Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 31

Имконияти дуо гуфтанро қадр кунед

Имконияти дуо гуфтанро қадр кунед

«Бигзор дуоям барои ту мисли бухуре бошад» (ЗАБ. 141:2).

СУРУДИ 51 Ба Яҳува бичасп

ПЕШГУФТОР a

1. Ба имконияти дуо гуфтан мо бояд чӣ хел муносибат кунем?

 ЯК ТАСАВВУР кунед: Мо ба Офаридгори бузурги замину осмон дар кадом вақту соате хоҳем ва бо ҳар забон диламонро холӣ карда метавонем. Чӣ имконияти олиҷаноб! Хоҳ дар кати беморхона бошем, хоҳ дар паси панҷара боварӣ дорем, ки Падари меҳрубонамон дуоҳои моро мешунавад. Мо ин туҳфаи беҳамтои ӯро қадр мекунем.

2. Чӣ тавр шоҳ Довуд нишон дод, ки дуо гуфтанро қадр мекунад?

2 Шоҳ Довуд дуо гуфтанро бисёр қадр мекард. Ӯ ба Яҳува чунин суруд: «Бигзор дуоям барои ту мисли бухуре бошад» (Заб. 141:1, 2). Дар замонҳои Довуд бухури муқаддасро коҳинон бо як эҳтиёткорӣ тайёр мекарданд (2 Мӯсо 30:34, 35). Довуд дуояшро ба бухур монанд карда нишон доданӣ буд, ки пеш аз дуо дар бораи чӣ гуфтанаш ҳаматарафа андеша мекард. Мо низ мехоҳем мисли Довуд амал кунем; мехоҳем, ки дуоҳоямон ба Яҳува писанд бошанд.

3. Ҳангоми дуо гуфтан мо бояд чиро ба назар гирем ва барои чӣ?

3 Ҳангоми ба Яҳува дуо гуфтан мо набояд аз доираи одоб берун бароем. Баръакс, мо бо як эҳтироми зиёд дуо мегӯем. Дар бораи рӯъёҳое, ки Ишаъё, Ҳизқиёл, Дониёл ва Юҳанно диданд, мулоҳиза ронед. Ин рӯъёҳо аз якдигар фарқ мекунанд, лекин як чизи умумӣ доранд. Дар онҳо Яҳува чун Шоҳи олӣ тасвир шудааст. Масалан, Ишаъё гуфт: «Яҳуваро дидам, ки бар тахти баланду олӣ менишаст» (Иш. 6:1–3). Ҳизқиёл Яҳуваро бар аробаи осмонӣ дид, ки гирдогирди ӯ «дурахше мисли дурахши рангинкамон» буд (Ҳиз. 1:26–28). Дониёл «Қадимулайём»-ро дид, ки либосаш барф барин сафед буд ва «тахти ӯ мисли шӯълаҳои оташ» (Дон. 7:9, 10). Юҳанно бошад, Яҳуваро бар тахте дид, ки гирдогирдаш рангинкамон медурахшид ва он монанди зумуррад буд (Ошкор. 4:2–4). Бале, дар бораи ҷалоли бемислу монанди Яҳува андеша карда мо дарк мекунем, ки имконияти дуо гуфтан худ шарафи бузург аст ва мо бояд бо як эҳтироми хосса ба Яҳува муроҷиат кунем. Пас, чӣ хел дуо гӯем?

«ИН ТАВР ДУО ГӮЕД»

4. Мо аз суханони аввали дуои намунавӣ, ки дар Матто 6:9, 10 омадаанд, дар бораи дуо чӣ меомӯзем?

4 Матто 6:9, 10-ро хонед. Дар «Суханронии болои кӯҳ» Исо ба шогирдонаш ёд дод, ки чӣ тавр дуо гӯянд, то ба Яҳува писанд бошад. Баъди суханони «ин тавр дуо гӯед», Исо мавзӯъҳои муҳимеро қайд кард, ки бевосита бо нияти Яҳува алоқаманданд: муқаддас гаштани номи ӯ, омадани Подшоҳиаш, ки тамоми душманони ӯро нест мекунад ва баракатҳое, ки дар оянда Худо ба замин ва одамизод меорад. Вақте мо дар бораи ин чизҳо дуо мегӯем, нишон медиҳем, ки хости Худо бароямон муҳим аст.

5. Дар бораи ниёзҳои шахсиамон дуо гуфтан дуруст аст?

5 Дар қисми дигари дуои намунавӣ Исо нишон дод, ки дар бораи ниёзҳои шахсиамон дуо гуфтан ягон ҷойи хато надорад. Мо аз Яҳува дар бораи ризқу рӯзӣ, бахшиши гуноҳҳо, аз васваса нигоҳ доштан ва аз Шайтон халос намудан пурсида метавонем (Мат. 6:11–13). Вақте мо ин чизҳоро мепурсем, тан мегирем, ки ба Яҳува муҳтоҷем ва дили ӯро хурсанд кардан мехоҳем.

