Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 50

«Бо ман дар биҳишт мешавӣ»

«Бо ман дар биҳишт мешавӣ»

«Ба ростӣ имрӯз ба ту мегӯям, ки бо ман дар биҳишт мешавӣ» (ЛУҚ. 23:43).

СУРУДИ 19 Биҳишти ваъдакардаи Худо

ПЕШГУФТОР a

1. Исо дар дами марг ба ҷинояткоре, ки дар бараш буд, чӣ гуфт? (Луқо 23:39–43).

 ИСО ва ду ҷинояткор дарди пуразоб кашида ҷон медоданд (Луқ. 23:32, 33). Дар аввал ҳар ду ҷинояткор Исоро масхара мекарданд, барои ҳамин аниқ аст, ки онҳо шогирдони ӯ набуданд (Мат. 27:44; Марқ. 15:32). Вале баногоҳ яке аз онҳо пушаймон шуда гуфт: «Эй Исо, вақте ба Подшоҳии худ бирасӣ, маро ба хотир ор». Исо ба ӯ гуфт: «Ба ростӣ имрӯз ба ту мегӯям, ки бо ман дар биҳишт мешавӣ». (Луқо 23:39–43-ро хонед.) Ягон далеле вуҷуд надорад, ки он ҷинояткор хабари хушро дар бораи «Подшоҳии осмон»-ӣ, ки Исо мавъиза мекард, қабул карда бошад. Исо низ нагуфта буд, ки он мард ба Подшоҳии осмонӣ медарояд (Мат. 4:17). Исо дар бораи биҳишти оянда гап зад, ки дар замин мешавад. Чаро ин хел гуфтан мумкин?

Дар бораи ҷинояткоре, ки бо Исо суҳбат кард ва чизе, ки ӯ медонист ба чӣ хулоса омадан мумкин? (Ба сархатҳои 2 ва 3 нигаред.)

2. Чӣ нишон медиҳад, ки ҷинояткоре, ки тавба кард, яҳудӣ буд?

2 Ҷинояткоре, ки пушаймон шуд, аз афташ, яҳудӣ буд. Чаро ин тавр гуфтан мумкин? Аҳамият диҳед, ӯ ба ҷинояткори дигар чӣ гуфт: «Наход тамоман аз Худо натарсӣ? Охир, худат низ ҳамин хел ҷазоро гирифтаӣ» (Луқ. 23:40). Яҳудиён Худои ягонаро ибодат мекарданд (2 Мӯсо 20:2, 3; 1 Қӯр. 8:5, 6). Халқҳои дигар бошад, бовар доштанд, ки худоёни бисёр вуҷуд дорад. Агар он ду ҷинояткор аз дигар халқҳо мебуданд, савол чунин мешуд: «Наход тамоман аз худоён натарсӣ?» Ғайр аз ин, Исо «назди гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил» фиристода шуда буд, на ин ки халқҳои дигар (Мат. 15:24). Худо бошад, ба исроилиён ошкор карда буд, ки мурдагонро зинда мекунад. Ҷинояткоре, ки тавба кард, шояд дар ин бора медонист. Ӯ фикр мекард, ки Яҳува Исоро барои дар Подшоҳиаш ҳукмронӣ кардан зинда мекунад. Аз афташ, ин ҷинояткор умед дошт, ки Худо ӯро низ зинда хоҳад кард.

3. Вақте Исо дар бораи биҳишт гуфт, марди ҷинояткор, эҳтимол, чиро тасаввур кард? Фаҳмонед. (1 Мӯсо 2:15).

3 Азбаски он мард яҳудӣ буд, ӯ дар бораи Одаму Ҳавво ва биҳиште, ки Яҳува барои онҳо офарид, медонист. Барои ҳамин мефаҳмид, ки биҳиште, ки Исо дар борааш гуфт, боғи зебое дар замин мешавад. (1 Мӯсо 2:15-ро хонед.)

4. Суханони ба ҷинояткор гуфтаи Исоро ба назар гирифта мо бояд чӣ кор кунем?

