МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 17
Яҳува дар мушкилиҳои ғайричашмдошт ба шумо кумак мекунад
«Азобҳои росткор зиёд аст, лекин Яҳува ӯро аз ҳамаи онҳо халос мекунад» (ЗАБ. 34:19).
СУРУДИ 68 Дуои шахси рӯҳафтода
ПЕШГУФТОР a
1. Мо аз чӣ дилпурем?
МО ЧУН халқи Яҳува медонем, ки ӯ моро дӯст медорад ва мехоҳад аз ҳаёт пурра баҳра барем (Рум. 8:35–39). Мо инчунин дилпурем, ки агар принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор барем, ҳамеша манфиат мегирем (Иш. 48:17, 18). Лекин агар бо мушкилиҳои ногаҳонӣ рӯ ба рӯ шавем-чӣ? Дар ин ҳол чӣ гуна рафтор карданамон лозим аст?
2. Мо чӣ гуна мушкилиҳо дошта метавонем ва кадом саволҳо ба миён омаданашон мумкин аст?
2 Ҳама хизматгорони Яҳува бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Масалан, узви оила бо ягон кораш моро хафа карда метавонад. Мумкин мо ба беморие гирифтор шавем, ки ба хизматамон таъсир мекунад. Мо шояд аз офатҳои табиӣ зарар бинем. Ё шояд барои имонамон моро озору азият диҳанд. Бо ин гуна озмоишҳо дучор гашта мо чунин гуфта метавонем: «Чаро ҳамаи ин ба сари ман омад? Ман ягон кори хато кардам? Оё ин шаҳодати он аст, ки Яҳува аз ман рӯ гардондааст?» Ба сари шумо ягон бор чунин саволҳо омадаанд? Агар ин тавр бошад, зиқ нашавед. Бисёр хизматгорони бовафои Яҳува айнан ҳамин гуна ҳиссиёт доштаанд (Заб. 22:1, 2; Ҳаб. 1:2, 3).
3. Мо аз Забур 34:19 чӣ меомӯзем?
3 Забур 34:19-ро хонед. Ба ду фикри муҳими ин оят диққат кунед: Якум, росткорон низ бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Дуюм, Яҳува моро аз озмоишҳоямон халос мекунад. Чӣ тавр халос мекунад? Яке аз роҳҳо Яҳува кумак мекунад, то дар ин замона воқеъбин бошем. Ҳарчанд ӯ ваъда медиҳад, ки аз хизматаш мо хурсандӣ мегирем, ҳамзамон кафолат намедиҳад, ки зиндагии имрӯзаи мо бе мушкилӣ мешавад (Иш. 66:14). Яҳува маслиҳат медиҳад, ки мо ба оянда назар дӯзем,— ба ояндае, ки ҷовидона зиндагӣ карда метавонем (2 Қӯр. 4:16–18). Вале то омадани он рӯз Яҳува кумак мекунад, ки мо хизматашро давом диҳем (Нолаҳо 3:22–24).
4. Дар ин мақола чӣ баррасӣ мешавад?
4 Акнун биёед бинем, ки аз намунаи хизматгорони пешин ва имрӯзаи Яҳува чӣ меомӯзем. Чи хеле мебинем, хизматгорони Худо бо мушкилиҳои ғайричашмдошт рӯ ба рӯ шуда метавонанд. Вале агар шахс ба Яҳува таваккал намояд, Худо ҳатман ӯро дастгирӣ мекунад (Заб. 55:22). Ҳангоми баррасии ин намунаҳо аз худ пурсед: «Агар ман ба ҷойи ӯ мебудам, чӣ тавр рафтор мекардам? Чӣ тавр ин мисолҳо боварии маро ба Яҳува устувор мегардонанд? Ман аз ин барои худ чӣ дарс мегирам?»
ХИЗМАТГОРОНИ ПЕШИН
5. Яъқуб аз пушти Лобон бо чӣ гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуд? (Ба расми муқова нигаред.)
