Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 25

СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост

Дар ёд доред, ки Яҳува «Худои зинда» аст

Дар ёд доред, ки Яҳува «Худои зинда» аст

«Яҳува Худои зинда аст!» (ЗАБ. 18:46).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки чаро дар ёд доштани он ки Яҳува «Худои зинда» аст, муҳим аст.

1. Чӣ ба халқи Яҳува кумак мекунад, ки бо вуҷуди душвориҳояшон хизмати ӯро давом диҳанд?

 ДАР Китоби Муқаддас рӯзҳои мо «замонҳои сахт» номида шудааст (2 Тим. 3:1). Илова бар душвориҳое, ки ҳар як инсон дар ин рӯзҳои охир дорад, хизматгорони Яҳува бо озору азият рӯ ба рӯ мешаванд. Чӣ тавр дар ин вазъиятҳо парастиши Яҳуваро бас накунем? Як роҳаш дар хотир доштани он аст, ки Яҳува «Худои зинда» аст (Ирм. 10:10; 2 Тим. 1:12).

2. Ба кадом маъно Яҳува Худои зинда аст?

2 Худои воқеӣ Яҳува дар озмоишҳо қувватбахши мост. Ӯ барои дастгирӣ карданамон пайт мекобад (2 Воқ. 16:9; Заб. 23:4). Агар дар ёд дорем, ки Яҳува «Худои зинда» аст, ҳар як озмоишро бо сари баланд паси сар мекунем. Биёед мисоли шоҳ Довудро дида бароем.

3. «Яҳува Худои зинда аст» гуфта, Довуд чиро дар назар дошт?

3 Довуд Яҳуваро мешинохт ва ба ӯ таваккал мекард. Вақте ки душманонаш, аз ҷумла шоҳ Шоул, ӯро сур мекарданд, Довуд ба Яҳува дуо гуфта аз ӯ ёрдам мепурсид (Заб. 18:6). Баъд аз он ки Яҳува ба дуои Довуд ҷавоб дода ӯро наҷот дод, Довуд гуфт: «Яҳува Худои зинда аст!» (Заб. 18:46). Бо ин суханон Довуд танҳо гуфтанӣ набуд, ки Худо вуҷуд дорад. Мувофиқи як маълумотнома, Довуд дар ин ҷо дилпурияшро ба он баён мекунад, ки Худои зинда Яҳува барои дастгирии халқаш ҳозиру омода аст. Бале, Довуд медонист, ки Яҳува Худои зинда аст ва донистани ин азми ӯро ба хизмати Яҳува ва ҷалол додани ӯ қавӣ месохт (Заб. 18:28, 29, 49).

4. Донистани он ки Яҳува Худои зинда аст, ба мо чӣ таъсир мекунад?

4 Вақте мо дилпур мешавем, ки Яҳува Худои зинда аст, ғайрати мо дар хизмати ӯ меафзояд. Донистани ин ҳангоми озмоишҳо ба мо қувват мебахшад ва мо дар хизмати Яҳува суст намешавем. Мо ҳамчунин азми қавӣ хоҳем дошт, ки ҳеҷ гоҳ аз ӯ дур намешавем.

ХУДОИ ЗИНДА МОРО ҚУВВАТ МЕБАХШАД

5. Ҳангоми озмоишҳо чӣ ба мо дилпурӣ мебахшад? (Филиппиён 4:13).

5 Агар дар ёд дорем, ки Яҳува Худои зинда асту барои дастгириямон ҳозиру нозир мебошад, мо дар ҳар душворӣ, хоҳ калон бошад, хоҳ хурд, истодагӣ карда метавонем. Охир, тамоми мушкилиҳое, ки мо бо онҳо рӯ ба рӯ мешавем, дар назари Яҳува ҳеҷанд. Ӯ Худои Қодир аст ва ба мо қувват мебахшад, ки истодагӣ кунем. (Филиппиён 4:13-ро хонед). Аз ин рӯ мо бо дилпурӣ ҳама душвориҳоро пешвоз мегирем. Вақте мо дар мушкилиҳои хурд дастгирии Яҳуваро мебинем, дилпуриямон зиёд мегардад, ки Яҳува ҳангоми душвориҳои калонтар моро намепартояд.

6. Кадом воқеаҳои ҷавонияш дилпурии Довудро ба Яҳува зиёд гардонданд?