4 Суханони Исоро, ки ба ҷинояткор гуфт, дар хотир дошта, мо бояд пеши назар орем, ки ҳаёт дар биҳишт чӣ гуна мешавад. Дар ин кор ба ёд овардани замони осудаи ҳукмронии шоҳ Сулаймон кумак карда метавонад. Мо боварӣ дорем, ки Исо, ки аз Сулаймон бузургтар аст, бо ҳокимонаш заминро ба биҳишти зебое табдил медиҳад (Мат. 12:42). Бинобар ин «гӯсфандони дигар» бояд донанд, ки барои дар биҳишт ҷовидона зиндагӣ кардан чӣ кор кунанд (Юҳ. 10:16).

ҲАЁТ ДАР БИҲИШТ ЧӢ ХЕЛ МЕШАВАД?

5. Шумо ҳаёти худро дар биҳишт чӣ гуна мебинед?

5 Вақте дар бораи биҳишт фикр мекунед, чӣ гуна ҳаёт пеши назаратон меояд? Шояд боғеро тасаввур кунед, ки мисли боғи Адан зебою дилорост (1 Мӯсо 2:7–9). Мумкин пешгӯйии пайғамбар Мико ба ёдатон ояд, ки дар бораи халқи Худо гуфта буд: «Ҳар яки онҳо зери токи худ ва дарахти анҷири худ мешинад» (Мико 4:3, 4). Ё, эҳтимол, оятҳое ба ёдатон ояд, ки дар бораи серию пурӣ дар биҳишти оянда гуфта мешавад (Заб. 72:16; Иш. 65:21, 22). Шумо мумкин худро дар боғи зебое дар сари дастархони пурнозу неъмат тасаввур кунед; Бӯйи хуши гулҳову растаниҳо ба димоғатон мерасад, шумо хандаи аҳли оила, дӯстон, аз ҷумла зиндашудагонро мешунавед, ки бо ҳам хурсандӣ мекунанд. Ин олами дилкаш хобу хаёл нест. Бешак, мо дар биҳишт чунин лаҳзаҳои хуш хоҳем дошт. Ғайр аз ин, аз меҳнати худ тароват хоҳем гирифт.

Мо бо кори муҳим, яъне таълим додани зиндашудагон машғул хоҳем буд (Ба сархати 6 нигаред.)

6. Дар биҳишт мо бо чӣ кор машғул мешавем? (Ба расм нигаред.)

6 Яҳува моро тавре офаридааст, ки аз меҳнатамон лаззат барем (Пандгӯ 2:24). Дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ мо серкор мешавем. Зеро касоне, ки аз азоби азим мегузаранд, аз ҷумла миллионҳо одамоне, ки зинда мешаванд, ба либос, хӯрок ва ҷойи зист ниёз хоҳанд дошт. Барои қонеъ кардани чунин ниёзҳо ба мо лозим мешавад, ки бисёр корҳои шавқоварро ба ҷо орем. Чи хеле ки Одаму Ҳавво боғашонро киштукор мекарданд, мо низ дар биҳишт бо киштукор машғул мешавем. Ғайр аз ин, таълим додани миллионҳо зиндашудагоне, ки дар бораи Яҳува ва нияти ӯ дониши кам доштанд, хурсандибахш мешавад. Мо инчунин шахсони содиқеро, ки дар замонҳои қадим зиндагӣ мекарданд, таълим дода шодӣ мекунем.

7. Мо аз чӣ дилпурем ва барои чӣ?

7 Мо боварӣ дорем, ки дар биҳишт тинҷиву амонӣ, серию пурӣ ва ҳама чиз аз рӯйи тартиб мешавад. Барои чӣ ин хел гуфтан мумкин аст? Мо инро аз замони ҳукмронии Сулаймон дида метавонем. Он вақтро ба ёд оварда бо як назар дидан мумкин аст, ки ҳаёт дар биҳишт зери роҳбарии Исо чӣ гуна мешавад.

ҲУКМРОНИИ СУЛАЙМОН — ГУЛЕ АЗ БИҲИШТ

8. Чӣ тавр суханони Довуд аз Забур 37:10, 11, 29 иҷро гаштанд? (Ба мақолаи «Саволҳои хонандагон»-и ин шумора нигаред.)

