Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 29

Оё шумо ба азоби азим тайёред?

Оё шумо ба азоби азим тайёред?

«Тайёр бошед» (МАТ. 24:44).

СУРУДИ 49 Яҳува паноҳгоҳи мост

ПЕШГУФТОР a

1. Тайёрӣ ба офатҳо чӣ аҳамият дорад?

 ТАЙЁРӢ одамро наҷот дода метавонад. Шахсе, ки ба офат тайёрӣ мебинад, ҳам ҷони худ ва ҳам ҷони дигаронро халос карда метавонад. Созмони аврупоие, ки ёрии башардӯстона мерасонад, чунин мегӯяд: «Тайёрии хуб ҳангоми офатҳо тақдирсоз аст».

2. Барои чӣ мо бояд ба азоби азим тайёр шавем? (Матто 24:44).

2 «Азоби азим» ногаҳон меояд (Мат. 24:21). Вале баръакси дигар офатҳо мо аз он бехабар нестем. Исо аллакай 2000 сол пеш пайравонашро огоҳ карда буд, ки барои ин рӯз омода бошанд. (Матто 24:44-ро хонед.) Агар мо пешакӣ тайёр шавем, ҳам худамон тоб меорем, ҳам ба дигарон ёрӣ мерасонем, ки истодагӣ кунанд (Луқ. 21:36).

3. Чӣ хел истодагӣ, ҳамдардӣ ва муҳаббат барои тайёр шудан ба азоби азим ба мо ёрдам мекунад?

3 Биёед се сифатеро дида бароем, ки дар азоби азим ба мо даркор мешаванд. Вақте дар расондани шумхабари доварӣ бо муқобилат дучор шавем, ба мо истодагӣ даркор аст (Ошкор. 16:21). Мо бояд ба амри Яҳува итоат карда, бовар кунем, ки ӯ моро ҳимоя мекунад. Вақте бародару хоҳаронамон баъзе чизу чора ё тамоми дороияшонро аз даст диҳанд, мо аз ҳамдардӣ ба онҳо дасти ёрӣ дароз карда метавонем (Ҳаб. 3:17, 18). Ниҳоят, ҳангоми ҳамлаи иттиҳоди халқҳо, шояд ба мо лозим ояд, ки бо бародару хоҳарон муддате якҷо зиндагӣ кунем (Ҳиз. 38:10–12). Агар ба онҳо муҳаббати қавӣ дошта бошем, ба ин замони душвор тоб меорем.

4. Китоби Муқаддас дар бораи инкишоф додани истодагӣ, ҳамдардӣ ва муҳаббат чӣ мегӯяд?

4 Навиштаҳо мегӯянд, ки мо бояд истодагӣ, ҳамдардӣ ва муҳаббатро инкишоф диҳем. Масалан, дар Луқо 21:19 гуфта мешавад: «Шумо бо истодагӣ ҷонатонро халос мекунед». Қӯлассиён 3:12 бошад, чунин мегӯяд: «[Дилсӯзиро] мисли либос бипӯшед». Дар 1 Таслӯникиён 4:9, 10 насиҳат дода мешавад: «Худи шумо аз Худо таълим гирифтаед, ки якдигарро дӯст доред... Лекин, эй бародарон, шуморо даъват мекунем, ки якдигарро боз ҳам бештар дӯст доред». Ин суханон ба масеҳиёни асри як навишта шуда буданд, ки аллакай борҳо истодагӣ, ҳамдардӣ ва муҳаббатро нишон дода буданд. Аммо ин хизматгорони содиқ минбаъд низ бояд ин хислатҳои зеборо инкишоф медоданд. Биёед бинем, ки чӣ тавр онҳо ин корро мекарданд ва чӣ хел мо аз онҳо ибрат гирифта ба азоби азим тайёр шавем.

ИСТОДАГИЯТОНРО ҚАВӢ СОЗЕД

5. Ба масеҳиёни асри як чӣ ёрӣ расонд, то дар озмоишҳо истодагӣ кунанд?

