Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 29

Аз пешравии худ дар хизмати Яҳува хурсандӣ гиред

Аз пешравии худ дар хизмати Яҳува хурсандӣ гиред

Бигзор ҳар кас аз кори худ хурсандӣ гирад, бе он ки худро бо дигарон муқоиса кунад (ҒАЛ. 6:4).

СУРУДИ 29 Дар беайбӣ роҳ рав

ПЕШГУФТОР *

1. Чаро Яҳува моро бо дигарон муқоиса намекунад?

ЯҲУВА гуногуниро дӯст медорад. Инро дар офаридаҳои беҳамтояш дидан мумкин аст. Масалан, растаниҳо, ҳайвонҳо ва одамон низ гуногунанд. Ҳар яки мо бемислу монандем, аз ин рӯ Яҳува ҳеҷ вақт моро бо дигарон муқоиса намекунад. Ӯ дили моро мебинад ва медонад, ки мо дар асл чӣ гунаем (1 Подш. 16:7). Инчунин ӯ қувват, сустиҳо ва саргузашти моро ба назар мегирад. Ӯ аз мо кореро, ки ба он қувватамон намерасад, талаб намекунад. Мо бояд ба Яҳува пайравӣ карда ба худ бо чашми ӯ нигоҳ кунем. Он гоҳ мо ба худ солимфикрона баҳо медиҳем, на паст ё баланд (Рум. 12:3).

2. Чаро худро бо дигарон муқоиса кардан хуб нест?

2 Аз намунаи хуби дигарон ибрат гирифта метавонем. Масалан, мо бародар ё хоҳареро медонем, ки кори мавъизаро хеле хуб ба ҷо меорад (Ибр. 13:7). Мо бо ёрдами онҳо маҳорати мавъизакуниамонро беҳтар карда метавонем (Флп. 3:17). Лекин ба касе пайравӣ кардану худро бо касе муқоиса кардан фарқ дорад. Чунин муқоисакунӣ дар мо ҳасад, рӯҳафтодагӣ ё ҳатто ҳисси беқадриро бедор карда метавонад. Ҳамчунин, чи хеле ки аз мақолаи гузашта фаҳмидем, худро бо бародару хоҳарон муқоиса кардан ба муносибати мову Яҳува зарар расонда метавонад. Барои ҳамин Яҳува аз меҳрубонӣ моро боварӣ бахшида чунин мегӯяд: «Бигзор ҳар кас ба кори худ диққат диҳад, он гоҳ ӯ аз кори худ хурсандӣ мегирад, бе он ки худро бо дигарон муқоиса кунад» (Ғал. 6:4).

3. Шумо аз кадом пешравиҳои рӯҳониатон хурсандед?

3 Яҳува мехоҳад, ки мо аз пешравии рӯҳонии худамон хурсандӣ гирем. Масалан, агар шумо таъмид гирифта бошед, хурсанд шуда метавонед, ки ба ин мақсадатон расидед. Ин қарори худи шумо буд, вақте муҳаббататон ба Яҳува зиёд шуд, шумо ин қадамро гузоштед. Акнун дар бораи пешравиҳое, ки то имрӯз кардед, фикр кунед. Масалан, оё муҳаббататон нисбат ба хонишу омӯзиши Китоби Муқаддас зиёдтар шуд? Магар дуоҳои шумо пурмазмуну самимитар гаштанд? (Заб. 141:2). Оё ҳангоми мавъиза дар сар кардани суҳбат беҳтар шудед? Ё дар истифодаи маводи таълимӣ бомаҳораттар гаштед? Ва агар шумо оиладор бошед, оё бо ёрдами Яҳува шавҳар, зан ё волиди беҳтар шудед? Аз ҳамаи ин пешравиҳоятон хурсанду қаноатманд бошед.

4. Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?