8 Шоҳ Довуд зери илҳоми Худо навишт, ки, вақте дар оянда шоҳи бохирад ва бовафое бар тахт менишинад, ҳаёт чӣ гуна мешавад. (Забур 37:10, 11, 29-ро хонед.) Вақте мо ба одамон дар бораи биҳишт гап мезанем, бисёр вақт Забур 37:11-ро мехонем ва ин бесабаб нест. Зеро Исо ин оятро дар Суханронии болои кӯҳ иқтибос оварда буд ва қайд кард, ки гуфтаҳои он дар оянда иҷро мешаванд (Мат. 5:5). Лекин бо ин суханонаш Довуд ҳамчунин нишон дод, ки ҳаёт дар замони ҳукмронии Сулаймон чӣ хел мешавад. Вақте Сулаймон дар Исроил подшоҳӣ мекард, халқи Худо дар замине, ки «ширу асал дар он ҷорӣ» буд, аз осудагии зиёд ва тинҷию амонӣ лаззат мебурданд. Худо гуфта буд: «Агар шумо фармудаву амрҳои маро риоя кунед... Ман ба ин замин сулҳу осоиштагӣ медиҳам ва шумо бе ягон тарс ва хавотирие хоб меравед» (3 Мӯсо 20:24; 26:3, 6). Ин ваъдаҳо дар давоми ҳукмронии Сулаймон иҷро гаштанд (1 Воқ. 22:9; 29:26–28). Яҳува инчунин ваъда дода буд, ки он вақт одами бадкор «боқӣ намемонад» (Заб. 37:10). Бале, суханони Забур 37:10, 11, 29 дар замони қадим иҷро гаштанд ва, албатта, дар оянда низ иҷро мегарданд.

9. Маликаи Сабо дар бораи ҳукмронии Сулаймон чӣ гуфт?

9 Овозаи сулҳу осоиштагӣ ва шукӯҳе, ки исроилиён дар подшоҳии Сулаймон доштанд, ба гӯши маликаи Сабо расид. Ӯ хост, ки ҳамаи инро бо чашмони худаш бинад, барои ҳамин роҳи дуру дарозро тай карда ба Ерусалим омад (3 Подш. 10:1). Баъди мушоҳида кардани ҳукмронии Сулаймон малика гуфт: «Фаҳмидам, ки ба ман ҳатто нисфашро нагуфта будаанд... Хушбахтанд одамони ту ва хушбахтанд ходимони ту, ки доимо дар пешат истода, хиради туро мешунаванд!» (3 Подш. 10:6–8). Лекин шароите, ки дар замони ҳукмронии Сулаймон буд, дар муқоиса бо ояндае, ки Яҳува зери роҳбарии Писараш Исо ба одамизод тайёр кардааст, қатрае аз баҳр аст.

10. Исо аз кадом ҷиҳат аз Сулаймон беҳтар аст?

10 Исо ҳаматарафа аз Сулаймон волотар аст. Сулаймон шахси нокомил буд ва гуноҳҳои ҷиддие кард, ки ба халқи Худо зарар овард. Исо бошад, Ҳокими комил аст ва гуноҳе намекунад (Луқ. 1:32; Ибр. 4:14, 15). Ӯ дар озмоишҳои сахте, ки Шайтон ба сараш овард, ба Яҳува содиқ монд. Исо исбот кард, ки ҳеҷ гоҳ гуноҳ ё ягон кори дигаре намекунад, ки ба тобеонаш зарар расонад. Мо шодем, ки чунин Подшоҳи беҳтарин дорем.

11. Киҳо ба Исо дастёр мешаванд?

11 Исо ва 144 000 ҳокимон дар давоми Ҳазорсола дар бораи одамизод ғамхорӣ мекунанд ва нияти Худоро нисбати замин амалӣ мегардонанд (Ошкор. 14:1–3). Ин мардону занони ботаҷриба бисёр азобу озмоишҳоро аз сар гузарондаанд. Барои ҳамин онҳо ҳокимони дилсӯзу ҳамдард мешаванд. Онҳо кадом корҳоро иҷро мекунанд?

ТАДҲИНШУДАГОН ЧӢ НАҚШ ХОҲАНД ДОШТ?

12. Яҳува ба 144 000 тадҳиншудагон чӣ супориш медиҳад?

12 Вазифаи Исо ва ҳокимонаш аз вазифаи Сулаймон бузургтар хоҳад шуд. Ин подшоҳи исроилӣ бар миллионҳо одамон танҳо дар як сарзамин ҳукмронӣ мекард. Вале ҳокимони Подшоҳии Худо бар миллиардҳо одамони кураи замин ҳукмронӣ мекунанд. Яҳува ба 144 000 нафар чӣ супориши олиҷанобе додааст?

