Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 50

Ба овози чӯпони нек гӯш андозед

Ба овози чӯпони нек гӯш андозед

«Онҳо овози маро хоҳанд шунид» (ЮҲ. 10:16).

СУРУДИ 152 Қувват, умед ва такягоҳи мо

ПЕШГУФТОР *

1. Як сабаби он ки Исо пайравонашро ба гӯсфандон монанд кард, кадом аст?

 ИСО муносибати худро бо пайравонаш ба муносибати наздике, ки байни чӯпон ва рамааш дида мешавад, муқоиса намуд (Юҳ. 10:14). Ин муқоисаи бамаврид буд. Бояд гуфт, ки гӯсфандони рама чӯпонашонро медонанд ва ба овози ӯ гӯш медиҳанд. Як саёҳ худ шоҳиди ин гаштааст. Ӯ мегӯяд: «Мо баъзе гӯсфандонро сурат гирифтанӣ будем ва барои ин онҳоро ба назди худ ҷеғ задем. Вале онҳо ба мо диққат намедоданд, зеро овозамон барояшон ношинос буд. Сипас писараке, ки онҳоро чӯпонӣ мекард, наздамон омад ва ҳамин ки ӯ гӯсфандонро ҷеғ зад, онҳо овозашро шинохта давида назди мо омаданд».

2, 3. а) Чӣ тавр пайравони Исо нишон дода метавонанд, ки овози ӯро мешунаванд? б) Мо дар мақолаи зерин ва навбатӣ чиро дида мебароем?

2 Воқеае, ки бо ин сайёҳ рӯй дод суханони зерини Исоро ба ёдамон меоранд, ки дар бораи гӯсфандонаш, яъне шогирдонаш гуфта буд: «Онҳо овози маро хоҳанд шунид» (Юҳ. 10:16). Лекин як фикр кунед, айни ҳол Исо дар осмон аст, пас, чӣ тавр мо овози ӯро шунида метавонем? Агар мо аз рӯйи таълимоти ӯ зиндагӣ кунем, нишон медиҳем, ки овози чӯпонамонро мешунавем (Мат. 7:24, 25).

3 Дар мақолаи зерин ва навбатӣ мо бо баъзе таълимоти Исо шинос мешавем. Мефаҳмем, ки аз рӯйи гуфти Исо кадом корҳоро бояд кунему аз кадомаш даст кашем. Дар аввал мебинем, ки мувофиқи гуфтаҳои чӯпонамон кадом ду корро бояд накунем.

«ДИГАР ТАШВИШ НАКАШЕД»

4. Мувофиқи Луқо 12:29 чӣ сабаби ташвишу хавотирӣ гашта метавонад?

4 Луқо 12:29-ро хонед. Исо ба пайравонаш гуфта буд, ки дар бораи ниёзҳои моддиашон «дигар ташвиш» накашанд. Мо медонем, ки маслиҳатҳои Исо ҳама вақт хирадмандона ва ҳаққанд, бинобар ин мехоҳем аз рӯйи онҳо амал кунем. Вале бояд тан гирифт, ки ин тавр кардан на ҳама вақт осон аст. Чаро?

5. Аз чӣ сабаб баъзеҳо дар бораи ниёзҳои моддиашон ташвиш мекашанд?

 5 Баъзеҳо ташвиш мекашанд, ки чӣ тавр хӯрок, либос ва сарпаноҳ ёбанд. Шояд онҳо дар давлатҳое зиндагӣ мекунанд, ки вазъи иқтисодиашон начандон хуб аст. Аз ин лиҳоз маблағи кофӣ кор карда оилаашонро таъмин кардан барояшон осон нест. Ё шояд сардори оила вафот кардаасту аҳли хонаводааш бе сарпараст мондаанд. Дигарон бошанд, аз сабаби COVID-19 эҳтимол кор ва даромадашонро аз даст доданд (Пандгӯ 9:11). Агар мо бо яке аз ин ё дигар мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда бошем, чӣ тавр аз рӯйи маслиҳати Исо амал карда дигар ташвиш накашем?