6 Биёед ду воқеаеро бинем, ки бовари Довудро ба Яҳува зиёд карданд. Вақте ӯ чӯпонбача буд, боре шер ва бори дигар хирс ба рамаи падараш ҳамла оварда, гӯсфандеро ба чанголи худ дароварданд. Дар ҳар ду маврид Довуд далерона аз пушти онҳо сур карда, гӯсфандонашро халос кард. Ӯ худро қаҳрамон намеҳисобид, балки медонист, ки инро дасти ӯ неву дасти Яҳува кардааст (1 Подш. 17:34–37). Довуд ҳеҷ гоҳ ин воқеаҳоро аз ёд намебаровард. Дар бораи онҳо мулоҳиза ронда, дилпурии Довуд зиёдтар мегашт, ки Худои зинда дар оянда низ ба ӯ қувват мебахшад.

7. Диққати Довуд ба чӣ равона буд ва чӣ тавр ин дар ҷанги зидди Ҷолёт ба ӯ кумак расонд?

7 Баъдтар, аз афташ, вақте Довуд наврас буд, ба хабаргирии акаҳояш омад, ки бо лашкари Исроил буданд. Ӯ дид, ки сарбозон аз суханони Ҷолёти фалиштӣ ба воҳима афтодаанд, зеро ӯ мегуфт, ки «лашкари Исроилро шармандаю расво» мекунад (1 Подш. 17:10, 11). Барои чӣ аскарон талхакаф шуданд? Барои он ки онҳо диққаташонро ба ин бузургҷусса ва таънаҳои ӯ равона карданд (1 Подш. 17:24, 25). Довуд бошад, ба вазъият аз дигар тараф нигоҳ мекард. Дар назари Довуд ин фалиштӣ на бар зидди лашкари Исроил, балки бар зидди «лашкари Худои зинда» баромада буд (1 Подш. 17:26). Дар фикри Довуд пеш аз ҳама Яҳува меистод. Довуд медонист, ки Яҳува ба ӯ дар вақти чӯпон буданаш ёрдам дода буд ва бовар дошт, ки дар ин вазъият низ Худо бо ӯст. Барои ҳамин ӯ ба Худо такя карда, бар зидди Ҷолёт баромад ва ғалаба ба даст овард (1 Подш. 17:45–51).

8. Чӣ тавр ҳангоми озмоишҳо Яҳуваро дар ёд дорем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

8 Агар мо ҳам фаромӯш накунем, ки Худои зинда дар барамон аст, озмоишҳоро бомуваффақият паси сар мекунем (Заб. 118:6). Вақте дар бораи корҳое, ки ӯ дар гузашта баҳри мо кардааст, мулоҳиза меронем, имонамон ба ӯ бақувват мешавад. Баъзе воқеаҳои Китоби Муқаддасро хонда, бинед, ки чӣ тавр Яҳува парастандагонашро наҷот медод (Иш. 37:17, 33–37). Аз сомонаи jw.org бошад, фаҳмида метавонед, ки чӣ тавр Яҳува имрӯз бародару хоҳаронро дастгирӣ мекунад. Ҳамчунин замонеро ба ёд оред, ки Яҳува дар баратон буд. Агар саргузашти шумо мисли муборизаи Довуд бо шер ё хирс ғайриодӣ набошад, хавотир нашавед. Аз ҳама муҳимаш шумо дасти Яҳуваро дар ҳаётатон борҳо дидаед. Ӯ шуморо сӯйи худ ҷалб кардааст (Юҳ. 6:44). Ҳатто имрӯз шумо танҳо бо мадади Яҳува дар роҳи ростӣ ҳастед. Дуо гӯед, ки Яҳува лаҳзаҳои имонбахши зиндагиятонро ба ёдатон орад, масалан, вақте ӯ ба дуоятон ҷавоб дода буд, дар вақти даркорӣ дастатонро гирифт ё дар айёми сахти зиндагӣ қуввататон бахшид. Дар бораи чунин лаҳзаҳо мулоҳиза ронда шумо дилпур мешавед, ки Яҳува минбаъд низ барои ёрдаматон тайёр аст.

Озмоишҳоямон қисми масъалаи бузурганд (Ба сархатҳои 8 ва 9 нигаред.)


9. Ба озмоишҳо бояд чӣ гуна назар дошта бошем? (Панднома 27:11).

9 Вақте Яҳува бароямон воқеӣ мешавад, мо ба озмоишҳо назари дуруст пайдо мекунем. Чӣ тавр? Мо мебинем, ки онҳо қисми масъалаи бузургеянд, ки миёни Яҳува ва Шайтон ба вуҷуд омадааст. Шайтон туҳмат зада буд, ки, агар мо азоб кашем, аз Яҳува рӯй мегардонем. (Айюб 1:10, 11; Панднома 27:11-ро хонед.) Лекин, вақте мушкилиҳоямонро бо сари баланд паси сар кунем, нишон медиҳем, ки Яҳуваро дӯст медорем ва исбот мекунем, ки Шайтон дурӯғгӯй аст. Оё шумо бо озори ҳокимиятдорон рӯ ба рӯ шудаед, аз ҷиҳати пулӣ азоб мекашед, ба хабаре, ки мерасонед, муомилаи хуб намекунанд ё дигар душвориҳо доред? Дар ин ҳол дар ёд доред, ки ин вазъияти шумо имконияти шод гардондани дили Яҳува мебошад. Ҳамчунин фаромӯш накунед, ки Яҳува роҳ намедиҳад, ки шумо берун аз қуввататон озмуда шавед (1 Қӯр. 10:13). Ӯ ба шумо қувват медиҳад, то истодагӣ кунед.