4 Мо ба дигарон ёрдам дода метавонем, то аз корҳое, ки дар ибодати Яҳува мекунанд, хурсандӣ гиранд. Ҳамчунин хуб мешуд, ки ба онҳо ёрдам кунем, то худро бо дигарон муқоиса накунанд. Мо дар ин мақола муҳокима мекунем, ки чӣ тавр волидон ба фарзандон, ҳамсарон ба якдигар, пирони ҷамоат дар ин ёрдам дода метавонанд. Ҳамчунин мефаҳмем, ки чӣ хел ҳар яки мо ба бародару хоҳарон метавонем кумак кунем. Дар охир мо баъзе оятҳоеро мебинем, ки барои гузоштани мақсадҳои бохирадонаву дастрас ба мо ёрдам мекунанд.

ВОЛИДОН ВА ҲАМСАРОН ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНАНД?

Волидон нишон медиҳанд, ки аз кӯшиши ҳар як фарзандашон хурсанданд (Ба расми сархатҳои 5 ва 6 нигаред.) *

5. Мувофиқи Эфсӯсиён 6:4 волидон бояд аз кадом кор даргурез бошанд?

5 Волидон бояд эҳтиёт шаванд, то ки як фарзандро бо дигарӣ муқоиса накунанд ва ё аз фарзандонашон чизи аз қувват берунро талаб накунанд. Чунин муқоисакунии ноҷоиз ва талаботи бехирадона метавонад фарзандро ба хашм орад. (Эфсӯсиён 6:4-ро хонед.) Хоҳаре бо номи Сайёра * мегӯяд: «Муаллимон аз ман интизор мешуданд, ки ман назар ба дигар ҳамсинфонам супоришҳоямро хубтар ба ҷо орам. Ғайр аз ин, модарам мехостанд, ки ман дар мактаб пешқадам бошам, то ки ба устодам ва падарам, ки Шоҳиди Яҳува нест, шаҳодати хуб диҳам. Он кас мехостанд, ки ман доимо имтиҳонҳоямро бо баҳои аъло супорам, лекин ин ғайриимкон буд. Ҳарчанд аз мактабро хатм карданам солҳои зиёд гузаштааст, ман ба Яҳува чизи беҳтаринамро диҳам ҳам, баъзан то ҳол шубҳа мекунам, ки ӯ аз ман розӣ аст».

6. Волидон аз Забур 131:1, 2 чӣ омӯхта метавонанд?

6 Волидон аз Забур 131:1, 2 дарси муҳимро омӯхта метавонанд. (Оятҳоро хонед.) Шоҳ Довуд гуфта буд, ки «чизҳои бузург» ё чизҳоеро, ки аз қувваташ берун аст, ҳавас намекунад. Чунки фурӯтанӣ ва ҳадшиносиаш ба ӯ ёрдам медод, ки орому қонеъ монад. Волидон аз суханони Довуд чӣ ёд гирифта метавонанд? Онҳо фурӯтану ҳадшинос буда набояд аз худ ва аз фарзандонашон чизи бисёрро талаб кунанд. Масалан, агар волидон қуввату қобилияти кӯдаконашонро ба назар гирифта барои гузоштани мақсадҳои дастрас ба онҳо ёрӣ диҳанд, фарзандонашон худро боқадр ҳис карда метавонанд. Марина ном хоҳаре мегӯяд: «Модарам маро ҳеҷ гоҳ бо бародару додаронам ё дигар кӯдакон муқоиса намекард. Ӯ маро таълим медод, ки ҳар як шахс қобилиятҳои гуногун дорад ва ҳар яки мо барои Яҳува бебаҳо мебошем. Ӯ ба ман ёрдам дод, ки одати худро бо дигарон муқоиса карданро надошта бошам».

7, 8. Чӣ тавр шавҳар ба занаш эҳтиром нишон дода метавонад?

