МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 19
Чӣ тавр имонамонро ба ваъдаи Яҳува оиди дунёи нав қавӣ кунем?
«Оё [Яҳува] сухане мегӯяду онро ба ҷо намеорад?» (4 МӮСО 23:19).
СУРУДИ 54 Мо бояд имон дошта бошем
ПЕШГУФТОР a
1, 2. Дунёи навро интизор шуда ба мо чӣ кор кардан лозим аст?
ҲАР яки мо ваъдаи Яҳуваро оиди дунёи нави одилона, ки ҷойи ин замонаро мегирад, хеле қадр мекунем (2 Пет. 3:13). Ҳарчанд мо аниқ намедонем, ки он кай воқеӣ мешавад, рӯйдодҳои гирду атроф исбот мекунанд, ки он ба наздикӣ амалӣ мегардад (Мат. 24:32–34, 36; Кор. 1:7).
2 То омадани он рӯз ба ҳар яки мо, новобаста ба он ки чанд сол дар ҳақиқат ҳастем, лозим аст, ки имонамонро ба ин ваъда қавӣ гардонем. Барои чӣ? Чунки ҳатто имони мустаҳкам суст шуда метавонад. Павлуси расул сустимониро гуноҳе номид, ки «ба осонӣ ба мо мепечад» (Ибр. 12:1). Барои пешгирӣ кардани сустимонӣ мо бояд пайваста далелҳоеро дида бароем, ки наздик будани дунёи навро исбот мекунанд (Ибр. 11:1).
3. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
3 Дар ин мақола мо се роҳеро дида мебароем, ки имонамонро ба дунёи нав қавӣ гардонда метавонад: 1) мулоҳиза дар бораи товон, 2) мулоҳиза дар бораи қудрати Яҳува ва 3) бо корҳои рӯҳонӣ машғул шудан. Сипас мефаҳмем, ки чӣ тавр суханони ба Ҳабаққуқ гуфтаи Яҳува имони моро мустаҳкам карда метавонад. Аммо дар аввал биёед якчанд вазъиятро аз ҳаёти ҳаррӯза дида бароем, ки имони моро ба дунёи нав меозмояд.
ВАЗЪИЯТҲОЕ, КИ ИМОНИ МОРО МЕОЗМОЯНД
4. Ҳангоми қабули кадом қарорҳо имони мустаҳкам доштан муҳим аст?
4 Ҳар рӯз мо қарорҳое қабул мекунем, ки доштани имони қавиро металабанд. Масалан, қарорҳо дар бораи интихоби дӯстон, вақтхушӣ, гирифтани маълумот, издивоҷ, кӯдакон ва ҷойи кор. Дар чунин мавридҳо аз худ пурсида метавонем: «Оё аз қарорҳои ман маълум аст, ки ба кам мондани вақти ин замона бовар дорам ва дилпурам, ки ба наздикӣ ҷойи онро дунёи нав мегирад? Ё ақидаи шахсоне, ки ба ҳаёти ҷовидона бовар надоранд, ба ман таъсир кардааст?» (Мат. 6:19, 20; Луқ. 12:16–21). Агар мо боварии комил дошта бошем, ки дунёи нав дар пушти дар аст, он гоҳ қарорҳои беҳтарин қабул карда метавонем.
5, 6. Чаро ҳангоми рӯҳафтодагӣ мо бояд имони қавӣ дошта бошем? Мисол оред.
5 Ҳамчунин, вақте бо озмоишҳо рӯ ба рӯ мешавем, ба мо имони мустаҳкам лозим аст. Эҳтимол, бо озор, бемории ҷиддӣ ё дигар мушкилиҳое дучор шавем, ки моро рӯҳафтода месозанд. Бо озмоиш дучор шуда дар аввал шояд мо истодагӣ кунем. Лекин агар он муддати дароз давом ёбад — одатан чунин аст,— ба мо имони мустаҳкам лозим мешавад, ки тоб оварда хурсандона хизмати Яҳуваро давом диҳем (Рум. 12:12; 1 Пет. 1:6, 7).
6 Вақте озмоиш кашол меёбад, эҳтимол, ҳис кунем, ки биҳишт ба ин наздикиҳо намеояд. Оё ин маънои онро дорад, ки имони мо суст шудааст? На ҳама вақт. Мисоле меорем: Дар рӯзҳои тафсони тобистон шояд фикр кунем, ки мавсими боронгарӣ ба наздикӣ намеояд, лекин мо медонем, ки борон албатта мешавад. Ба ин монанд, вақте мо сахт рӯҳафтодаем, шояд, ҳис кунем, ки дунёи нав ба қарибӣ намешавад. Лекин агар имонамон қавӣ бошад, мо медонем, ки он ҳатман меояд, зеро Яҳува инро ваъда медиҳад (Заб. 94:3, 14, 15; Ибр. 6:17–19). Чунин дилпурӣ ба мо кумак мекунад, ки парастиши Яҳуваро минбаъд низ дар ҷойи аввал монем.
