МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 52
Ба дигарон кумак кунед, ки дар тангӣ истодагӣ кунанд
«Аз некӣ кардан ба муҳтоҷе даст накаш, вақте кардани он аз дастат ояд» (ПНМ. 3:27).
СУРУДИ 42 Нотавононро дастгирӣ намоед
ПЕШГУФТОР a
1. Яҳува бисёр вақт ба дуоҳои хизматгоронаш чӣ хел ҷавоб медиҳад?
ОЁ ШУМО медонед, ки Яҳува ба воситаи шумо ба дуои гарми бародар ё хоҳаре ҷавоб дода метавонад? Бале, хоҳ шумо пир ё хизматгузори ҷамоат бошед, пешрав ё воиз, ҷавон ё пиронсол, бародар ё хоҳар, Яҳува шуморо истифода бурда метавонад. Вақте шахсе, ки Яҳуваро дӯст медорад, аз ӯ мадад мепурсад, Худоямон бисёр вақт ба воситаи пирони ҷамоат ва дигар хизматгорони бовафояш барои ӯ «сарчашмаи тасаллии бузург» мегардад (Қӯл. 4:11). Бо ин роҳ ба Яҳува ва бародару хоҳарон хизмат кардан шарафи бузург аст! Мо инро хусусан ҳангоми сар задани беморӣ, офатҳои табиӣ ва дар озору азият карда метавонем.
ҲАНГОМИ САР ЗАДАНИ БЕМОРӢ ДИГАРОНРО ДАСТГИРӢ КУНЕД
2. Чаро дар вақти беморӣ ба дигарон ёрдам додан мушкил буда метавонад?
2 Ҳангоми сар задани беморӣ ба якдигар ёрдам расондан душвор шуда метавонад. Масалан, шояд мо дӯстамонро хабар гирифтан хоҳем, вале ин бароямон хатарнок аст. Эҳтимол, онҳоеро, ки аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашанд, ба меҳмонӣ даъват кардан хоҳем, лекин ин низ мумкин нест. Ё шояд мехоҳем дигаронро дастгирӣ намоем, вале, агар оилаи худамон муҳтоҷ бошад, хостамонро кардан мушкил мешавад. Чи хеле набошад, мо мехоҳем, ки ёрдамамон ба бародару хоҳарон расад. Вақте Яҳува дар ин ҷода кӯшишу ғайрати моро мебинад, хеле хурсанд мешавад (Пнм. 3:27; 19:17). Пас, биёед фаҳмем, ки чӣ тавр дигаронро дастгирӣ карда метавонем.
3. Мо аз намунаи пирони ҷамоати Дези чӣ меомӯзем? (Ирмиё 23:4).
3 Пирон чӣ кор карда метавонанд? Агар шумо пири ҷамоат бошед, гӯсфандони рамаатонро нағз шиносед. (Ирмиё -ро хонед.) Хоҳар Дези 23:4 b, ки дар мақолаи гузашта ёдовар шудем, мегӯяд: «Пирони ҷамоатамон дар хизмат бо ман ва дигар воизон ҳамкорӣ мекарданд. Мо инчунин якҷоя вақт мегузарондем». Барои ҳамин баъди сар задани COVID-19, вақте Дези баъзе аъзои оилаашонро аз даст дод, ба пирон ӯро дастгирӣ намудан осон шуд. Зеро онҳо хоҳарамонро аллакай нағз мешинохтанд.
4. Чаро пирон ба Дези кумак карда тавонистанд ва пирон аз ин чӣ меомӯзанд?
4 Дези қайд мекунад: «Азбаски бо пирон аллакай дӯстӣ доштам, ба онҳо дар бораи ҳиссиёт ва хавотириҳоям гуфтан осон буд». Дарс барои пирон: ба онҳое, ки таҳти назорати шумоянд, пеш аз сар задани душворӣ ғамхорӣ кунед. Барои бародару хоҳарон дӯст бошед. Агар раваду аз сабаби ягон беморӣ бародар ё хоҳареро хабар гирифта натавонед, бо дигар роҳҳо ба онҳо таваҷҷуҳ кунед. Дези илова мекунад: «Баъзан дар давоми як рӯз якчанд пир ба ман занг мезаданд ё паёмакҳо мефиристоданд. Оятҳое, ки онҳо ба ман мегуфтанд, ба дилам сахт таъсир мекард, ҳарчанд ман онҳоро медонистам».
5. Пирон чӣ тавр фаҳмида метавонанд, ки бародару хоҳарон ба чӣ ниёз доранд ва чӣ хел ба онҳо кумак кардан мумкин?
