Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 51

Дар тангиҳо осоиштагӣ ёбед

Дар тангиҳо осоиштагӣ ёбед

«Хавотир нашавед ва натарсед» (ЮҲ. 14:27).

СУРУДИ 39 Осоиштагӣ дороии мост

ПЕШГУФТОР a

1. «Осоиштагии Худо» чист ва мо аз он чӣ баҳра мебарем? (Филиппиён 4:6, 7).

 ОСОИШТАГИЕ ҳаст, ки одамони ин ҷаҳон дар бораи он чизе намедонанд. Ин «осоиштагии Худо» мебошад, ки дар натиҷаи дӯстӣ бо Падари осмониамон ба дилҳои мо оромӣ мебахшад. Бале, осоиштагии Худоро ба даст оварда мо оромӣ пайдо мекунем. (Филиппиён 4:6, 7-ро хонед.) Мо инчунин аз дӯстӣ бо онҳое, ки Худоро дӯст медоранд, баҳра бурда метавонем. Ғайр аз ин, имконият дорем, ки шахсан бо «Худои сулҳу осоиштагӣ» дӯстӣ пайдо кунем (1 Тас. 5:23). Агар Падари осмониамонро шиносем ва ба ӯ таваккал ва итоат кунем, дар тангиҳои зиндагӣ осоиштагии Худо хавотириро аз диламон берун месозад.

2. Мо аз куҷо медонем, ки осоиштагии Худоро ба даст овардан мумкин аст?

2 Оё дар ҳақиқат ҳангоми сар задани беморӣ, офатҳо, нооромиҳои шаҳрвандӣ ё озору азият осоиштагии Худоро ёфтан мумкин аст? Аз ин мушкилиҳо одам ба тарсу ҳарос меояд. Бо вуҷуди ин Исо ба пайравони худ чунин маслиҳат додааст: «Хавотир нашавед ва натарсед» (Юҳ. 14:27). Хушбахтона, бародару хоҳарон аз рӯйи ин маслиҳат амал мекунанд. Бо ёрии Яҳува онҳо осоиштагӣ ёфта ба озмоишҳои сахттарин тоб меоранд.

ҲАНГОМИ САР ЗАДАНИ БЕМОРӢ ОСОИШТАГӢ ЁБЕД

3. Чӣ тавр вабои оламгир моро аз осоиштагӣ маҳрум карда метавонад?

3 Вабоҳои оламгир қариб ба ҳама соҳаҳои ҳаёти мо таъсир расонда метавонанд. Масалан, COVID-19-ро мегирем: мувофиқи як санҷиш бисёри одамон гуфтанд, ки дар давоми ин вабо бехобӣ мекашиданд. Аз ин лиҳоз дар байни мардум ташвишу хавотирӣ, афсурдаҳолӣ, сӯистифода аз маршруботи спиртӣ ва нашъакашӣ, зӯроварӣ дар оила ва худкушӣ афзуд. Пас, агар дар ҷойи шумо ягон беморӣ сар зада бошад, чӣ тавр ҳисси хавотириатонро идора карда, осоиштагии Худоро ба даст оварда метавонед?

4. Чаро донистани пешгӯйии Исо дар бораи рӯзҳои охир ба мо осоиштагӣ меорад?

4 Исои Масеҳ пешгӯйӣ карда буд, ки дар рӯзҳои охир «дар ҳама ҷо пайиҳам» вабоҳо мешаванд (Луқ. 21:11). Чӣ тавр донистани ин ба мо осудагӣ меорад? Мо сар задани бемориҳоро дида ба ҳайрат намеоем, зеро мебинем, ки ҳама чиз, чи хеле Исо пешгӯйӣ карда буд, рӯй дода истодааст. Барои ҳамин мо сабаби ҷиддӣ дорем, ки аз рӯйи маслиҳати зерини Исо амал кунем; ӯ онро ба одамоне дод, ки дар рӯзҳои охир зиндагӣ мекунанд: «Ба воҳима наафтед» (Мат. 24:6).

