Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 32

Аз Яҳува боандешагиро ёд гиред

Аз Яҳува боандешагиро ёд гиред

«Бигзор ҳама шуморо чун одамони боандеша шиносанд. Худованд наздик аст» (ФЛП. 4:5).

СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо

ПЕШГУФТОР a

Шумо чӣ гуна дарахтед? (Ба сархати 1 нигаред.)

1. Масеҳиён бояд ба чӣ гуна дарахт монанд шаванд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

 «ДАРАХТЕ, ки хам мешавад, аз шамол намешиканад». Ин мақол нишон медиҳад, ки шохаҳои баъзе дарахтон чандиру ёзанда ё қаишанд, аз ин рӯ ба осонӣ шикаста намешаванд. Мо низ, агар мисли шохаҳои чунин дарахт «чандиру шаклпазир» бошем ва ба вазъият мутобиқ шавем, бодҳои зиндагӣ моро намешикананд. Барои ин мо бояд боандеша бошем. Шахси боандеша қарорҳо ва нуқтаи назари дигаронро эҳтиром мекунад.

2. Кадом хислатҳо ба мо кумак мекунанд, ки ба вазъият мутобиқ шавем ва мо дар ин мақола чиро мебинем?

2 Мо, хизматгорони Яҳува, мехоҳем, ки боандеша, хоксор ва раҳмдил бошем. Дар ин мақола мо мебинем, ки чӣ тавр ин хислатҳо ба баъзе масеҳиён кумак карданд, ки ба вазъияти тағйирёфтаашон мутобиқ шаванд. Сипас мебинем, ки чӣ тавр ин хислатҳо ба мо кумак карда метавонанд. Биёед дар аввал намунаи барҷастаи Яҳува ва Исоро дида бароем ва аз онҳо боандешагиро ёд гирем.

ЯҲУВА ВА ИСО БОАНДЕШААНД

3. Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува боандешаву вазъиятшинос аст?

3 Яҳува дар Китоби Муқаддас «Кӯҳпора» номида шудааст, зеро ӯ пойдору устувор аст (5 Мӯсо 32:4). Ҳамзамон Яҳува боандешаву вазъиятшинос мебошад. Ӯ барои иҷрои хосташ ба вазъияти ноустувори ин ҷаҳон мутобиқ шуда амал мекунад. Мо, ки ба сурати Яҳува офарида шудаем, ба ӯ аз ин ҷиҳат пайравӣ карда метавонем. Яҳува дар Каломаш ба мо принсипҳое додааст, ки дар ҳар гуна душвориҳо кумак мекунанд, то қарори бохирадона барорем. Намунаи худи Яҳува ва принсипҳое, ки ба мо додааст, нишон медиҳанд, ки ӯ на танҳо Кӯҳпораи устувор, балки боандешаву вазъиятшинос аст.

4. Мисоле оред, ки вазъиятшинос ва боандеша будани Яҳуваро нишон диҳад (3 Мӯсо 5:7, 11).

4 Роҳҳои Яҳува комиланд ва ӯ ҳамеша аз рӯйи фаҳму хирад амал мекунад. Яҳува аз ҳад сахтгир нест — ӯ вазъияти шахсро ба назар мегирад. Масалан, дар замони исроилиён боандешагиву вазъиятшиносии Яҳува дар он маълум гашт, ки ӯ аз бою камбағал қурбонии якхеларо талаб намекард. Дар баъзе мавридҳо ӯ иҷозат медод, ки исроилиён чени қувваташон қурбонӣ оранд. (3 Мӯсо 5:7, 11-ро хонед.)

5. Мисоле оред, ки фурӯтану раҳмдил будани Яҳуваро нишон медиҳад.

5 Азбаски Яҳува фурӯтану раҳмдил аст, нисбати мо одамон боандеша аст. Масалан, вақте ӯ хост, ки мардуми бадкори Садӯмро несту нобуд кунад, фурӯтанӣ нишон дод. Яҳува ба воситаи фариштаҳояш ба Лути росткор дастур дод, ки ба кӯҳистон гурезад. Аммо Лут тарсида, аз Худо илтиҷо кард, ки бо оилааш дар шаҳри Сӯар паноҳ ёбад, ҳол он ки Яҳува ният дошт ин шаҳри хурдро низ нобуд кунад. Яҳува метавонист Лутро маҷбур кунад, ки нуқта ба нуқта аз рӯйи дастуроташ амал кунад, лекин ӯ гузашт карда, хости Лутро ба ҷо овард ва Сӯарро нобуд накард (1 Мӯсо 19:18–22). Асрҳо пас бошад, Яҳува ба мардуми Нинве раҳм кард. Ӯ пайғамбар Юнусро ба назди онҳо фиристод, то аз нобудии шаҳру сокинонаш хабар диҳад. Аммо, вақте мардуми Нинве тавба кард, Яҳуваро раҳмаш омаду шаҳрро вайрон накард (Юнус 3:1, 10; 4:10, 11).

