Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 31

«Пойдору устувор бошед»

«Пойдору устувор бошед»

«Эй бародарони азиз, пойдору устувор бошед» (1 ҚӮР. 15:58).

СУРУДИ 32 Матину устувор бошед!

ПЕШГУФТОР a

1, 2. Аз кадом ҷиҳат масеҳиро бо бинои баландошёнае монанд кардан мумкин? (1 Қӯринтиён 15:58).

 СОЛИ 1978 дар Токио биное сохтанд, ки сар ба фалак кашида буд. Одамон ҳайрон мешуданд, ки чӣ тавр ин бинои 60-ошёна, нигоҳ накарда ба ин қадар заминҷунбиҳо, устувор мемонад. Сир дар он аст, ки мутахассисон ин биноро хеле устувору ҳамзамон чандир сохтаанд, то дар ҳар хел заминҷунбиҳо ларзишро фурӯ бурда, нашиканад. Масеҳиён ба ин бино монанданд. Аз кадом ҷиҳат?

2 Масеҳиён бояд меъёри байни истодагӣ ва «чандирӣ»-ро донанд. Вақте гап дар бораи қонуну меъёрҳои Яҳува меравад, онҳо бояд пойдору устувор монанд. (1 Қӯринтиён 15:58-ро хонед.) Дар ин маврид онҳо фармонбардоранду бевафоӣ намекунанд. Лекин, агар вазъият имкон диҳад ё ҳатто зарур бошад, онҳо бояд бомулоҳиза ва «чандир»-у шаклпазир бошанд, яъне ба вазъият мутобиқ шаванд (Яъқ. 3:17). Масеҳие, ки ин корро ёд гирифтааст, на аз ҳад серталаб асту на бепарво. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр устувор бошем, Шайтон барои шикастани пойдориямон кадом панҷ усулро истифода мебарад ва чӣ тавр ба ӯ муқобилат кунем.

ЧӢ ТАВР ПОЙДОР МОНЕМ?

3. Дар Корнома 15:28, 29 кадом талаботи Қонунгузори Олӣ оварда шудааст?

3 Яҳува, Қонунгузори Олӣ, ҳамеша ба одамон қонунҳои равшану фаҳморо медод (Иш. 33:22). Масалан, дар асри як ҳайати роҳбарикунанда дар бораи се роҳе гуфт, ки масеҳиён бояд пойдор монанд: 1) танҳо Яҳуваро ибодат намуда, аз бутҳо дурӣ ҷӯянд, 2) хунро муқаддас донанд ва 3) меъёрҳои ахлоқии Яҳуваро риоя кунанд. (Корнома 15:28, 29-ро хонед.) Чӣ тавр масеҳиён дар рӯзҳои мо аз ин се ҷиҳат устувор монда метавонанд?

4. Чӣ тавр мо ба Яҳува вафодории бекамукостро нишон медиҳем? (Ошкорсозӣ 4:11).

4 Мо танҳо Яҳуваро ибодат карда, аз бутҳо дурӣ меҷӯем. Яҳува аз исроилиён вафодории бекамукостро талаб мекард (5 Мӯсо 5:6–10). Исо низ ҳангоми озмуда шуданаш рӯирост гуфт, ки инсон бояд танҳо Яҳуваро ибодат кунад (Мат. 4:8–10). Барои ҳамин мо на бутҳои аслиро парастиш мекунему на бутҳои маҷозиро. Барои мисол, аз намояндаҳои дин, сиёсатмадорон, ҳунармандон ё варзишгарон бут намесозем. Мо танҳо Яҳуваро мепарастем, зеро ӯ «ҳама чизро» офаридааст. (Ошкорсозӣ 4:11-ро хонед.)

5. Чаро мо бояд ба амри Яҳува дар бораи ҳаёт ва хун итоат кунем?

5 Мо хунро муқаддас медонем. Чаро? Чунки Яҳува гуфтааст, ки хун рамзи ҳаёт мебошад. Ҳаёт бошад, туҳфаи бебаҳои ӯ аст (3 Мӯсо 17:14). Вақте Яҳува якум бор ба одамон хӯрдани гӯштро иҷозат дод, хӯрдани хунро манъ кард (1 Мӯсо 9:4). Баъдтар, ҳангоми додани Шариати Мӯсо, ӯ ин амрашро такрор кард (3 Мӯсо 17:10). Инчунин ба воситаи ҳайати роҳбарикунандаи асри як ба масеҳиён дастур дод, ки «аз хун парҳез» кунанд (Кор. 15:28, 29). Мо низ дар масъалаҳои табобат ин амрро ба назар гирифта қарор мебарорем ва дар қарорамон устувор мемонем b.