Ҳангоми беморӣ гӯш кардани сабти Китоби Муқаддас ба шумо кумак мекунад, ки дар дил оромию осоиштагӣ дошта бошед (Ба сархати 5 нигаред.)

5. а) Мувофиқи Филиппиён 4:8, 9 вақте бо беморӣ рӯ ба рӯ мешавем, бояд дар бораи чӣ дуо гӯем? б) Чӣ тавр гӯш кардани сабти хониши Китоби Муқаддас ба шумо манфиат оварда метавонад?

5 Вақте беморӣ сар мезанад, шахс ба осонӣ ба воҳима афтода метавонад. Хоҳарамон бо номи Дези b инро аз сар гузаронда буд. Баъд аз он ки амак, амакбачааш ва духтур аз сабаби COVID-19 мурданд, ӯ тарсид, ки худаш бемор шуда модари пиронсолашро сироят мекунад. Дези инчунин хавотир буд, ки корашро аз даст медиҳаду барои хурду хӯрок ва иҷора пул намеёбад. Аз пушти ин хавотирӣ ӯ бехобӣ мекашид. Валекин хоҳарамон аз нав осоиштагӣ пайдо кард. Чӣ тавр? Ӯ ба Яҳува дуо гуфта оромӣ мепурсид ва хоҳиш мекард, ки дар бораи чизҳои хуб фикр карда тавонад. (Филиппиён 4:8, 9-ро хонед.) Дези ба воситаи сабтҳои хониши Китоби Муқаддас Яҳуваро гӯш мекард. Ӯ мегӯяд: «Овози ороми хонандаҳо хавотириамро бартараф намуд ва ман ба ёд овардам, ки Яҳува Худои меҳрубон аст» (Заб. 94:19).

6. Чӣ тавр омӯзиши шахсӣ ва вохӯриҳои ҷамоат ба шумо кумак мекунад?

6 Беморӣ, бешак, ба баъзе соҳаҳои ҳаётатон таъсир мерасонад, вале нагузоред, ки он ба омӯзиши шахсӣ ё дар вохӯриҳои ҷамоат иштирок карданатон халал расонад. Воқеаҳо аз ҳаёт, ки дар адабиётамон ва видеонаворҳои ташкилот оварда шудаанд, ба шумо ёдрас менамояд, ки бародару хоҳаронатон новобаста ба чунин мушкилиҳо истодагӣ мекунанд (1 Пет. 5:9). Ғайр аз ин, ба вохӯриҳо омада шумо ақлу дилатонро бо фикрҳои нек аз Каломи Худо пур мекунед. Инчунин дигаронро дастгирӣ карда метавонед, онҳо бошанд, шуморо рӯҳбаланд мегардонанд (Рум. 1:11, 12). Вақте мулоҳиза меронед, ки чӣ тавр Яҳува ба хизматгоронаш ҳангоми беморӣ, тарсу хавотирӣ ё танҳоияшон кумак кардааст, имонатон бақувват мегардад ва боварӣ ҳосил мекунед, ки ӯ шуморо низ дастгирӣ хоҳад намуд.

7. Шумо аз Юҳаннои расул чӣ дарс гирифта метавонед?

7 Бо бародару хоҳарон дар алоқа бошед. Баъзан ҳатто агар бо бародару хоҳарон бошем, аз сабаби беморӣ маҷбур мешавем, ки фосиларо нигоҳ дорем. Дар чунин лаҳзаҳо мо мефаҳмем, ки Юҳаннои расул чӣ ҳис мекард. Ӯ низ мехост бо дӯсташ Ғоюс вохӯрда рӯ ба рӯ гап занад (3 Юҳ. 13, 14). Бо вуҷуди ин Юҳанно дарк мекард, ки он вақт ин корро карда наметавонад. Барои ҳамин ӯ ба дӯсташ мактуб навист. Агар шумо низ бо бародару хоҳарон на ҳама вақт рӯ ба рӯ вохӯрда тавонед, кӯшиш кунед, ки ба онҳо занг занед ё паёмак фиристед. Бо ҳамимонон дар тамос будан ба шумо оромиву осоиштагӣ меорад. Ҳангоми ташвишу хавотириатон инчунин аз пирони ҷамоат мадад пурсед, бигзор онҳо шуморо меҳрубонона дилбардорӣ кунанд (Иш. 32:1, 2).

ҲАНГОМИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ОСОИШТАГӢ ЁБЕД

8. Чӣ тавр офате осоиштагии шуморо дуздида метавонад?

8 Агар шумо ягон бор обхезӣ, заминҷунбӣ ё сӯхторро аз сар гузаронда бошед, эҳтимол, он вақт шуморо ошуфтагию хавотирӣ фаро гирифта буд. Агар шахси наздик ё дороиятонро аз даст дода бошед, шумо шояд мотам гирифта будед, ноумед гаштед, ё ҳатто ба ғазаб омадед. Ин гуна рафторатон маънои онро надорад, ки шумо чизпарастед ё имонатон суст аст. Охир, ба сари шумо ин қадар озмоишҳои вазнин омаданд ва баъзеҳо чунин рафтор кардани шуморо мефаҳманд (Айюб 1:11). Вале новобаста ба чунин рӯзҳои сахт шумо осоиштагӣ ёфта метавонед. Чӣ хел?

9. Барои моро ба рӯйдодҳои даҳшатовар тайёр кардан Исо чӣ гуфт?

9 Баъзе одамон фикр мекунанд, ки офатҳо ҳеҷ гоҳ ба онҳо таъсир намерасонад. Мо бошем, аз рӯйи пешгӯйиҳои Исо медонем, ки воқеаҳои даҳшатангез торафт зиёд мешаванд ва баъзеашон ба мо низ таъсир карда метавонанд. Исо ба пайравонаш гуфта буд, ки пеш аз анҷоми ин замона «заминҷунбиҳои сахт» ва дигар офатҳо рӯй медиҳанд (Луқ. 21:11). Ӯ инчунин дар бораи «зиёд шудани бадкорӣ» пешгӯйӣ карда буд. Мо иҷрошавии ин суханонро дар ҷинояткорӣ, зӯроварӣ, ҳамлаҳои террористӣ мебинем, ки имрӯз рӯй медиҳанд (Мат. 24:12). Исо ҳеҷ гоҳ нагуфт, ки ин гуна нохушиҳо танҳо ба онҳое таъсир мерасонанд, ки Худо таркашон кардааст. Дар асл, бисёр хизматгорони бовафои Яҳува имрӯз қурбони офатҳои табиӣ мешаванд (Иш. 57:1; 2 Қӯр. 11:25). Албатта, Яҳува моро муъҷизавор аз ин офатҳо наҷот намедиҳад. Вале ӯ, бешак, ниёзҳои моро қонеъ мегардонад ва кумак мекунад, ки дар дил оромиву осоиштагӣ дошта бошем.

10. Чаро аллакай имрӯз ба офатҳо тайёрӣ дидан аз имон доштанамон гувоҳӣ медиҳад? (Панднома 22:3)

10 Агар мо ба вазъиятҳои фавқулода пешакӣ тайёрӣ бинем, оромиро нигоҳ доштан бароямон осонтар мешавад. Лекин оё пешакӣ тайёрӣ дидан ин сустимонӣ аст? Не, албатта. Дар асл, ба офатҳо пешакӣ тайёрӣ дида мо нишон медиҳем, ки ба қувваи наҷотбахши Яҳува имон дорем. Чӣ хел? Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки ба офатҳое, ки рӯй дода метавонанд, тайёрӣ бинем. (Панднома 22:3-ро хонед.) Инчунин дар маҷаллаҳо, вохӯриҳои ҷамоат ва эълонҳои саривақтӣ ташкилоти Яҳува гаштаю баргашта маслиҳат медиҳад, ки ба вазъиятҳои фавқулода тайёрӣ бинем c. Оё мо ба Яҳува таваккал менамоем? Агар ҳа, аллакай имрӯз, пеш аз сар задани офатҳо, аз рӯйи ин маслиҳатҳо амал мекунем.

