САРГУЗАШТ
Яҳува ба дуоҳои ман ҷавоб дод
БОРЕ, дар 10-солагиям, ба чашмакзании ситораҳо нигоҳ карда, чунон ҳайратзада шудам ки, зону зада дуо гуфтам. Ман ҳоло дар бораи Яҳува бисёр чизро намедонистам, лекин диламро пурра ба ӯ холӣ кардам. Баъди ин дуо сафари дурударози ман бо Яҳува — «Шунавандаи дуоҳо», оғоз ёфт (Заб. 65:2). Биёед нақл кунам, ки чаро ба Яҳува, ки навакак дар борааш фаҳмида будам, ин тавр дуо гуфтам.
ВОХӮРИЕ, КИ ҲАЁТАМРО ДИГАРГУН КАРД
Ман 22-юми декабри соли 1929 дар Новил, деҳаи хурдакаке дар минтақаи Арденни Белгия, ки дар наздикии Бастон ҷойгир аст, ба дунё омадаам. Дар он ҷо нуҳ хоҷагӣ буд. Кӯдакии ман асосан дар деҳа бо волидонам гузаштааст. Ману додарам Рэмон ҳар рӯз гов меҷӯшидем ва дар ғунучини ҳосил ёрдам медодем. Дар қишлоқаки мо ҳама якдилу тифоқ ва дастгири якдигар буданд.
Волидонам Эмил ва Алис католики сахт буданд. Онҳо ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе дар оинҳои калисо иштирок мекарданд. Тақрибан солҳои 1939 ба қишлоқи мо аз Англия пешравон омада, ба падарам таклиф карданд, ки ба маҷаллаи «Тасаллӣ!» (ҳозир «Бедор шавед!») обуна шавад. Падарам дарҳол садои ростиро шинохт ва омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Вақте ӯ ба калисо рафтанро бас кард, ҳамсояҳоямон, ки муносибати дӯстона доштанд, душмани ашаддӣ шуданд. Онҳо ба падарам фишор меоварданд, ки динашро дигар накунад ва дар натиҷа баҳсу бари зиёде сар мешуд.
Аз дидани он ки ҳамсояҳо ба падарам дарафтода ба ҳолу ҷонаш намемонданд, дилам пурхун мешуд. Ман дарҳол ба Яҳува дуо гуфта диламро холӣ кардам, чи хеле ки дар аввали мақола ёдрас кардам. Вақте зиддияти ҳамсояҳо паст шуд, дили ман аз шодӣ лабрез гашт. Ман дилпур шудам, ки Яҳува, «Шунавандаи дуоҳо», мебошад.
ҲАЁТ ДАР ДАВОМИ ҶАНГ
Даҳуми майи соли 1940 Германияи фашистӣ Белгияро муҳосира кард. Дар натиҷа бисёриҳо аз давлат баромада рафтанд. Оилаи мо ҳам ба ҷануби Фаронса кӯчид. Дар роҳ мо миёни муҳорибаҳои шадиди Германия ва Фаронса афтодем.
Вақте ба хона баргаштем, дидем, ки бисёр чизҳоямонро дуздидаанд. Танҳо сагамон Боби
ба пешвозамон баромад. Ин воқеаҳоро дида ман фикр мекардам, ки чаро ҷангу азобҳо рӯй медиҳанд.Дар ин миён бародар Эмил Шрентс, пешрав ва пири содиқ, моро хабар гирифта, рӯҳбаланд мекард. Ӯ аз Китоби Муқаддас нишон дод, ки чаро ҷангу азобҳо рӯй медиҳанд ва ба дигар саволҳоям дар бораи ҳаёт ҷавоб дод. Ҳамин тавр ман ба Яҳува наздиктар мешудам ва дилпур гаштам, ки ӯ Худои муҳаббат аст.
Ҳатто дар вақти ҷанг оилаи мо бо бародару хоҳарон бисёртар вақт мегузаронд. Моҳи августи соли 1943 бародар Ҷозе Николас Минэ ба деҳаи мо омада, нутқ гуфт. Ӯ пурсид: «Кӣ таъмид гирифтан мехоҳад?» Падарам даст бардошт, ман ҳам даст боло кардам. Мо дар дарёчаи назди хонаамон таъмид гирифтем.
