МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 30
Муҳаббататонро фурӯзон нигоҳ доред!
«Бо муҳаббат дар ҳама чиз... афзоиш кунем» (ЭФС. 4:15).
СУРУДИ 1 Хислатҳои Яҳува
ПЕШГУФТОР a
1. Вақти сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас шумо дар бораи чиҳо фаҳмидед?
ВАҚТИ нав бо Китоби Муқаддас шинос шуданатонро дар ёд доред? Вақте шумо якум бор номи Яҳуваро фаҳмидед, шояд ҳайрон шудед. Ё вақте фаҳмидед, ки Худо одамонро дар дӯзах намесӯзонад, оҳи сабук кашидед. Бешак, вақте фаҳмидед, ки бо наздиконатон аз нав дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ карда метавонед, беҳад шод шудед.
2. Ҳангоми фаҳмидани ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас шумо чӣ пешравӣ кардед? (Эфсӯсиён 5:1, 2).
2 Ҳар қадаре шумо Каломи Худоро меомӯхтед, ҳамон қадар муҳаббататон ба Яҳува зиёд мегашт. Аз муҳаббат шумо чизҳои хондаатонро ба кор мебурдед. Аз рӯйи маслиҳатҳои Худо амал карда, шумо қарорҳои бохирадона қабул мекардед. Шумо фикру рафторатонро дигар кардед, то дили Яҳуваро шод гардонед. Ҳамин тавр, мисли кӯдаке, ки ба волидонаш тақлид мекунад, шумо ба Яҳува пайравӣ мекардед. (Эфсӯсиён 5:1, 2-ро хонед.)
3. Кадом саволҳоро ба худ дода метавонем?
3 Аз худ пурсед: «Оё ман Яҳуваро аз пештара дида бисёртар дӯст медорам? Оё аз вақти таъмидам инҷониб фикрронию рафторам ба Яҳува бештар монанд шудааст? Оё ба бародару хоҳарон муҳаббати бештар нишон медиҳам?» Агар шумо пай баред, ки муҳаббати аввалаатон аз ин ё он ҷиҳат хунук шудааст, зиқ нашавед. Бо масеҳиёни асри як низ чунин шуда буд. Дили Исо аз онҳо намонд, аз мо низ ӯ умедашро намеканад (Ошкор. 2:4, 7). Охир, ӯ медонад, ки мо муҳаббати аввалаамонро фурӯзон карда метавонем.
4. Дар ин мақола чиро дида мебароем?
4 Дар ин мақола мебинем, ки чӣ тавр мо муҳаббатамонро ба Яҳува зиёд кунем. Баъд мефаҳмем, ки қавӣ кардани муҳаббат ба мо ва дигарон чӣ баракатҳо меорад.
ДАР ХУДОДӮСТӢ АФЗОЕД
5, 6. Павлус дар давоми хизматаш бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ шуд, лекин чаро хизматашро бас накард?
5 Павлуси расул ба Яҳува хизмат карда аз ҳаёташ хурсандӣ мегирифт. Лекин ин гуна ҳаёт осонакак ба даст наомада буд. Ӯ зуд-зуд сафарҳои дурудароз мекард. Дар замони ӯ сафар кардан хеле душвор буд — Павлус баъзан бо «хатари дарёҳо» ва бо «хатарҳо аз дасти роҳзанон» рӯ ба рӯ мешуд. Ӯро ҳатто борҳо душманон латукӯб карда буданд (2 Қӯр. 11:23–27). Дар ҷамоат бошад, масеҳиён барои меҳнату фидокории ӯ на ҳамеша миннатдорӣ мекарданд (2 Қӯр. 10:10; Флп. 4:15).
6 Чӣ ба Павлус кумак кард, ки хизмати Яҳуваро давом диҳад? Ӯ аз Навиштаҳо ва ҳаёти худ дар бораи Яҳува бисёр чизҳоро фаҳмиду дилпур шуд, ки Яҳува ӯро дӯст медорад (Рум. 8:38, 39; Эфс. 2:4, 5). Худи ӯ ҳам Яҳуваро хеле дӯст дошт ва барои нишон додани миннатдорияш ӯ «ба покон хизмат» мекард ва ин корашро давом медод (Ибр. 6:10).