5 Дар замонҳои қадим хизматгорони Яҳува бо мушкилиҳои ғайричашмдошт рӯ ба рӯ мешуданд. Мисоли Яъқубро мегирем: Замоне падараш ба ӯ фармуд, ки яке аз духтарони Лобон ном хешашонро гирад. Ӯ ҳам Яҳуваро ибодат мекард. Падари Яъқуб ӯро дилпур кард, ки дар ин ҳол Яҳува ӯро саршори баракатҳо мегардонад (1 Мӯсо 28:1–4). Яъқуб ба насиҳати падараш гӯш дода, замини Канъонро тарк мекунад ва роҳи хонаи Лобонро пеш мегирад. Лобон Леё ва Роҳел ном духтарон дошт. Бо гузашти вақт Яъқуб ба духтари хурдӣ, яъне ба Роҳел, дил баста, розӣ мешавад, ки барои ба занӣ гирифтани ӯ ба падараш ҳафт сол кор кунад (1 Мӯсо 29:18). Лекин вазъият дигар хел ранг гирифт: Лобон бо ҳилаю найранг ба Яъқуб духтари калониаш Леёро медиҳад. Ҳамзамон розӣ мешавад, ки як ҳафта пас Яъқуб Роҳелро низ ба занӣ гирад, ба шарте ки ҳафт соли дигар ба ӯ хизмат кунад (1 Мӯсо 29:25–27). Лобон инчунин дар масъалаҳои корӣ бо Яъқуб аз рӯйи инсоф рафтор намекард. Ҳамин тавр ӯ бист сол аз дастранҷи Яъқуб баҳра мебурд (1 Мӯсо 31:41, 42).
6. Яъқуб боз кадом мушкилиҳоро аз сар гузаронда буд?
6 Яъқуб дигар мушкилиҳо низ дошт: Оилаи ӯ калон буд, вале фарзандонаш на ҳама вақт бо ҳам тифоқ буданд. Онҳо ҳатто бародарашон Юсуфро ба ғуломӣ фурӯхтанд. Ду писари Яъқуб, Шимъӯн ва Левӣ, аҳли хонаводаи худро беобрӯ карданд, номи Яҳуваро бошад,— доғдор. Ба болои ҳамаи ин Яъқуб ҳамсари маҳбубаш, Роҳелро, ҳангоми ба дунё овардани писари дуюмашон, аз даст дод. Инчунин аз сабаби қаҳтӣ ӯ маҷбур шуд, ки дар айёми пириаш ба сарзамини Миср кӯч бандад (1 Мӯсо 34:30; 35:16–19; 37:28; 45:9–11, 28).
7. Чӣ тавр Яҳува ба Яъқуб нишон дод, ки аз ӯ розӣ аст?
7 Дар ҳамаи ин мушкилиҳояш Яъқуб ҳеҷ гоҳ умедашро аз Яҳува ва ваъдаҳои ӯ наканд. Яҳува бошад, ба ин хизматгори бовафояш нишон дод, ки аз ӯ розӣ аст. Масалан, новобаста ба макру фиреби Лобон, Яҳува Яъқубро аз ҷиҳати моддӣ баракат дод. Ғайр аз ин, тасаввур кунед, ки, вақте Яъқуб бо писараш Юсуф, ки ӯро давоми солҳо мурда мешумурд, якҷо шуд, чӣ сон аз Яҳува миннатдор буд. Дӯстии наздик бо Яҳува ба Яъқуб кӯмак кард, ки дар озмоишҳояш истодагӣ кунад (1 Мӯсо 30:43; 32:9, 10; 46:28–30). Агар мо низ пайванди дӯстии худро бо Яҳува мустаҳкам нигоҳ дорем, ҳангоми мушкилиҳои ғайричашмдошт комёб мегардем.
8. Шоҳ Довуд чӣ ният дошт?