Шавҳар бо занаш дар бораи чӣ дуо гуфта метавонад? (Ба сархати 6 нигаред.) b

6. Оё мо танҳо чизҳоеро аз Яҳува пурсида метавонем, ки дар дуои намунавӣ оварда шудаанд? Фаҳмонед.

6 Албатта, Исо интизор набуд, ки пайравонаш дуои намунавиро қориазёд гӯянд, зеро ӯ дар дигар дуоҳояш дар бораи чизҳое, ки ӯро ба ташвиш меоварданд, дуо мегуфт (Мат. 26:39, 42; Юҳ. 17:1–26). Мо низ чунин карда метавонем. Барои мисол, агар мо ягон қарор бароварданӣ бошем, дар бораи хирад ва фаҳмиш дуо гуфта метавонем (Заб. 119:33, 34). Ё пеш аз сар кардани таъйиноти душвор дуо гуфта метавонем, то аз уҳдаи он бароем (Пнм. 2:6). Волидон барои фарзандон ва фарзандон барои волидон дуо гуфтанашон мумкин. Ҳамчунин ҳар яки мо бояд дар ҳаққи омӯзандагони худ ва касоне, ки мавъиза мекунем, дуо гӯем. Вале дуои мо набояд фақат аз талабу дархост иборат бошад.

Мо барои кадом чизҳо ба Яҳува раҳмат гуфта ӯро ҷалол дода метавонем? (Ба сархатҳои 7–9 нигаред.) c

7. Чаро мо бояд дар дуоҳоямон Яҳуваро ситоиш кунем?

7 Мо бояд дар дуоҳоямон Яҳуваро ҳамду сано гӯем, зеро ҳеҷ кас мисли Яҳува сазовори ҳамду сано нест. Ӯ «неку ва бахшанда», «меҳрубону дилсӯз», «пурсабр ва пур аз меҳру вафову ростӣ» аст (Заб. 86:5, 15). Бале, мо сабабҳои зиёд дорем, ки Яҳуваро барои хислатҳои олиҷанобаш ва корҳое, ки бароямон мекунад, ҳамд гӯем.

8. Баъзе чизҳое, ки мо барояшон аз Яҳува миннатдорем, кадоманд? (Забур 104:12–15, 24).

8 Ғайр аз Яҳуваро ҳамду сано гуфтан, мо аз ӯ барои чизҳои олиҷанобе, ки ба мо медиҳад, миннатдорем. Масалан, барои рангорангии гулҳо, гуногунии хӯрокҳои болаззат ва дӯстони азизамон, ки аз суҳбат бо онҳо баҳра мебарем. Падари меҳрубонамон барои хушбахт будани мо ин ва бисёр чизҳои дигарро медиҳад. (Забур 104:12–15, 24-ро хонед.) Пеш аз ҳама мо барои ғизои рӯҳонӣ ва умеди олиҷанобе, ки ба оянда дорем, сипосгузорем.

9. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ба Яҳува раҳмат гуфтанро фаромӯш накунем? (1 Таслӯникиён 5:17, 18).

9 Мо ба осонӣ барои некиҳое, ки Яҳува баҳрамон мекунад, раҳмат гуфтанро фаромӯш карда метавонем. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ба ин роҳ надиҳем? Мо метавонем, рӯйхати чизҳоеро, ки аз Яҳува пурсидем, тартиб дода, баъдтар тафтиш кунем, ки чӣ тавр Яҳува ба дуоямон ҷавоб гардонд. Сипас ба ӯ изҳори сипос кунем. (1 Таслӯникиён 5:17, 18-ро хонед.) Як фикр кунед: Вақте дигарон ба мо раҳмат мегӯянд, хеле хурсанд мешавем. Ба ҳамин монанд, агар мо ба Яҳува барои ба дуоҳоямон ҷавоб гардонданаш раҳмат гӯем, дили ӯ шод мегардад (Қӯл. 3:15). Барои аз Худо миннатдор будан боз як сабаби муҳиме ҳаст.

БА ЯҲУВА БАРОИ ПИСАРИ АЗИЗАШ РАҲМАТ ГӮЕД

10. Мувофиқи 1 Петрус 2:21 чаро мо бояд ба Яҳува барои ба замин фиристодани Исо раҳмат гӯем?