7. Як роҳи сахттар дӯст доштани Яҳува кадом аст?
7 Як роҳи сахттар дӯст доштани Яҳува бодиққат омӯхтани Каломи ӯ мебошад. Ҳангоми хондани Китоби Муқаддас мулоҳиза кунед, ки ҳар як порча дар бораи Яҳува чиро ба мо ошкор мекунад. Аз худ пурсед: «Чӣ тавр ин порча нишон медиҳад, ки Яҳува маро дӯст медорад? Чӣ тавр ин оятҳо муҳаббатамро ба Яҳува зиёд мекунанд?»
8. Чӣ тавр дуо муҳаббати моро ба Худо зиёд мекунад?
8 Роҳи дигари зиёд кардани муҳаббат ба Яҳува пайваста дуо гуфтану холӣ кардани дил мебошад (Заб. 25:4, 5). Яҳува бошад, ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад (1 Юҳ. 3:21, 22). Кэн b ном хоҳаре аз Осиё мегӯяд: «Вақте ман дар бораи Яҳува дониш мегирифтам, ӯро дӯст доштам, лекин, вақте ҷавоби дуоҳоямро медидам, меҳрам ба ӯ афзудан мегирифт. Аз миннатдорӣ ман ҳам мехостам корҳои ба Яҳува маъқулро кунам».
ДАР ОДАМДӮСТӢ АФЗОЕД
9. Кадом хислати Тимотиюс ҷолиби диққат буд?
9 Баъди чанд соли масеҳӣ шуданаш Павлус бо Тимотиюс ном ҷавони хубе шинос шуд. Тимотиюс Яҳува ва халқи ӯро дӯст медошт. Павлус дар бораи ӯ ба филиппиён чунин гуфт: «Ман каси дигаре надорам, ки феълу табиати ӯро дошта бошад ва дар бораи шумо аз таҳти дил ғамхорӣ кунад» (Флп. 2:20). Павлус дар ин ҷо суханвару ташкилотчии хуб будани Тимотиюсро дар назар надошт, балки муҳаббатеро, ки ӯ ба масеҳиён дошт, қайд кард. Бешубҳа, ҷамоатҳои бисёр хабаргирии ӯро бесаброна интизор буданд (1 Қӯр. 4:17).
10. Анна ва шавҳараш аз муҳаббат ба ҳамимонон чӣ кор карданд?
10 Мо низ бо ҳар роҳ ба бародару хоҳарон ёрдам карда метавонем (Ибр. 13:16). Биёед мисоли Аннаро дида бароем, ки дар мақолаи гузашта дар борааш гуфта будем. Ӯ ва шавҳараш баъди тӯфони сахт як оилаи Шоҳидонро хабар гирифтанд. Дар натиҷаи тӯфон боми хонаи ин оила фурӯ рафта буду онҳо ягон либоси тоза надоштанд. Анна мегӯяд: «Мо либосҳои онҳоро гирифта шустем, дарзмол намудем ва таҳ карда, оварда додем. Ин кори он қадар мушкил набуд, лекин дӯстии моро якумр мустаҳкам кард». Аннаю шавҳараш маҳз аз муҳаббат ба онҳо дасти ёрӣ дароз карданд (1 Юҳ. 3:17, 18).
11. а) Муҳаббати мо ба дигарон чӣ тавр таъсир карда метавонад? б) Мувофиқи Панднома 19:17 Яҳува ба рафтори муҳаббатомези мо чӣ назар дорад?