8 Шоҳ Довуд ҳар он чиро ки дар хизмати Яҳува орзу дошт, карда наметавонист. Масалан, ӯ сахт мехост барои Худояш ибодатгоҳ созад. Дар бораи ин хоҳиши худ Довуд ба пайғамбар Нотон гуфта буд. Нотон бошад, ба ӯ ҷавоб дод: «Ҳар чӣ дар дилат бошад, бикун, зеро Худо бо туст» (1 Воқ. 17:1, 2). Тасаввур кунед, ки ин суханонро шунида Довуд чӣ қадар қувват гирифт. Эҳтимол, ӯ дарҳол барои иҷрои ин лоиҳаи бузург тайёрӣ дид.
9. Довуд ба хабари Нотон чӣ тавр муносибат кард?
9 Вале дере нагузашта пайғамбари Яҳува ба Довуд хабаре овард, ки ӯро зиқ кард. Яҳува «худи ҳамон шаб» ба Нотон гуфт, ки Довуд ибодатгоҳро намесозад, баръакс, ин кор ба дӯши яке аз писарони ӯ гузошта мешавад (1 Воқ. 17:3, 4, 11, 12). Довуд ба ин хабар чӣ тавр муносибат кард? Ӯ мақсадашро тағйир дода аз пайи ҷамъ овардани маблағ ва маҳсулоте шуд, ки барои сохтмони ибодатгоҳ ба Сулаймон лозим мешавад (1 Воқ. 29:1–5).
10. Чӣ тавр Яҳува Довудро баракат дод?
10 Вақте ба Довуд хабар дода шуд, ки ӯ ибодатгоҳро намесозад, Яҳува дарҳол бо ӯ аҳд баст. Ба Довуд ваъда дода шуд, ки яке аз наслаш то абад ҳукмронӣ хоҳад кард (2 Подш. 7:16). Як тасаввур кунед, вақте Довуд дар дунёи нав мефаҳмад, ки таҳти Ҳукмронии ҳазорсолаи Исо, Шоҳе, ки аз насли ӯ баромада буд, зиндагӣ дорад, чӣ сон хурсанд мешавад. Аз ин мисол мо мефаҳмем, ки ҳатто агар дар хизмати Яҳува ҳар чизеро, ки орзу доштем, карда натавонем, ӯ моро бо дигар роҳҳо баракат медиҳад, ки интизор набудем.
11. Ҳарчанд Подшоҳии Худо дар замоне, ки масеҳиёни асри як интизор буданд, наомад, онҳо чӣ тавр баракат ёфтанд? (Корнома 6:7).
11 Масеҳиёни асри як бо мушкилиҳои ғайричашмдошт рӯ ба рӯ шуданд: онҳо сахт мехостанд, ки Подшоҳии Худо тезтар ояд, вале намедонистанд, ки ин кай рӯй медиҳад (Кор. 1:6, 7). Ин масеҳиён чӣ кор карданд? Онҳо ҳушу ёдашонро ба хизмат равона сохтанд. Дар натиҷа, баробари паҳн шудани хушхабар, баръало диданд, ки Яҳува кӯшишҳои онҳоро баракат медиҳад. (Корнома 6:7-ро хонед.)
12. Вақте қаҳтӣ сар зад, масеҳиёни асри як чӣ кор карданд?
12 Замоне «дар тамоми сарзамин» қаҳтӣ фаро расид (Кор. 11:28). Масеҳиёни асри як низ аз он эмин набуданд. Тасаввур кунед, ки онҳо аз норасоии хӯрокворӣ чӣ қадар азоб мекашиданд. Бешубҳа, сардорони оила хавотир буданд, ки чӣ тавр аҳли хонаводаро таъмин мекунанд. Дар бораи масеҳиёни ҷавоне, ки бештар хизмат кардан мехостанд, чӣ гуфтан мумкин? Магар онҳо фикр мекарданд, ки қаҳтӣ тамом шавад, баъд аз паси ин мақсадашон мешаванд? Новобаста ба ин мушкилиҳо масеҳиён ба вазъият мутобиқ шуданд. Онҳо минбаъд низ бо ҳар роҳе ки метавонистанд, паҳн кардани хушхабарро давом доданд ва дороиашонро аз бародару хоҳарони Яҳудия дареғ намедоштанд (Кор. 11:29, 30).