6. Барои аз нигоҳи Яҳува ахлоқи пок доштан чӣ кор мекунем?

6 Мо ба меъёрҳои ахлоқии Яҳува маҳкам мечаспем (Ибр. 13:4). Павлуси расул ба мо маслиҳат додааст, ки майлҳои заминиямонро бикушем, яъне, ҳар як хоҳиши нодурустро решакан кунем. Мо аз коре ё тамошои чизе, ки моро ба бадахлоқӣ тела медиҳад, парҳез мекунем (Қӯл. 3:5; Айюб 31:1). Ҳар фикр ё амалеро, ки дӯстии мову Яҳуваро рахна мекунад, дарҳол аз худ дур мекунем.

7. Мо бояд чӣ кор кунем ва барои чӣ?

7 Яҳува мехоҳад мо ба ӯ «аз таҳти дил» итоат кунем (Рум. 6:17). Мо интихоб намекунем, ки кадом қонуни Яҳуваро риоя кунему кадомашро не, зеро ҳамаашон бароямон судманданд (Иш. 48:17, 18; 1 Қӯр. 6:9, 10). Мо мехоҳем дили Яҳуваро шод гардонем ва рӯҳияи забурнависро дошта бошем, ки гуфтааст: «Азм кардам, ки дастурҳои туро ба ҷо меорам, ҳамеша, то ба охир, иҷро мекунам» (Заб. 119:112). Лекин Шайтон дар пайи он аст, ки ин азми моро суст гардонад. Ӯ кадом усулу равишҳоро истифода мебарад?

ШАЙТОН ЧӢ ТАВР АЗМИ МОРО СУСТ КАРДАНӢ АСТ?

8. Шайтон чӣ тавр бо озорҳо азми моро шикастан мехоҳад?

8 Озору азият. Мо мехоҳем ҳамеша дар тарафи Яҳува бошем, лекин Иблис барои суст кардани азми мо аз ҳар тараф ба истодагиямон панҷа мезанад. Ӯ мехоҳад моро «фурӯ барад» ва дӯстиямонро бо Яҳува вайрон кунад (1 Пет. 5:8). Дар асри як масеҳиёнро барои пойдорияшон метарсонданд, мезаданд ва мекуштанд (Кор. 5:27, 28, 40; 7:54–60). Шайтон то ҳол аз ин равиш истифода мебарад. Инро мо аз муносибати бераҳмонаи мухолифон бо бародару хоҳарони Русия ва дигар давлатҳо дида метавонем.

9. Чаро аз фишори ноаён бояд эҳтиёт шавем? Мисол оред.

9 Фишори ноаён. Шайтон, ғайр аз ҳамлаҳои рӯирост, «макру ҳилла»-ро ба кор мебарад (Эфс. 6:11). Боб ном бародаре барои ҷарроҳии вазнин дар беморхона хоб буд. Ӯ духтуронро хабардор кард, ки чизе нашавад, хунро қабул намекунад. Ҷарроҳ ба қарори ӯ эҳтиромона муносибат кард. Лекин шаби пеш аз ҷарроҳӣ, вақте аъзои оилаи Боб ба хонаҳояшон рафтанд, як духтур пеши Боб омад. Ӯ гуфт, ки, шояд, барои ҷарроҳии ӯ хун даркор нашавад, лекин барои эҳтиёт дар таги дасташон меистад. Аз афташ, ин духтур фикр кард, ки Боб бе таъсири аҳли оила фикрашро дигар мекунад. Вале Боб дар қарораш устувор буд: ӯ ҳеҷ гоҳ барои хун гузарондан розӣ намешуд.

10. Чаро ақидаи инсонӣ хатарнок аст? (1 Қӯринтиён 3:19, 20).