7. Аз кадом тарзи фикрронӣ мо бояд ҳазар кунем?
7 Боз як соҳае, ки доштани имони қавӣ муҳим аст, паҳн кардани хушхабар мебошад. Барои бисёр одамоне, ки мавъиза мекунем, «хушхабар» дар бораи дунёи нав аз воқеият дур аст (Мат. 24:14; Ҳиз. 33:32). Мо намехоҳем, ки ин ақидаи нодурусти онҳо дар дили мо шубҳа корад. Барои пешгирии ин мо бояд имонамонро мустаҳкам гардонем. Биёед дида бароем, ки бо кадом се роҳ инро кардан мумкин аст.
ДАР БОРАИ ТОВОН МУЛОҲИЗА РОНЕД
8, 9. Чӣ тавр мулоҳиза оиди товон имони моро мустаҳкам месозад?
8 Як роҳе, ки имонамонро мустаҳкам карда метавонем, мулоҳиза дар бораи товон мебошад. Товон кафолати он аст, ки ваъдаҳои Яҳува ҳатман амалӣ мегарданд. Мо бояд бодиққат мулоҳиза ронем, ки чаро товон дода шуд ва барои ин Яҳува аз баҳри чӣ гузашт. Он гоҳ дилпур мешавем, ки Худо ваъдаашро оиди дунёи нав бечунучаро амалӣ месозад. Чаро ин хел гуфтан мумкин?
9 Яҳува товонро пешкаш карда чиро қурбон кард? Ӯ Писари азизу ягоназод ва рафиқи наздиктаринашро аз осмон фиристод, то дар замин чун инсон таваллуд шавад. Исо ҳангоми дар замин буданаш ҳар хел мушкилиҳоро аз сар гузаронд. Сипас ӯро азоб дода куштанд. Чӣ нархи гароне барои Яҳува! Худои меҳрубонамон ҳеҷ гоҳ танҳо ба хотири муваққатан ҳаёти хуб доштанамон роҳ намедод, ки Писараш ин қадар азоб кашида кушта шавад (Юҳ. 3:16; 1 Пет. 1:18, 19). Азбаски Яҳува ин қадар нархи гаронро дод, ҳатман ваъдаашро оиди ҳаёти ҷовидонӣ амалӣ мегардонад.
ОИДИ ҚУДРАТИ ЯҲУВА МУЛОҲИЗА РОНЕД
10. Мувофиқи Эфсӯсиён 3:20 Яҳува ба чӣ қудрат дорад?
10 Дуюм роҳи қавӣ сохтани имонамон мулоҳиза дар бораи қудрати Яҳува мебошад. Ӯ қудрат дорад, ки ҳар як ваъдаашро амалӣ гардонад. Фаҳмост, ки ба назари бисёриҳо дар дунёи нав ҷовидона зиндагӣ кардан ғайриимкон метобад. Лекин Яҳува бисёр вақт чизҳоеро ваъда медиҳад, ки инсон ҳеҷ гоҳ иҷро карда наметавонад. Охир, Яҳува Худои Қодир аст! (Айюб 42:2; Марқ. 10:27). Аз ин рӯ, вақте ӯ чизҳои ҳайратангезро ваъда медиҳад, тааҷҷуб намекунем. (Эфсӯсиён 3:20-ро хонед.)
11. Мисоле оред, ки ваъдаи ғайриодии Худо иҷро гашт. (Ба чорчӯбаи «Баъзе ваъдаҳои ғайриодие, ки иҷро гаштанд» нигаред.)
11 Биёед баъзе ваъдаҳои Яҳуваро дида бароем, ки дар гузашта ба хизматгоронаш дода буд. Ба ҳар яки онҳо бовар кардан осон набуд. Масалан, ӯ Иброҳиму Сороро дилпур сохт, ки дар пиронсолиашон соҳиби писар мешаванд (1 Мӯсо 17:15–17). Яҳува ҳамчунин ба Иброҳим гуфт, ки наслаш замини Канъонро мерос мегирад. Давоми солҳои зиёде, ки насли Иброҳим, яъне исроилиён, дар Миср ғулом буданд, ба назар чунин менамуд, ки ин ваъда ҳеҷ гоҳ амалӣ намегардад. Лекин он иҷро шуд. Баъдтар Яҳува хабар дод, ки Элисобаи пиронсол фарзанддор мешавад. Яҳува ҳамчунин ба Марями бокира гуфт, ки соҳиби писар мешавад. Дар бораи ин Писар Яҳува ҳазорсолаҳо пеш дар боғи Адан ваъда дода буд. Ин ваъдаи Яҳува низ иҷро гашт! (1 Мӯсо 3:15).
