Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САРГУЗАШТ

Таваҷҷуҳи самимӣ баракатҳои зиёд меорад

Таваҷҷуҳи самимӣ баракатҳои зиёд меорад

Соли 1948 бо модарам ва хоҳарам, Пэт

«РОСТИРО кобед, зеро калисои англиканӣ онро таълим намедиҳад». Модарам баъди ин суханони бибиям, ки ба калисои англиканӣ мерафт, аз пайи ҷустуҷӯйи дини ҳақиқӣ шуд. Лекин ӯ Шоҳидони Яҳуваро қабул намекард ва ҳар дафъае, ки онҳо ба хонаамон, ба Торонтои Канада, меомаданд, ба ман ҳам мегуфт, ки пинҳон шавам. Лекин соли 1950, вақте холаам бо Шоҳидон омӯзишро сар кард, модарам низ ба ӯ ҳамроҳ шуд. Онҳо дар хонаи холаам омӯзиш мекарданд ва баъдтар таъмид гирифтанд.

Падарам дар Калисои муттаҳиди Канада коҳини маҳаллӣ буд. Барои ҳамин рӯзҳои якшанбе ману хоҳарамро ба мактаби ин калисо мефиристод. Баъди дарс, соатҳои 11:00, мо дар хизмати калисо ба ӯ ҳамроҳ мешудем. Баъди нисфирӯзӣ бошад, мо бо модарам ба Ибодатгоҳи Шоҳидон мерафтем. Ману хоҳарам фарқи ин ду динро баръало медидем.

Соли 1958 бо оилаи Ҳатчесон дар анҷумани байналхалқии «Хости илоҳӣ»

Модарам дар бораи дини наваш ба дӯстони деринааш, Боб ва Марион Ҳатчесон, нақл кард. Онҳо низ ростиро қабул карданд. Соли 1958 Боб ва Марион ману се писарашонро гирифта, ба анҷумани ҳаштрӯзаи байналхалқии «Хости илоҳӣ», ба шаҳри Ню-Йорк, сафар карданд. Ҳозир фикр мекунам, ки бо мо — чор кӯдак, ба он ҷо рафтан осон набуд, лекин он анҷуман дар дилам нақш гузошт.

ТАВАҶҶУҲИ ДИГАРОН БА ОЯНДАИ МАН ТАЪСИР КАРД

Дар наврасиям мо дар деҳот зиндагӣ мекардем. Дар он ҷо ман аз нигоҳубини ҳайвонот хурсандӣ мегирифтам. Он вақт орзу доштам, ки духтури ҳайвонот мешавам. Модарам дар ин бора бо як пири ҷамоат гап зад. Бародар бо меҳрубонӣ ба ман хотиррасон кард, ки мо дар «рӯзҳои охир» зиндагӣ дорем ва аз ман пурсид, ки, агар якчанд сол дар донишгоҳ хонам, дӯстиям бо Яҳува қавитар мешавад ё суст (2 Тим. 3:1). Дар натиҷа, ман қарор кардам, ки маълумоти олӣ намегирам.

Ман фикр мекардам, ки баъди хатми мактаби миёна бо чӣ кор машғул шавам. Ҳарчанд рӯзҳои шанбею якшанбе дар хизмат иштирок мекардам, хурсандӣ намегирифтам ва гумон мекардам, ки хизмати пешравӣ барои ман нест. Падару амакам, ки Шоҳиди Яҳува набуданд, дар Торонто, дар як корхонаи калон кор мекарданд. Онҳо маро ҳавасманд менамуданд, ки дар ин корхона ба кор дароям. Амакам дар он ҷо вазифаи калон дошт, барои ҳамин ман таклифи онҳоро қабул кардам ва рӯзи дароз кор мекардам.

Дар Торонто корамон беҳад бисёр буд ва ман бо касоне, ки ҳамимонамон набуданд, бисёр вақт мегузарондам. Барои ҳамин аз вохӯриҳо мемондам ва ҳалол хизмат карда наметавонистам. Дар аввал ман бо бобоям, ки Шоҳиди Яҳува набуд, зиндагӣ мекардам, лекин баъди марги ӯ аз пайи ёфтани ҷойи нав шудам.

Боб ва Марион, ки соли 1958 маро ба анҷуман бурданд, бароям мисли падару модар буданд. Онҳо маро ба хонаашон бо худ гирифтанд ва ёрдам карданд, ки пешрафти рӯҳонӣ кунам. Ҳамин тавр соли 1960 ман ҳам бо писарашон Ҷон таъмид гирифтам. Вақте Ҷон хизмати пешравиро сар кард, шавқи ман низ ба хизмат зиёд гашт. Пирони ҷамоат пешравиямро дида, маро ходими Мактаби таълими мавъиза a таъйин карданд.