11 Вақте мо аз меҳрубонию дилсӯзӣ ба дигарон ёрдам мекунем, онҳо мебинанд, ки мо ба фикрронию амалҳои Яҳува пайравӣ кардан мехоҳем. Шояд мо ҳатто пай набарем, ки онҳо аз мо чӣ қадар миннатдор мешаванд. Кэн ном хоҳаре, ки дар сархатҳои боло дар борааш гуфтем, аз касоне, ки ба ӯ кумак карданд, бо меҳрубонӣ ёдовар мешавад. Ӯ мегӯяд: «Ман аз хоҳарони азизам миннатдорам, ки маро ба хизмат мегирифтанд, ба меҳмонӣ мебурданд ва сиҳату саломат ба хонаам оварда мемонданд. Ҳозир дарк мекунам, ки онҳо чӣ қадар заҳмат макашиданд. Ҳамаи ин корҳоро онҳо аз муҳаббат мекарданд». Лекин ҳар кас имконият надорад, ки барои ягон корамон миннатдорӣ баён кунад. Кэн мегӯяд: «Ман мехоҳам некиҳоеро, ки ба ман карданд, баргардонам, вале намедонам, ки онҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд. Яҳува бошад, медонад. Аз ин рӯ дуо мегӯям, ки барои корҳои некашон ба онҳо подош диҳад». Хоҳарамон рост мегӯяд. Ҳатто хурдтарин коре, ки аз муҳаббат мекунем, дар назари Яҳува қурбонии қиматбаҳо ва қарзест, ки ӯ ҳатман адо мекунад. (Панднома 19:17-ро хонед.)
12. Чӣ тавр бародарон муҳаббаташонро ба аҳли ҷамоат нишон дода метавонанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
12 Агар шумо бародар бошед, чӣ тавр ба дигарон муҳаббат нишон дода, кумак карда метавонед? Бародари ҷавоне бо номи Ҷордан аз пири ҷамоаташон пурсид, ки чӣ тавр ба бародару хоҳарон бисёртар ёрдам кунад. Пир ӯро барои корҳое, ки аллакай мекард, таъриф карду якчанд маслиҳат дод. Масалан, ӯ ба Ҷордан гуфт, ки барвақттар ба Ибодатгоҳ омада, дигаронро пешвоз гирад, дар вохӯриҳо иштирок кунад, мунтазам бо гурӯҳаш ба хизмат равад ва бинад, ки ба дигарон чӣ хел ёрдам даркор аст. Вақте Ҷордан ин маслиҳатҳоро ба кор бурд, ӯ на танҳо сифату ҳунарҳои навро дар бар кард, балки муҳаббаташ ба бародару хоҳарон зиёдтар шуд. Ӯ фаҳмид, ки, вақте бародар хизматгузори ҷамоат мешавад, ба дигарон кумак карданро сар намекунад, балки кумакашро давом медиҳад (1 Тим. 3:8–10, 13).
13. Чӣ тавр муҳаббат ба бародаре кумак кард, ки аз нав пири ҷамоат хизмат кунад?
13 Агар шумо пеш хизматгузори ҷамоат ё пир хизмат мекардеду ҳозир ягон таъйинот надошта бошед-чӣ? Яҳува корҳоеро, ки шумо пештар аз муҳаббат мекардед, дар ёд дорад (1 Қӯр. 15:58). Ӯ ҳамчунин муҳаббатеро, ки то ҳол нишон медиҳед, мебинад. Вақте Кристиан ном бародареро аз пирӣ гирифтанд, ӯ сахт зиқ шуд. Лекин ӯ мегӯяд: «Ман қарор кардам, ки хоҳ ягон таъйинот дошта бошам, хоҳ не, ҳама корро аз муҳаббат ба Яҳува мекунам». Бо гузашти вақт Кристианро пир таъйин карданд. Ӯ илова мекунад: «Ман он вақт барои аз нав пир хизмат кардан каме даступо хӯрда будам. Лекин қарор кардам, ки, агар Яҳува лутф карда ҳамин супоришро ба ман дода бошад, аз муҳаббат ба ӯ ва дигарон ин корро давом медиҳам».
14. Шумо аз Елена чӣ омӯхтед?
14 Хизматгорони Яҳува, ғайр аз ин, ба дигарон муҳаббат нишон медиҳанд (Мат. 22:37–39). Масалан, Елена ном хоҳаре аз Гурҷистон мегӯяд: «Дар аввал ман фақат аз муҳаббат ба Яҳува мавъиза мекардам. Бо афзудани худодӯстиям меҳрам ба одамон низ зиёд шуд. Ман душвориҳои одамонро пеши назар меовардам ва фикр мекардам, ки кадом мавзуъ ба онҳо шавқовар аст. Ҳар қадаре дар бораи одамон фикр мекардам, ҳамон қадар ёрдам додан мехостам» (Рум. 10:13–15).
БАРАКАТҲОЕ, КИ ОДАМДӮСТӢ МЕОРАД
15, 16. Мувофиқи расмҳо одамдӯстӣ кадом баракатҳо меорад?