6. Кадом мисолҳо нишон медиҳанд, ки Исо мисли Яҳува боандеша буд?

6 Исо мисли Яҳува боандеша буд. Ҳарчанд ӯ барои мавъиза ба назди «гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил фиристода» шуда буд, ҳангоми иҷрои вазифааш боандешагӣ зоҳир мекард. Рӯзе як зани ғайрияҳудӣ аз ӯ зора кард, то духтарашро, ки дар «дар банди дев аст ва сахт азоб мекашад», шифо бахшад. Исо аз дилсӯзӣ хости занро ба ҷо овард (Мат. 15:21–28). Биёед боз як мисоли дигарро бинем. Боре Исо ба шогирдонаш гуфта буд: «Касе... аз ман рӯ гардонад, ман низ... аз ӯ рӯ мегардонам» (Мат. 10:33). Лекин оё, вақте Петрус се бор ӯро рад кард, Исо аз ӯ рӯ гардонд? Не. Исо дид, ки Петрус ба тавба рӯ овардааст ва имонашро гум накардааст. Аз ин рӯ баъди зинда шуданаш, Исо Петрусро дилпур кард, ки ӯро бахшидаасту дӯсташ медорад (Луқ. 24:33, 34).

7. Мувофиқи Филиппиён 4:5 мо чӣ гуна обрӯ доштан мехоҳем?

7 Мо дидем, ки чӣ тавр Яҳува ва Исо боандешагӣ зоҳир мекунанд. Яҳува аз мо низ интизор аст, ки боандеша бошем. (Филиппиён 4:5-ро хонед.) Лекин аз куҷо фаҳмем, ки мо боандешаем? Инро бо саволҳои зерин санҷидан мумкин аст: оё одамон маро ҳамчун шахси боандеша, созгор ва пурсабр мешиносанд ё чун одами аз ҳад сахтгир, қоидапараст ва якрав? Оё ман аз дигарон талаб мекунам, ки фақат аз рӯйи хости ман амал кунанд ё баъзан гузашт карда аз рӯйи хости дигарон амал мекунам? Ҳар қадаре аз Яҳува ва Исо ибрати бештар гирем, ҳамон қадар боандеша мешавем. Биёед мебинем, ки чӣ тавр дар ду маврид боандешагӣ зоҳир карда метавонем: вақте вазъиятамон тағйир меёбад ва вақте нуқтаи назари дигарон аз мо фарқ мекунад.

БОАНДЕША БОШЕДУ БА ВАЗЪИЯТ МУТОБИҚ ШАВЕД

8. Чӣ ба мо кумак мерасонад, ки дар вазъияти тағйирёфтаамон боандешагӣ зоҳир кунем? (Ҳамчунин ба поварақ нигаред.)

8 Одами боандеша ба вазъият мутобиқ мешавад. Вақте ҳаётамон тағйир меёбад, мо шояд бо душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ шавем, масалан, бо бемории ҷиддӣ ё бепулӣ. Ё вақте сиёсати давлатамон дигар мешавад, ҳаётамон ба куллӣ тағйир ёфта метавонад (Пандгӯ 9:11; 1 Қӯр. 7:31). Эҳтимол, ҳатто дигар шудани таъйинотамон бароямон озмоиш гардад. Чизе ки нашавад, гузоштани қадамҳои зерин ба мо кумак мекунанд, ки ба вазъият зуд мутобиқ шавем: 1) воқеъбин бошед, 2) ба оянда назар дӯзед, 3) некбин бошед ва 4) ба дигарон ёрӣ расонед b. Биёед мисоли баъзе бародару хоҳаронро мебинем, ки чӣ тавр ин чор қадам ба онҳо кумак расонд.

9. Чӣ тавр як ҷуфти ҳамсарон ба душвориҳои ногаҳонӣ дастболо шуданд?