Моҳи декабри соли 1944 лашкари Германия охирин ҳуҷуми бузурги худро аз фронти ғарбӣ сар кард. Онро чун Ҳамлаи Арденн мешиносанд. Мо дар наздикии ҷойи ҷанг зиндагӣ мекардем, барои ҳамин қариб як моҳ дар таҳхона пинҳон шудем. Як рӯз, вақте ки барои хӯрок додани чорвоямон баромадам, бомбаборон сар шуд ва боми оғиламон вайрон гашт. Як сарбози амрикоӣ аз наздикии оғил ба ман дод зад: «Хам шав!» Ман ба тарафи ӯ давида, худро ба замин партофтам. Ӯ кулоҳашро гирифта, ба сари ман пӯшонд.
ПЕШРАВИИ РӮҲОНӢ
Баъди ҷанг мо ба ҷамоати Лиге, ки аз мо тақрибан 90 км ба тарафи шимол дуртар буд, мунтазам мерафтем. Бо гузашти вақт дар Бастон гурӯҳи хурде ташкил ёфт. Он вақт ман дар Вазорати молия корро сар карда, қонунро меомӯхтам. Баъдтар дар идораи нотариус кор кардам. Соли 1951 мо дар Бастон анҷумани ноҳиявӣ ташкил кардем. Ба он тақрибан 100 нафар одам омад, дар қатори онҳо Элли Ройтер ном пешрави боғайрате ҳам буд. Ӯ савори дучарха 50 км роҳро тай карда буд. Каме баъдтар мо якдигарро дӯст дошта, мулоқотро сар кардем. Эллиро ба Мактаби Ҷилъод, ба Иёлоти Муттаҳида даъват карданд. Ӯ ба идораи марказӣ нома навишта, сабаби қабул накардани ин таклифро фаҳмонд. Бародар Нор, ки он вақт дар байни халқи Яҳува роҳбарӣ мекард, бо меҳрубонӣ ҷавоб
дода гуфт, ки, шояд, ягон рӯз ӯ ҳамроҳи шавҳараш ба Мактаби Ҷилъод меояд. Мо моҳи феврали соли 1953 оиладор шудем.Худи ҳамон сол ману Элли дар анҷумани «Ҷамъияти дунёи нав», ки дар варзишгоҳи Янкии Ню-Йорк шуда гузашт, иштирок кардем. Дар он ҷо ман бо бародаре шинос шудам. Ӯ ба ман кори хуберо таклиф карда, гуфт, ки ба Иёлоти Муттаҳида кӯчам. Баъди ин масъаларо ба Яҳува гуфтан ману Элли қарор кардем, ки таклифи ӯро рад карда, ба Белгия бармегардем, то гурӯҳи хурдеро, ки тақрибан аз 10 воиз иборат буд, дар Бастон дастгирӣ кунем. Баъдтар мо соҳиби писар шудем ва номашро Серж мондем. Бадбахтона, баъди ҳафт моҳ Серж касал шуда, аз дунё гузашт. Мо ин дарду аламамонро ба Яҳува гуфта, аз умеди зиндашавӣ қувват ёфтем.
ХИЗМАТИ ПУРРАВАҚТ
Моҳи октябри соли 1961 ман кори рӯзаш нопурра ёфтам ва метавонистам пешрав хизмат кунам. Худи ҳамон рӯз ходими филиали Белгия ба ман занг зада, гуфт, ки, агар хоҳам, ходими ноҳия (ҳозир нозири ноҳиявӣ) хизмат карда метавонам. Ман гуфтам: «Мо набояд аввал пешрав хизмат кунем?» Бародар гуфт, ки мо метавонем пешрав хизмат кунем. Баъди ҳашт моҳи пешравӣ, моҳи сентябри соли 1962, ман кори нозири ноҳиявиро сар кардам.