13. Касоне, ки бо Исо ҳукмронӣ мекунанд, кадом вазифаи махсусро иҷро менамоянд?

13 Мисли Исо тадҳиншудагон чун подшоҳон ва коҳинон хизмат хоҳанд кард (Ошкор. 5:10). Мувофиқи Шариати Мӯсо коҳинон бояд пеш аз ҳама халқро ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан ҳимоя мекарданд. Азбаски Шариат «танҳо сояи некиҳои оянда» буд, тадҳиншудагон низ аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ халқи Худоро таъмин мекунанд (Ибр. 10:1). Мо аниқ намедонем, ки ин подшоҳон ва коҳинон бо одамони рӯйи замин чӣ тавр робита мекунанд. Чи хеле Яҳува ин корҳоро ба роҳ намонад, мо дилпурем, ки биҳишт ҳатман меояд ва сокинони он роҳнамоии заруриро мегиранд (Ошкор. 21:3, 4).

«ГӮСФАНДОНИ ДИГАР» БАРОИ ДАР БИҲИШТ ЗИНДАГӢ КАРДАН БОЯД ЧӢ КОР КУНАНД?

14. «Гӯсфандони дигар» ва «рамаи хурд»-ро чӣ бо ҳам мепайвандад?

14 Исо онҳоеро, ки бо ӯ ҳукмронӣ мекунанд, «рамаи хурд» номид (Луқ. 12:32). Ӯ ҳамчунин дар бораи гурӯҳи одамоне гап зада онҳоро «гӯсфандони дигар» ном бурд (Юҳ. 10:16). Ҳар дуи ин гурӯҳ як рамаи муттаҳидро ташкил медиҳанд. Имрӯз онҳо аллакай якҷоя ҳамкорӣ мекунанд ва дар оянда, дар биҳишти рӯйи замин, ҳамкориашонро давом медиҳанд. Онҳое, ки ба «рамаи хурд» тааллуқ доранд, дар осмон зиндагӣ мекунанд. Вале «гӯсфандони дигар» аз ҳаёт дар рӯйи замин то абад баҳра мебаранд. Лекин, ногуфта намонад, ки «гӯсфандони дигар» барои дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ кардан бояд баъзе корҳоро ба анҷом расонанд.

Чӣ хел аз ҳозир мо нишон дода метавонем, ки барои зиндагӣ дар биҳишт тайёрем? (Ба сархати 15 нигаред.) b

15. а) Чӣ тавр «гӯсфандони дигар» бо бародарони Исо ҳамкорӣ мекунанд? б) Аз бародаре, ки дар расм тасвир шудааст, чӣ ибрат гирифта метавонем? (Ба расм нигаред.)

15 Ҷинояткоре, ки тавба кард, имконият надошт, ки миннатдориашро пурра ба Исо нишон диҳад. Вале мо, «гӯсфандони дигар», барои муҳаббатамонро ба Исо нишон додан имкониятҳои бисёр дорем. Масалан, тадҳиншудагонро дастгирӣ карда мо нишон медиҳем, ки Исоро дӯст медорем. Исо гуфта буд, ки гӯсфандонро дар ҳамин асос доварӣ хоҳад кард (Мат. 25:31–40). Хуб, мо чӣ тавр бародарони Исоро дастгирӣ карда метавонем? Барои ин мебоист дар паҳн кардани хушхабар ва кори шогирдсозӣ бо шавқу завқ иштирок кунем (Мат. 28:18–20). Барои ҳамин мо мехоҳем аз ҳар як маводе, ки фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла китоби «То абад зинда бошед!», ба таври беҳтарин истифода барем. Агар шумо ҳозир ягон омӯзиши Китоби Муқаддас надошта бошед, метавонед мақсад монед, ки ба шумораи ҳарчи бештари одамон аз рӯйи ин китоб омӯзиш пешниҳод кунед.

16. Барои дар биҳишт зиндагӣ кардан мо ҳозир бояд чӣ кор кунем?

