Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 49

Мо ҷовидона зиндагӣ карда метавонем

Мо ҷовидона зиндагӣ карда метавонем

«Ҳар кӣ имон орад, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегардад» (ЮҲ. 6:47).

СУРУДИ 12 Худо ҳаёти ҷовидониро ваъда медиҳад

ПЕШГУФТОР a

1. Мулоҳиза дар бораи ҳаёти ҷовидонӣ ба мо чӣ тавр таъсир мекунад?

 ЯҲУВА ба онҳое, ки ба ӯ итоат мекунанд, ҳаёти ҷовидониро ваъда медиҳад (Рум. 6:23). Вақте мо дар ин бора мулоҳиза меронем, муҳаббатамон ба ӯ қавитар мегардад. Як фикр кунед, Падари осмониамон моро чунон дӯст медорад, ки мехоҳад мо ҷовидона бо ӯ бимонем.

2. Ваъда дар бораи ҳаёти ҷовидонӣ аз кадом ҷиҳат ба мо кумак мекунад?

2 Ваъдаи Яҳува дар бораи ҳаёти ҷовидонӣ кумак мекунад, ки аллакай имрӯз ба озмоишҳо тоб орем. Ҳатто агар душманон таҳдид кунанд, ки моро мекушанд, мо таслим намешавем. Чаро? Зеро медонем, ки агар то дами марг ба Яҳува вафодор бимонем, ӯ моро зинда карда ҳаёти ҷовидонӣ мебахшад (Юҳ. 5:28, 29; 1 Қӯр. 15:55–58; Ибр. 2:15). Чаро бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки мо ҷовидона зиндагӣ карда метавонем? Биёед баъзе сабабҳоро дида бароем.

ЯҲУВА ХУДОИ ҶОВИДОНИСТ

3. Чаро мо дилпурем, ки Худои Қодир ба мо умри ҷовидона бахшида метавонад? (Забур 102:12, 24, 27).

3 Яҳува ба мо ҳаёти ҷовидона бахшида метавонад. Охир, ӯ «Чашмаи ҳаёт» ва Худои ҷовидонист (Заб. 36:9). Як-ду ояти Китоби Муқаддасро меорем, ки мувофиқи онҳо Яҳува ҳама вақт вуҷуд доштааст ва хоҳад дошт. Масалан, дар Забур 90:2 дар бораи Яҳува гуфта мешавад, ки ӯ «аз азал то абад» вуҷуд дорад. Дар Забур боби 102 низ фикри ба ин монанд гуфта шудааст. (Забур 102:12, 24, 27-ро хонед.) Пайғамбар Ҳабаққуқ ҳамчунин дар бораи Падари осмониамон чунин навиштааст: «Магар ту, эй Яҳува, аз азал нестӣ? Эй Худои ман, эй Худои Покам, ту миранда нестӣ» (Ҳаб. 1:12).

4. Агар мо ҷовидона вуҷуд доштани Яҳуваро тасаввур карда натавонем, оё ин сабаб барои хавотирӣ аст? Фаҳмонед.

4 Яҳува «Худои ҷовид» мебошад (Иш. 40:28). Элиҳу дар бораи Яҳува гуфт: «Солҳои ӯ ҳадду ҳисоб надорад» (Айюб 36:26). Оё бароятон дарк кардани ин фикр душвор аст? Дар асл, ба бисёр одамон тасаввур кардани ин душвор мебошад. Лекин гуфтан ҷоиз аст, ки агар чизе дар ақли мо нағунҷад, ин маънои онро надорад, ки он аз ҳақиқат дур аст. Масалан, мо шояд пурра хосияти рӯшноиро нафаҳмем. Пас, оё гуфтан мумкин аст, ки рӯшноӣ вуҷуд надорад? Не албатта! Ба ин монанд, мо одамон шояд ҳеҷ гоҳ дарк накунем, ки Худо ҳама вақт вуҷуд доштааст ва хоҳад дошт. Вале ин маънои онро надорад, ки Яҳува Худои ҷовидонӣ нест (Рум. 11:33–36). Мақсади гап ин аст, ки ҳақиқат дар бораи Офаридгор ба чиро дарк кардан ё накардани мо вобаста нест. Яҳува пеш аз коинот, аз ҷумла манбаи рӯшноӣ — офтоб, вуҷуд дошт. Мо итминон дорем, ки «ӯ заминро бо тавоноии худ офаридааст» ва пеш аз паҳн намудани осмон вуҷуд дошт (Ирм. 51:15; Кор. 17:24). Хуб, акнун бо сабаби дигаре шинос мешавем, ки ҷовидона зистани мо имконпазир аст.