7 Шавҳари масеҳӣ бояд ба зани худ эҳтиром нишон диҳад (1 Пет. 3:7). Эҳтироми касеро ба ҷо овардан маънои онро дорад, ки ба ӯ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кунем ва ӯро иззат намоем. Масалан, шавҳар ба занаш тавре муомила кунад, ки ӯ барояш азиз аст. Ӯ имконияти занашро ба назар гирифта аз вай чизи зиёдро талаб намекунад. Ғайр аз ин, ӯ набояд ҳамсарашро бо занони дигар муқоиса намояд. Агар ин тавр кунад, занаш чӣ ҳис мекунад? Хоҳарамон Садбарг, ки шавҳараш Шоҳиди Яҳува нест, ӯро тез-тез бо дигар занҳо муқоиса мекунад. Аз суханони нешдори шавҳараш Садбарг на танҳо худро беқадр ҳис мекунад, ҳамчунин ӯ бовариашро ба худ гум мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ман бояд пайваста ба худ ёдрас кунам, ки Яҳува маро қадр мекунад». Баръакси ин шавҳари масеҳӣ вазифадор аст, ки занашро эҳтиром кунад. Ӯ дарк мекунад, ки чунин амал карданаш ҳам ба муносибати ӯ бо занаш ва ҳам ба муносибати ӯ бо Яҳува таъсир мекунад *.

8 Шавҳаре, ки занашро эҳтиром мекунад, ӯро ситоиш менамояд ва ӯро боварӣ мебахшад, ки дӯсташ медорад ва ӯро таърифу таҳсин мекунад (Пнм. 31:28). Шавҳари Катерина, ки дар мақолаи гузашта дар борааш гуфтем, ба ӯ ёрдам кард, ки бар ҳисси беқадриаш ғолиб ояд. Дар хурдсолӣ модараш Катеринаро паст мезад ва ӯро бо дигар духтарон, аз он ҷумла бо дугонаҳояш муқоиса менамуд. Дар натиҷа Катерина худро бо дигарон муқоиса мекардагӣ шуд ва ҳатто баъди Шоҳиди Яҳува шуданаш низ ин корашро давом медод. Лекин шавҳараш ба ӯ кумак кард, ки ин одаташро партояд ва нисбати худаш назари дурустро инкишоф диҳад. Ӯ мегӯяд: «Шавҳарам маро дӯст медорад, ӯ маро барои корҳои хубам таъриф мекунад ва дар ҳаққам дуо мегӯяд. Ӯ боз хислатҳои зебои Яҳуваро ба ман хотиррасон мекунад, то ки бо ёрии он ман фикрҳои нодурустамро ислоҳ кунам».

ПИРОНИ ҒАМХОР БА ДИГАРОН ЧӢ ТАВР КУМАК КАРДА МЕТАВОНАНД?

9, 10. Чӣ тавр пирони ғамхор ба як хоҳар ёрдам доданд, ки бар майли худро бо дигарон муқоиса кардан ғолиб ояд?

9 Чӣ тавр пирон ба онҳое, ки майли худро бо дигарон муқоиса кардан доранд, ёрдам дода метавонанд? Мисоли Ҳалима ном хоҳареро дида мебароем, ки ӯро дар хурдӣ кам таъриф мекарданд. Ӯ мегӯяд: «Ман шармгин будам ва ҳис мекардам, ки дигар кӯдакон аз ман беҳтаранд. Ман аз бозе ки худро мешиносам, худро бо дигарон муқоиса менамудам». Ӯ ҳатто баъди ба ҳақиқат омадан низ ин корашро давом медод. Дар натиҷа, ӯ худро дар ҷамъомад он қадар шахси даркорӣ ҳисоб намекард. Ҳозир бошад, ӯ пешрави хушбахт аст. Чӣ ба ӯ ёрдам дод, ки фикррониашро дигар кунад?

10 Ҳалима мегӯяд, ки пирони ғамхор ба ӯ ёрӣ медоданд. Пирон ба ӯ гуфтанд, ки ӯ дар ҷамъомад шахси даркорӣ аст ва барои намунаи хубаш ӯро таъриф мекарданд. Ӯ менависад: «Пирон якчанд бор аз ман хоҳиш карданд, ки ба баъзе хоҳароне, ки ба ёрдам муҳтоҷанд, кумак кунам. Вақти гирифтани ин супориш ман худро даркорӣ ҳис кардам. Дар ёд дорам, ки баъди якчанд хоҳари ҷавонро рӯҳбаланд карданам, пирон ба ман миннатдорӣ карданд. Баъд онҳо ба ман 1 Таслӯникиён 1:2, 3-ро хонданд, ки ин суханон ба ман болу пар бахшид. Бо ёрдами ин чӯпонони ғамхор ҳоло ман худро дар ташкилоти Яҳува боқадр ҳис мекунам».