Ба ҷойи аз ҳад ғами рӯзғорро хӯрда ба ташвиш ғӯтидан, ба Яҳува таваккал кунед (Ба сархатҳои 6–8 нигаред.) *

6. Нақл кунед, ки боре бо Петруси расул чӣ рӯй дод.

6 Боре, вақте Петрус ва дигар расулон бо қаиқ дар баҳри Ҷалил буданд, ҳангоми тӯфон диданд, ки чӣ тавр Исо рӯ-рӯйи об назди онҳо меояд. Петрус ба Исо гуфт: «Ҳазрат, агар ин ту бошӣ, ба ман фармо, ки рӯйи об қадам зада пеши ту биёям». Баъд аз он ки Исо ӯро назди худ фарёд кард, Петрус аз қаиқ баромада «рӯ-рӯйи об ба тарафи Исо равона шуд». Лекин бинед баъд чӣ рӯй дод. «Вақте [Петрус] нигоҳашро ба тӯфон равона кард, тарсиду ғӯтидан гирифт ва фарёд зад: “Ҳазратам, маро наҷот деҳ!” Исо ҳамон лаҳза дасташро дароз карда, ӯро дошт». Ҷолиб аст, ки вақте диққати Петрус ба Исо равона буд, ӯ ҳангоми тӯфон болои об роҳ рафта тавонист. Вале ҳамин ки ба тӯфон нигоҳ кард, ба тарс дода шуда ғӯтидан гирифт (Мат. 14:24–31).

7. Мо аз мисоли Петрус чӣ меомӯзем?

7 Акнун фикр мекунем, ки аз мисоли Петрус чӣ омӯхта метавонем. Вақте Петрус аз қаиқ баромада рӯйи об қадам монд, ӯ интизор набуд, ки тӯфонро дида метарсаду ғарқ мешавад. Охир ӯ ният дошт, ки назди устодаш меравад. Вале ба ҷойи он ки ба Исо нигарад, Петрус ба тӯфон назар кард. Албатта, мо рӯ-рӯйи об роҳ рафта наметавонем, лекин имони мо низ озмуда шуда метавонад. Чи хеле ба Петрус барои ғарқ нашудан имон лозим буд, ба мо низ дар мушкилиҳо имон даркор мешавад. Агар мо низ диққатамонро ба Яҳува ва ваъдаҳояш равона накунем, рӯҳан меғӯтем. Барои ҳамин чӣ мушкилии тӯфонмонанде ба сарамон наояд, мо бояд ҳамеша ба Яҳува назар кунем ва дилпур бошем, ки ӯ ба мо кумак мекунад. Инро чӣ тавр кардан мумкин?

8. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки дар бораи ниёзҳои моддиамон аз ҳад зиёд ташвиш накашем?

8 Ба ҷойи он ки шишта дар бораи мушкилиҳоямон аз ҳад зиёд ташвиш кашем, беҳтараш ба Яҳува таваккал кунем. Охир Падари меҳрубонамон ваъда додааст, ки агар ибодати ӯро дар ҷойи аввал гузорем, ӯ ниёзҳои моддиамонро қонеъ мегардонад (Мат. 6:32, 33). Яҳува ҳамеша ба ваъдаҳояш вафо мекунад (5 Мӯсо 8:4, 15, 16; Заб. 37:25). Агар Яҳува дар бораи парандагон ва гулҳо ғамхорӣ кунад, пас мо набояд ташвиш кашем, ки чӣ мехӯрем ва чӣ мепӯшем! (Мат. 6:26–30; Флп. 4:6, 7). Масалан, волидони меҳрубон ҳаматарафа ба фарзандони худ ғамхорӣ мекунанд, чунки онҳоро дӯст медоранд. Ба ин монанд Яҳува аз муҳаббат ниёзҳои моддии халқашро қонеъ мегардонад. Барои ҳамин мо сад фоиз аз Яҳува дилпурем.

9. Шумо аз таҷрибаи ин ҳамсарон чӣ омӯхта метавонед?