МО БАРОИ ҶОВИДОНА ЗИСТАН ОФАРИДА ШУДАЕМ

5. Аввалин ҷуфти одамон чӣ гуна умед доштанд?

5 Аз миёни мавҷудоти зиндаи рӯйи замин Яҳува танҳо ба инсон имконияти ҷовидона зиндагӣ кардан дода буд. Бо вуҷуди ин ӯ Одамро огоҳ кард: «Аз дарахти шинохти неку бад ҳаргиз нахӯр, чунки, рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман мемирӣ» (1 Мӯсо 2:17). Агар Одаму Ҳавво ба Яҳува гӯш медоданд, ҳаргиз намемурданд. Бояд гуфт, ки бо гузашти вақт Яҳува ба онҳо иҷозат медод, ки аз «дарахти ҳаёт» бихӯранд. Бо ин қарораш ӯ ба Одам ва Ҳавво кафолат медод, ки онҳо «ҷовидона зиндагӣ» мекунанд b (1 Мӯсо 3:22).

6, 7. а) Боз чӣ нишон медиҳад, ки одамон барои мурдан офарида нашудаанд? б) Шумо иҷро гаштани кадом орзуҳоятонро интизоред? (Ба расм нигаред.)

6 Ҷолиб аст, ки баъзе олимон ба далелҳои илмӣ ишора карда мегӯянд, ки мағзи сари мо назар ба маълумоте, ки дар давоми ҳаёт дар сарамон ҷо мешавад, маълумоти бештарро ғунҷонда метавонад. Соли 2010 дар мақолаи маҷаллае зикр шуда буд, ки мувофиқи як ҳисобот мағзи сари инсон тақрибан 2,5 миллион гигабайт ҳаҷм дорад («Scientific American Mind»). Ин ба барномаи телевизоние, ки давомнокиаш 3 миллион соат (зиёда аз 300 сол) аст, баробар мебошад. Бояд гуфт, ки мағзи сари мо шояд аз ин ҳам бештар маълумотро қабул карда тавонад. Вале аз ин мисол мо мефаҳмем, ки Яҳува мағзи сари моро тавре офаридааст, ки он назар ба маълумоте, ки танҳо дар давоми 70 ё 80 соли умрамон қабул мекунем, маълумоти бештарро ғунҷонда метавонад (Заб. 90:10).

7 Яҳува инчунин ба мо хоҳиши сахти ҷовидона зиндагӣ карданро додааст. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Худо «абадиятро дар дили одамон ҷой кардааст» (Пандгӯ 3:11). Ин яке аз сабабҳоест, ки мо маргро душмани худ меҳисобем (1 Қӯр. 15:26). Барои ҳамин, вақте бемор мешавем, ба вазъият дарҳол тан намедиҳем. Мо одатан духтур меравем ва дору нӯшида бо бемориамон мубориза мебарем; чизе аз дастамон ояд мекунем, то пеши роҳи маргро гирем. Инчунин, вақте ягон шахси наздикамон мемирад, хоҳ пиронсол бошад, хоҳ ҷавон, дар дили мо дарди ҷонгудоз хона мекунад (Юҳ. 11:32, 33). Хулоса, агар Яҳува намехост, ки одамизод то абад зиндагӣ кунад, ба мо хоҳиш ва қобилияти ҷовидона зистанро намедод. Вале мо боз аз дигар сабабҳо бовар дорем, ки ҷовидона зиндагӣ карда метавонем. Ин кадом сабабҳоянд? Барои бо онҳо шинос шудан биёед баъзе корҳои Яҳуваро бинем, ки ӯ пеш мекард ва имрӯз мекунад. Ҳамин тавр мо бовар ҳосил мекунем, ки нияти аввалаи Яҳува нисбати одамизод тағийр наёфтааст.

Мо бо камоли майл тасаввур мекунем, ки дар биҳишт бо кадом корҳо машғул мешавем. (Ба сархати 7 нигаред.) c

НИЯТИ ЯҲУВА ДИГАР НАШУДААСТ

8. Мо аз Ишаъё 55:11 дар бораи нияти Худо нисбати одамизод чӣ меомӯзем?

8 Бо вуҷуди он ки Одам ва Ҳавво гуноҳ карда ба фарзандони худ маргро мерос монданд, Яҳува аз нияти аввалааш нагашт. (Ишаъё 55:11-ро хонед.) Ӯ то ҳол мехоҳад, ки одамони бовафо ҷовидона зиндагӣ кунанд. Дар кадом асос чунин гуфтан мумкин? Баҳри ёфтани ҷавоб биёед диққат кунем, ки Яҳува барои иҷрои нияташ чӣ гуфтааст ва чӣ кор карда истодааст.