16 Мо аллакай ҳозир шахсе шуда метавонем, ки Яҳува дар биҳишт дидан мехоҳад. Барои ин бояд дар гуфтору рафтори худ адолатпеша бошем ва дар ҳама чиз меъёрро нигоҳ дорем. Ҳамчунин ба Яҳува, ҳамсар ва ҳамимонон вафодор монданамон даркор аст. Агар ҳозир дар ин дунёи нопок мувофиқи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кунем, дар биҳишт ин тавр кардан бароямон осонтар мешавад. Ғайр аз ин, мо метавонем маҳорату хислатҳоямонро беҳтар карда нишон диҳем, ки дар биҳишт зиндагӣ кардан мехоҳем. Дар ин маҷалла ба мақолаи «Оё шумо барои мерос гирифтани замин тайёред?» нигаред.

17. Оё барои гуноҳҳои пештара худро хӯрда шиштан дуруст аст? Фаҳмонед.

17 Мо ҳамчунин набояд аз сабаби гуноҳҳои ҷиддие, ки пеш карда будем, худро хӯрда шинем. Албатта, мо ҳеҷ гоҳ «товон ҳаст» гуфта, «дидаю дониста гуноҳ» намекунем (Ибр. 10:26–31). Ҳамзамон, агар аз гуноҳи ҷиддӣ самимона пушаймон шавем, кумаки Яҳува ва пиронро қабул намуда ислоҳ шавем, Яҳува моро аз таҳти дил мебахшад (Иш. 55:7; Кор. 3:19). Суханони Исоро, ки ба фарисиён гуфта буд, ба ёд оред: «Ман барои он омадаам, ки на росткорон, балки гунаҳкоронро даъват кунам» (Мат. 9:13). Бале, товон қудрати бузурге дорад, ки ҳамаи гуноҳҳои моро рӯпӯш мекунад.

ШУМО ДАР БИҲИШТ ТО АБАД ЗИНДАГӢ КАРДА МЕТАВОНЕД!

18. Бо ҷинояткоре, ки дар бари Исо мехкӯб шуда буд, дар бораи чӣ сӯҳбат кардан мехоҳед?

18 Тасаввур кунед, ки шумо дар биҳишт бо ҷинояткоре, ки бо Исо гап зада буд, суҳбат доред. Бешубҳа, ҳар дуятон аз товони Исо миннатдорӣ мекунед. Шояд шумо аз ӯ дар бораи лаҳзаҳои охири ҳаёти Исо дар замин пурсон шавед. Шояд савол диҳед, ки вақте Исо ба вай ҷавоб дод, ӯ чӣ ҳис кард. Он ҷинояткор бошад, эҳтимол, дар бораи рӯзҳои охири ҷаҳони Шайтон аз шумо пурсон шавад. Бешак, бо чунин одамон Каломи Худоро омӯхтан шарафи бузург хоҳад буд (Эфс. 4:22–24).

Дар давоми Ҳазорсола бародаре хурсандона маҳорати расмкашиашро, ки як умр орзу дошт, ки сайқал диҳад, беҳтар карда истодааст (Ба сархати 19 нигаред.)

19. Чаро ҳаёт дар биҳишт дилгиркунанда намешавад? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

19 Ҳаёт дар биҳишт асло дилгиркунанда намешавад. Мо бо одамони гуногун шинос мешавем ва кори шавқовар хоҳем дошт. Аз ҳама муҳимаш, мо ҳар рӯз Падари осмониамонро беҳтару беҳтар мешиносем ва аз неъматҳои ӯ лаззат мебарем. Дар асл, дониш дар бораи Яҳува бепоён аст; мо дар биҳишт дар бораи офаридаҳои ӯ бисёр чизро меомӯзем. Ҳар қадаре ки зиндагӣ кунем, ҳамон қадар муҳаббатамон ба Худо зиёд мегардад. Мо аз Яҳува ва Исо беҳад миннатдорем, ки ба мо ҳаёти абадиро ваъда кардаанд.

СУРУДИ 16 Сӯи Салтанати Худо гурезед!

a Оё шумо пайваста тасаввур мекунед, ки ҳаёт дар биҳишт чӣ гуна мешавад? Ин тавр кардан ба кас қувват мебахшад. Ҳар қадаре ки дар бораи дунёи нав бисёртар фикр кунем, ҳамон қадар бо шавқ ба дигарон дар ин бора гап мезанем. Ин мақола имони моро ба ваъдаи Исо, ки дар бораи биҳишт дода буд, қавӣ мегардонад.

b ШАРҲИ РАСМ: Бародаре, ки дар биҳишт зиндашудагонро таълим додан мехоҳад, аз ҳозир дар кори шогирдсозӣ иштирок мекунад.