10 1 Петрус 2:21-ро хонед. Мо бояд аз Яҳува миннатдор бошем, ки Писари азизашро фиристод, то моро таълим диҳад. Ҳаёти Исоро омӯхта мо дар бораи Яҳува ва чӣ тавр хурсанд кардани ӯ бисёр чизҳоро мефаҳмем. Агар ба қурбонии Исо имон дошта бошем, бо Яҳува муносибати наздик пайдо мекунем ва сулҳу осоиштагиро нигоҳ медорем (Рум. 5:1).

11. Чаро мо ба номи Исо дуо мегӯем?

11 Мо миннатдорем, ки ба воситаи Исо ба Яҳува муроҷиат карда метавонем. Исо ягона воситаест, ки Яҳува ба дуоҳоямон гӯш дода ҷавоб мегардонад. Худи Исо дар ин бора гуфта буд: «Ҳар чизеро, ки ба номи ман талаб кунед, онро ба ҷо меорам, то ки Падар ба воситаи Писар ҷалол ёбад» (Юҳ. 14:13, 14).

12. Сабаби дигари ба Яҳува барои Писараш раҳмат гуфтани мо чист?

12 Яҳува дар асоси қурбонии Исои Масеҳ гуноҳҳои моро мебахшад. Дар Китоби Муқаддас дар бораи Исо гуфта шудааст, ки ӯ саркоҳини мо мебошад ва «дар осмон аз тарафи рости тахти Худои олимақом нишастааст» (Ибр. 8:1). Ӯ «дар назди Худо мададгор»-амон мебошад (1 Юҳ. 2:1). Мо аз Яҳува беҳад миннатдорем, зеро ӯ ба мо саркоҳини дилсӯз додааст, ки нокомилиамонро мефаҳмад ва «дар ҳаққи мо зориву илтиҷо мекунад» (Рум. 8:34; Ибр. 4:15). Агар товони Исо намебуд, Яҳува дуоҳои инсони нокомилро намешунид. Бешубҳа, мо аз Яҳува барои Писари азизаш, ки ҳадияи бебаҳост, чӣ қадар миннатдор шавем ҳам, кам аст.

БАРОИ БАРОДАРУ ХОҲАРОН ДУО ГӮЕД

13. Шаби пеш аз маргаш Исо чӣ тавр нишон дод, ки шогирдонашро дӯст медорад?

13 Исо шаби пеш аз маргаш дурудароз дуо гуфта аз Яҳува хоҳиш кард, ки шогирдонашро «аз Шайтон муҳофизат» кунад (Юҳ. 17:15). Ӯ медонист, ки ба наздикӣ ба сараш озмоиши душвортарин меояд, вале нигоҳ накарда ба ин дар бораи расулонаш ғам мехӯрд. Чӣ муҳаббати фидокорона!

Мо дар ҳаққи бародару хоҳарон дар бораи чӣ дуо гуфта метавонем? (Ба сархатҳои 14–16 нигаред.) d

14. Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки бародару хоҳаронро дӯст медорем?

14 Агар мо ба Исо пайравӣ кунем, фақат дар бораи худамон фикр намекунем. Баръакс, мунтазам дар бораи бародару хоҳаронамон дуо мегӯем. Бо ин роҳ мо амри Исоро дар бораи дӯст доштани якдигар ба ҷо меорем ва ба Яҳува нишон медиҳем, ки ҳамимононамонро дӯст медорем (Юҳ. 13:34). Дар ҳаққи бародару хоҳарон дуо гуфтан муҳим аст. Дар Каломи Худо гуфта мешавад: «Дуое, ки росткор бо зориву илтиҷо мегӯяд, қувваи бузурге дорад» (Яъқ. 5:16).

15. Чаро ҳамимононамон ба дуоҳои мо муҳтоҷанд?

15 Ҳамимонони азизамон ба дуоҳои мо муҳтоҷанд, зеро онҳо бо бисёр мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Мо ба Яҳува дуо гуфта метавонем, то ба онҳо ҳангоми беморӣ, офатҳои табиӣ, ҷангҳо, озорҳо ё дигар душвориҳо ёрӣ диҳад. Ҳамчунин мо дар бораи бародарону хоҳарони фидокоре, ки ба чунин шахсон кумак мекунанд, дуо гуфта метавонем. Шояд шумо касонеро медонед, ки бо ин душвориҳо рӯ ба рӯ шудаанд. Онҳоро дар дуоҳоятон ном баред. Вақте мо ба Яҳува дар ҳаққи онҳо дуо мегӯем, муҳаббати ҳақиқии бародаронаро нишон медиҳем.

16. Чаро мо бояд дар ҳаққи онҳое, ки роҳбариро ба уҳда доранд, дуо гӯем?