5 Ба масеҳиёни асри як истодагӣ сахт даркор буд (Ибр. 10:36). Ғайр аз душвориҳои муқаррарие, ки ҳамаи одамон доранд, онҳо мушкилиҳои дигар низ доштанд. Онҳоро на фақат сарварони дини яҳудӣ ва ҳукуматдорони румӣ озор медоданд, балки аъзои оилаи худашон низ (Мат. 10:21). Илова бар ин, дар ҷамоат онҳо бояд бо таъсири бади осиён ва таълимоти онҳо мубориза мебурданд (Кор. 20:29, 30). Ба ҳамаи ин сахтиҳо онҳо тоб оварданд (Ошкор. 2:3). Чӣ ба онҳо ёрӣ мерасонд? Фикр кардан дар бораи намунаи ходимони замони пеш, ки истодагӣ нишон дода буданд, масалан, дар бораи Айюб (Яъқ. 5:10, 11). Онҳо ҳамчунин аз Яҳува истодагӣ мепурсиданд ва дар бораи меваҳои хуби истодагияшон андеша мекарданд (Кор. 4:29–31; Кор. 5:41).

6. Мо аз хоҳарамон Мерита чӣ меомӯзем?

6 Мо низ ба озмоишҳо тоб меорем, агар дар бораи намунаҳое, ки дар Каломи Худо ва адабиётамон омадаанд, андеша кунем. Хоҳаре бо номи Мерита аз Албания бо муқобилати шадид аз тарафи аъзои оилааш дучор шуд. Ӯ мегӯяд: «Намунаи Айюби содиқро омӯхта, қувват ёфтам. Ӯ дар озмоишҳояш сабрро пеша карда, чунин гуфт: “То дами марг аз беайбиам даст намекашам!” (Айюб 27:5). Озмоишҳои ман дар пеши озмоишҳои Айюб ҳеҷанд. Айюби бечора намедонист, ки пушти ҳамаи ин бадиҳо кӣ истодааст, ман бошам, сабабгори озмоишҳоямро медонам».

7. Ҳатто агар ҳозир озмоиши сахте надошта бошем, чиро ёд гирифта метавонем?

7 Як роҳи дигари инкишоф додани истодагӣ кадом аст? Ба Яҳува зуд-зуд дуо гуфта диламонро ба ӯ холӣ кардан (Флп. 4:6; 1 Тас. 5:17). Шояд айни ҳол шумо озмоишҳои сангин надошта бошед. Вале оё ҳар гоҳе худро ғамгин, ночор ё нотавон ҳис мекунед, аз Яҳува роҳнамоӣ мепурсед? Агар дар вазъиятҳои хурди ҳаррӯза аз Худо мадад пурсидан одататон шавад, он гоҳ, вақте озмоишҳои ҷиддитар биёянд, ин корро фаромӯш намекунед. Он вақт, ҳангоми озмоишҳои сахттарин, шумо бовар хоҳед дошт, ки Яҳува медонад кай ва чӣ тавр ба шумо ёрдам кунад (Заб. 27:1, 3).

ИСТОДАГӢ

Дар ҳар як озмоиш истодагӣ карда ба озмоиши навбатӣ тайёр мешавем (Ба сархати 8 нигаред.)

8. Мисоли Мира чиро нишон медиҳад? (Яъқуб 1:2–4). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

8 Истодагӣ кардан ба озмоишҳои имрӯза моро ба азоби азим тайёр мекунад (Рум. 5:3). Бисёр бародару хоҳарон пай бурданд, ки як озмоиш онҳоро ба озмоиши навбатӣ омода месозад. Ба ягон сахтӣ тоб оварда, мо обутоб меёбем ва ба бинои имонамон як хишт зам мекунем. Мо дилпур мешавем, ки Яҳува моро дар ҳар ҳолат дастгирӣ мекунад. Бинои имонамон ки қавӣ шуд, ба бодҳои озмоишҳои оянда беҳтар тоб меорем. (Яъқуб 1:2–4-ро хонед.) Мира, пешраве аз Албания, инро дарк кард. Баъзан ба назараш метофт, ки танҳо ӯ чунин душвориҳои бисёр дорад. Вале кумаки Яҳуваро дар ин 20 соли охир ба ёд оварда, ба худ мегӯяд: «Ба Яҳува вафодор мон. Ба ёд биёр, ки дар ин солҳо ту дар чӣ қадар сахтиҳову набардҳо бо ёрии Яҳува дастболо шудаӣ. Намон, ки ин хизмати содиқонаат барбод равад». Шумо низ ба ёд оред, ки Яҳува чӣ хел дар гузашта дастгириятон карда буд. Дилпур бошед, ки ӯ ҳар амали содиқонаатонро мебинад ва барои истодагиятон шуморо мукофот медиҳад (Мат. 5:10–12). Агар чунин кунед, санъати истодагиро то азоби азим аз худ мекунед ва барои он замон тайёр мешавед.