ҲАМКОРИ БЕҲТАРИН ВА ТАЪЙИНОТИ НАВ

Соли 1966 дар рӯзи тӯямон

Соли 1966 ман бо Ренди Берг ном пешрави боғайрате оиладор шудам. Ренди бисёр мехост дар ҷойҳои камвоиз хизмат кунад. Нозири ноҳиявиямон ба мо пешниҳод кард, ки ба ҷамоати Ориллия (Онтариё) кумак кунем. Мо чизу чораамонро ҷамъ карда, ба он ҷо кӯчидем.

Завқи Ренди ба хизмат дар дили ман ҳам оташи ҳавас ангехт. Аз ин рӯ, ҳамин ки ба Ориллия кӯчидем, ман низ мисли Ренди пешрави доимӣ шудам. Хизмати пешравиро аз дилу ҷон ба ҷо оварда ман хеле хурсанд мешудам. Истифодаи Китоби Муқаддас дар хизмат ва дидани он ки чӣ тавр одамон ростиро қабул мекунанд, диламро пур аз шодӣ мекард. Мо хурсандем, ки дар Ориллия ба як ҷуфти ҳамсарон кумак кардем, ки ҳаёташонро дигар карда, хизматгори Яҳува шаванд.

ОМӮХТАНИ ЗАБОН ВА ИСЛОҲ КАРДАНИ ФИКРРОНӢ

Дар Торонто ман бо Арнолд Макнамара ном бародаре шинос шудам, ки дар Байт-Ил роҳбариро ба уҳда дошт. Ӯ аз мо пурсид, ки оё пешрави махсус шудан мехоҳем. Ман даррав ҷавоб додам: «Албатта, ба шарте моро ба Квебек нафиристанд». Ба ман рӯҳияи манфии сокинони англисзабони Канада таъсир карда буд. Одамон аз шӯришҳои ин минтақаи фаронсизабон норозӣ буданд. Он вақт як гурӯҳи сиёсӣ дар Квебек мехост он минтақаро аз Канада ҷудо созад.

Бародар Арнолд ҷавоб дод: «Ҳозир филиал пешравони махсусро фақат ба Квебек мефиристад». Ман дарҳол розӣ шудам, зеро медонистам, ки Ренди ҳаваси дар он ҷо хизмат кардан дорад. Баъдтар дарк кардам, ки ин қарори беҳтарин буд!

Баъди панҷ ҳафтаи курси забони фаронсавӣ ману Ренди ва боз як ҷуфти дигар ба Римуски роҳ пеш гирифтем. Он аз Монреал тақрибан 540 километр дур буда, аз тарафи шимолу шарқии он ҷойгир буд. Мо ҳанӯз бисёр чизро намедонистем. Боре дар як вохӯрӣ бояд эълон мекардам, ки дар анҷуман бисёр «меҳмонони австриягӣ меоянд». Ба ҷойи ин ман гуфтам, ки «шутурмурғон меҳмонӣ меоянд».

«Хонаи сафед» дар Римуски

Дар Римуски чор нафари мо, чор хоҳари боғайрати муҷаррад, ҳамсарон Ҳубердо ва ду духтарашон дар як ҷой зиндагӣ мекардем. Ҳамсарон Ҳубердо як хонаи калонро иҷора гирифта буданд ва ҳамаи пешравоне, ки он ҷо зиндагӣ мекарданд, барои иҷорапулӣ ёрдам медоданд. Мо он ҷоро «Хонаи сафед» номидем, зеро он пешайвон ва сутунҳои сафед дошт. Одатан он ҷо 12–14 нафар зиндагӣ мекард. Ману Ренди, ки пешрави махсус будем, саҳар, баъди нисфирӯзӣ ва бегоҳиҳо ба хизмат мебаромадем. Хурсанд будем, ки ҳамеша ҳамроҳ доштем, ҳатто дар бегоҳиҳои хунуки зимистон.

Мо чунон бо он пешравони содиқ наздик шудем, ки гӯё як оила бошем. Баъзан мо дар гирди гулхан ҷамъ мешудем ё «рӯзи пирогӣ» ташкил мекардем. Дар он рӯз ҳамакаса «пирогӣ» ном хӯроки хамирие пухта, дар дарунаш ҳар чиз меандохтем. Як бародар навозанда буд ва мо бисёр вақт бегоҳиҳои шанбе месароидему мерақсидем.

Замини Римуски ҳосилхез буд: ҳамагӣ дар панҷ сол мо дидем, ки якчанд омӯзанда пешравӣ карда, таъмид гирифт ва шумораи воизони ҷамоат тақрибан ба 35 нафар расид.