11. Чуноне ки дар Ишаъё 57:15 тасвир шудааст, чӣ тавр мо ба «дилшикастагон ва рӯҳафтодагон» ёрӣ дода метавонем?

11 Ишаъё 57:15-ро хонед. Яҳува дар ҳаққи «дилшикастагону рӯҳафтодагон» бениҳоят ғамхорӣ мекунад. На танҳо пирон, балки ҳар яки мо чунин бародару хоҳарони азизамонро рӯҳбаланд карда метавонем. Яке аз роҳҳои рӯҳбаланд кардан ба онҳо самимона таваҷҷуҳ зоҳир намудан мебошад. Яҳува мехоҳад ба воситаи мо нишон диҳад, ки онҳоро хеле зиёд дӯст медорад (Пнм. 19:17). Мо ҳамчунин агар фурӯтан монда қобилиятҳоямонро намоиш надиҳем, ба ин бародару хоҳарон кумак карда метавонем. Мо диққати дигаронро ба худ ҷалб намекунем, зеро намехоҳем, ки дар дигарон ҳасад пайдо шавад. Баръакс, мо қобилияту дониши худро истифода бурда якдигарро рӯҳбаланд месозем (1 Пет. 4:10, 11).

Шогирдони Исо бо ӯ будан мехостанд, чунки ӯ ҳеҷ вақт худро аз онҳо боло намегирифт. Исо аз суҳбати дӯстонаш баҳра мебурд (Ба сархати 12 нигаред.)

12. Чаро ба мардуми одӣ бо Исо будан маъқул буд? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

12 Агар мо дар бораи муносибати Исо бо пайравонаш мулоҳиза ронем, дар бораи муносибат бо дигарон бисёр чизҳоро омӯхта метавонем. Исо шахси бузургтарини ҳар давру замон буд, лекин ӯ «нармдилу хоксор» буд (Мат. 11:28–30). Ӯ ҳеҷ гоҳ бо хираду дониши бузургаш манманӣ намекард. Ҳангоми таълим доданаш ӯ забони осонфаҳм ва мисолҳои одиро истифода мебурд, ки ба дили одамони хоксор таъсир мерасонд (Луқ. 10:21). Баръакси роҳбарони динии ҳавобаланд, Исо бо одамон тавре рафтор мекард, ки онҳо худро боқадр ҳис кунанд (Юҳ. 6:37). Бале, ӯ одамони одиро ҳурмату эҳтиром мекард.

13. Чӣ тавр Исо ба шогирдонаш меҳру муҳаббат нишон дод?

13 Меҳру муҳаббати Исо нисбати шогирдонаш дар тарзи муомилаи ӯ бо онҳо дида мешуд. Ӯ медонист, ки қобилияту вазъияти ҳамаи онҳо гуногун аст. Аз ин рӯ ҳамаашон ҳамон як уҳдадориро ба ҷо оварда наметавонистанд; ҳамаи онҳо дар хизмат як хел самар оварда наметавонистанд. Вале Исо хурсанд буд, ки ҳар яки онҳо ба Яҳува чизи беҳтаринашонро медиҳанд. Исо инро бо ёрии мисоли талантҳо фаҳмонд. Дар ин мисол хӯҷаин «ба ҳар як ғулом мувофиқи қобилияташ» супориш дод. Як ғулом назар ба ғуломи дигарӣ фоидаи бештар ба даст овард. Вале хӯҷаин ҳардуи онҳоро бо ҳамон як суханон таъриф кард. Ӯ гуфт: «Офарин, эй ғуломи неку боваринок!» (Мат. 25:14–23).