10 Ақидаи инсонӣ. Агар мисли одамони ин ҷаҳон фикр кунем, бо гузашти вақт Яҳува ва меъёрҳои ӯро фаромӯш карда метавонем. (1 Қӯринтиён 3:19, 20-ро хонед.) Бисёр вақт «хиради ин ҷаҳон» шахсро ба қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисм тела медиҳад. Баъзе масеҳиёни Парғомус ва Тиётира ба таъсири одамони гирду атроф дода шуда, ба бадахлоқӣ ва бутпарастӣ даст заданд. Исо ҳар дуи ин ҷамоатро сарзаниш кард, чунки зинокориро дар миёни худ тоқат мекарданд (Ошкор. 2:14, 20). Мо ҳам дар байни одамоне зиндагӣ мекунем, ки фикрҳои нодурусташонро ба мо талқин мекунанд. Аъзои оила ва шиносон шояд ба мо фишор оранд, ки зидди меъёрҳои Яҳува рафтор кунем. Масалан, гуфтанашон мумкин, ки аз рӯйи хоҳишҳои ҷисм амал кардан ягон ҷойи бадӣ надорад ва меъёрҳои ахлоқии Китоби Муқаддас куҳна шудаанд.

11. Барои устувор мондан мо бояд аз чӣ эҳтиёт шавем?

11 Баъзан, шояд, мо фикр кунем, ки дастуроте, ки Яҳува медиҳад, ба қадри кофӣ аниқ нест. Мумкин ҳатто васвасае пайдо шавад, ки «аз доираи он чӣ навишта шудааст», берун бароем (1 Қӯр. 4:6). Дар замонҳои Исо намояндагони дин ҳамин тавр рафтор мекарданд. Онҳо ба Шариати Худо қоидаҳои бофтаи инсониро илова карда, ҳаёти одамони одиро вазнинтар мекарданд (Мат. 23:4). Яҳува ба мо ба воситаи Калом ва ташкилоташ дастуроти аниқ медиҳад. Шарт нест ба он чизе илова кунем (Пнм. 3:5–7). Аз ин рӯ мо аз рӯйи Навиштаҳо амал мекунем ва дар масъалаҳои интихоби шахсӣ барои ҳамдинонамон қоидабофӣ намекунем.

12. Шайтон чӣ тавр «суханони хушку» холиро истифода мебарад?

12 Фиребу дурӯғ. Шайтон бо «суханони хушку» холӣ ва «фикру ақидаҳои ҷаҳон» одамонро гумроҳ карда, аз ҳам ҷудо месозад (Қӯл. 2:8). Дар асри як Шайтон одамонро чӣ тавр гумроҳ мекард? Ба воситаи фалсафаи инсонӣ, қонуну қоидаи бофтаи яҳудиён ва талаботе, ки масеҳиён гӯё набояд аз Шариати Мӯсо як қадам берун монанд. Ин фикрҳо дурӯғ буданд, зеро диққати одамонро аз Сарчашмаи хирад — Яҳува, дур месохтанд. Имрӯз Шайтон аз расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда овозаҳои беасос, хабарҳои дурӯғ ва таблиғоти сиёсиро паҳн мекунад. Мо инро дар давоми вабои COVID-19 баръало дидем c. Касоне, ки ба маълумоти дурӯғ гӯш доданд, гирифтори ташвишҳои зиёд шуданд. Шоҳидони Яҳува бошанд, ба дастуроти ташкилот итоат карда, ба ин дом наафтоданд (Мат. 24:45).

13. Чаро мо набояд парешонхотир шавем?

13 Парешонхотирӣ. Мо набояд диққатамонро аз чизҳои муҳимтар дур кунем (Флп. 1:9, 10). Парешонхотирӣ вақту қувватеро, ки ба корҳои фоиданок сарф кардан мумкин, медуздад. Агар хӯрдан, нӯшидан, дамгирӣ, кор ё дигар чизҳо бароямон аввалиндараҷа бошанд, диққатамон парешон мешавад (Луқ. 21:34, 35). Ғайр аз ин, ҳар рӯз борони хабарҳо дар бораи баҳсҳои сиёсиву иҷтимоӣ ба сарамон мерезад. Онҳо мисли доманд, агар эҳтиёт нашавем, дар дилу фикрамон ягон тарафро ҷонибдорӣ мекунем. Шайтон ҳамаи ин ҳиллаҳоро бо як мақсад ба кор мебарад: ӯ мехоҳад азми дурусткориямонро суст кунад. Пас, биёед фаҳмем, ки чӣ тавр устувор монда, нагузорем, ки тири Шайтон ба нишон расад.