12. Чӣ тавр суханони Юшаъ 23:14 ва Ишаъё 55:10, 11 моро дилпур месозанд, ки Яҳува қудрати иҷро кардани ваъдаҳояшро дорад?
12 Дар бораи ваъдаҳои Яҳува, ки ҷомаи амал пӯшиданд, андеша ронда, имонамон қавӣ мегардад ва дарк мекунем, ки ӯ барои барпо кардани дунёи нав қудрати бузург дорад. (Юшаъ 23:14; Ишаъё 55:10, 11-ро хонед.) Дар натиҷа мо ба дигарон фаҳмонда метавонем, ки ваъда оиди дунёи нав хаёли хом нест. Худи Яҳува дар бораи осмони нав ва замини нав хабар дода чунин гуфт: «Ин суханон ҳаққанду рост» (Ошкор. 21:1, 5).
БО КОРҲОИ РӮҲОНӢ БАНД БОШЕД
13. Чӣ тавр вохӯриҳо имони моро мустаҳкам карда метавонанд? Фаҳмонед.
13 Сеюм роҳи мустаҳкам кардани имон бо корҳои рӯҳонӣ банд будан аст. Масалан, фикр кунед, ки вохӯриҳоямон чӣ қадар манфиат меоранд. Анна b, ки даҳсолаҳо дар ҳар хел хизмати пурравақт иштирок кардааст, мегӯяд: «Вохӯриҳо мисли лангар имонамро устувор нигоҳ медорад. Ҳатто агар маҳорати таълимдиҳии нотиқ он қадар хуб набошад ё ӯ ягон чизи нав нагӯяд, ман бисёр вақт фикреро мешунавам, ки барои беҳтар фаҳмидани ҳақиқатҳои Калом кумак мекунад ва имонамро мустаҳкам месозад». Дар вохӯриҳо инчунин имони мо аз шарҳҳои бародару хоҳарон қавӣ мегардад (Рум. 1:11, 12; 10:17).
14. Чӣ тавр хизмат имони моро устувор мекунад?
14 Ғайр аз ин, вақте мо дар паҳн кардани хушхабар иштирок мекунем, имонамон қавӣ мегардад (Ибр. 10:23). Барбара, ки зиёда аз 70 сол ба Яҳува хизмат кардааст, мегӯяд: «Паҳн кардани хушхабар ҳамеша имони маро мустаҳкам мегардонад. Ҳар қадаре ки бо одамон дар бораи ваъдаҳои олиҷаноби Яҳува гап мезанам, ҳамон қадар имонам зинда ва мустаҳкам мегарадад».
15. Чӣ тавр омӯзиши шахсӣ имони моро мустаҳкам мекунад? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)
15 Омӯзиши шахсӣ боз як роҳе мебошад, ки имонамонро қавӣ месозад. Сюзен пешакӣ нақша мекашад, ки чиро ва кай омӯзиш мекунад. Ӯ мегӯяд: «Рӯзҳои якшанбе ман мақолаи омӯзишии Бурҷи ҳафтаи навбатиро мехонам; рӯзҳои душанбею сешанбе ба вохӯрии байни ҳафта тайёрӣ мебинам; дигар рӯзҳо бошад, аз рӯйи реҷа ягон мавзуъ ё адабиётро меомӯзам». Аз рӯйи нақша омӯзиш карда Сюзен мунтазам имони худро қавӣ мегардонад. Айрин, ки даҳсолаҳо боз дар идораи марказӣ хизмат мекунад, пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро омӯхта, имонашро қавӣ месозад. Ӯ мегӯяд: «Вақте мебинам, ки пешгӯйиҳои Яҳува то ҷузъиёти хурдтарин иҷро мешавад, ба ҳайрат меоям» c.
«ҲАТМАН БА АМАЛ МЕОЯД»
16. Чаро суханоне, ки Ҳабаққуқро рӯҳбаланд карданд, ба мо низ дахл доранд? (Ибриён 10:36, 37).
