Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 14

СУРУДИ 34 Мувофиқи номи худ зиндагӣ мекунем

Одами пухта шавед

Одами пухта шавед

«Биёед сӯйи камолот шитобем» (ИБР. 6:1).

МАҚСАД

Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр масеҳии баркамол шуда, қарорҳои бохирадона барорем ва бо фикру рафторамон Яҳуваро шод созем.

1. Яҳува аз мо чиро интизор аст?

 ЯКЕ аз шодибахштарин рӯзҳои зиндагии ҳамсарон ба дунё омадани кӯдаки солим мебошад. Ҳарчанд онҳо тифлакашонро дӯст медоранд, намехоҳанд, ки ӯ як умр кӯдак монад. Агар ӯ бо гузашти сол инкишоф наёбад, онҳо хавотир мешаванд. Ба ин монанд, вақте мо Исоро пайравӣ карда, қадамҳои аввалин мегузорем, Яҳува хурсанд мешавад, лекин ӯ намехоҳад, ки мо ҳамеша тифли рӯҳонӣ монем (1 Қӯр. 3:1). Ӯ мехоҳад, ки мо масеҳии «баркамол» шавем (1 Қӯр. 14:20).

2. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

2 Одами пухта будан чӣ маъно дорад? Чӣ тавр масеҳии баркамол шавем? Чӣ тавр ғизои сахт барои баркамол шудан ёрдам мекунад? Чаро мо бояд аз худбоварӣ эҳтиёт шавем? Аз ин мақола мо ба ин саволҳо ҷавоб меёбем.

ОДАМИ ПУХТА БУДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

3. Чӣ тавр масеҳии пухтаву баркамол шавем?

3 Дар Китоби Муқаддас калимаи юноние, ки «баркамол» тарҷума шудааст, ҳамчунин маънои «пухта», «мукаммал» ва «пурра»-ро дорад a (1 Қӯр. 2:6). Агар мо рӯҳан афзоиш кардан гирем, масеҳии пухтаву баркамол мешавем. Баъди ба ин мақсад расидан ҳам, мо ҳаракати рӯҳониямонро бас намекунем (1 Тим. 4:15). Ҳамаи мо, аз ҷумла ҷавонон, метавонем рӯҳан баркамол шавем. Масеҳии баркамол шудан чиро дар бар мегирад?

4. Кадом шахсро масеҳии пухта мегӯянд?

4 Масеҳии пухта интихоб намекунад, ки ба кадом талаби Яҳува гӯш диҳаду ба кадомаш не. Ӯ ҳамаи амрҳои Яҳуваро ба ҷо меорад. Фаромӯш накунед, ки чунин масеҳӣ нокомил аст ва хато карда метавонад. Лекин ӯ ҳаракат мекунад, ки ҳамарӯза аз рӯйи хости Худо фикр кунаду амал намояд. Чунин масеҳӣ одами навро дар бар карда, кӯшиш мекунад, ки назарашро ҳар чӣ бештар ба назари Яҳува монанд кунад (Эфс. 4:22–24). Ӯ қонуну принсипҳои Худоро хуб омӯхта, қарорҳои дуруст бароварданро ёд гирифтааст. Аз ин рӯ ба ӯ рӯйхати дастурҳои зиёд лозим нест. Масеҳии пухта баъди қарор баровардан ҷон канда аз рӯйи он амал мекунад (1 Қӯр. 9:26, 27).

5. Рӯҳан афзоиш наёфтан чӣ хатарҳо дорад? (Эфсӯсиён 4:14, 15).

5 Дар бораи масеҳие, ки рӯҳан афзоиш намекунад, чӣ гуфтан мумкин? Чунин шахс ба осонӣ ба доми «фанду фиреб» ва «ҳилаву найранг» меафтад ва аз суханони дурӯғ ва осиёна роҳгум мезанад b. (Эфсӯсиён 4:14, 15-ро хонед.) Ӯ ба дигарон рашк мебарад, бо онҳо ҷанҷол мекунад, аз ҳар чизи майда-чуйда хафа мешавад ё пояш ба доми васваса мепечад (1 Қӯр. 3:3).

6. Инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ чӣ монандӣ доранд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

6 Чи хеле пештар гуфтем, Китоби Муқаддас инкишофи рӯҳониро бо калон шудани одам муқоиса мекунад. Кӯдак ба бисёр чиз сарфаҳм намеравад, барои ҳамин калонсолон бояд ӯро ҳимояву роҳнамоӣ кунанд. Барои мисол, вақте модар бо духтарчааш аз кӯчаи мошингард мегузарад, ба ӯ мегӯяд, ки аз дасташ дорад. Вақте ӯ калонтар мешавад, шояд, модар ӯро танҳо сар медиҳад, лекин ба ҳар ҳол ба ӯ ёдрас мекунад, ки ҳар ду тарафи роҳро нигоҳ кунад. Вақте кӯдак ба воя мерасад, медонад, ки чӣ хел аз ин хатарҳо эҳтиёт шавад. Чи хеле кӯдак муҳтоҷ аст, ки ӯро аз хатарҳо ҳимоя кунанд, масеҳии хом низ бисёр вақт дастнигари масеҳиёни пухта мешавад, то ӯро аз хатар эмин доранду ӯ қарорҳои дуруст барорад. Масеҳии баркамол бошад, ҳангоми қарор баровардан Китоби Муқаддасро хуб меомӯзад, то нигоҳи Яҳуваро фаҳмад ва сипас маслиҳатҳои онро ба кор мебарад.

Агар шахс масеҳии пухта шудан хоҳад, ӯ бояд дар асоси маслиҳатҳои Худо қарор бароварданро ёд гирад (Ба сархати 6 нигаред.)


7. Масеҳиёни баркамол ба ёрдами дигарон муҳтоҷ мешаванд?

7 Оё гуфтан мумкин аст, ки масеҳии пухта ба ёрдами дигарон муҳтоҷ намешавад? Албатта, не. Ӯ ҳам баъзан аз дигарон ёрдам мепурсад. Пас, фарқ дар чист? Тифли рӯҳонӣ интизор аст, ки дигарон ба ӯ чӣ кор карданашро гӯянд ё ба ҷойи ӯ қарор бароранд. Масеҳии баркамол бошад, аз одамони бохирад ва пуртаҷриба ёрдам пурсад ҳам, дарк мекунад, ки Яҳува аз ӯ чӣ талаб дорад: Яҳува мехоҳад «ҳар кас бори худро» бардорад (Ғал. 6:5).

8. Чӣ хел масеҳиёни баркамол аз ҳамдигар фарқ мекунанд?

8 Чи хеле ки намуди зоҳирии одамони калон гуногун аст, на ҳамаи масеҳиёни баркамол хислатҳои якхела доранд. Масалан, баъзеҳо хиради бештар доранд, дигарон далерии зиёдтар, баъзеи дигар саховатмандӣ ё ҳамдардияшон бисёртар аст. Ғайр аз ин, вақте ду масеҳии пухта бо вазъияти якхела рӯ ба рӯ мешаванд, метавонанд бар асоси Китоби Муқаддас ду қарори гуногун кунанд. Ин асосан ҳамон вақте маълум мешавад, ки, агар қарор ба виҷдони шахс ҳавола бошад. Барои ҳамин онҳо ҳеҷ гоҳ қарори якдигарро танқид намекунанд, балки ягонагиро аз ҳама боло медонанд (Рум. 14:10; 1 Қӯр. 1:10).

ЧӢ ТАВР РӮҲАН БАРКАМОЛ ШАВЕМ?

9. Оё шахс худ ба худ пухта мешавад? Фаҳмонед.

