Оё шумо барои заминро «мерос» гирифтан тайёред?
ҲАМАИ мо иҷрошавии ваъдаи зерини Исоро бесаброна интизорем: «Хушбахтанд нармдилон, чунки заминро мерос мегиранд» (Мат. 5:5). Кай тадҳиншудагон заминро мерос мегиранд? Вақте чун подшоҳон бо Исо дар осмон ҳукмронӣ мекунанд (Ошкор. 5:10; 20:6). Вале аксарияти масеҳиёни ҳақиқӣ орзу доранд, ки заминро мерос гирифта, дар он то абад бо тани комил, тинҷу ором ва хушбахтона зиндагӣ кунанд. Барои пурра амалӣ гаштани ин орзуяшон онҳо бояд якчанд корро иҷро намоянд. Сетояшро дида мебароем: 1) онҳо бояд заминро ба биҳишт табдил диҳанд, 2) ниёзҳои зиндашудагонро қонеъ гардонанд ва 3) онҳоро таълим диҳанд. Ҳамчунин мефаҳмем, ки чӣ тавр ҳозир нишон дода метавонед, ки дар ин корҳо иштирок кардан мехоҳем.
ШУМО ТАЙЁРЕД, КИ ЗАМИНРО БА БИҲИШТ ТАБДИЛ ДИҲЕД?
Вақте Яҳува ба Одаму Ҳаво амр дода гуфт, ки «заминро пур кунед ва онро соҳибӣ намоед», ӯ нишон дод, ки тамоми замин ниҳоят ба биҳишт табдил меёбад (1 Мӯсо 1:28). Касоне, ки дар замин абадан зиндагӣ мекунанд, ҳамчунин бояд ин амри Худоро иҷро намоянд. Онҳо ба биҳишти тайёракак намедароянд, зеро боғи Адан дигар дар рӯйи замин вуҷуд надорад. Баъди Ҳармаҷиддӯн ба одамон лозим мешавад, ки заминро аз чизҳои харобу валангор тоза кунанд. Хулоса, кор он вақт аз мӯйи сар ҳам зиёд мешавад.
Ҳамаи ин супоришеро ба ёд меорад, ки исроилиён баъди аз асирии Бобил баргаштан бояд иҷро мекарданд. Замини онҳо ба муддати 70 сол тамоман бесоҳиб монда буд. Лекин пайғамбар Ишаъё пешгӯйӣ кард, ки бо кумаки Яҳува онҳо замини худро аз нав обод мекунанд. Ишаъё гуфта буд: «Ӯ биёбони вайро мисли Адан ва дашташро мисли боғи Яҳува хоҳад гардонд» Иш. 51:3). Бале, бо дастгирии Яҳува исроилиён аз уҳдаи ин кор баромаданд. Ба ин монанд онҳое, ки заминро мерос мегиранд, бо дастгирии Яҳува онро ба биҳишти зебое табдил медиҳанд. Шумо аллакай имрӯз нишон дода метавонед, ки дар ин кор иштирок кардан мехоҳед.
(Яке аз роҳҳо ин то ҳадди имкон тозаю озода нигоҳ доштани хонаю дарамон мебошад. Ҳамсоягонатон тозагиро риоя накунанд ҳам, шумо бояд тозагиро нигоҳ доред. Ҳамчунин шумо барои тозагӣ ва нигоҳубини Ибодатгоҳ ва Толори анҷуман саҳм гузошта метавонед. Агар вазъиятатон имкон диҳад, чун ихтиёрӣ ба осебдидагони офатҳои табиӣ кумак кардан мумкин аст. Дар ин сурат шумо нишон медиҳед, ки барои ёрдами ҳамимонон ҳама вақт тайёред. Пас, аз худ пурсед: «Агар Яҳува заминро ба ман мерос диҳад, оё ман ҳозир ягон ҳунарро ёд гирифта метавонам, ки дар биҳишт даркор мешавад?»
ШУМО ТАЙЁРЕД, КИ ДАР БОРАИ ЗИНДАШУДАГОН ҒАМХОРӢ КУНЕД?
Дарҳол баъди зинда кардани духтари Ёир Исо гуфт, ки ба ӯ чизе барои хӯрдан диҳанд (Марқ. 5:42, 43). Албатта, ба духтараки 12-сола хӯрок додан кори он қадар душвор нест. Лекин тасаввур кунед, вақте Исо ваъдаашро иҷро мекунаду «ҳамаи онҳое, ки дар қабранд, овози ӯро мешунаванд ва берун меоянд», кор чӣ қадар зиёд мешавад (Юҳ. 5:28, 29). Ҳарчанд дар Китоби Муқаддас дар ин бора батафсил гуфта нашудааст, ба шахсони зиндашуда хӯроку пӯшок ва ҷойи зист даркор мешавад. Шумо аз ҳозир нишон дода метавонед, ки барои кумак тайёред. Чӣ тавр?