ЧӢ ТАВР УСТУВОР МОНЕМ?

Барои устувор мондан дар бораи бахшидани худ ба Яҳува ва таъмид фикр кунед, Каломи Худоро омӯхта, мулоҳиза ронед, дилатонро қавӣ созед ва ба Яҳува такя кунед (Ба сархатҳои 14–18 нигаред.)

14. Чӣ ба шумо кумак мекунад, ки дар тарафи Яҳува монед?

14 Дар бораи бахшидани худ ба Яҳува ва таъмидатон мулоҳиза кунед. Чаро шумо ин қадамҳоро гузоштед? Зеро мехостед тарафдори Яҳува бошед. Ба ёд оред: чаро шумо дилпур гаштед, ки ростиро пайдо кардед? Вақте дар бораи Яҳува дониш гирифтед, муҳаббат ва эҳтироми шумо ба Падари осмониятон зиёд гашт. Бо гузашти вақт имонатон мустаҳкам шуда, аз гуноҳҳои пештараатон пушаймон шудед. Корҳоеро, ки Яҳува аз онҳо нафрат дорад, бас кардеду мувофиқи хости Худо амал мекардед. Вақте фаҳмидед, ки Яҳува аз гуноҳатон гузаштааст, аз китфатон бори вазнине афтид (Заб. 32:1, 2). Шумо ба вохӯриҳо меомадед ва дар бораи чизҳои аҷоибе, ки фаҳмидед, ба дигарон нақл мекардед. Баъд худро ба Яҳува бахшидеду таъмид гирифтед. Акнун шумо бо роҳи ҳаёт равонаед ва азм доред, ки аз ин роҳ дур намешавед (Мат. 7:13, 14).

15. Чаро омӯзишу мулоҳиза манфиатовар аст?

15 Каломи Худоро омӯзед ва мулоҳиза ронед. Дарахте, ки решаҳои чуқур дорад, мустаҳкам аст. Мо низ, агар имонамон бар Каломи Худо чуқур реша давонад, устувор мемонем. Вақте дарахт калонтар мешавад, решаҳояш чуқуртару паҳнтар мегардад. Ба ин монанд, агар мо Китоби Муқаддасро омӯзему мулоҳиза ронем, имонамон бақувват гашта, дилпур мешавем, ки роҳҳои Худо беҳтаринанд (Қӯл. 2:6, 7). Фикр кунед, ки чӣ тавр Яҳува хизматгорони пешинаашро ҳимоя мекард ва дастуроту маслиҳатҳояш ба онҳо кумак мекарданд. Мисол, Ҳизқиёл фариштаеро, ки дар рӯъё ибодатгоҳро чену чоқ мекард, бодиққат мушоҳида менамуд. Он рӯъё имони Ҳизқиёлро қавӣ сохт ва мо ҳам аз он дар бораи нигоҳ доштани парастиши поки Яҳува дарсҳо мегирем d (Ҳиз. 40:1–4; 43:10–12). Агар мисли Ҳизқиёл Каломи Худоро омӯхта, дар бораи ҳақиқатҳои чуқури он мулоҳиза ронем, манфиат мегирем.

16. Чӣ тавр дили қавӣ Бобро ҳимоя кард? (Забур 112:7).

16 Дилатонро қавӣ кунед. Шоҳ Довуд муҳаббати пойдорашро ба Яҳува бо чунин суханон баён кард: «Дилам қавӣ аст, эй Худо» (Заб. 57:7). Оё дили мо ҳам қавӣ аст? Бале, агар ба Яҳува такя кунем. (Забур 112:7-ро хонед.) Маҳз таваккал ба Худо ба Боб, ки пештар дар борааш гуфта будем, кумак кард. Вақте духтур ба ӯ гуфт, ки хун аз рӯйи эҳтиёт дар таги дастамон меистад, ӯ дарҳол ҷавоб дод: «Агар ба ман хун доданӣ бошед, худи ҳозир аз беморхона меравам». Баъдтар ӯ ба ёд меорад: «Ҳатто як зарра дудилаю хавотир набудам».

