Маслиҳатҳо барои омӯзиш
Пеш аз ҳама чиро омӯзем?
Ҳар яки мо барои омӯзиши шахсӣ вақти он қадар зиёд надорем. Чӣ тавр аз ин вақти пурқимат самаранок истифода барем? Маслиҳати якум, кам бошаду хуб бошад. Ба ҷойи саросемавор аз назар гузарондани маълумоти бисёр, беҳтараш, маълумоти камро бодиққат омӯзед.
Дуюм, чизҳои муҳимтарро муайян кунед (Эфс. 5:15, 16). Ана, якчанд маслиҳат:
Китоби Муқаддасро ҳар рӯз хонед (Заб. 1:2). Сараввал, шумо метавонед мувофиқи реҷаи вохӯрии байни ҳафта якчанд боби Китоби Муқаддасро хонед.
Ба омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» ва вохӯрии байни ҳафта нағзакак тайёрӣ бинед, то дар муҳокима иштирок кунед (Заб. 22:22).
Ҳамин ки вақт ёфтед, дигар озуқаи рӯҳониро низ аз худ кунед, масалан, маҷаллаҳои оммавӣ, видеонаворҳо ва мақолаҳое, ки дар сомонаи jw.org мебароянд.
Барои омӯзиш ягон мавзуъро интихоб карда, таҳқиқ кунед. Фарз кардем, ба шумо маълумот дар бораи паси сар кардани душвориҳо даркор аст ё шумо ҷавоби ягон савол ё аз Китоби Муқаддас чизеро беҳтар фаҳмидан мехоҳед. Фикрҳои хубро дар сомонаи jw.org аз бахши «БИБЛЕЙСКИЕ ЗАДАНИЯ» ёфта метавонед.