9 Одамон бо гузашти вақт ҷисман калон мешаванд, лекин ҳеҷ кас худ ба худ рӯҳан калон намешавад. Барои мисол, масеҳиёни Қӯринт хушхабарро қабул карданд, таъмид гирифтанд, рӯҳи муқаддасро соҳиб шуданд ва Павлуси расул ба онҳо бисёр чизҳоро таълим дод (Кор. 18:8–11). Вале баъди таъмидашон солҳо гузашту бисёрашон аз ҷой намеҷунбиданд (1 Қӯр. 3:2). Чӣ хел фаҳмем, ки мо мисли онҳо нестем?

10. Барои одами пухта шудан чӣ кор кардан даркор? (Яҳудо 20).

10 Агар хоҳем, ки дар як ҷо қадам зада наистем, мо бояд хоҳиши пешравӣ карданро парвариш диҳем. Онҳое, ки «содагиро дӯст» медоранду тифли рӯҳонӣ мондан барояшон маъқул аст, ҳеҷ гоҳ пешравӣ намекунанд (Пнм. 1:22). Мо намехоҳем мисли касоне бошем, ки ҷисман калон шудаанду ба ҷояшон то ҳол волидонашон қарор мебароранд. Мо мехоҳем рӯҳан қад кашему нашъунамо кунем — ин масъулият бар гардани худи мост. (Яҳудо 20-ро хонед.) Агар шумо дар айёми инкишофёбӣ бошед, ба Яҳува дуо гӯед ва ӯ ба шумо «ҳам хоҳишу ҳам қувват медиҳад» (Флп. 2:13).

11. Чӣ тавр Яҳува барои рӯҳан пухта шуданамон кумак мекунад? (Эфсӯсиён 4:11–13).

11 Дар мавриди пешрафти рӯҳонӣ Яҳува моро ба ҳоли худ напартофтааст. Ӯ барои баркамол шуданамон ба мо чӯпонон ва муаллимони ҷамоатро додааст, то «ба дараҷаи камолоти Масеҳ бирасем». (Эфсӯсиён 4:11–13-ро хонед.) Яҳува боз ба мо рӯҳи муқаддасро додааст, ки «фикрронии Масеҳро» аз худ кунем (1 Қӯр. 2:14–16). Ғайр аз ин, аз чор Хушхабар мо мефаҳмем, ки Исо ҳангоми дар замин буданаш чӣ гуна фикрронӣ ва рафтору гуфтор дошт. Ба тарзи фикру рафтори Исо пайравӣ карда, мо ба мақсади худ расида метавонем.

МАНФИАТИ ҒИЗОИ САХТ

12. Таълимоти асосӣ «дар бораи Масеҳ» чист?

12 Барои ба камол расидан мо бояд бо таълимоти асосӣ «дар бораи Масеҳ» қонеъ нашавем, масалан, бо таълимот дар бораи тавба, имон, таъмид ва зиндашавӣ (Ибр. 6:1, 2). Инҳо таълимоти асосии масеҳиён мебошанд. Барои ҳамин, вақте Петруси расул дар Иди Ҳафтаҳо мавъиза кард, ба мардуме, ки ҷамъ омада буданд, дар ин бора гап зад (Кор. 2:32–35, 38). Мо бояд барои шогирди Масеҳ шудан ин таълимоти асосиро қабул кунем. Павлус гуфта буд, ки ҳар касе таълимоти зиндашавиро рад мекунад, имонаш беҳуда аст (1 Қӯр. 15:12–14). Лекин мо набояд фақат бо дониши асосӣ қонеъ шавем.

13. Чӣ кор кунем, то ғизои сахт, ки дар Ибриён 5:14 омадааст, ба мо фоида орад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

13 Баръакси таълимоти асосӣ, ғизои сахт на танҳо қонунҳо, балки принсипҳои Яҳуваро низ дар бар мегирад. Принсипҳо бошанд, ба мо фикрронии Яҳуваро ошкор месозанд. Барои аз ғизои сахт манфиат гирифтан мо бояд Каломи Худоро омӯзем, мулоҳиза ронем ва маслиҳатҳояшро ба кор барем. Ҳамин тавр мо бохирадона қарор бароварданро машқ мекунем c. (Ибриён 5:14-ро хонед.)