Кадом корҳои имрӯзаи шумо нишон медиҳанд, ки барои мерос гирифтани замин тайёред?
Хуб, вақте дар ҷамъомад дар бораи ташрифи нозири ноҳиявӣ эълон мешавад, оё шумо ӯву занашро ба меҳмонӣ таклиф мекунед? Агар хизмати ходимони Байт-Ил тамом шаваду онҳоро ба ҷамоати шумо таъйин кунанд ё хизмати нозири ноҳиявӣ ба охир расад, оё шумо барои ёфтани ҷойи зист ба онҳо дасти ёрӣ дароз мекунед? Ё агар дар ҷойи шумо анҷумани минтақавӣ ё махсус ба нақша гирифта шуда бошад, оё метавонед чун ихтиёрӣ пеш ё баъди анҷуман кумак кунед ё меҳмононро пешвоз гиред?
ШУМО ТАЙЁРЕД, КИ ЗИНДАШУДАГОНРО ТАЪЛИМ ДИҲЕД?
Мувофиқи Корнома 24:15 мо интизори зинда шудани миллиардҳо одамон ҳастем. Бисёри онҳо имконият надоштанд, ки дар бораи Яҳува дониш гиранд. Вале баъди зинда шуданашон дари имконият барои онҳо боз мешавад a. Хизматгорони содиқ ва ботаҷрибаи Худо онҳоро таълим медиҳанд (Иш. 11:9). Шарлот ном хоҳарамон, ки дар Аврупо, Амрикои Ҷанубӣ ва Африқо хизмат кардааст, интизори он рӯз мебошад. Ӯ бо шодӣ мегӯяд: «Ман бесаброна интизори онам, ки одамони зиндашударо таълим диҳам. Вақте дар бораи шахсе мехонам, ки дар гузашта зиндагӣ мекард, бисёр вақт фикр мекунам: “Агар ӯ Яҳуваро мешинохт, ҳаёташ тамоман дигар хел мешуд”. Ман бесаброна интизорам, ки зиндашудагонро дар бораи Яҳува таълим диҳам ва гӯям, ки агар онҳо ба ӯ хизмат кунанд, ҳаёташон хеле беҳтар мешавад».
Ҳатто хизматгорони содиқи Яҳува, ки дар давраҳои қадим зиндагӣ мекарданд, бисёр чизҳоро таълим гирифта метавонанд. Тасаввур кунед, ба Дониёл иҷро шудани пешгӯйиҳоеро, ки ӯ карду маънояшро намедонист, фаҳмондан чӣ қадар хурсандиовар ва шарафи бузург хоҳад буд! (Дон. 12:8). Мо инчунин ба Рут ва Ноомӣ фаҳмонда метавонем, ки чӣ тавр аз авлоди онҳо Масеҳ ба дунё омад. Бале, дар барномаи таълимии умумиҷаҳонӣ бе фишор ва мамониати ин дунёи Шайтон иштирок карда мо хурсандии зиёд мегирем.
Чӣ тавр шумо аз ҳозир нишон дода метавонед, ки дар ин кори таърихӣ иштирок кардан мехоҳед? Яке аз роҳҳо беҳтар кардани маҳорати таълимдиҳӣ ва мунтазам дар кори умумиҷаҳонии мавъиза иштирок намудан мебошад (Мат. 24:14). Ҳатто агар аз сабаби синну сол ё дигар маҳдудиятҳо дар ин кор фаъолона иштирок карда натавонед, кӯшишу ғайрататон нишон медиҳад, ки шумо онҳоеро, ки дар оянда зинда мешаванд, таълим додан мехоҳед.
Хулоса, дар бораи саволҳои зерин мулоҳиза ронед: «Оё шумо бесаброна мерос гирифтани заминро интизор ҳастед? Дар ҳақиқат мехоҳед онро ба биҳишт табдил диҳед, ниёзҳои зиндашудагонро қонеъ гардонед ва онҳоро таълим диҳед?» Бале, шумо аллакай имрӯз бо корҳое машғул шуда метавонед, ки ба кору фаъолияте монанд аст, ки дар биҳишт мешавад. Ҳамин тавр нишон медиҳед, ки барои абадан мерос гирифтани замин тайёред.
a Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз моҳи сентябри соли 2022, ба мақолаи «Мардуми зиёд сӯйи росткорӣ роҳнамоӣ карда мешаванд», нигаред.