5 Мо чӣ тавр фаҳмида метавонем, ки бародару хоҳарон ба чӣ муҳтоҷанд? Барои ин саволҳое додан мумкин аст, ки онҳоро дар хиҷолат намемонад (Пнм. 20:5). Масалан, пурсида метавонем, ки «Оё онҳо хӯрок, доруворӣ ва дигар чизҳои зарурӣ доранд? Оё хатари аз даст додани кор ё ҳатто хона ба онҳо таҳдид мекунад? Барои аз давлат кумаки башардӯстона пурсидан ба онҳо ёрдами мо даркор аст?» Хоҳар Дезиро ҳамимонон аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ карданд, вале маҳз аз ҷиҳати равонӣ ва рӯҳонӣ дастгирӣ кардани пирони ҷамоат буд, ки ӯ қувват гирифта ба озмоишҳояш тоб овард. Ӯ мегӯяд: «Пирон ҳамроҳам дуо гуфтанд. Рости гап, дар бораи чӣ дуо гуфтанашон дар ёдам нест, лекин дар ёд дорам, ки чӣ гуна эҳсосот маро фаро гирифт. Худи Яҳува гӯё ба ман мегуфт: “Ту танҳо нестӣ”» (Иш. 41:10, 13).
6. Аҳли ҷамоат барои дастгирии дигарон чӣ кор карда метавонад? (Ба расм нигаред.)
6 Дигарон чӣ кор карда метавонанд? Мо интизорем, ки дар ҳаққи бародару хоҳарон пирони ҷамоат ғамхорӣ мекунанд. Вале Яҳува ҳамаи моро даъват мекунад, ки дигаронро дастгирӣ кунем (Ғал. 6:10). Агар ба бародар ё хоҳаре, ки бемор аст, каме ёрдамамон расад, ин онҳоро хеле рӯҳбаланд месозад. Кӯдакон низ метавонанд ба воситаи номача ё расми кашидаашон дигаронро рӯҳбаланд кунанд. Ҷавонон бошанд, бозорӣ ё ягон кори дигар карда хоҳареро дастгирӣ намуда метавонанд. Инчунин хӯрок пухта ба ҳамимони бемор фиристодан мумкин аст. Албатта, агар беморӣ дар ҳама ҷо паҳн гардад, ҳар як узви ҷамоат ба рӯҳбаландӣ муҳтоҷ мешавад. Аз ин рӯ барои рӯҳбаланд кардани бародару хоҳарон нағз мебуд, ки баъд аз вохӯриҳо каме истода бо онҳо рӯ ба рӯ ё ба воситаи занги видеоӣ муошират кунем. Бояд гуфт, ки пирон низ ба рӯҳбаландӣ муҳтоҷанд. Азбаски онҳо хусусан дар вақти сар задани бемориҳо серкоранд, баъзеҳо ба онҳо паёмак навишта миннатдорӣ мекунанд. Нағз, ки ҳар яки мо кӯшиш карда «якдигарро дилбардорӣ» менамоему «қувват» мебахшем (1 Тас. 5:11).
ҲАНГОМИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ БА ДИГАРОН КУМАК КУНЕД
7. Дар натиҷаи офат кадом душвориҳо ба миён меояд?
7 Офат дар як лаҳза метавонад, ки ҳаёти шахсро тағйир диҳад. Дар натиҷаи он шахс дороӣ, хона ё ҳатто наздиконашро аз даст дода метавонад. Бародару хоҳаронамон аз чунин бадбахтиҳо эмин нестанд. Чӣ тавр мо дар ин гуна ҳолатҳо ба мадади онҳо расида метавонем?
8. Пирон ва сардорони оила пеш аз сар задани офат чӣ кор карда метавонанд?
8 Пирон чӣ кор карда метавонанд? Пирон, ба бародару хоҳарон кумак кунед, ки пеш аз рӯй додани офат тайёрӣ бинанд. Аҳли ҷамоат бояд донад, ки барои аз хатар эмин доштани ҷони худ чӣ бояд кард ва чӣ хел бо пирон тамос гирифт. Маргарет, ки дар мақолаи гузашта оидаш гап задем, мегӯяд: «Пирон, дар ниёзҳои маҳаллӣ моро огоҳ карданд, ки мавсими сӯхтор ҳоло ба охир нарасидааст. Онҳо гуфтанд, ки ҳамин ки ҳукумат аз бадтар шудани вазъият ва дар бораи тарк кардани минтақа хабар диҳад, мо бояд зуд амал кунем». Ин огоҳии саривақтӣ буд, чунки 5 ҳафта пас сӯхтори харобиовар ба амал омад. Барои ҳамин сардорони оила, ҳангоми парастиши оилавӣ муҳокима кунед, ки ҳар як узви оила дар чунин ҳолатҳо чӣ кор мекунад. Агар шумо ва фарзандонатон пешакӣ тайёр бошед, ҳангоми рух додани нохушиҳо, эҳтимоли зиёд аст, ки ба ваҳму ҳарос намеафтед.