ҲАМДАРДӢ НИШОН ДИҲЕД

9. Ҳамдардии бародарони Антиохия дар чӣ маълум шуд?

9 Боре дар сарзамини Яҳудия гушнагии сахте рӯй дод. Ҷамоати он ҷо аз ин азоб мекашид. Вақте бародарони Антиохияи Сурия аз ин хабардор шуданд, дилашон ба ҳамимононашон сӯхт. Аммо ҳамдардии онҳо ҳиссиёти холӣ набуд. Бародарони он ҷо «қарор карданд, ки ҳар кас аз рӯйи тавони худ ба бародарони Яҳудия кумак расонад» (Кор. 11:27–30). Ҳарчанд Яҳудия аз Антиохия дур буд, бародарони он ҷо азми қавӣ доштанд, ки ба аҳли имонашон дасти ёрӣ дароз кунанд (1 Юҳ. 3:17, 18).

ҲАМДАРДӢ

Ҳангоми офатҳо ҳамдардӣ нишон дода метавонем (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Вақте бародару хоҳарон аз офате зарар мебинанд, чӣ хел ҳамдардӣ нишон диҳем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

10 Мо низ, вақте мефаҳмем, ки бародару хоҳарон аз офате зарар дидаанд, ҳамдардӣ нишон дода ёриямонро дареғ намедорем. Мо метавонем аз пирон пурсем, ки чӣ хел ёрии бевосита расонем. Ҳамчунин метавонем ба кори умумиҷаҳонӣ хайрия кунем ё дар ҳаққи ин бародару хоҳарон дуо гӯем b (Пнм. 17:17). Соли 2020, баъди сар задани вабои COVID-19 беш аз 950 Кумитаи ёрӣ ба осебдидагон ташкил ёфт. Касоне, ки бо ин кумитаҳо ҳамкорӣ мекунанду аз дилсӯзӣ ба бародару хоҳарон ёрдам мекунанд, сазовори таърифу таҳсинанд. Ин бародару хоҳарони ҳамдард ба аҳли имонашон ёрии моддӣ ва рӯҳонӣ расонданд ва баъзан дар таъмиру навсозии хонаҳою ҷойҳои ибодат кумак карданд. (Бо 2 Қӯринтиён 8:1–4 муқоиса кунед.)

11. Ҳамдардии мо ба дигарон чӣ хел таъсир мекунад?

11 Вақте мо ба ҳамимононамон ҳангоми сар задани офати табиӣ ёрдам мекунем, ҳамдардиямон аз чашми дигарон пӯшида намемонад. Масалан, соли 2019 тундбоди Дориан дар ҷазираҳои Багам Ибодатгоҳеро вайрон кард. Вақти навсозии Ибодатгоҳ бародарон аз як мутахассис, ки Шоҳиди Яҳува набуд, пурсиданд, ки ҳаққи хизматаш чанд пул мешавад. Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ман барои дастгоҳҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва қувваи корӣ пул намегирам... Ҳамаи инро ман барои ташкилоти шумо хайрия мекунам, чунки ғамхории шумо ва дӯстонатон ба дилам таъсир кард». Аксари одамон Яҳуваро намешиносанд, вале онҳо рафтори Шоҳидонро мебинанд. Барои мо як шараф аст, ки одамон ҳамдардии моро дида сӯйи Худои «пур аз раҳм» — Яҳува, ҷалб мешаванд (Эфс. 2:4).

12. Чӣ хел имрӯз инкишоф додани ҳамдардӣ дар азоби азим ба мо даркор мешавад? (Ошкорсозӣ 13:16, 17).

12 Барои чӣ дар азоби азим ба мо ҳамдардӣ даркор мешавад? Китоби Муқаддас пешгӯйӣ мекунад, ки моро ҳам имрӯз, ҳам дар азоби азим барои дур истодан аз сиёсат озору азият медиҳанд. (Ошкорсозӣ 13:16, 17-ро хонед.) Эҳтимол, баъзе бародару хоҳарон барои пеш бурдани рӯзашон ба дастгирии мо муҳтоҷ шаванд. Ба наздикӣ Шоҳамон, Исои Масеҳ, барои доварӣ кардани одамон меояд. Биёед тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ӯ моро машғули корҳое ёбад, ки аз ҳамдардӣ шаҳодат медиҳанд. Он гоҳ мо Подшоҳиро «мерос» мегирем (Мат. 25:34–40).

