Саволҳои хонандагон
Суханони «ҷони ёри худро гирифтори хатар накун», ки дар 3 Мӯсо 19:16 омадаанд, чӣ маъно дорад ва мо аз ин чӣ дарс мегирем?
Яҳува ба исроилиён гуфт, ки бояд поку муқаддас бошанд. Аз ин рӯ ба онҳо амр дод: «Дар байни мардум гашта ҳар гуна туҳматро паҳн накун. Ҷони ёри худро гирифтори хатар накун. Ман Яҳува ҳастам» (3 Мӯсо 19:2, 16).
Суханони «ҷони ёри худро гирифтори хатар накун» дар матни асл «зидди хуни бародари худ набаро» мешавад. Ин чӣ маъно дорад? Дар як маълумотномаи яҳудӣ дар бораи китоби 3-юми Мӯсо гуфта шудааст: «Ин қисми оятро тарҷума кардан хеле душвор аст, зеро дар ин ҷо ибораи рехтаи иброние омадааст, ки мафҳуми онро ба дигар забон ифода кардан осон нест».
Ба ақидаи баъзе олимон ин фикр давоми ояти 15 мебошад, ки дар он ҷо гуфта шудааст: «Ҳангоми доварӣ беадолатӣ накунед. Ба камбағалу бой бо як чашм нигар. Ёри худро аз рӯйи инсоф доварӣ кун» (3 Мӯсо 19:15). Ба гуфти ин олимон амри ҷони касеро зери хатар нагузоштан маънои онро дошта метавонист, ки халқи Худо набояд бар манфиати худ дар мурофиаҳои судӣ, масъалаҳои корӣ ё оилавӣ беинсофӣ мекард. Албатта, мо набояд беинсофӣ кунем. Вале фаҳмиши дигаре ҳаст, ки мазмуни қисми дуюми ояти 16-ро мантиқан беҳтар ифода мекунад.
Ба қисми аввали ояти 16 диққат кунед. Худо ба халқаш мегӯяд, ки «дар байни мардум гашта ҳар гуна туҳматро паҳн накун»-анд. Дар ҳақиқат, вақте касе дигаронро ғайбат мекунад, ягон мушкилӣ сар мезанад, вале агар касеро туҳмат кунанд, оқибати он хеле талх буда метавонад (Пнм. 10:19; Пандгӯ 10:12–14; 1 Тим. 5:11–15; Яъқ. 3:6). Одамон одатан бо мақсади обрӯйи касеро резондан туҳмат мекунанд. Туҳматчӣ аксар вақт дар ҳаққи кас шаҳодати дурӯғ медиҳад, ҳатто агар донад, ки ӯ ҳаёти он касро зери хатар мегузорад. Дар ёд доред, чӣ тавр боре туҳматчиён дар бораи Нобӯт ном марде шаҳодати дурӯғ доданду оқибаташ чӣ шуд? Нобӯтро беадолатона сангсор карданд (3 Подш. 21:8–13). Чи хеле мебинед, мувофиқи 3-юми Мӯсо боби 19 қисми дуюми ояти 16, туҳматгар метавонист «ҷони ёри худро гирифтори хатар» кунад.
Ғайр аз ин, шахс метавонад аз сабаби бадбинӣ дигар касро туҳмат кунад. Дар 1 Юҳанно 3:15 гуфта мешавад: «Ҳар кӣ бародари худро бад бинад, одамкуш аст ва шумо медонед, ки ягон одамкуш ҳаёти ҷовидониро соҳиб намешавад». Ҷолиб аст, ки Худо баъд аз суханони ояти 16 илова кардааст: «Дар дили худ бародаратро бад набин» (3 Мӯсо 19:17).
Хулоса, гуфтаҳои 3 Мӯсо 19:16 барои ҳар як масеҳӣ огоҳии ҷиддиянд. Яъне мо набояд бадгумон бошем ва дар ҳаққи дигарон туҳмат накунем. Одӣ карда гӯем, вақте мо аз сабаби бадбинӣ ё ҳасад касеро туҳмат мекунем, рӯйи рушод нишон медиҳем, ки ӯро чашми дидан надорем. Дар ёд доред, ки масеҳӣ набояд асло ба ин кор даст занад (Мат. 12:36, 37).