9. Пирон пеш ва баъд аз сар задани офати табиӣ чӣ тавр ҳамкорӣ карда метавонанд?
9 Агар шумо нозири гурӯҳи хизматӣ бошед, пеш аз сар задани офат, боварӣ ҳосил кунед, ки рақами телефон ва суроғаи аниқи воизони гурӯҳатонро доред. Рӯйхати ин маълумотро тартиб дода вақт аз вақт онро тафтиш кунед. Он гоҳ дар вақти офат шумо бо ҳар як бародару хоҳар тамос гирифта дар бораи ниёзҳояшон фаҳмида метавонед. Ва ҳамин ки дар бораи ниёзашон фаҳмидед, ба координатори ҳайати пирон хабар диҳед, то ки ӯ дар ин бора ба нозири ноҳиявӣ гӯяд. Чунин меҳнати дастҷамъона самари хуб меорад. Баъди сӯхтор нозири ноҳиявии хоҳар Маргарет 36 соат хоб нарафта бо пирон дар тамос буд ва назорат мекард, ки онҳо тахминан бо 450 бародару хоҳар, ки хонаҳояшонро тарк карданд, ба тамос бароянд ва дар бораашон ғамхорӣ кунанд (2 Қӯр. 11:27). Ҳамин тавр ба ҳамаи онҳое, ки ба сарпаноҳ муҳтоҷ буданд, ёрдам дода шуд.
10. Чаро пирон хабар гирифтани воизонро муҳим мешуморанд? (Юҳанно 21:15).
10 Пирон вазифадоранд, ки бародару хоҳаронро аз ҷиҳати рӯҳонӣ ва равонӣ дастгирӣ кунанд (1 Пет. 5:2). Ҳангоми сар задани офат пирон бояд дилпур бошанд, ки ҳар як бародару хоҳар саломат аст, хӯрок, пӯшок ва сарпаноҳ дорад. Вале онҳоеро, ки аз офат наҷот ёфтаанд, аз афташ, моҳҳои зиёд дилбардорӣ ва рӯҳан дастгирӣ кардан лозим мешавад. (Юҳанно 21:15-ро хонед.) Бародар Ҳаролд, ки дар Кумитаи филиал хизмат мекунад ва бо бисёр бародару хоҳароне, ки аз офатҳои табиӣ осеб дидаанд, ҳамсуҳбат шудааст, мегӯяд: «Барои ба худ омадан ба онҳо вақт даркор. Албатта, ҳаёташон оҳиста-оҳиста беҳтар мешавад, вале хотираҳо дар бораи шахси наздике, ки фавтидааст, ёдгорие, ки аз даст рафт ё воқеаи даҳшатоваре, ки паси сар карданд, дарҳол фаромӯш намешавад. Чунин хотираҳо дарду алами онҳоро гаштаю баргашта тоза карда метавонад. Албатта, ин гуна ҳиссиёт табиист, онро сустимонӣ номидан хатост».
11. Оилаҳо ба чӣ ниёз доранд?
11 Пирон, «бо гирякунандагон — гиря» кунед (Рум. 12:15). Шояд наҷотёфтагонро боварӣ бахшидан лозим аст, ки Яҳува ва бародару хоҳарон то ҳол онҳоро дӯст медоранд. Пирон ба оилаҳо кумак мекунанд, то онҳо аз рӯйи реҷаи рӯҳониашон амал карда дуо гӯянд, омӯзиш кунанд, ба вохӯриҳо раванд ва дар хизмат иштирок намоянд. Пирон ҳамчунин ба волидон гуфта метавонанд, ки диққати кӯдаконашонро ба чизҳои дар офат нобуднашаванда равона созанд. Волидон, ба фарзандонатон хотиррасон кунед, ки Яҳува дӯсти онҳо мемонад ва ҳамеша дар барашон хоҳад буд. Инчунин ба фарзандони худ фаҳмонед, ки онҳо дар сар то сари ҷаҳон бародару хоҳароне доранд, ки ҳама вақт ба кумаки онҳо тайёранд (1 Пет. 2:17).
