Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумораҳои «Бурҷи дидбонӣ»-и имсоларо бодиққат хонда будед? Пас, ба воситаи саволҳои зерин худро санҷед:

Агар мо вақт ҷудо карда дар бораи Яҳува гап занем, ӯро гӯш кунем ва дар бораи ӯ мулоҳиза ронем, чӣ мукофот мегирем?

Қарорҳои беҳтар мебарорем, муаллими беҳтар мегардем, имонамон қавитар мешавад ва ба Яҳува муҳаббатамон меафзояд.—w22.01, саҳ. 30, 31.

Агар мо ба Яҳува ва намояндагони ӯ такя карданро омӯзем, чӣ манфиат мегирем?

Ҳоло вақтест, ки аз рӯйи қарору дастуроти пирон амал намуда ба Яҳува такя карданро ёд гирем. Дар ин ҳол ҳангоми азоби азим дастуроте, ки мегирем, ба назар аҷиб ва бемантиқ тобад ҳам, мо ба он итоат мекунем.—w22.02, саҳ. 4–6.

Вақте фаришта ба Закарё дар бораи «шоқули дасти [ҳоким] Зарубобил» гап зад, чиро дар назар дошт? (Зак. 4:8–10).

Ин рӯъё халқи Худоро боварӣ бахшид, ки маъбад хоксорона сохта шавад ҳам, ба меъёрҳои Худо ҷавобгӯ хоҳад буд—w22.03, саҳ. 16, 17.

Чӣ хел мо «дар гуфтор... намуна» буда метавонем? (1 Тим. 4:12).

Мо дар хизмат меҳрубонона ва боэҳтиромона гап мезанем, дар ҷамъомад аз таҳти дил суруд месароему мунтазам шарҳ медиҳем, гапи рост мегӯем ва аз суханони нешдор дурӣ ҷуста дигаронро обод мекунем—w22.04, саҳ. 6–9.

Чаро хусусияти чор ҳайвони ваҳшӣ (ҳокимиятҳо) аз китоби Дониёл боби 7 дар як ҳайвон дида мешавад, ки дар Ошкорсозӣ 13:1, 2 омадааст?

Ҳайвони ваҳшӣ аз Ошкорсозӣ боби 13 танҳо ба як ҳокимият, масалан, ҳокимияти Рум, ишора намекунад. Он ҳамаи қувваҳои сиёсиро тасвир мекунад, ки бар одамизод ҳукмронанд.—w22.05, саҳ. 9.

Чӣ тавр мо асосан нишон дода метавонем, ки аз адолати Худо дилпурем?

Агар ягон кас моро таҳқир, хафа ё бар зиддамон гуноҳ кунад, мо кӯшиш мекунем, ки кинаву адоватро аз диламон берун созем ва масъаларо ба Яҳува ҳавола кунем. Зеро ӯ оқибати талхи гуноҳро бартараф мекунад.—w22.06, саҳ. 10, 11.

Бародаре, ки дар ҷамъомад дуо мегӯяд, бояд чиро дар ёд дошта бошад?

Дар вақти дуо набояд ба ҷамоат маслиҳат диҳад ё ягон чиро эълон кунад. Ҳамчунин, махсусан дар аввали вохӯрӣ, набояд «пургӯйӣ» кунад (Мат. 6:7).—w22.07, саҳ. 24, 25.

Ба кадом маъно «ҳар кӣ корҳои бад мекард» «барои доварӣ» зинда мешавад? (Юҳ. 5:29).

Онҳоро барои корҳое, ки пеш аз мурданашон карданд, ҳукм намекунанд. Зиндашудагон дар асоси рӯҳия ва рафторашон санҷида хоҳанд шуд.—w22.09, саҳ. 18

Дар анҷумане, ки моҳи сентябри соли 1922 гузашт, бародар Рутерфорд ҳозиронро ба чӣ даъват кард?

Дар анҷумани Сидар-Пойнти Оҳаё (ИМА) ӯ чунин гуфт: «Подшоҳ ҳукмронӣ мекунад! Шумо воизони ӯ ҳастед. Аз ин рӯ Подшоҳ ва Салтанати ӯро мавъиза кунед, мавъиза кунед, мавъиза кунед!»—w22.10, саҳ. 3–5

Мувофиқи Ишаъё боби 30 бо кадом се роҳ Яҳува ба мо кумак мекунад, ки истодагӣ кунем?

Дар ин боб гуфта мешавад, ки 1) Яҳува дуоҳои моро мешунавад ва ба онҳо ҷавоб медиҳад, 2) моро роҳнамоӣ мекунад ва 3) ҳоло ва дар оянда моро баракат медиҳад—w22.11, саҳ. 9.

Чаро гуфтан мумкин аст, ки суханони Забур 37:10, 11, 29 дар замонҳои пеш иҷро шуданд ва дар оянда низ иҷро мешаванд?

Суханони Довуд гул-гулшукуфиеро, ки халқи Исроил дар давраҳои ҳукмронии Сулаймон дошт, нағз тасвир мекунад. Вақте Исо дар бораи биҳишти оянда гуфт, ояти 11-ро иқтибос овард (Мат. 5:5; Луқ. 23:43).—w22.12, саҳ. 8–10, 14.