МУҲАББАТАТОНРО ҚАВӢ СОЗЕД

13. Чӣ тавр масеҳиёни аввал аз рӯйи Румиён 15:7 амал карда пайвандҳои муҳаббаташонро қавӣ карданд?

13 Муҳаббат нишонаи асосии масеҳиёни аввал буд. Вале ин сифатро барояшон зоҳир кардан ҳамеша осон буд? Биёед барои мисол ҷамоати Румро мегирем. Дар он ҷо одамони маданияту фарҳангашон гуногун буданд. Масалан, баъзеҳо яҳудӣ буданду аз кӯдакӣ Шариати Мӯсоро риоя мекарданд. Баъзеи дигар бошанд, ғайрияҳудӣ буда, дар шароити тамоман дигар калон шуда буданд. Аз афташ, баъзе масеҳиён ғулом буданду баъзеяш озод. Эҳтимол, ҳатто баъзеи дигараш ғуломдор буданд. Чӣ тавр онҳо бо вуҷуди гуногунӣ ва фарқ миёни якдигар муҳаббаташонро қавӣ карда метавонистанд? Павлуси расул онҳоро ташвиқ намуда буд: «Якдигарро қабул кунед». (Румиён 15:7-ро хонед.) Калимае, ки ин ҷо «қабул кунед» тарҷума шудааст, маънои ба хонаи худ гарм пазироӣ кардан ё ба дӯстӣ қабул кардани касеро дорад. Масалан, Павлус ба Филемӯн дар хусуси ғуломи гурехтааш Онисимус чунин насиҳат дод: «Ӯро бо ҷону дил қабул кун» (Филем. 17). Прискило ва Акило бошанд, Апуллусро, ки дар бораи масеҳият камтар медонист, «ҳамроҳи худ» гирифтанд (Кор. 18:26). Ин масеҳиёни хушсифат якдигарро қабул мекарданд ва намегузоштанд, ки фарқу гуногунӣ онҳоро аз ҳам ҷудо кунад.

МУҲАББАТ

Мо ба муҳаббати бародару хоҳарон муҳтоҷем (Ба сархати 15 нигаред.)

14. Аннаю шавҳараш чӣ хел муҳаббаташонро нишон доданд?

14 Мо низ бо бародару хоҳарон дӯстӣ пайдо карда, муҳаббатамонро ба онҳо нишон дода метавонем. Онҳо бошанд, дар ҷавоб ба мо меҳрашонро нишон медиҳанд (2 Қӯринтиён 6:11–13). Хоҳар Анна ҳамроҳи шавҳараш ҳангоми сар задани вабои COVID-19 ба Африқои Ғарбӣ миссионер таъйин шуд. Азбаски онҳо бо бародарону хоҳарони маҳаллӣ вохӯрда наметавонистанд, ба воситаи интернет бо воизони маҳаллӣ суҳбатҳои видеоӣ мекарданд. Аннаю шавҳараш ба бародару хоҳарон мегуфтанд, ки мехоҳанд онҳоро хубтар шиносанд. Ин чӣ натиҷа овард? Воизони маҳаллӣ ба онҳо зуд-зуд занг зада, паёмак навиштан гирифтанд. Чаро Аннаю шавҳараш дар ин кор пешдастӣ карданд? Анна мегӯяд: «Муҳаббату дастгирие, ки бародару хоҳарон дар замонҳои хубу бад ба ману оилаам нишон доданд, дар ёди ман нақш баста буд. Аз ин рӯ ман мехостам ин муҳаббатро ба дигарон ҳам расонам».

15. Аз мисоли Ванеса чӣ ибрат мегирем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