Пешакӣ тайёрӣ дидан ба шумо кумак мекунад, ки дар вақти офат наҷот ёбед (Ба сархати 11 нигаред.) d

11. Шумо аз Маргарет чӣ ибрат мегиред?

11 Воқеаеро, ки бо хоҳарамон Маргарет рӯй дода буд, мисол меорем. Рӯзе ба ӯ хабар доданд, ки аз сабаби сӯхторе, ки дар минтақаашон сар зад, хонаашро фавран тарк кунад. Азбаски халқ аз минтақаашон яку якбора берун омаданӣ шуданд, тамбаи ҳаракати нақлиёт ба миён омад. Аз сӯхтор осмонро дуди сиёҳ фаро гирифт. Маргарет муддате дар дохили мошинаш дармонд. Вале ӯ наҷот ёфт, зеро пешакӣ ба чунин ҳодиса тайёрӣ дида буд. Гап дар он аст, ки хоҳарамон дар сумкааш харитаи роҳро дошт, ки ӯро аз он минтақа берун оварда метавонист. Маргарет пешакӣ ин роҳро якчанд бор тай карда буд, то ин ки дар вақти фавқулода ба осонӣ роҳи гурезро ёфта тавонад. Хулоса, Маргарет пешакӣ тайёрӣ дида дар ин офат ҳаёташро наҷот дода тавонист.

12. Чаро бояд ба дастуроте, ки барои бехатарии мо дода мешавад, гӯш диҳем?

12 Барои муҳофизати мо ва барқарор кардани тартибу низом ҳокимиятдорон хоҳиш карда метавонанд, ки соати комендантиро риоя кунем, ҷойи хатарнокро тарк намоем ё дигар чораҳои заруриро андешем. Баъзе одамон ба ин гуна дастурот итоат намекунанд ё корро ба қафо мепартоянд, зеро ҳуши онҳо ба чизу чораашон кашол аст. Вале масеҳиён чӣ тавр рафтор мекунанд? Бинед дар Китоби Муқаддас чӣ гуфта мешавад: «Ба хотири Ҳазратамон ба ҳар ҳокимиятдор фармонбардор бошед: ҳам ба подшоҳ, ки мартабаи баланд дорад, ва ҳам ба ҳокимон, ки... таъйин кардааст» (1 Пет. 2:13, 14). Барои наҷоти мо ташкилоти Яҳува низ дастур медиҳад. Масалан, ба мо пайваста хотиррасон мекунанд, ки рақамҳои телефонамонро ба пирони ҷамоат диҳем, то ҳангоми ҳолатҳои фавқулода онҳо бо мо тамос гирифта тавонанд. Шумо аллакай ин корро кардаед? Инчунин ба мо дар бораи паноҳгоҳ, нақшаи тарк кардани ҷойи ҳодиса, гирифтани ёрӣ ё дастгирӣ намудани дигарон роҳнамоӣ дода метавонанд. Агар дар чунин мавридҳо беитоатӣ кунем, ҳаёти худ ва пиронро зери хатар мемонем. Дар ёд доред, ки ин мардони бовафо дар бораи мо ғамхорӣ мекунанд (Ибр. 13:17). Хоҳарамон Маргарет чунин мегӯяд: «Бо боварӣ гуфта метавонам, ки маҳз аз рӯйи дастуроти пирони ҷамоат ва ташкилот амал карда ман худро наҷот дода тавонистам».

13. Чӣ ба бисёр масеҳиёне, ки кӯчидаанд, хурсандӣ ва осоиштагӣ мебахшад?