9 Биёед мисолеро дида бароем, ки чӣ тавр Яҳува аз ҷиҳати моддӣ нисбати мо ғамхорӣ мекунад. Як рӯз ҳамсароне, ки пешрави доимианд, бо мошини кӯҳнаашон роҳи яксоатаро тай намуда хоҳаронеро, ки дар лагери гурезагон зиндагӣ мекунанд, гирифта ба ҷамъомад бурданд. Бародарамон мегӯяд: «Баъди вохӯрӣ мо хоҳаронро ба хонаамон даъват кардем, лекин ба ёдамон омад, ки дар хона ягон чизи хӯрданӣ нест». Бинед, баъд чӣ рӯй дод? Бародар давом медиҳад: «Вақте ба хона баргаштем, дар назди дар ду сумка хӯрокворӣ мондагӣ буд. Мо намедонистем, ки онро кӣ овардааст. Бешак, ин ғамхории Яҳува буд». Бо гузашти вақт мошини ин ҳамсарон вайрон шуд. Бояд гуфт, ки мошин барои хизматашон ба онҳо хеле даркор буд. Вале азбаски пул надоштанд, онро таъмир карда наметавонистанд. Рӯзе онҳо мошинашонро ба устохона бурда фаҳмиданӣ буданд, ки таъмири он чанд пул мешавад. Марде онро дида пурсид: «Ин мошин аз они кӣ?» Бародар гуфт, ки мошини ӯ аст ва таъмирталаб мебошад. Он мард гуфт: «Ба ҳамсарам айнан ҳамин гуна мошин ва ранг маъқул аст. Онро намефурӯшед?» Ниҳоят бародар онро бо нархе фурӯхт, ки ба он як мошини дигар харидан мумкин буд. Ӯ мегӯяд: «Мо аз хурсандӣ дар куртаамон намеғунҷидем, медонистем, ки ин рӯйдодҳо тасодуфан нашуданд. Яҳува дар паси ҳамаи ин меистод».

10. Аз рӯйи Забур 37:5 чаро мо дар бораи ниёзҳои моддиамон набояд аз ҳад зиёд ғам хӯрем?

10 Агар мо ба суханони чӯпони некамон гӯш дода дар бораи ниёзҳои моддиамон аз ҳад зиёд ғам нахӯрем, боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ба мо ғамхорӣ карда метавонад (Забур 37:5-ро хонед; 1 Пет. 5:7). Вазъиятҳоеро, ки дар  сархати 5 оварда шудаанд, ба ёд оред. То имрӯз Яҳува шояд бо воситаи сардори оила ё корамон ба мо ризқу рӯзӣ медод. Вале, агар сардори оила дигар моро таъмин карда натавонад ё мо корамонро аз даст диҳем, Яҳува бо ягон роҳи дигар ғами моро мехӯрад. Аз ин дилпур бошед! Ҳоло бошад, биёед фаҳмем, ки мувофиқи гуфтаҳои чӯпони некамон Исо боз аз кадом кор бояд даст кашем.

«ДИГАР ҲУКМ НАКУНЕД»

Хислатҳои хуби дигаронро мушоҳида намудан кумак мекунад, ки ҳукм карданро бас кунем (Ба сархатҳои 11, 14–16 нигаред.) *

11. Мувофиқи Матто 7:1, 2 Исо гуфт, ки ба кадом кор дигар даст назанем ва чаро ин душвор буда метавонад?

11 Матто 7:1, 2-ро хонед. Исо медонист, ки пайравонаш аз нокомилӣ майли дигаронро ҳукм кардан доранд. Аз ин рӯ гуфта буд: «Дигар ҳукм накунед». Албатта, шояд мо кӯшиш мекунем, ки ҳамимонамонро ҳукм накунем. Вале, афсӯс баъзан ба ин роҳ медиҳем. Дар ин сурат чӣ кор карданамон лозим? Мо бояд ба Исо гӯш дода кӯшиш кунем, ки ҳукм карданро бас кунем.

12, 13. Мо аз муносибати Яҳува бо Довуд чӣ дарс мегирем?