15 Вақте мо ба ҳамимонон ёрдам мекунем, на танҳо онҳо, балки дигарон низ манфиат мегиранд. Вақте вабои COVID-19 сар зад, бародаре бо номи Паоло ва ҳамсараш ба бисёр хоҳарони пиронсол ёд доданд, ки чӣ тавр ба воситаи таҷҳизоти электронӣ хизмат кунанд. Дар аввал ин кор барои як хоҳар душвор буд, лекин баъд ёд гирифт. Ӯ аз таҷҳизоти электронияш истифода бурда, хешу таборашро ба Шоми ёдбуд таклиф кард. Дар натиҷа шаст нафари онҳо ба воситаи интернет ба ин маросим пайваст шуданд. Бинед ки на танҳо хоҳар, балки хешу табораш низ аз ёрдами Паоло ва ҳамсараш манфиат гирифтанд. Баъдтар хоҳар ба Паоло навишт: «Ҳазор раҳмат, ки ба мо пиронсолон кумак кардед. Ман ҳеҷ гоҳ ғамхории Яҳува ва заҳматҳои шуморо фаромӯш намекунам».
16 Аз чунин воқеаҳо Паоло як дарси муҳим гирифт: муҳаббат назар ба қобилиятҳои табиӣ хеле муҳим аст. Ӯ мегӯяд: «Ман нозири ноҳиявӣ хизмат мекардам. Имрӯз дарк мекунам, ки бародару хоҳарон, эҳтимол, нутқҳои маро дар ёд надошта бошанд, лекин кумакеро, ки ба онҳо расондаам, фаромӯш накардаанд».
17. Вақте муҳаббат нишон медиҳем, боз кӣ манфиат мегирад?
17 Вақте мо ба дигарон муҳаббат нишон медиҳем, худамон нафаҳмида манфиат мегирем. Инро Ҷонатан ном бародаре аз Зеландияи Нав пай бурд. Як рӯзи шанбе ӯ дид, ки пешраве дар офтоби гарм танҳо хизмат мекунад. Ҷонатан қарор кард, ки ҳар рӯзи шанбе баъди нисфирӯзӣ бо ин пешрав хизмат мекунад. Ӯ намедонист, ки аз ин кори нек худи ӯ чӣ қадар манфиат мегирад. Ӯ мегӯяд: «Одатан ман хизмат карданро дӯст намедоштам. Лекин вақте чӣ тавр хизмат кардани ин бародар ва самараи хизматашро дидам, шавқам ба хизмат зиёд гашт. Ғайр аз ин, дӯсти беҳтарине ёфтам, ки барои пешравии рӯҳониям кумак кард. Акнун ман аз хизмат хурсандӣ мегирифтам ва ба Яҳува наздиктар шудам».
18. Яҳува чӣ кор кардани моро мехоҳад?
18 Яҳува мехоҳад, ки муҳаббати мо ба дигарон афзоиш ёбад. Чи хеле фаҳмидем, агар Каломи Худоро хонда, мулоҳиза ронем ва мунтазам ба Яҳува дуо гӯем, пайванди муҳаббатамон ба ӯ қавӣ мешавад. Агар ба бародару хоҳарон бо роҳҳои гуногун дасти ёрӣ дароз кунем, муҳаббатамон ба дигарон зиёд мешавад. Вақте муҳаббатамон афзоиш меёбад, мо ба Яҳува ва ҳамимонон наздиктар мешавем. Ҳамин тавр дӯстии мо то абад пойдор мемонад.
СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо
a Хоҳ мо нав Шоҳиди Яҳува шуда бошем ё солҳои зиёд боз дар роҳи ростӣ бошем, пешрафти рӯҳонии мо тамом намешавад. Як роҳи давом додани чунин пешрафт дар муҳаббат афзудан аст. Дар ин мақола мо ду хел муҳаббатро мебинем: дӯст доштани Яҳува ва дигарон. Ҳангоми ҳаллу фасли ин мақола мулоҳиза кунед, ки шумо аллакай чӣ гуна пешравӣ кардед ва дар оянда аз кадом ҷиҳат пешравӣ карданиед.
b Баъзе номҳо иваз шудаанд.