13 Бисёр бародару хоҳаронамон, ки аз сабаби офатҳо, ҷанг, ё нооромиҳои шаҳрвандӣ кӯчидаанд, кӯшиш мекунанд, ки ба вазъияти нав мутобиқ гарданд ва ҳарчи тезтар бо корҳои рӯҳонӣ машғул шаванд. Мисли масеҳиёни пешин, ки инчунин аз сабаби озору азият пароканда гашта буданд, ин бародару хоҳарон минбаъд низ «хушхабари каломро паҳн» мекунанд (Кор. 8:4). Хушхабар ба онҳо кумак мекунад, ки диққатро на ба вазъияти мушкил, балки ба Подшоҳии Худо равона созанд. Ҳамин тавр онҳо хурсандиву осоиштагии худро аз даст намедиҳанд.

ДАР ОЗОРУ АЗИЯТ ОСОИШТАГӢ ЁБЕД

14. Чӣ тавр озору азият осоиштагии моро халалдор карда метавонад?

14 Озору азият моро аз бисёр чизе, ки оромиву осудагӣ меорад, маҳрум гардонда метавонад. Вале мо хушбахтем, ки озодона ҷамъ шуда метавонем, хушхабарро паҳн мегардонем ва бе ягон тарс аз он ки моро дастгир мекунанд, корҳои ҳаррӯзаамонро пеш мебарем. Агар моро аз чунин озодӣ маҳрум созанд, диламонро воҳима зер карда метавонад, ки акнун бо мо чӣ мешавад. Чунин ҳиссиёт доштан ягон ҷойи бадӣ надорад. Ҳамзамон мо бояд эҳтиёт шавем, зеро Исо гуфта буд, ки озору азият барои пайравонаш санги сари роҳ гашта метавонад (Юҳ. 16:1, 2). Пас, чӣ тавр новобаста ба озор осоиштагиро нигоҳ дорем?

15. Чаро мо набояд аз озору азият тарсем? (Юҳ. 15:20; 16:33).

15 Дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд пайрави Масеҳ бошанду бо худотарсӣ умр ба сар баранд, озор мебинанд» (2 Тим. 3:12). Ба бародарамон Андрей, баъд аз он ки фаъолиятамон дар давлаташон манъ шуд, қабул кардани ин ҳақиқат душвор гашт. Ӯ чунин фикр мекард: «Дар ин ҷо Шоҳидони Яҳува бениҳоят бисёр аст. Наход онҳо ҳамаи моро ҳабс кунанд?» Аз чунин фикрҳо Андрей осоиштагӣ намеёфт, балки пайваста хавотир мегашт. Дигар бародарон вазъиятро ба дасти Яҳува супориданд ва худро ором карда намегуфтанд, ки онҳоро ҳабс намекунанд. Баръакс, онҳо тан мегирифтанд, ки дастгир шуда метавонанд. Бо вуҷуди ин назар ба Андрей бештар худро орому осоишта ҳис мекарданд. Барои ҳамин Андрей қарор кард, ки аз онҳо ибрат гирифта ба Худо таваккал мекунад. Бо гузашти вақт ӯ дар дил оромӣ ҳис кард. Ҳоло, новобаста ба мушкилиҳо, шоду хурсанд аст. Мо низ ин тавр карда метавонем. Ҳарчанд Исо гуфта буд, ки пайравонаш бо озору азият рӯ ба рӯ мешаванд, ӯ инчунин қайд намуд, ки мо вафодор монда метавонем. (Юҳанно 15:20; 16:33-ро хонед.)

16. Ҳангоми озору азият мо бояд ба чӣ гуна дастурот итоат кунем?