16 Баъзе хизматгорони Яҳува охири ин замонаро дер боз интизоранд. Аз нуқтаи назари инсонӣ чунин тофта метавонад, ки ин рӯзи Яҳува дер карда истодааст. Яҳува мефаҳмад, ки дар дили хизматгоронаш чунин ҳиссиёт пайдо шуда метавонад. Барои ҳамин пайғамбар Ҳабаққуқро боварӣ бахшида гуфт: «Ин рӯъё барои вақти муайян аст, он сӯйи иҷрояш мешитобад ва фиреб намедиҳад. Ҳатто агар омаданаш кашол ёбад, онро интизор шав, зеро ҳатман ба амал меояд. Он ҳаргиз дер намекунад!» (Ҳаб. 2:3). Оё Яҳува ин суханонро танҳо барои қувват бахшидани Ҳабаққуқ гуфта буд? Ё он ба мо низ дахл дорад? Павлуси расул бо роҳнамоии Худо ин суханонро барои рӯҳбаланд кардани масеҳиёне, ки омадани дунёи навро бесаброна интизоранд, истифода бурд. (Ибриён 10:36, 37-ро хонед.) Ҳатто агар ба назар тобад, ки ваъдаи Яҳува дар бораи наҷот додани мо дер карда истодааст, он «ҳатман ба амал меояд. Он ҳаргиз дер намекунад!»
17. Чӣ тавр як хоҳар аз рӯйи маслиҳати Яҳува, ки ба Ҳабаққуқ дода буд, амал кард?
17 Бисёр хизматгорони Худо аз рӯйи суханони ба Ҳабаққуқ гуфтаи Яҳува амал карда, иҷрои ваъдаҳои ӯро даҳсолаҳо боз интизоранд. Масалан, хоҳарамон Луиза хизматашро соли 1939 сар карда буд. Ӯ мегӯяд: «Он вақтҳо ман фикр мекардам, ки Ҳармаҷиддӯн пеш аз мактабро тамом карданам меояд. Лекин ин тавр нашуд. Солҳои зиёд ман дар бораи Нӯҳ, Иброҳим, Юсуф ва дигарон хонда қувват мегирифтам. Зеро онҳо барои гирифтани мукофоти Яҳува бояд солҳои зиёд интизор мешуданд. Интизорӣ ба ман ва дигарон кумак мекунад, то ҳамеша дар ёд дорем, ки дунёи нав хеле наздик аст». Дигар ходимони Яҳува, ки солҳои зиёд хизмат мекунанд, бо суханони ӯ розӣ мешаванд.
18. Чӣ тавр мулоҳиза дар бораи офаридаҳо имони моро ба дунёи нав қавӣ карда метавонад?
18 Албатта, ҳоло дунёи нав наомадааст, лекин биёед дар бораи чизҳое, ки мебинем, мулоҳиза ронем: масалан, ситораҳо, дарахтон, ҳайвонот ва одамон. Ягонтои мо шубҳа намекунем, ки ин чизҳо воқеиянд, ҳарчанд як вақтҳо тамоман вуҷуд надоштанд. Имрӯз бошад, мо онҳоро барои он дида метавонем, ки Яҳува онҳоро офарид (1 Мӯсо 1:1, 26, 27). Худоямон Яҳува инчунин мақсад дорад, ки дунёи навро офарад. Ӯ албатта ба ин мақсадаш мерасад. Он вақт одамон аз ҳаёти ҷовидона ва саломатии комил баҳра мебаранд. Дар вақти муқарраркардаи Яҳува дунёи нав воқеӣ мегардад, чи хеле ки олами гирду атроф бароямон воқеӣ аст (Иш. 65:17; Ошкор. 21:3, 4).
19. Чӣ тавр шумо имонатонро мустаҳкам карда метавонед?
19 То омадани дунёи нав ҳар як имкониятро истифода бурда, имонатонро қавӣ созед. Барои товон миннатдор бошед, дар бораи қудрати Яҳува мулоҳиза ронед, бо корҳое банд бошед, ки шуморо ба Яҳува наздиктар месозанд. Ҳамин тавр шумо дар байни онҳое буда метавонед, ки «бо имону пурсабрӣ ваъдаҳоро соҳиб шудаанд» (Ибр. 6:11, 12; Рум. 5:5).
СУРУДИ 55 Шуд ҳаёт абадӣ!
a Дар замони мо бисёриҳо ба ваъдаи Китоби Муқаддас дар бораи дунёи нав бовар намекунанд. Онҳо фикр мекунанд, ки ин танҳо орзу, хобу хаёл ва афсона мебошад. Лекин мо дилпурем, ки ҳамаи ваъдаҳои Яҳува амалӣ мегарданд. Барои зинда нигоҳ доштани имонамон мо бояд онро минбаъд низ мустаҳкам кунем. Чӣ тавр? Биёед аз ин мақола фаҳмем.
b Баъзе номҳо иваз шудаанд.
c Бисёр мақолаҳоро дар бораи пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас аз «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува дар гузарондани тадқиқот» зери мавзуи «Китоби Муқаддас», зерсарлавҳаи «Пешгӯйӣ» ёфта метавонед. Масалан, ба мақолаи «Яҳува “Ошкоркунандаи розҳо мебошад”» аз «Бурҷи дидбонӣ» 15-уми июни соли 2012 нигаред.