Агар бунёди имонамон мустаҳкам бошад, дар ҳар озмоиш побарҷо мемонем (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Мо аз Боб чӣ меомӯзем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

17 Чӣ ба Боб кумак кард, ки дилаш қавӣ бошад? Ӯ хеле пеш аз ба беморхона рафтан қарор карда буд, ки ҳар чӣ нашавад, дар азмаш устувор мемонад. Якум, Боб мехост Яҳуваро шод кунад. Дуюм, ӯ Китоби Муқаддас ва адабиёти бар он асосёфтаро дар бораи муқаддас будани ҳаёт ва хун нағзакак омӯхт. Сеюм, ӯ дилпур буд, ки итоат ба роҳнамоии Яҳува ҳама вақт фоида меорад. Чӣ озмоише ба сарамон наояд, мо низ дили қавӣ дошта метавонем.

Бороқ бо одамонаш далерона Сисро ва лашкарашро сур мекунад (Ба сархати 18 нигаред.)

18. Аз Бороқ дар бораи ба Яҳува такя кардан чӣ меомӯзем? (Ба расми муқова нигаред.)

18 Ба Яҳува такя кунед. Биёед бинем, ки чӣ тавр ба дастури Яҳува гӯш додан ба Бороқ кумак кард, ки ғалаба ба даст орад. Яҳува ба Бороқ гуфт, ки бар зидди лашкари мусаллаҳи Сисрои канъонӣ барояд, ҳарчанд дар байни исроилиён на сипар дида мешуду на найза (Дов. 5:8). Дебӯро, ки пайғомҳои Худоро мерасонд, ба Бороқ гуфт, ки ба водӣ фаромада, бо Сисро ва 900 аробаи ӯ ҷанг кунад. Ҳарчанд Бороқ медонист, ки дар замини ҳамвор бар зидди душмане, ки аробаҳои ҷангӣ дорад, мубориза бурдан осон намешавад, ӯ ба амри Яҳува итоат кард. Ҳамин ки аскарон аз кӯҳи Тобӯр фаромаданд, Яҳува аз осмон борони сахте боронид. Аробаҳои Сисро дар лойқа руст монданду Бороқ бо ёрдами Яҳува бар канъониён дастболо шуд (Дов. 4:1–7, 10, 13–16). Агар мо ҳам ба Яҳува ва роҳнамоии ташкилоташ такя кунем, ғолиб меоем (5 Мӯсо 31:6).

ПОЙДОРИРО ШИОРИ ХУД СОЗЕД

19. Чаро шумо мехоҳед устувору пойдор монед?

19 То даме ки дар ин замона зиндагӣ дорем, мо бояд барои дар роҳи ростӣ пойдор мондан доимо мубориза барем (1 Тим. 6:11, 12; 2 Пет. 3:17). Биёед нагузорем, ки озору азият, фишори ноаён, ақидаи инсонӣ, макру фиреб ва парешонхотирӣ азмамонро суст кунанд (Эфс. 4:14). Беҳтараш, устувор буда, ба Яҳува вафодор ва ба амрҳояш итоаткор монем. Ҳамзамон мо бояд бомулоҳиза бошем. Дар мақолаи навбатӣ мо мулоҳизакории беҳамтои Яҳува ва Исоро дида мебароем.

СУРУДИ 154 Мо истодагӣ хоҳем кард

a Аз давраи Одаму Ҳавво сар карда Шайтон фикреро паҳн мекунад, ки одамон бояд худашон интихоб кунанд чӣ дуруст асту чӣ не. Ӯ мехоҳад, ки мо низ нисбати меъёрҳои Яҳува ва роҳнамоие, ки ба воситаи ташкилот мегирем, чунин рӯҳия дошта бошем. Ин мақола ба мо ёрдам мекунад, ки аз рӯҳияи ҷаҳони Шайтон эҳтиёт шавем ва бо азми қавӣ ба Яҳува итоат кунем.

b Маълумоти бештарро дар бораи назари Яҳува ба хун аз дарси 39-и китоби «То абад зинда бошед!» ёфта метавонед.

c Дар сомонаи jw.org ба мақолаи «Защитите себя от дезинформации!» нигаред.

d Барои гирифтани маълумоти бештар ба бобҳои 13 ва 14-и китоби «Парастиши пок ниҳоят барқарор шуд» (рус.) нигаред.