Ғизои сахтро қабул карда, мо қарорҳоеро мебарорем, ки Яҳуваро шод мегардонад (Ба сархати 13 нигаред.) d


14. Чӣ тавр Павлус ба қӯринтиён кумак кард, ки масеҳии пухта шаванд?

14 Масеҳиёни хомрафтор дар хулосабарорӣ бар асоси Калом ва корбурди маслиҳатҳои он танбаланд. Агар дар Каломи Худо дар ин ё он масъала ягон қонуни аниқ набошад, баъзе масеҳиёни хомандеш фикр мекунанд, ки чизе хоҳанд, карда метавонанд. Баъзеи дигар бошанд, дар чунин вазъият қоидакобӣ мекунанд. Барои мисол, масеҳиёни Қӯринт дар бораи хӯрдан ё нахӯрдани хӯроки ба бутҳо қурбонишуда, эҳтимол, аз Павлус ягон қоида талаб мекарданд. Павлус бошад, ба онҳо фаҳмонд, ки ҳар як шахс мувофиқи виҷдонаш амал карда, озодона интихоб карда метавонад. Ӯ қайд кард, ки дар ин кор принсипҳои Китоби Муқаддас ёрирасонашон мешаванд, то бо виҷдони соф қарор бароранду ҳамзамон барои имони дигарон санги пешпо нашаванд (1 Қӯр. 8:4, 7–9). Ҳамин тавр Павлус ба он масеҳиён роҳи баркамол шуданро нишон дод, то онҳо ба даҳони дигарон нигоҳ карда нашинанд ё доим қоидаҷӯйӣ накунанд.

15. Чӣ тавр Павлус ба масеҳиёни ибрӣ кумак кард, ки рӯҳан пешравӣ кунанд?

15 Мо аз суханоне, ки Павлус ба масеҳиёни ибрӣ навишт, боз як дарси муҳим мегирем. Баъзеи ин масеҳиён аз инкишофи рӯҳонӣ бозмонданд ва то ҳол ба онҳо «шир» даркор буд, «на ғизои сахт» (Ибр. 5:12). Онҳо ҳақиқатҳои наверо, ки дар ҷамъомад мешуниданд, намеомӯхтанду қабул намекарданд (Пнм. 4:18). Барои мисол, ҳарчанд тақрибан 30 сол пеш Шариати Мӯсо дар асоси қурбонии Исо бекор карда шуд, бисёре аз яҳудиёни он ҷо то ҳол ба он часпида буданд (Рум. 10:4; Тит. 1:10). Сӣ сол вақти каму ғам набуд, ки масеҳиёни яҳудӣ фикрронияшонро дигар кунанд. Ҳар касе номаи Павлусро ба ибриён мехонд, мефаҳмид, ки он ғизои сахт аст. Ин нома ба масеҳиён ёрӣ мерасонд, то тарзи нави парастишеро, ки Яҳува муқаррар карда буд, қабул кунанд. Он ҳамчунин ба масеҳиён далерӣ мебахшид, ки нигоҳ накарда ба зиддияти яҳудиён мавъизаро давом диҳанд (Ибр. 10:19–23).

ХУДБОВАР НАШАВЕД

16. Баъди масеҳии пухта шудан шахс бояд чӣ кор кунад?

16 Мақсади мо набояд танҳо ба зинаи баркамолӣ расидан бошад. Мо бояд ҷон канем, ки ҳамеша одами баркамол монем. Барои ҳамин мо набояд худбоварӣ карда, гӯем, ки «акнун бас, ман хело одами пухта шудам» (1 Қӯр. 10:12). Мо бояд «худро пайваста» санҷем, ки инкишоф ёфта истодаем ё не (2 Қӯр. 13:5).