13. Масеҳиёни асри як дар давоми қаҳтӣ соҳиби чӣ гуна баракатҳо шуданд?
13 Масеҳиён ҳангоми қаҳтӣ чӣ гуна баракат ёфтанд? Онҳое, ки кумак гирифтанд, дасти Яҳуваро диданд (Мат. 6:31–33). Шакке нест, ки, вақте ҳамимононашон ба ин масеҳиён мадад расонданд, онҳо худро ба бародару хоҳарон наздиктар ҳис карданд. Дар бораи бародару хоҳароне, ки хайрия мекарданд ё бо дигар роҳҳо ба ҳамимонони худ кумак мерасонданд, чӣ гуфтан мумкин? Онҳо аз додан хурсандӣ гирифтанд (Кор. 20:35). Азбаски ҳамаи он масеҳиён ба вазъияти нав мутобиқ шуданд, Яҳува онҳоро баракат дод.
14. Бо Барнаббо ва Павлуси расул чӣ рӯй дод ва ин чӣ натиҷа овард? (Корнома 14:21, 22).
14 Масеҳиёни асри якро бисёр вақт озору азият медоданд. Баъзан ин барои онҳо ногаҳонӣ буд. Мисоли Барнаббо ва Павлуси расулро мегирем: Вақте онҳо дар Лустра мавъиза мекарданд, дар аввал одамон нағз пешвозашон гирифта, ба онҳо гӯш доданд. Лекин баъдтар, вақте душманон омада «мардумро аз роҳ заданд», баъзеҳо аз байни ин одамон Павлусро сангсор карда, партофтанд (Кор. 14:19). Лекин Барнаббо ва Павлус хизматашонро дар дигар ҷо давом доданд. Ин чӣ натиҷа овард? Онҳо «шогирдони зиёде» тайёр карданд ва бо гуфтору намунаи худ ҳамимононашонро қувват бахшиданд. (Корнома 14:21, 22-ро хонед). Азбаски Павлусу Барнаббо ба озору азияти ногаҳонӣ таслим нашуданд, бисёриҳо аз ин манфиат гирифтанд. Барои ҳамин агар мо низ, то бас гуфтани Яҳува, хизматамонро давом диҳем, баракат хоҳем ёфт.
ХИЗМАТГОРОНИ ЗАМОНИ МО
15. Шумо аз намунаи бародар Макмиллан чӣ дарс гирифтед?
15 Пеш аз соли 1914 халқи Яҳува рӯй додани баъзе чизҳоро интизор буд. Мисоли бародар Макмилланро мегирем: Чун дигар ҳамзамонони худ бародар Макмиллан фикр мекард, ки ба наздикӣ мукофоти осмониашро мегирад. Сентябри соли 1914 ӯ дар суханрониаш чунин гуфт: «Аз афташ, ин охирин суханронии ман мешавад». Албатта, ин баромади охирини ӯ набуд. Бародар Макмиллан баъдтар навишт: «Шояд баъзеи мо саросемавор фикр кардем, ки дарҳол ба осмон гирифта мешавем». Ӯ илова мекунад: «Мо бояд аз пайи хизмати Сарварамон мешудем». Бародар Макмиллан ҳамин тавр ҳам кард: Ӯ дар паҳн кардани хушхабар хеле боғайрат буд; бародаронеро, ки барои мавқеи бетарафиашон ҳабс шуда буданд, дилбардорӣ мекард; то пиронсолиаш дар вохӯриҳои ҷамоат иштирок менамуд. Ӯ пеш аз мукофоти осмониашро гирифтан вақташро самаранок истифода бурда чӣ манфиат гирифт? Каме пеш аз маргаш, соли 1966, ӯ навишт: «Имрӯз имони ман аз ҳарвақта дида мустаҳкамтар аст». Чӣ рӯҳияи ибратангезе! Махсусан агар озмоишҳои мо берун аз интизориамон тӯл кашида бошанд (Ибр. 13:7).