14. Мо чӣ тавр ба тарзи муносибати Исо бо дигарон пайравӣ карда метавонем?

14 Исо ҳамеша бо мо меҳрубонона муносибат мекунад. Ӯ медонад, ки қобилияту вазъияти ҳар яки мо гуногун аст. Вақте мо чизи беҳтаринамонро ба Яҳува медиҳем, ӯ аз ин хеле хурсанд мешавад. Мо низ бояд мисли Исо бо дигарон муомилаи нағз кунем. Мо бо бародару хоҳарон набояд тавре муносибат кунем, ки онҳо худро беқадр ҳис кунанд ё аз сабаби ягон корро чени дигарон карда натавонистанашон шарм доранд. Ба ҷойи ин, мо бояд ҳамеша бародару хоҳаронро барои корҳое, ки дар хизмати Яҳува аз таҳти дил мекунанд, таъриф кунем.

МАҚСАДҲОИ ДАСТРАС МОНЕД

Мақсадҳои дастрас гузошта хурсандӣ гиред (Ба расми сархатҳои 15 ва 16 нигаред.) *

15, 16. Хоҳаре мақсадҳои дастрас гузошта чӣ фоида гирифт?

15 Мақсадҳое, ки дар хизмати Яҳува мемонем, ба ҳаёти мо роҳнамоӣ ва маъно мебахшанд. Вале мо бояд ба кӯрпаи худ нигоҳ карда по дароз кунем, яъне қобилияту вазъияти худро ба назар гирифта мақсад гузорем. Агар мо мақсадҳоеро монем, ки дигарон гузоштанд, он гоҳ шояд аз ин зиқу рӯҳафтода шавем (Луқ. 14:28). Биёед мисоли Мидори ном хоҳарамонро, ки пешрав аст, дида бароем.

16 Падари Мидори, ки Шоҳиди Яҳува нест, ӯро дар хурдсолиаш бо додару хоҳар ва ҳамсинфонаш муқоиса намуда, мегуфт, ки онҳо аз ӯ беҳтаранд. Мидори мегӯяд: «Ман худро беқадру ночиз ҳис мекардам». Вале вақте ӯ калон шуд, дар бораи худ фикрашро дигар кард. Ӯ мегӯяд: «Ман ҳар рӯз Китоби Муқаддас мехондам, ҳамин тавр дар дил оромӣ меёфтам ва ҳис мекардам, ки Яҳува маро дӯст медорад». Илова бар ин, ӯ мақсадҳои дастрас гузошт ва барои ба мақсадҳояш расидан ба Яҳува дуоҳои аниқ мегуфт. Дар натиҷа, Мидори аз корҳое, ки дар хизмати Яҳува карда метавонист, хурсандӣ мегирифт.

МИНБАЪД НИЗ ЧИЗИ БЕҲТАРИНАТОНРО БА ЯҲУВА ДИҲЕД

17. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки фикррониамонро дигар кунем ва ин чӣ натиҷа меорад?

17 Аз фикрҳои нодуруст дар як шаб халос шудан амри маҳол аст. Барои ҳамин Яҳува моро бо суханони зерин боварӣ мебахшад: «Минбаъд низ фикрронии худро нав созед» (Эфс. 4:23, 24). Барои ин, албатта, мо бояд дуо гӯем, Китоби Муқаддас хонем ва мулоҳиза ронем. Кардани ин корҳоро давом диҳем ва аз Яҳува қувват пурсем. Рӯҳи муқаддаси Яҳува ба шумо ёрдам мекунад, ки худро бо дигарон муқоиса накарданро ёд гиред. Ҳамчунин агар дар дилатон ҳасад ё ғурур неш занад, Яҳува ба шумо ёрдам мекунад, ки инро пай баред ва дарҳол онро решакан кунед.

18. Чӣ тавр суханони 2 Воқеанома 6:29, 30 ба шумо тасаллӣ мебахшанд?