12. Чӣ хел дигарон ба осебдидагон кумак карда метавонанд? (Ба расм нигаред.)
12 Дигарон чӣ кор карда метавонанд? Агар дар наздикии шумо офате рӯй диҳад, аз пирон пурсед, ки чӣ хел кумак карда метавонед. Эҳтимол, шумо муваққатан хонаатонро ба онҳое, ки бехона монданд ё ба ихтиёриён пешкаш кунед. Инчунин ба воизони муҳтоҷ хӯрок ва дигар чизҳои даркориро фиристода метавонед. Вале, агар офати табиӣ дар ҷойи хеле дур рӯй диҳад-чӣ? Ба ҳар ҳол ёрдами шумо ба бародару хоҳарон мерасад. Шумо метавонед дар ҳаққи онҳо дуо гӯед (2 Қӯр. 1:8–11). Ҳамчунин ба кори умумиҷаҳонӣ хайрия намуда онҳоро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ кардан мумкин аст (2 Қӯр. 8:2–5). Агар шумо барои кумак ба ҷойи ҳодиса сафар карда тавонед, дар ин бора ба пирон хабар диҳед. Баъди даъват шуданатон аҷаб нест, ки шуморо дар аввал каме таълим диҳанд, то дар ҷой ё вақти даркорӣ кумак расонда тавонед.
БА ҲАМИМОНОН КУМАК КУНЕД, ТО БА ОЗОРУ АЗИЯТ ТОБ ОРАНД
13. Дар ҷойҳое, ки фаъолиятамон манъ аст, ҳамимонон бо чӣ гуна душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд?
13 Дар ҷойҳое, ки фаъолияти мо банд аст, зиндагии бародару хоҳаронро озору азият душвортар мегардонад. Дар ин гуна ҷойҳо ҳамимононамон то ҳол наздиконашонро аз даст медиҳанд, аз ҷиҳати моддӣ ва беморӣ азоб мекашанд. Пирон бошанд, аз сабаби манъ будани фаъолиятамон онҳоро хабар гирифта ё бо онҳое, ки ба рӯҳбаландӣ ниёз доранд, озодона суҳбат карда наметавонанд. Бародар Андрей, ки дар мақолаи гузашта ёдовар шудем, бо ин гуна вазъият рӯ ба рӯ шуд. Хоҳаре дар ҷамоати ӯ аз бепулӣ танқисӣ мекашид. Ба болои ин он хоҳар ба садама дучор шуд. Якчанд бор ӯро ҷарроҳӣ карданд ва ӯ кор карда наметавонист. Вале бародару хоҳарон ба манъ будани фаъолиятамон ва пандемия нигоҳ накарда кӯшиш мекарданд, ки ба ӯ кумак кунанд. Яҳува низ аз ҳоли ӯ бохабар буд.
14. Чӣ хел пирон ба Яҳува такя карда намунаи ибрат нишон дода метавонанд?
14 Пирон чӣ кор карда метавонанд? Андрей ба Яҳува дуо гуфта чизе ки аз дасташ омад, кард. Яҳува ба дуои ӯ чӣ хел ҷавоб дод? Ӯ ба дили бародару хоҳароне, ки имконияти кумак кардан доштанд, андохт, то ба хоҳар ёрдам диҳанд. Ҳамин тавр баъзе ҳамимонон ӯро бо мошинашон назди духтур мебурданд, дигарон бошанд, кумаки пулӣ расонданд. Яҳува онҳоро моил гардонд, ки чени зӯрашон ба хоҳар ёрдам кунанд. Ӯ дастҷамъию далерии онҳоро баракат дод (Ибр. 13:16). Пирон, агар фаъолиятамон дар ҷойи шумо манъ бошад, аз дигарон кумак пурсед (Ирм. 36:5, 6). Ҳамчунин ба Яҳува такя кунед. Ӯ ба шумо кумак мекунад, то ниёзҳои бародару хоҳарони муҳтоҷро қонеъ гардонед.
15. Чӣ хел мо ҳангоми озору азият муттаҳид монда метавонед?