Дар Квебек таҷрибаи воизиямон хеле зиёд гашт. Мо дидем, ки чӣ тавр Яҳува дар хизмат моро дастгирӣ мекард ва ниёзҳои моддиямонро қонеъ мегардонд. Ғайр аз ин, мо одамони фаронсизабон, забону маданияти онҳоро дӯст доштем. Ин ба мо кумак кард, ки дигар забону маданиятро низ дӯст дорем (2 Қӯр. 6:13).

Филиал ногаҳон аз мо хоҳиш кард, ки ба шаҳри Тракади, ба тарафи шарқии Ню-Брансвик, кӯчем. Ин осон набуд, зеро мо навакак барои иҷораи як хона ҳуҷҷат имзо намуда будем. Ман бошам, барои рӯзи нопурра кор кардан бо як мактаб шартнома баста будам. Илова бар ин, баъзе омӯзандаҳоямон нав воиз шуда буданд ва дар Римуски сохтмони Ибодатгоҳ дар авҷ буд.

Мо рӯзҳои шанбею якшанбе дар бораи кӯчидан ба Тракади дуо гуфтем ва рафта, он ҷоро аз назар гузарондем. Он тамоман аз Римуски фарқ мекард. Оқибат қарор кардем, ки, агар Яҳува ба он ҷо рафтани моро хоҳад, меравем. Мо Яҳуваро имтиҳон кардем ва дидем, ки ӯ ҳамаи монеаҳоро аз пеши роҳи мо бардошт (Мал. 3:10). Баркамолӣ, фидокорӣ ва шӯхтабиатии ҳамсарам кӯчиданро бароям хеле осонтар кард.

Дар ҷамоати навамон танҳо як пир буд — бародар Роберт Рос. Ӯву занаш Линда дар Тракади пешрав буданд. Ҳатто баъди таваллуд кардани писари якумашон онҳо қарор карданд, ки пешравиро давом медиҳанд. Ҳарчанд баъди таваллуди кӯдак ташвиши зиёд доштанд, онҳо ҳамеша меҳмоннавоз буданду ғайрату завқашон дар хизмат суст намешуд. Намунаи онҳоро дида имони ману Ренди қавитар мегашт.

ДАР ҶОЙИ ВОИЗТАЛАБ ХУРСАНДОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ

Дар аввали хизмати нозирӣ, дар фасли зимистон

Баъди ду соли хизмат дар Тракади моро боз як хабари ногаҳонӣ интизор буд: моро барои хизмати нозирӣ даъват карданд. Мо дар минтақаи англисзабон ҳафт сол хизмат кардем, баъд моро ба минтақаи фаронсизабони Квебек таъйин карданд. Леонс Краполт, ки дар Квебек нозири минтақавӣ буд, ҳамеша маро барои нутқҳоям таъриф мекард ва баъдтар одатан мепурсид: «Чӣ хел дар суханрониҳоят корбурди фикрҳоро беҳтар нишон диҳӣ?» b Ин маслиҳат ба ман ёрӣ дод, ки нутқҳоямро одитару табиитар кунам.

Супорише, ки соли 1978 дар анҷумани байналхалқии «Имони ғалабаовар» ба ман дода буданд, ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад. Он дар Монреал шуда буд. Ман дар шуъбаи таъмини хӯрок кор мекардам. Мо 80 000 одамро бояд бо хӯрок таъмин мекардем ва бародарон гуфтанд, ки ин дафъа хурду хӯрок тамоман бо дигар тарз тақсим карда мешавад. Ҳама чиз нав буд: таҷҳизот, номгӯйи хӯрокҳо ва тарзи тайёр кардани онҳо. Мо тақрибан 20 яхдони калони ғелдор доштем, ки баъзан вайрон мешуданд. Пеш аз сар шудани анҷуман мо бояд дар варзишгоҳ ҳама чизро ҷо ба ҷо мекардем. Лекин дар он ҷо мусобиқаи варзишӣ мегузашт ва он танҳо ними шаб холӣ шуд. Мо бояд то дамидани субҳ ҳама чизро тайёр мекардем, то ки наҳорӣ дар вақташ омода бошад. Мо сахт монда шудем, лекин ман аз ин ихтиёриёни пухта, меҳнатдӯст ва шӯхтабиат бисёр чизҳоро омӯхтам. Мо ба онҳо чунон дил бастем, ки дӯстиямон то ҳол давом дорад. Ман хеле шодам, ки дар анҷумани таърихии Квебек иштирок кардам, дар минтақае, ки солҳои 1940–1950-ум озору азияти шадид буд.

Соли 1985 ману Ренди барои анҷуман дар Монреал тайёрӣ дида истодаем

Ҳангоми анҷуманҳои калоне, ки дар Монреал мегузаштанд, ман аз бародарони масъул бисёр чизро ёд гирифтам. Як сол бародар Дейвид Сплейн, ки ҳозир дар Ҳайати роҳбарикунанда хизмат мекунад, нозири анҷуман буд. Дар яке аз анҷуманҳои навбатӣ, вақте ба ман ин супоришро доданд, бародар Девид маро бисёр дастгирӣ кард.