9. Яҳува чӣ ваъда додааст? (Дониёл 12:2, 13).

9 Яҳува ваъда додааст, ки мурдагонро зинда мекунаду ҳаёти ҷовидониро барояшон дастрас месозад (Кор. 24:15; Тит. 1:1, 2). Марди содиқ Айюб гуфта буд, ки Яҳува сахт мехоҳад мурдагонро зинда кунад (Айюб 14:14, 15). Ба ин монанд, пайғамбар Дониёл медонист, ки одамон зинда шуда, имкон пайдо мекунанд, ки соҳиби ҳаёти ҷовидона шаванд. (Заб. 37:29; Дониёл 12:2, 13-ро хонед.) Яҳудиёне, ки дар замони Исо зиндагӣ мекарданд, инчунин медонистанд, ки Яҳува ба хизматгорони бовафояш «ҳаёти ҷовидонӣ» мебахшад (Луқ. 10:25; 18:18). Исо гаштаву баргашта дар бораи ин ваъда гап мезад. Баъдтар, худи ӯро Падари осмониаш зинда кард (Мат. 19:29; 22:31, 32; Луқ. 18:30; Юҳ. 11:25).

Писаракро зинда кардани Илёс шуморо ба чӣ боварӣ мебахшад? (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Дар гузашта зинда шудани одамон чиро исбот мекунад? (Ба расм нигаред.)

10 Яҳува Худои ҳаётбахш аст ва қудрат дорад, ки мурдагонро зинда кунад. Масалан, боре ӯ ба пайғамбар Илёс қудрат дод, ки писари бевазани сорефотиро зинда кунад (3 Подш. 17:21–23). Баъдтар бо қудрати Худо пайғамбар Элишоъ низ писари як зани шунемиро ба ҳаёт баргардонд (4 Подш. 4:18–20, 34–37). Ин ва дигар мавридҳои зиндашавӣ исбот мекунад, ки Яҳува барои зинда кардани одамон қудрат дорад. Ҷолиб аст, ки, вақте Исо дар замин буд, Яҳува ба ӯ низ қудрати зинда кардани мурдагонро дод (Юҳ. 11:23–25, 43, 44). Айни замон ба Исо «тамоми қудрат дар замину осмон... дода шудааст». Бинобар ин дар ояндаи наздик ӯ ваъдаи Яҳуваро иҷро карда «ҳамаи [онҳоеро], ки дар қабранд», зинда мекунад, то ҳаёти ҷовидонӣ дар рӯйи замин барояшон дастрас гардад (Мат. 28:18; Юҳ. 5:25–29).

11. Чӣ тавр товон бароямон ҳаёти ҷовидониро имконпазир мегардонад?

11 Чаро Яҳува роҳ дод, ки Писараш азоби ҷонгудоз кашида бимирад? Сабаби инро худи Исо фаҳмондааст: «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягоназоди худро дод, то ҳар кӣ ба ӯ имон дошта бошад, нобуд нашавад, балки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гардад» (Юҳ. 3:16). Бале! Яҳува барои рӯпӯш кардани гуноҳҳои мо Писарашро чун товон дод ва дари ҳаёти ҷовидониро бароямон боз кард (Мат. 20:28). Дар бораи ин қисми муҳими нияти Яҳува Павлуси расул чунин гуфта буд: «Чи тавре ки марг ба воситаи инсон омад, зинда шудани мурдагон низ ба воситаи инсон меояд. Чи тавре ки дар Одам ҳама мемиранд, ҳамон тавр дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд» (1 Қӯр. 15:21, 22).

12. Чӣ тавр Подшоҳии осмонӣ нияти Худоро нисбати одамизод амалӣ мегардонад?

12 Исо пайравонашро таълим медод, ки дар бораи омадани Подшоҳии Худо ва дар тамоми замин иҷро гаштани хости ӯ дуо гӯянд (Мат. 6:9, 10). Дар рӯйи замин ҷовидона зистани одамон як қисми нияти Худо мебошад. Барои иҷрои он Яҳува Писарашро Шоҳи Подшоҳии осмонии худ таъйин кард. Айни ҳол ӯ аз миёни одамон 144 000 нафарро ҷамъ меорад, то ҳамроҳи Исо нияташро амалӣ гардонанд (Ошкор. 5:9, 10).

13. Яҳува ҳоло чӣ кор карда истодааст ва мо бояд чӣ кор кунем?