ХУДОИ ЗИНДА МОРО МУКОФОТ МЕДИҲАД

10. Худои зинда ба парастандагонаш чӣ мукофот медиҳад?

10 Яҳува ба парастандагонаш мукофот медиҳад (Ибр. 11:6). Ӯ ҳозир ба мо оромию қаноатмандӣ мебахшад, дар оянда бошад, ҳаёти ҷовидониро ато мекунад. Мо ба ӯ умед баста метавонем, зеро Яҳува барои мукофот додани мо ҳам хоҳиш ва ҳам қувват дорад. Агар мо аз Яҳува дилпур бошем, мисли хизматгорони вафодори замони пеш бо парастиши Яҳува банд мешавем. Инро мисоли Тимотиюс, ки дар асри як зиндагӣ мекард, исбот мекунад (Ибр. 6:10–12).

11. Чаро Тимотиюс дар ҷамоат бисёр меҳнат мекард? (1 Тимотиюс 4:10).

11 1 Тимотиюс 4:10-ро хонед. Азбаски Тимотиюс ба Худои зинда умед мебаст, фидокору меҳнаткаш буд. Павлуси расул ба ӯ маслиҳат дода буд, ки муаллим ва нотиқи беҳтар шавад. Тимотиюс ҳамчунин барои ҳамимононаш, чи хурдону чи бузургон, намунаи хуб гузошт. Ӯ баъзе вазифаҳои душворро ба уҳда дошт, масалан, ӯ бояд касонеро, ки ба маслиҳати ҷиддӣ муҳтоҷ буданд, бо меҳрубонӣ ислоҳ мекард (1 Тим. 4:11–16; 2 Тим. 4:1–5). Шояд, баъзан дигарон заҳмати ӯро пай намебурданд ё қадр намекарданд, вале Тимотиюс дилпур буд, ки Яҳува ҳама чиро мебинад ва ба ӯ мукофот медиҳад (Рум. 2:6, 7).

12. Чаро пирон дар ҷамоат бисёр меҳнат мекунанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

12 Имрӯз пирон низ бовар доранд, ки Яҳува меҳнати онҳоро мебинаду қадр мекунад. Бисёр пирон илова бар кори чӯпонӣ, таълим ва мавъиза дар лоиҳаҳои сохтмонии ташкилот ва кумитаи ёрӣ ба осебдидагон кумак мекунанд. Дигар пирон бошанд, дар кумитаи кор бо беморхонаҳо ё гурӯҳҳо барои аёдати беморон хизмат мекунанд. Онҳо ҷамоати масеҳиро на ташкилоти инсонӣ, балки созмони Худо меҳисобанд, аз ин рӯ барои хизмат тайёранд. Онҳо таъйиноташонро аз таҳти дил ба ҷо оварда, бовар доранд, ки Яҳува ба онҳо мукофот медиҳад (Қӯл. 3:23, 24).

Вақте дар ҷамоат сахт меҳнат мекунед, Худои зинда шуморо мукофот медиҳад (Ба сархатҳои 12 ва 13 нигаред.)


13. Яҳува ба кӯшишҳои ҳар яки мо дар хизмат чӣ назар дорад?

13 Ҳамаи мо пири ҷамоат хизмат карда наметавонем, лекин ба Яҳува ягон чиз дода метавонем. Вақте мо чизи беҳтаринамонро дар хизмати ӯ медиҳем, Худоямон миннатдор мешавад. Ӯ саҳми моро дар хизмати мавъиза, чи қадаре набошад, пай мебарад. Вақте мо шармгиниямонро як сӯ карда дар вохӯриҳо ҷавоб медиҳем, ӯ бо мо фахр мекунад ва, вақте гапу кори нохуби дигаронро ба дил намегирему онҳоро мебахшем, ӯ шод мешавад. Ҳатто агар ба назаратон тобад, ки дар кори Яҳува чени мехостаатон карда наметавонед, бовар кунед, ки Яҳува заҳматҳои шуморо қадр мекунад. Ӯ шуморо дӯст медорад ва ба шумо мукофот медиҳад (Луқ. 21:1–4).