9 Воқеъбин бошед. Эмануеле ва Франческаро ба давлати дигар миссионер таъйин карданд. Ҳамин ки онҳо ба ҷамоати нав гузаштанду ба омӯхтани забони маҳаллӣ шурӯъ карданд, вабои COVID-19 сар зад. Онҳо маҷбур шуданд, ки дар хона шинанду бо дигарон вонахӯранд. Ба болои ин, ногаҳон модари Франческа аз олам гузашт. Франческа сахт мехост, ки бо оилааш бошад, аммо аз сабаби вабо ин корро карда наметавонист. Чӣ ба ӯ кумак кард, ки ба ин душвориҳо тоб орад? Якум, Франческа бо Эмануеле якҷоя дуо гуфта аз Яҳува хирад мепурсиданд, то душвории имрӯзаро паси сар кунанд ва ғами фардоро нахӯранд. Яҳува ба дуои онҳо ба воситаи ташкилоташ ҷавоб дод. Масалан, онҳо аз ин суханоне, ки бародар дар мусоҳибааш гуфта буд, рӯҳбаланд шуданд: «Ҳар қадар тезтар вазъиятҳои навро қабул кунӣ, ҳамон қадар тезтар хурсандӣ меёбӣ ва ҳар як вазъияти навро ба хубӣ истифода мебарӣ» c. Дуюм, онҳо аз вазъият истифода бурда кӯшиш карданд, ки маҳораташонро дар хизмати телефонӣ беҳтар гардонанд ва ҳатто як омӯзиш ёфтанд. Сеюм, онҳо ёриву дастгирии пирони ғамхори маҳаллияшонро қабул карданд. Инчунин як хоҳари дилсӯз тӯли як сол ба онҳо паёмакҳои кӯтоҳи оятдор мефиристод. Вақте мо ҳам ба вазъият мутобиқ мешавем, аз корҳоямон хурсандӣ мегирем.

10. Чӣ тавр як хоҳар ба тағйироти калони ҳаёташ мутобиқ шуд?

10 Ба оянда назар дӯзед ва некбин бошед. Кристина ном хоҳаре аз Руминия, ки дар Ҷопон зиндагӣ мекунад, вақте ҷамоати англисизабонро барҳам доданд, рӯҳафтода шуд. Лекин ӯ бо ёди гузашта намезист. Ӯ қарор кард, ки ба ҷамоати ҷопонизабон гузашта, бо ин забон боғайратона мавъиза мекунад. Аз ин рӯ ӯ аз ҳамкори пештарааш хоҳиш кард, ки ба ӯ дар беҳтар кардани забони ҷопонияш кумак расонад. Ин зан розӣ шуд, ки ба воситаи Китоби Муқаддас ва китобчаи «То абад зинда бошед!» ба ӯ забони ҷопониро омӯзонад. Дар натиҷа Кристина забони ҷопониро беҳтар омӯхту шавқи он зан ба таълимоти ростӣ бедор шуд. Агар некбин бошему ба оянда назар дӯзем, мебинем, ки тағйироти ногаҳонӣ баракатҳои ногаҳонӣ меорад.

11. Чӣ тавр як зану шавҳар, ки аз кампулӣ азоб мекашиданд, ба вазъият мутобиқ шуданд?

11 Ба дигарон ёрӣ расонед. Як зану шавҳар, ки дар давлате, ки фаъолиятамон манъ аст, зиндагӣ мекунанд, ҳангоми дар мамлакаташон сар задани бӯҳрони иқтисодӣ аз даромадашон монданд. Чӣ тавр онҳо ба вазъият мутобиқ шуданд? Якум, онҳо ҳаёташонро одӣ гардонданд. Дуюм, қарор карданд, ки бо кори мавъиза банд мегарданду диққаташонро ба душвориҳо равона намесозанд (Кор. 20:35). Бародарамон мегӯяд: «Вақте мо бо хизмат бандем, вақт намемонад, ки дар бораи чизҳои манфӣ фикр кунем. Ҳамин тавр мо вақти зиёдамонро ба иҷрои хости Яҳува сарф мекунем». Вақте вазъияти мо низ дигар мешавад, бояд ба дигарон кумак карданро фаромӯш насозем, хусусан ба воситаи мавъиза.

12. Мо дар хизмат аз Павлуси расул чӣ меомӯзем?