12 Дар ин маврид дар бораи намунаи Яҳува мулоҳиза рондан манфиатовар аст. Яҳува ба хислатҳои хуби одамон диққат медиҳад. Мо инро аз мисоли Довуд дида метавонем, ки дар ҳаёташ хатоҳои ҷиддӣ карда буд. Масалан, ӯ бо Батшобаъ зино кард ва ҳатто шавҳарашро ба қатл расонд (2 Подш. 11:2–4, 14, 15, 24). Дар натиҷа, Довуд на танҳо ба сари худ, балки ба сари оила ва дигар занонаш бадбахтӣ овард (2 Подш. 12:10, 11). Дар мавриди дигар Довуд лашкари исроилиёнро аз пеши худ саршуморӣ карда нишон дод, ки ба Яҳува такя намекунад. Шояд он лаҳза Довуд мағрур шуда буд ва дилпур буд, ки лашкари бузургаш ӯро ҳимоя мекунад. Ин рафтори ӯ чӣ натиҷа овард? Оқибат 70 000 исроилӣ аз сабаби вабо фавтид (2 Подш. 24:1–4, 10–15).

13 Агар шумо он вақт сокини Исроил мебудед, дар бораи Довуд чӣ фикр мекардед? Оё ҳукм карда мегуфтед, ки ӯ лоиқи бахшоиши Яҳува нест? Яҳува Довудро ҳукм накард. Ӯ вафодории Довудро фаромӯш накарда буд, инчунин ба назар гирифт, ки Довуд аз кардааш пушаймон аст. Аз ин рӯ Яҳува гуноҳҳои азими Довудро бахшид. Ӯ боварӣ дошт, ки Довуд ӯро дӯст медорад ва росткор будан мехоҳад. Дар асл, мо Яҳуваро шукр мегӯем, ки ӯ ба хислатҳои хубамон диққат медиҳад (3 Подш. 9:4; 1 Воқ. 29:10, 17).

14. Барои дигаронро ҳукм накардан масеҳӣ бояд чӣ гуна назар дошта бошад?

14 Агар Яҳува аз мо комилиро талаб накунад, пас мо низ набояд аз бародару хоҳарон талаб кунем, ки бе камбудӣ бошанд. Ба ҷойи ин бояд ба хислатҳои хуби онҳо диққат кунем. Одатан ба камбудии кас ишора карда ӯро ҳукм намудан ягон ҷойи мушкилӣ надорад. Вале шахси рӯҳан баркамол бо вуҷуди нокомилии дигарон бо онҳо муросо мекунад. Барои мисол алмоси натарошида бенур аст. Вале шахси боидрок мефаҳмад, ки баъд аз суфта шудан қадру қимати ин санг хеле меафзояд. Бинобар ин мо бояд мисли Яҳува ва Исо кӯшиш кунем, ки хислатҳои хуби дигаронро бинем.

15. Чӣ тавр вазъияти одамонро ба назар гирифтан кумак мекунад, ки онҳоро ҳукм накунем?

15 Боз чӣ кумак карда метавонад, ки дигаронро ҳукм накунем? Вазъияти одамонро ба назар гиред. Як мисол меорем. Рӯзе Исо дар ибодатгоҳ шоҳиди он гашт, ки чӣ тавр бевазани камбағале ба зарфи хайрия ду танга партофт, ки арзишашон хеле кам буд. Он лаҳза Исо нагуфт: «Чаро ин зан кам хайрия кард?» Ӯ ба чӣ қадар хайрия кардани он бевазан нею ба нияту вазъияташ аҳамият дод ва ӯро таъриф кард (Луқ. 21:1–4).

16. Шумо аз воқеае, ки бо Вероника рӯй дод, чӣ меомӯзед?