АЗ ХУДОИ ЗИНДА ДУР НАШАВЕД

14. Чӣ тавр муносибати наздик бо Яҳува ёрдам мекунад, ки ба ӯ содиқ монем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

14 Агар Яҳува бароямон воқеӣ бошад, ба ӯ вафодор мондан ба мо осонтар мешавад. Инро мисоли Юсуф нишон медиҳад. Яҳува барои Юсуф воқеӣ буд, барои ҳамин ӯ намехост, ки ба зинокорӣ даст зада ӯро ранҷонад (1 Мӯсо 39:9). Агар мо ҳам хоҳем, ки Яҳува бароямон воқеӣ бошад, бояд вақт ҷудо карда, ба ӯ дуо гӯем ва Китоби Муқаддасро омӯзем. Ҳамин тавр дӯстии мо бо ӯ қавитар мешавад ва мо мисли Юсуф намехоҳем, ки бо ягон корамон Яҳуваро норозӣ кунем (Яъқ. 4:8).

Агар Яҳува бароямон воқеӣ бошад, ба ӯ вафодор мондан ба мо осонтар мешавад (Ба сархатҳои 14 ва 15 нигаред.)


15. Аз воқеае, ки дар биёбон бо исроилиён рӯй дод, чӣ омӯхта метавонем? (Ибриён 3:12).

15 Агар шахс Худои зинда будани Яҳуваро фаромӯш кунад, ба осонӣ аз ӯ дур шуда метавонад. Аҳамият диҳед, ки бо исроилиён дар биёбон чӣ рӯй дод. Онҳо медонистанд, ки Яҳува вуҷуд дорад, лекин фаромӯш карданд, ки ӯ Рӯзидеҳи онҳост. Онҳо ҳатто гуфтанд: «Яҳува дар миёни мо ҳаст ё не?» (2 Мӯсо 17:2, 7). Оқибат онҳо бар зидди Худо исён бардоштанд. Албатта, мо намехоҳем, ки мисли онҳо рафтор кунем, баръакс, аз рӯҳияи нодурусти онҳо эҳтиёт мешавем. (Ибриён 3:12-ро хонед.)

16. Чӣ сифати имони моро санҷида метавонад?

16 Ин ҷаҳон мехоҳад моро аз Яҳува ҳар чӣ дуртар барад. Одамони зиёд вуҷуд доштани Худоро рад мекунанд. Бисёр вақт ба назар метобад, ки касоне, ки талабҳои Худоро писанд намекунанд, гул-гул мешукуфанд. Дар ин ҳолат имони мо озмуда мешавад. Ҳарчанд мо вуҷуд доштани Худоро рад намекунем, баъзан, шояд, дудила шавем, ки Худо дар барамон ҳаст ё не. Бо нависандаи таронаи 73-юми китоби Забур маҳз чунин рӯй дода буд. Ӯ медид, ки одамони гирду атрофаш қонунҳои Худоро рад мекунанд ва ҳамзамон зиндагии беғаму бароҳат доранд. Дар натиҷа, дилаш дур рафт, ки оё хизмат ба Яҳува арзанда аст ё не (Заб. 73:11–13).

17. Чӣ ёрдам мекунад, ки аз Яҳува дур нашавем?

17 Чӣ ба таронасаро кумак кард, ки фикрашро ислоҳ кунад? Ӯ дар бораи оқибати касоне, ки Яҳуваро фаромӯш мекунанд, мулоҳиза ронд (Заб. 73:18, 19, 27). Ӯ ҳамчунин дар бораи баракатҳои хизмати Яҳува андеша кард (Заб. 73:24). Мо низ метавонем ба худ чунин саволҳо диҳем: «Ман дар хизмати Яҳува кадом баракатҳоро соҳибам? Агар ба Яҳува хизмат намекардам, ҳаётам чӣ хел мешуд?» Бо ёрии ин саволҳо мо роҳи вафоро маҳкам меқапему мисли таронасаро ба чунин хулоса меоем: «Барои ман ба Худо наздик шудан некуст» (Заб. 73:28).

18. Чаро мо бо дилпурӣ ба оянда менигарем?

18 Дар ин рӯзҳои охир чӣ душворие пеши роҳамон набарояд, ба он тоб оварда метавонем, зеро мо «бандагони Худои зиндаю ҳақиқӣ» ҳастем (1 Тас. 1:9). Худоямон Яҳува воқеӣ аст ва барои мадади парастандагонаш ҳозиру нозир мебошад. Мо исботи инро аз ҳаёти хизматгорони замони пешин ва ҳаёти худ мебинем. Ба наздикӣ азоби азимтарин рӯй медиҳад, лекин мо танҳо нестем (Иш. 41:10). Биёед бо дилпурӣ чунин гӯем: «Яҳува мададгори ман аст, нахоҳам тарсид» (Ибр. 13:5, 6).

СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!