15 Дигарон чӣ кор карда метавонанд? Аз сабаби манъ будани фаъолиятамон мо шояд дар гурӯҳҳои хурд ҷамъ шавем. Дар чунин мавридҳо сулҳу ягонагиро нигоҳ доштан хеле муҳим аст. Аз ин рӯ бо Шайтон биҷангед, на бо якдигар. Ба хатоҳои бародару хоҳарон чашм пӯшед, нофаҳмиро бошад, зуд ҳал кунед (Пнм. 19:11; Эфс. 4:26). Якум шуда ба кумаки якдигар шитобед (Тит. 3:14). Ҳамимононамон ба хоҳаре, ки дар боло дар борааш гуфта будем, кумак расонда худашон манфиати зиёд гирифтанд; онҳо чун як оила бо ҳам наздик шуданд (Заб. 133:1).
16. Мувофиқи Қӯлассиён 4:3, 18 чӣ хел мо ба бародару хоҳароне, ки озору азият мебинанд, кумак карда метавонем?
16 Даҳҳо ҳазор бародару хоҳарон нигоҳ накарда ба маҳдудиятҳое, ки ҳукуматдорон гузоштаанд, ба Яҳува хизмат мекунанд. Баъзеи онҳоро барои имонашон ҳабс кардаанд. Мо дар ҳаққи онҳо, оилаашон ва касоне, ки озодии худро дар хатар монда ба ин бародару хоҳарон кумаки рӯҳонӣ, ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ мерасонанд, дуо гуфта метавонем c. (Қӯлассиён 4:3, 18-ро хонед.) Ҳеҷ вақт қувваи дуоро бо чашми кам набинед! (2 Тас. 3:1, 2; 1 Тим. 2:1, 2).
17. Чӣ хел шумо аз ҳоло ба озору азият тайёр шуда метавонед?
17 Шумо бо оилаатон аз ҳоло ба озору азият тайёр шуда метавонед (Кор. 14:22). Пешакӣ чизҳои бадеро, ки рӯй дода метавонанд, тасаввур накунед. Беҳтараш, муносибати худро бо Яҳува қавӣ созед ва дар ин ба кӯдаконатон низ кумак кунед. Агар баъзан ташвишу хавотирӣ ҳис кунед, ба Яҳува рози дил намоед (Заб. 62:7, 8). Оилавӣ муҳокима кунед, ки чаро аз Яҳува дилпур буда метавонед d. Чун дар мавриди офатҳои табиӣ, вақте кӯдаконатонро ба озору азият пешакӣ тайёр мекунед, онҳо аз шумо ба Яҳува такя карданро ёд гирифта далеру хотирҷамъ мешаванд.
18. Моро чӣ гуна оянда дар пеш аст?
18 Осоиштагии Худо моро муҳофизат мекунад (Флп. 4:6, 7). Бо ёрии он Яҳува ҳангоми бемориҳо, офатҳо ва озору азият диламонро ором месозад. Ғайр аз ин, Яҳува ба воситаи пирони меҳнаткаш моро нигоҳубин мекунад. Ӯ боз ба ҳар яки мо имкон додааст, ки дар тангиҳо дастёри ҳамдигар бошем. Тинҷию амоние, ки ҳоло дорем, моро ба душвориҳое, ки дар оянда мешавад, ҳатто ба «азоби азим» тайёр мекунад (Мат. 24:21). Он вақт мо бояд сулҳу осоиштагиро нигоҳ дорем ва дар ин кор ба дигарон низ ёрдам кунем. Вале баъди он воқеаҳо мушкилие, ки сабаби ошуфтагии мо мегардад, дигар нахоҳад буд. Мо, ниҳоят, аз чизҳое, ки Яҳува аз аввал бароямон ният карда буд, баҳра мебарем — аз комилӣ ва сулҳу осоиштагии ҷовидонӣ (Иш. 26:3, 4).
СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо
a Яҳува бисёр вақт ба воситаи хизматгорони вафодораш ба шахсоне, ки дар тангӣ мебошанд, мадад мекунад. Ӯ метавонад, ки шуморо барои тасаллӣ додани бародар ё хоҳари ғамзадае истифода барад. Биёед фаҳмем, ки чӣ хел онҳоеро, ки дар муҳтоҷӣ мебошанд, дастгирӣ карда метавонем.
b Баъзе номҳо иваз шуданд.
c Кумитаи филиал ё Идораи марказӣ мактубҳои воизонро ба бародару хоҳароне, ки ҳабс шудаанд, фиристода наметавонанд.
d Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз моҳи июли соли 2019, ба мақолаи «Аз ҳоло ба таъқибот тайёр шавед» нигаред.
e ШАРҲИ РАСМ: Ҳамсарон ба оилае, ки баъди сар задани офат муваққатан дар хайма мебошад, хӯрокворӣ овардаанд.