16. Бародар Ҳерберт Ҷенинкс ва ҳамсараш ногаҳон бо чӣ гуна мушкилӣ рӯ ба рӯ шуданд? (Яъқ. 4:14).
16 Бисёр хизматгорони Яҳува ба бемориҳои ғайричашмдошт гирифтор мешаванд. Мисоли бародар Ҳерберт Ҷенинксро b мегирем: Ӯ дар саргузашташ нақл кардааст, ки чӣ тавр ҳамроҳи занаш дар давлати Гана ба сифати миссионер хизмат карда буд. Боре духтурон ба ӯ гуфтанд, ки ба як бемории ҷиддии рӯҳӣ гирифтор шудааст. Бародар Ҳерберт Яъқуб 4:14-ро иқтибос оварда, вазъияти навашро «фардое, ки интизораш набудем» номид. (Оятро хонед.) Ӯ навишт: «Мо бояд воқеъбин мебудем. Барои ҳамин чора андешида, Гана ва бисёр дӯстонамонро тарк кардему ба Канада [барои табобат] баргаштем». Яҳува ба бародар Ҷенинкс ва ҳамсараш кӯмак кард, ки минбаъд низ, новобаста ба мушкилӣ, содиқона хизматашонро давом диҳанд.
17. Чӣ тавр намунаи бародар Ҷенинкс ба бародару хоҳарон манфиат овард?
17 Дар саргузашташ ошкоро гап задани бародар Ҷенинкс ба бисёриҳо таъсири ҷиддӣ расондааст. Як хоҳар навишт: «Ҳеҷ чиз мисли ин саргузашт ба дили ман ин қадар таъсир нарасондааст... Вақте хондам, ки чӣ тавр бародар Ҷенинкс барои саломатиаш шуда таъйиноташро монд, ин ба ман кӯмак кард, ки ба вазъияти худ назари дуруст пайдо кунам». Ба ин монанд, бародаре навишт: «Ман даҳ сол чун пири ҷамоат хизмат мекардам, вале аз сабаби бемории рӯҳиам маҷбур шудам, ки аз таъйинотам даст кашам. Худро чунон ноуҳдабаро ҳис мекардам, ки хондани саргузаштҳо аз адабиётамон аксар вақт маро зиқу рӯҳафтода мекард... Лекин дар бораи истодагарии бародар Ҷенинкс хонда ман болу пар пайдо кардам». Дарс барои мо: вақте мо ба мушкилиҳое, ки ногаҳон ба сарамон меоянд, тоб меорем, дигарон намунаи моро дида қувват гирифта метавонанд. Ҳатто агар раваду ҳаётамон чи хеле мо мехостем ранг нагирад, ба ҳар ҳол мо намунаи имон ва истодагӣ буда метавонем (1 Пет. 5:9).
18. Чи хеле дар расм нишон дода шудааст, шумо аз намунаи хоҳарамон аз Нигерия чӣ меомӯзед?
18 Офатҳо ба монанди вабои COVID-19 ба бисёр хизматгорони Яҳува таъсир расондааст. Хоҳари бевазанамонро, ки аз Нигерия аст, мисол меорем. Дар вақти пандемия хӯрду хӯрок ва пулҳои ӯ қариб ки тамом шуд. Як саҳар духтараш аз ӯ пурсид, ки охирин косаи биринҷро хӯрда, баъд чӣ кор мекунанд. Хоҳарамон ба духтараш гуфт, ки на пулашон мондаасту на хӯрок, лекин онҳо бояд мисли бевазани сорефотӣ амал кунанд: Охирин хӯрокашонро тайёр карда хӯранду баъд пурра ба Яҳува таваккал намоянд (3 Подш. 17:8–16). Аммо пеш аз он ки онҳо ҳатто дар бораи хӯроки нисфирӯзӣ фикр кунанд, ҳамимонон барояшон хӯрокворӣ оварданд. Он ба зиёда аз ду ҳафта мерасид. Ба гуфти хоҳарамон ӯ тасаввур ҳам намекард, ки Яҳува суханони ӯро, ки ба духтараш гуфта буд, ин қадар бодиққат гӯш мекард. Дар асл, вақте мо ба Яҳува таваккал менамоем, мушкилиҳои ногаҳонӣ моро ба ӯ наздиктар гардонда метавонанд (1 Пет. 5:6, 7).