17. Чӣ тавр номаи Павлус ба қӯлассиён аҳамияти рӯҳан пухта монданро нишон медиҳад?

17 Павлуси расул дар номааш ба қӯлассиён як бори дигар аҳамияти баркамол монданро қайд кард. Ҳарчанд ин масеҳиён баркамол буданд, Павлус онҳоро огоҳ кард, ки аз доми фикрронии ин ҷаҳон эҳтиёт шаванд (Қӯл. 2:6–10). Эпафрос ҳам, ки ин ҷамоатро нағз мешинохт, тез-тез дуо мегуфт, ки онҳо «баркамолу устувор» монанд (Қӯл. 4:12). Дарс барои мо: ҳам Павлус ва ҳам Эпафрос мефаҳмиданд, ки барои одами пухта мондан шахс бояд худаш ҷон канад ва ёрдами Худоро қабул намояд. Павлусу Эпафрос мехостанд, ки масеҳиёни қӯлассӣ ҳатто дар вақти мушкилиҳо шахсони пухтаву баркамол монанд.

18. Бо масеҳии баркамол чӣ рӯй доданаш мумкин? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

18 Павлус ибриёнро огоҳ кард, ки ҳатто масеҳии баркамол ризои Яҳуваро аз даст дода метавонад. Дили ин хел масеҳиён чунон сахт мешавад, ки на пушаймон мешаванду на бахшиши Худоро соҳиб мегарданд. Хушбахтона, ибриён дар чунин ҳолат набуданд (Ибр. 6:4–9). Агар масеҳӣ ғайрифаъол ё хориҷ шуда бошаду баъдтар тавба кунад-чӣ? Пушаймонии ӯ нишон медиҳад, ки ӯ мисли масеҳиёне нест, ки Павлус дар бораашон навишт. Лекин ба касоне, ки ба назди Яҳува баргаштанд, ёрдам даркор мешавад (Ҳиз. 34:15, 16). Аз ин рӯ пирон аз ягон Шоҳиди ботаҷриба хоҳиш мекунанд, ки барои рӯҳан ба по хестани чунин шахсон дасташонро гиранд.

Яҳува ба касоне, ки рӯҳан устувор шуданашон лозим аст, кумак мекунад (Ба сархати 18 нигаред.)


19. Мо бояд чӣ гуна мақсад дошта бошем?

19 Агар шумо барои масеҳии пухтаю баркамол шудан зӯр зада истода бошед, шумо ба мақсадатон мерасед. Минбаъд низ ғизои сахтро қабул кунед ва фикррониятонро ҳар чӣ бештар ба фикрронии Яҳува наздиктар созед. Агар шумо аллакай масеҳии пухтаю баркамол бошед, пухтагиятонро аз даст надиҳед.

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Масеҳии баркамол шудан чӣ маъно дорад?

  • Чӣ тавр масеҳии баркамол шавем?

  • Чаро худбовар нашавем?

СУРУДИ 45 Шитобон рав ба пеш!

a Ҳарчанд дар Навиштаҳои Ибронӣ калимаҳои «пухта» ва «хом» истифода нашудааст, онҳо чунин фикрро дар бар мегиранд. Масалан, дар китоби Панднома фарқи шахси ҷавону бетаҷриба ва хирадманду бофаҳм нишон дода шудааст (Пнм. 1:4, 5).

b Дар сомонаи jw.org ва барномаи JW Library® аз бахши «Мавзуъҳои гуногун» ба мақолаи «Аз маълумоти нодуруст эҳтиёт шавед!» (рус.) нигаред.

c Дар ҳамин шумора ба мақолаи «Мавзуъ барои омӯзиш» нигаред.

d ШАРҲИ РАСМ: Бародар ҳангоми интихоби филм принсипҳои Худоро ба ёд меорад.