16 Вақте фаъолиятамон ман ё маҳдуд мегардад, бародарон аз филиал ва пирони ҷамоат ба мо дастур дода метавонанд. Мақсади чунин дастурот ин муҳофизат кардани мо аст, то ки аз хӯроки маънавӣ намонем ва минбаъд низ хушхабарро ба қадри имкон паҳн карда тавонем. Барои ҳамин аз самими қалб ба чунин дастурот итоат кунед, ҳатто агар сарфаҳм наравед, ки он барои чӣ дода шуд (Яъқ. 3:17). Инчунин ҳеҷ гоҳ маълумотеро дар бораи бародару хоҳарон ё корҳои ҷамоат ба онҳое, ки набояд онро донанд, нагӯед (Пандгӯ 3:7).

Чӣ ба шумо кумак карда метавонад, ки ҳатто дар вақтҳои душвор хотирҷамъ бошед? (Ба сархати 17 нигаред.) e

17. Мисли расулони асри як мо бо азми қавӣ чӣ кор мекунем?

17 Шайтон бо халқи Худо барои он меҷангад, ки онҳо «кори шаҳодат дар бораи Исоро ба уҳда доранд». Ин яке аз сабабҳои асосии ҳамлаи ӯ мебошад (Ошкор. 12:17). Нагузоред, ки Шайтон ва ҷаҳонаш шуморо тарсонанд. Паҳн кардани хушхабар ва таълим додани дигарон, новобаста ба зиддият, ба мо шодиву осудагӣ мебахшад. Дар асри як, вақте ҳокимиятдорони яҳудӣ ба расулон гуфтанд, ки мавъизаро бас кунанд, он мардони бовафо ба Худо итоат карданд. Онҳо минбаъд низ хушхабарро паҳн карда хурсандӣ мегирифтанд (Кор. 5:27–29, 41, 42). Албатта, агар фаъолияти мо маҳдуд бошад, мо бояд дар хизмати Яҳува эҳтиёткор бошем (Мат. 10:16). Агар чизи аз дастамон меомадаро кунем, диламон тинҷ мегардад, ки розигии Яҳуваро дорем ва хабари ҳаётбахшро ба дигарон мерасонем.

«ХУДОИ СУЛҲУ ОСОИШТАГӢ БО ШУМО ХОҲАД БУД»

18. Кӣ ба мо осоиштагии ҳақиқӣ дода метавонад?

18 Боварӣ дошта бошед, ки дар вақтҳои душвортарин ҳам мо сулҳу осоиштагӣ дошта метавонем. Дар чунин лаҳзаҳо бояд дар ёд дорем, ки ба мо осоиштагии Худо даркор аст, яъне осоиштагие, ки танҳо Яҳува дода метавонад. Вақте бо беморӣ, офат ё озору азият рӯ ба рӯ мешавед ба Яҳува таваккал кунед, бо ташкилоташ дар алоқа бошед ва ояндаи дурахшонеро, ки моро интизор аст, пеши назар оред. Агар ин тавр кунед, «Худои сулҳу осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд» (Флп. 4:9). Аз мақолаи навбатӣ мефаҳмем, ки чӣ тавр ба бародару хоҳароне, ки бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудаанд, кумак кунем, то осоиштагии Худоро ёбанд.

СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост

a Яҳува ваъда медиҳад, ки ба дӯстдорони худ осоиштагӣ мебахшад. Ин чӣ гуна осоиштагӣ аст ва чӣ тавр мо онро ёфта метавонем? Вақте бо беморӣ, офатҳо ва озору азият рӯ ба рӯ мешавем, чӣ хел доштани «осоиштагии Худо» ба мо кумак мекунад? Ҷавоби ин саволҳоро аз ин мақола меёбед.

b Баъзе номҳо иваз шуданд.

c Ба мақолаи «Чрезвычайное происшествие. Стратегия выживания» аз «Бедор шавед!»-и №5, соли 2017 нигаред.

d ШАРҲИ РАСМҲО: Хоҳарамон барои тарк кардани хонааш пешакӣ тайёрӣ дид.

e ШАРҲИ РАСМҲО: Бародарамон дар минтақае, ки фаъолиятамон маҳдуд аст, минбаъд низ эҳтиёткорона хизмат мекунад.