16 Касоне, ки дар ҷамоатҳо роҳбариро ба уҳда гирифтаанд, инчунин ба дуоҳои мо ниёз доранд. Павлуси расул дар ин бора чунин навишт: «Барои ман низ дуо гӯед, то, вақте даҳон кушоям, далерона сухан гуфта тавонам ва сирри муқаддаси хушхабарро маълум созам» (Эфс. 6:19). Имрӯз низ бисёр бародарони фидокор моро роҳнамоӣ мекунанд. Агар аз Яҳува барои кори онҳо баракат пурсем, муҳаббатамонро нишон медиҳем.

ВАҚТЕ БО ДИГАРОН ДУО МЕГӮЕМ

17, 18. Дар кадом мавридҳо аз мо хоҳиш карда метавонанд, ки барои дигарон дуо гӯем ва чиро дар ёд доштан зарур аст?

17 Баъзан дигарон аз мо хоҳиш мекунанд, ки дуо гӯем. Масалан, хоҳаре, ки омӯзиш гузаронданӣ аст, ба мо гуфта метавонад, ки бо дуо муроҷиат кунем. Вале азбаски мо омӯзандаро хуб намешиносем, дар охири омӯзиш дуо гуфтанамон беҳтар аст. Чунки дар ин сурат мо ниёзҳои омӯзандаро ба назар гирифта дуо мегӯем.

18 Ё фарз кардем, аз бародаре хоҳиш мекунанд, ки дар вохӯрии мавъиза ё ҷамъомад дуо гӯяд. Он бародар бояд мақсади вохӯриро дар ёд дорад ва дар дуояш набояд ба ҳозирон маслиҳат диҳад ё ягон чизро эълон кунад. Дар бисёр вохӯриҳо одатан барои суруд ва дуо панҷ дақиқа ҷудо мешавад. Инро ба назар гирифта бародаре, ки дуо мегӯяд, бояд «пургӯйӣ» накунад, махсусан дар аввали вохӯрӣ (Мат. 6:7).

ДУОГӮЙӢ АҲАМИЯТИ КАЛОН ДОРАД!

19. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки ба рӯзи доварии Яҳува тайёр бошем?

19 Азбаски рӯзи доварии Яҳува наздик аст, дуогӯйӣ бояд аз ҳарвақта дида бароямон муҳим бошад. Дар ин бора Исо гуфта буд: «Ҳушёр бошед ва ҳама вақт аз Худо илтиҷо кунед, ки ҳангоми ҳамаи ин воқеаҳо наҷот [ёбед]» (Луқ. 21:36). Агар мо мунтазам дуо гӯем, имонамон мустаҳкам мешавад ва ба омадани рӯзи доварии Худо омода мегардем.

20. Чӣ тавр дуоҳои мо мисли бухури хушбӯй шуда метавонад?

20 Биёед хулоса кунем: Мо имконияти дуогӯйиро бениҳоят қадр мекунем. Дар дуо мо бояд диққатро ба мавзуҳое равона созем, ки бевосита бо нияти Яҳува алоқаманданд. Мо инчунин барои Исо ва Подшоҳиаш аз Яҳува миннатдор мешавем. Боз дар ҳаққи ҳамимонони азизамон дуо мегӯем. Дар бораи ниёзҳои ҷисмонию рӯҳониамон низ дуо гуфтан ягон ҷойи хато надорад. Вақте мо пеш аз дуо гуфтан андеша мекунем, ки чӣ гӯем, нишон медиҳем, ки имконияти беҳамтои дуогӯйиро қадр мекунем. Дар ин ҳол суханонамон мисли бухури муаттар ба Яҳува «хуш меояд» (Пнм. 15:8).

СУРУДИ 57 Андешаҳои дили ман

a Мо беҳад миннатдорем, ки Яҳува имконияти дуо гуфтанро ба мо додааст. Барои ҳамин мехоҳем, ки дуоҳоямон мисли бухури хушбӯй ба ӯ писанд ояд. Дар ин мақола мо мефаҳмем, ки дар бораи чӣ дуо гӯем ва ҳангоми бо дигарон дуо гуфтан мо бояд кадом чизҳоро ба назар гирем.

b ШАРҲИ РАСМҲО: Ҳамсарон дар бораи бехатарии духтарчаашон дар мактаб, саломатии падари пиронсолашон ва пешравии омӯзандае дуо гуфта истодаанд.

c ШАРҲИ РАСМҲО: Бародари ҷавоне дар бораи товон, табиати хушманзар ва хӯрданиҳои серғизо ба Яҳува раҳмат мегӯяд.

d ШАРҲИ РАСМҲО: Хоҳаре дар дуо аз Яҳува мепурсад, ки Ҳайати роҳбарикунандаро бо рӯҳи муқаддасаш баракат диҳад ва ба онҳое, ки аз офатҳои табиӣ ва озорҳо азоб мекашанд, ёрдам кунад.