16 Вазъияти дигаронро ба назар гирифтан аз рӯйи хирад аст, инро мисоли хоҳарамон Вероника нағз тасдиқ мекунад. Дар ҷамоати онҳо хоҳаре буд, ки писарчаашро танҳо ба воя мерасонд. Вероника мегӯяд: «Ба назарам чунин менамуд, ки онҳо дар вохӯриҳо ва хизмат мунтазам иштирок намекунанд. Ман барои ин он хоҳарро дар дилам ҳукм мекардам. Лекин як рӯз ману ӯ ба хизмат рафтем. Ӯ нақл кард, ки аз сабаби он ки ақлу зеҳни писаракаш инкишоф наёфтааст *, хеле азоб мекашад. Барои худашу писарашро ҷисман ва рӯҳан дастгирӣ намудан ӯ бисёр меҳнат мекунад. Баъзан барои саломатии фарзандаш шуда ӯ ба вохӯриҳо омада натавонад ҳам, баъд ба вохӯрии дигар гурӯҳ меравад». Вероника илова мекунад: «Ман ҳатто тасаввур намекардам, ки ӯ чунин вазъияти душвор дорад. Ҳоло ин хоҳарро беҳад дӯст медорам ва ҳурмат мекунам, чунки ӯ дар вазъияти худ хизмати Яҳуваро ба ҷо меорад».

17. Дар Яъқуб 2:8 чӣ гуфта мешавад ва чӣ тавр мувофиқи он амал кунем?

17 Вале чӣ агар пай барем, ки мо ҳамимонамонро ҳукм карда истодаем? Дар ин сурат ба ёд овардан лозим аст, ки мо бояд бародару хоҳаронамонро дӯст дорем. (Яъқуб 2:8-ро хонед.) Инчунин ба Яҳува дуо гуфта зориву тавалло кунем, ки ба мо мадад расонад, то ҳукм карданро бас кунем. Сипас мувофиқи дуоямон амал карда бо шахсе, ки ӯро ҳукм кардаем, ҳамсуҳбат шавем. Ин тавр карда мо бо ӯ нағзтар шинос мешавем. Хуб мебуд, ӯро ба хизмат ё ба меҳмонӣ таклиф кунем. Ниҳоят аз Яҳува ва Исо ибрат гирифта ба хислатҳои хуби ин ҳамимонамон диққат медиҳем. Бо ин амаламон нишон медиҳем, ки ба чӯпони меҳрубонамон гӯш дода ҳеҷ касро дигар ҳукм намекунем.

18. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ба овози чӯпони некамон гӯш медиҳем?

18 Чи хеле рамаи гӯсфандон овози чӯпонашонро мешунаванд, ба ин монанд пайравони Исо ба овози ӯ гӯш медиҳанд. Агар мо кӯшиш кунем, ки дар бораи ниёзҳои моддии худ аз ҳад зиёд ғам нахӯрем ва дигаронро ҳукм накунем, Яҳува ва Исо моро баракат медиҳанд. Аз ин рӯ хоҳ қисми рамаи хурд бошем, хоҳ аз ҷумлаи гӯсфандони дигар, биёед минбаъд низ ба овози чӯпони некамон гӯш диҳем ва ба ӯ итоат кунем (Луқ. 12:32; Юҳ. 10:11, 14, 16). Дар мақолаи навбатӣ мо оиди ду чизе гап мезанем, ки Исо ба шогирдонаш гуфт, ки бояд кунанд.

СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем

^ сарх. 5 Вақте Исо гуфт, ки гӯсфандонаш овози ӯро мешунаванд, ӯ дар назар дошт, ки онҳо ба таълимоташ гӯш дода аз рӯйи он зиндагӣ мекунанд. Дар ин мақола мо ба ду таълимоти муҳими Исо диққат медиҳем. Якум, дар бораи чизҳои моддӣ аз ҳад ғам нахӯрдан ва дуюм, дигаронро ҳукм накардан. Биёед фаҳмем, ки чӣ тавр ин маслиҳатҳои Исоро ба кор бурда метавонем.

^ сарх. 16 бемории аутизм

^ сарх. 52 ШАРҲИ РАСМ: Бародаре корашро аз даст медиҳад, барои таъмин кардани оилаи худ пули кофӣ надорад ва маҷбур мешавад, ки сарпаноҳ ёбад. Агар ӯ эҳтиёт нашавад ва аз ҳад ғам хӯрад, ибодати Яҳуваро дар ҷойи аввал монда наметавонад.

^ сарх. 54 ШАРҲИ РАСМ: Бародаре ба ҷамъомад дер мекунад. Вале ӯ ғайрирасмӣ хизмат мекунад, ба пиронсолон кумак мерасонад ва дар нигоҳубини Ибодатгоҳ ёрдам мекунад.