Соли 2011, баъди 36 соли хизмати нозирӣ бо Ренди, аз ман хоҳиш карданд, ки дар Мактаб барои пирон муаллим шавам. Дар давоми ду сол мо дар 75 ҷой зиндагӣ кардем, лекин тамоми душвориҳо дар пеши баракатҳои хизматамон ҳеҷ буданд. Дар охири ҳар ҳафта пирон аз мо миннатдор мешуданд, чунки медиданд, ки чӣ қадар Ҳайати роҳбарикунанда ғами рӯҳонияташонро мехӯрад.

Баъдтар ман дар Мактаби воизони хушхабар дарс мегуфтам. Донишҷӯён аз реҷаи вазнини хониш монда мешуданд, зеро дар як рӯз тахминан ҳафт соат дарс мехонданду бегоҳиҳо бошад, се соати дигар вазифаи хонагӣ тайёр мекарданд. Онҳо, ғайр аз ин, ҳар ҳафта бо чор ё панҷ супориш баромад мекарданд. Ману дигар муаллим ба донишҷӯён мефаҳмондем, ки бе ёрдами Яҳува онҳо аз уҳдаи супоришҳояшон намебароянд. Ҳайрати донишҷӯёнро нағз дар ёд дорам. Онҳо медиданд, ки чӣ тавр ба Яҳува такя карда, аз уҳдаи корҳое мебароянд, ки ҳатто ба гӯшаи хаёлашон наомада буд.

ТАВАҶҶУҲИ САМИМӢ БАРАКАТҲОИ ЗИЁД МЕОРАД

Бо кӯшишу дастгирии модарам омӯзандагонаш пешравии рӯҳонӣ карданд. Таваҷҷуҳу меҳрубонии ӯ ба падарам низ таъсир карду муносибати ӯ ба ростӣ дигар шуд. Се рӯз баъд аз марги модарам, ӯ ба Ибодатгоҳ барои гӯш кардани нутқи дафн омада, моро ҳайрон кард. Падарам 26 соли охир ба вохӯриҳо меомад. Ҳарчанд он кас таъмид нагирифтанд, пирон мегуфтанд, ки ӯ ҳар ҳафта аввалин шуда ба вохӯриҳо меомад.

Намунаи модарам ба ману се хоҳарам низ таъсири калон расонд. Ҳар се хоҳарам бо шавҳарҳои худ ба Яҳува содиқона хизмат мекунанд. Як хоҳарам дар филиали Португалия ва дигараш дар филиали Ҳаити хизмат мекунад.

Ҳозир ману Ренди дар Ҳамилтони Онтариё пешрави махсус хизмат мекунем. Вақте нозир будам, моро дигарон ба омӯзишу боздидҳояшон мебурданд. Ҳозир бошад, аз дидани пешрафти омӯзандаҳои худамон хеле хурсанд мешавем. Мо бо бародару хоҳарони ҷамоати навамон дӯст шудем. Вақте мебинем, ки Яҳува ҳам дар вақтҳои хуб ва ҳам дар вақтҳои душвор онҳоро дастгирӣ мекунад, шод мегардем.

Мо аз ҳама бародару хоҳароне, ки дар давоми ин солҳо меҳру муҳаббат нишон доданд, аз замин то осмон миннатдорем. Мо низ аз муҳаббату ғамхорӣ онҳоро ташвиқ мекардем, ки чизи беҳтаринашонро ба Яҳува диҳанд (2 Қӯр. 7:6, 7). Масалан, дар як оила модар, писар ва духтарашон пешрави доимӣ хизмат мекарданд. Ман аз сардори оила пурсидам, ки ягон бор дар бораи пешрав шудан фикр кардааст ё не. Ӯ гуфт, ки дар ҳаққи се пешрав ғамхорӣ мекунад. Он гоҳ ман савол додам: «Оё ту аз Яҳува дида беҳтар ғамхорӣ карда метавонӣ?» Сипас шавқашро бедор карда гуфтам, ки, агар ӯ ҳам пешрав шавад, мисли зану фарзандонаш аз шаҳди хурсандии хизмат чашида метавонад. Баъди ним сол ӯ ҳам пешрав шуд.

Мо бо Ренди мехоҳем, ки минбаъд низ «ба насли оянда» дар бораи «корҳои аҷоиби» Яҳува нақл кунем (Заб. 71:17, 18). Мо умед дорем, ки онҳо низ хизматро мисли мо сахт дӯст хоҳанд дошт.

a Ҳоло нозири вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат».

b Саргузашти Леонс Краполт дар «Бурҷи дидбонӣ» аз моҳи феврали с. 2020, саҳ. 26–30 омадааст.