд, ки як модар дар наздикиаш гиря мекунад. Дар он суруд дар бораи умед ба зиндашавӣ гуфта мешуд. Он зан ба наздикӣ духтарчаашро аз даст дода буд. Хоҳарамон, ки дар ин бора медонист, назди вай омада, ӯро ба оғӯш гирифту ҳамроҳаш давоми сурудро сароид. Он модари андуҳгин ба ёд меорад: «Меҳрам нисбати бародару хоҳарон ҷӯш зад». Ӯ бениҳоят хурсанд буд, ки он рӯз ба вохӯрӣ омад. Ӯ илова мекунад: «Мо маҳз дар ҳамин ҷо, дар Ибодатгоҳ, кумаки саридарвақт мегирем». Шубҳае нест, ки, вақте бо корҳои андак ба «рӯҳафтодагон» ҳамдардӣ нишон медиҳем, Яҳува инро мебинад ва қадр мекунад (Заб. 34:18).

ОМӮЗИШЕ, КИ ИМОНРО ҚАВӢ МЕГАРДОНАД

17. Мо аз ин мақола чӣ омӯхтем?

17 Вақте мо аз Хушхабар муъҷизаҳои Исоро таҳқиқ мекунем, бениҳоят рӯҳбаланд мешавем. Аз ин воқеаҳо мо мефаҳмем, ки Яҳува ва Исо моро беҳад дӯст медоранд; Исо қудрат дорад, ки тамоми мушкилиҳои инсониятро ҳал кунад; мо дилпур буда метавонем, ки ҳамаи ваъдаҳои Яҳува ба наздикӣ иҷро мешаванд. Муъҷизаҳои Исоро таҳқиқ карда, фикр кунед, ки чӣ тавр ба хислатҳои ӯ пайравӣ намуда метавонед. Хуб мебуд дар омӯзиши шахсӣ ё парастиши оилавӣ ҳамчунин дигар муъҷизаҳои Исоро мутолиа кунем. Андеша ронед, ки аз чизҳои омӯхтаатон чӣ дарс мегиред. Сипас, ҳар чизеро, ки фаҳмидед, ба дигарон нақл кунед. Дар ин сурат суҳбатҳои ниҳоят рӯҳафзо хоҳед дошт (Рум. 1:11, 12).

18. Дар мақолаи навбатӣ чӣ муҳокима мешавад?

18 Дар Китоби Муқаддас се воқеае омадааст, ки Исо мурдаро зинда кард. Сеюм воқеае, ки шахсро зинда кард, дар охирҳои хизмати заминиаш буд. Вале ин дафъа Исо дӯсти наздикашро ба ҳаёт баргардонд. Бояд гуфт, ки ӯ ин корро дар вазъияти ғайриодӣ ба амал овард. Мо аз ин муъҷизаи Исо, ки дар Хушхабар омадааст, чӣ дарс мегирем? Чӣ тавр он умедамонро ба зиндашавӣ қавӣ мегардонад? Ба ин саволҳо дар мақолаи навбатӣ ҷавоб дода мешавад.

СУРУДИ 148 Ту Писари азизатро қурбон кардӣ

a Ӯ тӯфони шадидро ором карда буд, беморро шифо мебахшид ва мурдаро зинда мекард. Муъҷизаҳои Исо воқеан ҳам ҳайратовар аст. Ин рӯйдодҳо дар Каломи Худо на барои табъи моро болида кардан, балки барои таълим додани мо оварда шудаанд. Дар бораи ин муъҷизаҳо хонда, мо оиди Яҳува ва Исо дарсҳои қувватбахшро таълим мегирем ва мефаҳмем, ки кадом хислатҳои ба Худо писандро бояд инкишоф диҳем.

b Як диншинос мегӯяд: «Дар Шарқ меҳмондӯстӣ вазифаи муқаддасе буд. Дар рӯйи суфра хӯрок бояд аз андозае, ки меҳмонон хӯрда метавонистанд, бештар гузошта мешуд. Соҳибхона, махсусан дар базми арӯсӣ, меҳмоннавозиашро бояд бо фаровонии хӯрду хӯрок нишон медод».

c Дар Хушхабар дар бораи зиёда аз 30 муъҷизаи Исо гуфта шудааст. Ғайр аз ин, Исо бисёр муъҷизаҳо нишон дода буд, ки дар Калом оиди ҳар яки онҳо алоҳида гуфта намешавад. Боре «ҳама мардуми шаҳр» назди Исо омаданд ва ӯ «одамонеро, ки гирифтори ҳар гуна касалиҳо буданд, шифо бахшид» (Марқ. 1:32–34).

d Барои фаҳмидани он ки чӣ тавр мотамзадагонро тасаллӣ додан мумкин аст, ба мақолаи «Утешайте скорбящих, как это делал Иисус» аз «Бурҷи дидбонӣ» 1-уми ноябри соли 2010 нигаред.

e ШАРҲИ РАСМ: Домоду арӯс ва меҳмонон аз шароби хуб лаззат мебаранд. Исо бошад, аз паҳлу ба онҳо нигоҳ мекунад.