12 Мо бояд дар хизмат ба вазъият мутобиқ шавем, зеро бо одамоне вомехӯрем, ки эътиқод, рӯҳия ва тарбияву маданияташон гуногун аст. Павлуси расул ба вазъият мутобиқ мешуд ва мо бояд аз ӯ ибрат гирем. Исо ӯро «расули халқҳои дигар» таъйин карда буд (Рум. 11:13). Аз ин рӯ Павлус ба яҳудиҳо, юнониҳо, шахсони хондаву нохонда ва ба калоншавандагону подшоҳон мавъиза мекард. Павлус «барои ҳар навъ одамон ҳар чиз» мешуд, то дили онҳоро ёбад (1 Қӯр. 9:19–23). Ӯ маданияту тарбия ва эътиқоди шунавандагонашро ба назар гирифта, ба дили онҳо роҳ меёфт. Мо низ, агар ниёзҳои шунавандагонамонро ба назар гирифта пешниҳодамонро ба онҳо мувофиқ созем, дар хизмат пурсамар мегардем.

НУҚТАИ НАЗАРИ ДИГАРОНРО ХУРМАТ КУНЕД

Агар боандеша бошед, нуқтаи назари дигаронро эҳтиром мекунед (Ба сархати 13 нигаред.)

13. Агар нуқтаи назари дигаронро ҳурмат кунем, мувофиқи 1 Қӯринтиён 8:9 аз кадом хатар эмин мешавем?

13 Боандешагӣ инчунин ба мо кумак мекунад, ки нуқтаи назари дигаронро ҳурмат кунем. Масалан, баъзе хоҳарон рангу бор ва орою торо додани худро дӯст медоранд, баъзеҳо бошанд, не. Баъзе масеҳиён барои дилхушӣ бамеъёр шароб менӯшанд, баъзеи дигар бошад, пурра аз он даст мекашанд. Ҳамаи масеҳиён мехоҳанд тансиҳат бошанд, вале ҳамаи онҳо як хел табобатро интихоб намекунанд. Баъзан ягон тарзи табобат чунон ба мо маъқул аст ки, онро ба бародару хоҳарон таблиғ мекунем. Аммо бо ин рафторамон мо метавонем ба дигарон санги пешпо шавем ва дар ҷамоат ҷудоӣ андозем. Албатта, мо асло намехоҳем, ки чунин шавад (1 Қӯринтиён 8:9-ро хонед; 10:23, 24). Биёед бо ду мисоле бинем, ки чӣ тавр принсипҳои Каломро ба кор бурда мулоҳизакор бошему осоиштагиро дар ҷамоат нигоҳ дорем.

Агар боандеша бошед, нуқтаи назари дигаронро эҳтиром мекунед (Ба сархати 14 нигаред.)

14. Дар мавриди либос ва афту андом кадом принсипи Китоби Муқаддасро бояд ба назар гирем?

14 Либос ва афту андом. Яҳува дар бораи либоспӯшӣ ва афту андом ба мо ягон қонуну қоидаи аниқ надодааст. Ӯ ба мо танҳо принсипҳое додааст, ки аз рӯйи онҳо амал кунем. Хуб мебуд, ки либосамон худотарс, боандеша, хоксор ва солимфикр будани моро нишон диҳад (1 Тим. 2:9, 10; 1 Пет. 3:3). Инчунин он набояд диққати дигаронро аз ҳад зиёд ба мо ҷалб созад. Пирони ҷамоат принсипҳои Каломро ба кор бурда, дар хусуси либоспӯшӣ ва афту андом дар ҷамоат ягон қонуну қоида ҷорӣ намекунанд. Масалан, дар як ҷамоат бародарони ҷавон мӯяшонро ба таври замонавӣ оро дода буданд. Он кӯтоҳ, вале бетартибу парешон буд. Пирони ҷамоати онҳо чӣ кор карданд, ки маслиҳаташон чун қонуну қоида натобад? Як нозири ноҳиявӣ ба онҳо маслиҳат дод, ки чунин гӯянд: «Агар шумо аз минбар баромад кунеду одамон ба суханонатон неву ба афту андоматон бештар диққат диҳанд, ин нишон медиҳад, ки дар сару либос ва афту андоматон чӣ камбудие ҳаст». Ин маслиҳат ба пирони ҷамоат кумак кард, ки масъаларо бе ягон қонуну қоидаи зиёдатӣ ҳал кунанд d.

Агар боандеша бошед, нуқтаи назари дигаронро эҳтиром мекунед (Ба сархати 15 нигаред.)