19. Алексей Ершов бо чӣ гуна озору азият рӯ ба рӯ шуд?
19 Солҳои охир бисёр бародару хоҳаронамон бо озору азият рӯ ба рӯ шуданд, ки барояшон ногаҳонӣ буд. Мисоли бародар Алексей Ершовро мегирем, ки аз Русия мебошад. Ӯ соли 1994 таъмид гирифт. Он вақт дар давлаташон Шоҳидони Яҳува нисбатан озодона фаъолият мекарданд. Лекин бо гузашти вақт вазъият дар Русия тағйир ёфт. Соли 2020 кормандони полис ба хонаи бародар Алексей зада даромада, ҳама ҷоро кофтуков карданд ва бисёр чизҳояшро кашида гирифтанд. Якчанд моҳ пас бошад, ҳокимиятдорон зидди бародарамон парвандаи ҷиноӣ оғоз намуданд. Сипас вазъиятро аз будаш бадтар гардонда дар асоси сабтҳои видеоӣ ӯро айбдор карданд. Ин видеоҳоро шахсе тайёр карда буд, ки худро зиёда аз як сол омӯзанда вонамуд мекард. Чӣ хиёнате!
20. Барои муносибаташро бо Яҳува устувор гардондан бародар Алексей чӣ кор мекунад?
20 Оё озору азияти бародар Алексей ягон самари нек овард? Бале! Муносибати ӯ бо Яҳува қавитар гашт. «Ману ҳамсарам бештар якҷоя дуо мегуфтагӣ шудем»,— қайд мекунад Алексей ва илова менамояд: «Ман дарк мекунам, ки бе кумаки Яҳува дар ин вазъият истодагӣ карда наметавонистам. Омӯзиши шахсӣ кумак мекунад, ки ба ҳисси рӯҳафтодагӣ муқобилат кунам. Ман инчунин пайваста дар бораи намунаҳои хизматгорони пешини Яҳува андеша мекунам. Дар Китоби Муқаддас бисёр воқеаҳое ҳастанд, ки аҳамияти хотирҷамъӣ ва ба Яҳува таваккал карданро нишон медиҳанд».
21. Мо аз ин мақола чӣ омӯхтем?
21 Мо аз ин мақола чӣ фаҳмидем? Баъзан ҳар яки мо бо мушкилиҳои ғайричашмдошт рӯ ба рӯ шуда метавонем. Бо вуҷуди ин Яҳува ҳамеша хизматгоронашро, ки ба ӯ таваккал менамоянд, дастгирӣ мекунад. Чи хеле дар ояти асосии ин мақола гуфта мешавад, «азобҳои росткор зиёд аст, лекин Яҳува ӯро аз ҳамаи онҳо халос мекунад» (Заб. 34:19). Пас, биёед минбаъд низ диққатамонро на ба мушкилиҳо, балки ба қудрати қувватбахши Яҳува равона созем. Дар ин сурат мо мисли Павлуси расул гуфта метавонем: «Бо ёрии Оне, ки ба ман қувват мебахшад, ҳама чиз аз дастам меояд» (Флп. 4:13).
СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост
a Ҳарчанд мо дар ин замона бо мушкилиҳои ногаҳонӣ рӯ ба рӯ мешавем, бовар дошта метавонем, ки Яҳува хизматгорони вафодорашро дастгирӣ мекунад. Чӣ тавр ӯ ин корро дар давраҳои қадим мекард? Чӣ хел Яҳува имрӯз моро дастгирӣ мекунад? Намунаи вафопешагони пешин ва давраҳои мо бовариамонро устувор мегардонад, ки агар ба Яҳува таваккал кунем, ӯ моро низ тарк намекунад.
b Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми декабри соли 2000, саҳ. 24–28 (рус.) нигаред.