МАВЗУЪ БАРОИ ОМӮЗИШ
Одамони рӯҳонӣ қарорҳои бохирадона мебароранд
1 Мӯсо 25:29–34-ро хонед ва фаҳмед, ки Эсову Яъқуб чӣ хел қарор бароварданд. Кадомашон дуруст рафтор карданд?
Дар бораи он воқеа маълумоти бештар гиред. Пешакӣ чӣ рӯй дод? (1 Мӯсо 25:20–28). Баъд чӣ шуд? (1 Мӯсо 27:1–46).
Ба ҳар як ҷузъиёт аҳамият диҳед. Дар он замонҳо писари нахустзода кадом ҳуқуқ ва вазифа дошт? (1 Мӯсо 18:18, 19; w10-U 1.5 13).
-
Оё барои аҷдоди Масеҳ шудан шахс бояд ҳатман нахустзода мебуд? (w17.12 14, 15).
Фикр кунед, ки чиро фаҳмидед ва онро ба кор баред. Чаро Яъқубу Эсов ба нахустзодагӣ назари гуногун доштанд? (Ибр. 12:16, 17; w03-U 15.10 28, 29). Яҳува ба ин бародарон чӣ назар дошт ва барои чӣ? (Мал. 1:2, 3). Эсов барои қарори бохирадона намудан чӣ кор карда метавонист?
-
Аз худ пурсед: «Оё ман чизҳои рӯҳониро қадр мекунам? Масалан, ҳар ҳафта барои омӯзиши оилавӣ вақт ҷудо мекунам?»