15. Ҳангоми интихоби табобат кадом қонуну принсипҳои Китоби Муқаддасро бояд фаромӯш насозем? (Румиён 14:5).

15 Саломатӣ. Ҳар як масеҳӣ худаш қарор мекунад, ки чӣ тавр саломатияшро нигоҳ дорад (Ғал. 6:5). Дар Китоби Муқаддас фақат якчанд қонуне ҳаст, ки ба кадом табобатро интихоб намудани масеҳӣ таъсир мерасонад. Масалан, қонун дар бораи хун ва ҷодугарӣ (Кор. 15:20; Ғал. 5:19, 20). Дар дигар мавридҳо бошад, интихоб дар дасти худамон аст. Баъзеҳо барои табобат ба беморхона мераванд, баъзеи дигар бошанд, дигар тарзҳои табобатро интихоб мекунанд. Тарзи табобате, ки интихоб кардем, ба мо сахт маъқул бошад ҳам, мо набояд фикри худро ба дигарон бор карда, нисбати интихоби онҳо беэҳтиромӣ зоҳир кунем. Мо бояд фикрҳои зеринро дар ёд дорем: 1) танҳо Подшоҳии Худо ба мо шифои комил ва тани бедард мебахшад (Иш. 33:24). 2) Ҳар як масеҳӣ бояд бовар ҳосил кунад, ки барояш чӣ беҳтар аст. (Румиён 14:5-ро хонед.) 3) Мо дигаронро доварӣ намекунем ва барояшон санги пешпо намегардем (Рум. 14:13). 4) Мо набояд ҳаққу ҳуқуқи худро аз ягонагии ҷамоат боло гузорем (Рум. 14:15, 19, 20). Агар мо ин фикрҳоро дар ёд дорем, муносибатамон бо бародару хоҳарон вайрон намешаваду дар ҷамоат сулҳу ягонагӣ пойдор мегардад.

Агар боандеша бошед, нуқтаи назари дигаронро эҳтиром мекунед (Ба сархати 16 нигаред.)

16. Чӣ тавр пири ҷамоат дар муносибат бо пирони дигар боандеша буда метавонад? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

16 Пирон бояд дар боандешагӣ намуна бошанд (1 Тим. 3:2, 3). Масалан, пире ки синнаш аз дигар пирон калон аст, фикр намекунад, ки бояд ҳамеша ба гуфти ӯ кунанд. Ӯ дарк мекунад, ки Яҳува рӯҳи муқаддасашро ба ҳар як бародар медиҳад ва ҳар як пир пешниҳоди хубе карда метавонад, ки аз он ҳайати пирон ба хулосаи дуруст ояд. Пири боандеша агар бинад, ки қарори бародарон ягон принсипи Китоби Муқаддасро вайрон намекунад, бо дилу ҷон бо фикри аксарият розӣ мешавад, ҳатто, агар фикраш аз дигарон фарқ кунад.

ФОИДАИ БОАНДЕШАГӢ

17. Масеҳиёни боандеша кадом баракатҳоро доранд?

17 Мо аз боандешагӣ фоидаи бисёр мегирем. Масалан, муносибатамон бо бародару хоҳарон беҳтар мешаваду аз ягонагии ҷамоат баҳра мебарем. Мо хеле хурсандем, ки бо одамони шахсият ва маданияташон гуногун дар ягонагӣ Яҳуваро парастиш мекунем. Аз ҳама муҳимаш, мо шодем, ки ба Худои боандешаамон, Яҳува, пайравӣ мекунем.

СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем

a Яҳува ва Исо боандешаанд ва мехоҳанд, ки мо ҳам ин хислатро дар худ инкишоф диҳем. Агар боандеша бошем, ба ҳар дигаргунӣ дар зиндагиямон мутобиқ мешавем, масалан, агар бо беморӣ ё бепулӣ дучор шавем. Инчунин ин хислат ба мо кумак мекунад, ки дар ҷамоат сулҳу ягонагиро нигоҳ дорем.

b Ба мақолаи «Как относиться к изменениям в жизни» аз «Бедор шавед!»-и №4, с. 2016 нигаред.

c Барои тамошо кардани ин видеонавор дар сомонаи jw.org, дар саҳифаи ҷустуҷӯ «Мусоҳиба бо бародар Дмитрий Михайлов» нависед.

d Дар бораи сару либос ва тозагӣ аз дарси 52-и китоби «То абад зинда бошед!» маълумоти иловагӣ ёфта метавонед.