18 2 Воқеанома 6:29, 30-ро хонед. Яҳува дили моро нағз медонад. Ӯ ҳамчунин медонад, ки мо бо таъсири бади ин ҷаҳон ва нокомилии худ мубориза мебарем. Вақте Яҳува мебинад, ки чӣ хел мо бо ҷидду ҷаҳд бар ин таъсири бад мубориза бурда истодаем, муҳаббати ӯ нисбати мо зиёдтар мегардад.

19. Яҳува ҳиссиёташро нисбати мо чӣ тавр тасвир мекунад?

19 Яҳува барои ба мо нишон додани ҳиссиёташ меҳри модарро, ки ба тифлаки навзодаш дорад, мисол овард (Иш. 49:15). Мисоли модареро меорем, ки Рейчел ном дорад. Ӯ мегӯяд: «Духтарчаам Стефани пеш аз муҳлат таваллуд шуда буд. Вақте ки ман якум бор духтарчаамро дидам, ӯ майдаҳак ва нотавону оҷиз метофт. Як моҳе, ки духтарчаамро дар даруни шишаи махсус нигоҳ медоштанд, духтур ба ман ҳар рӯз иҷозат медод, ки ӯро ба оғӯш гирам. Он вақт ману духтарчаам ба ҳамдигар меҳр бастем, ҳоло ӯ 6-сола аст ва назар ба ҳамсолонаш хурдтар метобад. Бо вуҷуди ин дилам барояш гум мезанад, чунки ӯ барои зинда мондан бисёр талош кард. Ӯ ҷону ҷигар ва хурсандии дили ман аст!» Донистани ин ба мо тасаллӣ мебахшад, зеро вақте Яҳува мебинад, ки мо барои хизмати ӯ бо тамоми қувват талош мекунем, муҳаббати ӯ нисбати мо ҷӯш мезанад!

20. Чаро хизматгорони Худо хурсанд буда метавонанд?

20 Шумо, хизматгорони Яҳува, дар оилаи ӯ пурарзиш ва ягона мебошед. Яҳува шуморо ба худ на барои он ҷалб кард, ки шумо аз дигарон беҳтар будед, балки ба дилатон аҳамият дод ва дид, ки шумо фурӯтанед ва барои омӯхтану дигар шудан тайёред (Заб. 25:9). Вақте Яҳува мебинад, ки шумо аз таҳти дил ба ӯ хизмат мекунед, дилпур бошед, ки ӯ инро қадр мекунад. Истодагӣ ва содиқии шумо далели он аст, ки «дили самимиву нек» доред (Луқ. 8:15). Аз ин рӯ минбаъд низ ба Яҳува чизи беҳтаринатонро диҳед. Он гоҳ шумо «аз кори худ хурсандӣ» хоҳед гирифт.

СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост

^ сарх. 5 Яҳува моро ҳеҷ гоҳ бо дигарон муқоиса намекунад. Вале баъзеи мо шояд майл дорем, ки худро бо дигарон муқоиса кунем ва баъд ба худ баҳои нодуруст диҳем. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чаро худро бо дигарон муқоиса кардан хавфнок аст. Инчунин мо мебинем, ки чӣ тавр ба аъзои оила ва ҷамоат кумак карда метавонем, то ба худ бо чашми Яҳува нигаранд.

^ сарх. 5 Баъзе номҳо иваз шудаанд.

^ сарх. 7 Ҳарчанд ин принсипҳо ба шавҳарон равона карда шудаанд, бисёри онҳо ба занҳо низ дахл доранд.

^ сарх. 58 ШАРҲИ РАСМҲО: Ҳангоми ибодати оилавӣ волидон нишон медиҳанд, ки аз кори ҳар як кӯдакашон, ки дар сохтани киштии Нӯҳ карданд, хурсанданд.

^ сарх. 62 ШАРҲИ РАСМҲО: Модаре, ки писарчаашро танҳо калон мекунад, нақша кашида истодааст, ки чун пешрави ёвар хизмат кунад ва ӯ хурсанд аст, ки аз уҳдаи он баромада истодааст.