15 Дар бисёр ҷамоатҳо воизоне хизмат мекунанд, ки фарҳанг, маданият ва шахсияташон гуногун аст. Вақте мо ба хислатҳои неки якдигар диққат медиҳем, муҳаббатамонро қавитар месозем. Барои Ванеса ном хоҳаре аз Зеландияи Нав бо баъзе ҳамимонон соз гирифтан душвор буд. Вале ба ҷойи худро аз онҳо дур гирифтан ӯ ҳамроҳашон вақти бештар гузаронд. Дар натиҷа фаҳмид, ки Яҳува барои кадом хислатҳояшон ин воизонро дӯст медорад. Ванеса мегӯяд: «Аз вақте ки шавҳарам нозири ноҳиявӣ таъйин шуд, ман бо воизони гуногун вақт мегузаронам. Азбаски дар ин ҷода кӯшиш карда будам, ҳоло бароям ин кор осонтар аст. Акнун ман рангорангиро дар ташкилот дӯст медорам. Маълум аст, ки Яҳува низ дӯст медорад, чунки одамони гуногунро ба ташкилоташ ҷалб кардааст». Вақте мо ба бародару хоҳарон бо чашми Яҳува нигаристанро ёд мегирем, муҳаббатамонро ба онҳо нишон медиҳем (2 Қӯр. 8:24).

Ҳангоми азоби азим, агар ҳамроҳи бародару хоҳарон бошем, соҳиби ҳимояи Яҳува мегардем (Ба сархати 16 нигаред.)

16. Муҳаббат доштан ба якдигар ҳангоми азоби азим чӣ қадар муҳим мешавад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

16 Ҳангоми азоби азим муҳаббат доштан бароямон ҳаётан муҳим мешавад. Вақти сар задани ин воқеа мо ҳимояро аз куҷо ёбем? Бинед, ки Яҳува ба халқаш дар бораи замони ҳамла ба Бобил чӣ дастур дод: «Эй халқи ман, ба ҳуҷраҳои даруният даро ва дарро аз пасат маҳкам кун. Лаҳзае пинҳон шав, то даме ки хашми ӯ бигзарад» (Иш. 26:20). Аз афташ, ин дастури Яҳува ба замони азоби азим низ дахл дорад. «Ҳуҷраҳои дарунӣ», ки ин ҷо гап дар бораашон меравад, шояд, ба ҷамоатҳои мо ишора кунанд. Аз ин рӯ дар азоби азим барои соҳиби ҳимояву пуштибонии Яҳува шудан мо бояд ба бародару хоҳаронамон пайвандем. Пас, биёед имрӯз барои инкишоф додани муҳаббат тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то он замон на фақат бародару хоҳаронро тоқат кунем, балки онҳоро дӯст дорем. Зинда мондани мо ба ҳамин вобаста аст.

АЗ ҲОЗИР ТАЙЁРӢ БИНЕД

17. Аз имрӯз ба азоби азим тайёрӣ дидан чӣ фоида дорад?

17 «Рӯзи бузурги Яҳува» бар сари сокинони замин балоҳои бисёре меорад (Саф. 1:14, 15). Ин вақт барои халқи Яҳува ҳам осон намешавад. Вале, агар мо ҳозир тайёрӣ бинем, дар оянда ором монда ба дигарон ёрдам карда метавонем. Тайёрии имрӯз дар оянда ба мо чӣ фоида меорад? Мо ба душвориҳое, ки дар оянда меоянд, истодагӣ мекунем, ба бародару хоҳаронамон аз ҳамдардӣ дасти ёрӣ дароз мекунем ва азбаски аллакай дӯст доштани якдигарро таълим гирифтаем, муҳаббатро аз ҳамимонон дареғ намедорем. Он гоҳ Яҳува ба мо ҳаёти ҷовидониро мукофот медиҳад ва мо дар дунёе зиндагӣ мекунем, ки аз азобу офатҳо дар он осоре нест (Иш. 65:17).

СУРУДИ 24 Доимо сӯи мукофот нигар!

a Ба наздикӣ азоби азим рӯй медиҳад. Он гоҳ мо бо воқеаҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки ҳеҷ гоҳ рӯй надода буданд. Барои ба азоби азим тайёр шудан ба мо се хислат ёрдам мекунад: истодагӣ, ҳамдардӣ ва муҳаббат. Биёед бинем, ки чӣ тавр масеҳиёни асри як ин хислатҳоро зоҳир мекарданд, чӣ тавр мо имрӯз онҳоро нишон дода метавонем ва чӣ хел ин се хислат дар азоби азим ба мо ёрӣ мерасонад.

b Касоне, ки ба ҷабрдидагон кумак кардан мехоҳанд, бояд варақаҳои зеринро пур карда, интизор шаванд, ки онҳоро барои иштирок дар чунин лоиҳа даъват кунанд: «Варақа барои шуъбаи маҳаллии лоиҳакашӣ ва сохтмон» (DC-50) ё «Варақа барои ихтиёриён» (А-19).