13 Яҳува «мардуми сершумореро» ҷамъ оварда, чун тобеони Подшоҳиаш таълим дода истодааст (Ошкор. 7:9, 10; Яъқ. 2:8). Нигоҳ накарда ба он ки дар миёни одамони ин ҷаҳон аз сабаби ҷангу нафрат ҷудоӣ аст, тобеони Подшоҳӣ аз дигар халқҳо ва қабилаҳо нафрат намекунанд. Ба маънои рамзӣ «мардуми сершумор» аллакай шамшерҳои худро бар позаҳо иваз карданд. Онҳо дар ҷангҳое, ки сабаби марги одамони зиёд мегардад, иштирок намекунанд (Мико 4:3). Ба ҷойи ин одамонро дар бораи Худои ҳақиқӣ ва нияташ таълим медиҳанд ва кумак мекунанд, ки «ҳаёти ҳақиқиро» ёбанд (1 Тим. 6:19). Азбаски хизматгорони Худо тарафдори Подшоҳии ӯянд, аъзои оилаашон ба онҳо муқобилат мекунанд ё онҳо аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашанд. Бо вуҷуди ин Яҳува ҳама вақт ниёзҳои халқашро қонеъ мегардонад (Мат. 6:25, 30–33; Луқ. 18:29, 30). Ҳамаи инро ба назар гирифта мо боварӣ пайдо мекунем, ки Подшоҳии Худо воқеӣ аст ва минбаъд низ нияти Яҳуваро ба ҷо меорад.

ОЯНДАИ ДУРАХШОН

14, 15. Ваъдаи Яҳува дар бораи нест шудани марг чӣ хел пурра иҷро мешавад?

14 Ҳоло Исо дар осмон соҳиби қудрат аст ва ҳамаи ваъдаҳои Яҳуваро пурра иҷро мекунад (2 Қӯр. 1:20). Аз соли 1914 инҷониб ӯ бар душманонаш дастболо мебошад (Заб. 110:1, 2). Исо ва 144 000 подшоҳон дар ояндаи наздик бархоста бадиро нобуд месозанд (Ошкор. 6:2).

15 Дар давоми ҳукмронии 1000-сола мурдагон зинда мешаванд ва одамони ба Худо итоаткор комил мегарданд. Баъд аз озмоиши охирин онҳое, ки Яҳува росткор эълон мекунад, «соҳиби замин мешаванд ва дар он то абад зиндагӣ мекунанд» (Заб. 37:10, 11, 29). Охиру оқибат «марг, ки душмани охирин аст, нест карда мешавад» (1 Қӯр. 15:26).

16. Мо асосан аз кадом сабаб бояд ба Яҳува хизмат кунем?

16 Чи хеле фаҳмидем, умеди мо ба ояндаи ҷовидона комилан бар Китоби Муқаддас асос ёфтааст. Ин умед ба мо қувват мебахшад, то дар ин рӯзҳои душвори охир ба озмоишҳо тоб оварда тавонем. Валекин барои розигии Яҳуваро ба даст овардан танҳо орзуи зинда мондан кифоя нест. Сабаби асосии итоаткорӣ ба Худо ва Исо бояд муҳаббати гарму ҷӯшони мо бошад (2 Қӯр. 5:14, 15). Маҳз ҳамин муҳаббат аст, ки мо ба онҳо пайравӣ менамоем ва дар бораи умедамон ба дигарон нақл мекунем (Рум. 10:13–15). Яҳува бошад, мехоҳад бо шахсони фидокору саховатманд то абад дӯстӣ кунад (Ибр. 13:16).

17. Ҳар яки мо чӣ гуна интихоб дорем? (Матто 7:13, 14).

17 Оё мо дар қатори онҳое мешавем, ки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегарданд? Яҳува дари имкониятро боз кардааст. Барои ҳамин ихтиёр дар дасти худамон мебошад; мо худамон қарор мекунем, ки дар роҳи ҳаёт мемонем ё не. (Матто 7:13, 14-ро хонед.) Ҳаёти ҷовидонӣ чӣ хел мешуда бошад? Дар ин бора аз мақолаи навбатӣ мефаҳмем.

СУРУДИ 130 Ҳаёт — атои бебаҳо

a Оё шумо бесаброна ҳаёти ҷовидониро интизоред? Яҳува ваъда медиҳад, ки дар ояндаи наздик мо дигар дар бораи марг ҳатто фикр намекунем. Чаро итминон дошта метавонем, ки Яҳува ба ин ваъдааш вафо мекунад? Дар ин мақола якчанд сабабашро дида мебароем.

c ШАРҲИ РАСМ: Бародари пиронсол тасаввур карда истодааст, ки дар дунёи нав бо кадом корҳо машғул мешавад.