Баъди ду соли хизмати нозири ноҳиявӣ моро ба Байт-Или Брюссел таклиф карданд. Мо хизматро моҳи октябри соли 1964 дар он ҷо сар кардем. Ин таъйиноти нав ба мо бисёр баракатҳо овард. Каме баъдтар, соли 1965, бародар Нор ба Байт-Или мо омад. Вақте маро ходими филиал таъйин карданд, ин бароям бисёр ҳайратовар буд. Баъдтар ману Эллиро ба синфи 41-уми Мактаби Ҷилъод даъват карданд. Суханони 13 сол пеш гуфтаи бародар Нор амалӣ гашт. Баъди хатми мактаб мо ба Байт-Или Белгия баргаштем.
ҲИМОЯ КАРДАНИ ҲУҚУҚҲОЯМОН
Дар давоми солҳо ман аз маълумоти доштаам истифода бурда озодии парастиши Шоҳидони Яҳуваро дар Аврупо ва дигар ҷойҳо ҳимоя мекардам (Флп. 1:7). Дар натиҷа, ман бо сиёсатмадорони зиёда аз 55 давлате, ки он ҷо фаъолияти мо манъ ё маҳдуд аст, ҳамкорӣ кардам. Ман худро одами худоҷӯй муаррифӣ мекардам, на ин ки ҳуқуқшиноси ботаҷриба. Ман ҳамеша аз Яҳува роҳнамоӣ мепурсидам, зеро медонистам, ки «дили подшоҳ [ё судя] дар дасти Яҳува аст. Ӯ онро мисли оби ҷӯй, ҳар куҷо ки хоҳад, равона мекунад» (Пнм. 21:1).
Як воқеа бо узви Парлумони Аврупо нағз дар ёдам мондааст. Ман якчанд бор хоҳиши бо ӯ суҳбат кардан намудам ва охиру оқибат ӯ розӣ шуд. Ӯ гуфт: «Ман ба ту панҷ дақиқа медиҳам, як дақиқа ҳам зиёд не». Ман сарамро хам карда, ба дуогӯйӣ сар кардам. Ин мард асабӣ шуда пурсид, ки ман чӣ кор карда истодаам. Ман сарамро бардошта, гуфтам: «Ман Худоро шукр мегӯям, чунки шумо яке аз хизматгорони ӯ ҳастед». Румиён 13:4-ро нишон додам. Азбаски ӯ протестант буд, суханони Китоби Муқаддас ба ӯ таъсир карданд. Баъд чӣ шуд? Ӯ ба ман ним соат вақт ҷудо кард ва мо суҳбатҳои хуб доштем. Ӯ ҳатто кори моро таъриф кард.
Ӯ гуфт: «Ин гапат чӣ маъно дорад?» Ман ба ӯШоҳидони Яҳува дар давоми солҳо дар Аврупо дар масъалаи бетарафии масеҳиён, ҳуқуқи парастории кӯдак баъд аз ҷудошавӣ, андозсупорӣ ва дигар масъалаҳо талошҳои зиёде доштанд. Ман шодам, ки дар бисёре аз онҳо иштирок карда бо чашмони худам дидам, ки чӣ тавр Яҳува ба мо муваффақияту ғалаба бахшид. Шоҳидони Яҳува дар суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар дар масъалаҳои гуногун зиёда аз 140 ғалаба ба даст оварданд.
ОЗОДИИ БЕШТАР ДАР КУБА
Дар давоми солҳои 1990 ман бо бародар Филип Брамли аз идораи марказӣ ва бародар Валтер Фарнети аз Итолиё дар масъалаи озодии бештари динӣ дар Куба ҳамкорӣ кардам. Ман аз Белгия ба сафоратхонаи Куба нома навиштам ва баъд бо намояндаи он вохӯрда, дархостамонро муҳокима кардем. Дар вохӯрии якумамон нофаҳмиҳое, ки сабаби маҳдудиятҳои мо гаштанд, ҳал нашуданд.
Баъди роҳнамоии Яҳуваро пурсидан мо аз ҳокимиятдорон хоҳиш кардем, ки 5000 адад Китоби Муқаддасро ба Куба фиристем. Китобҳо безарар рафта расиданд ва онҳо дар дасти бародарон буданд. Аз ин рӯ мо хулоса кардем, ки Яҳува кӯшишҳои моро баракат дода истодааст. Ин дафъа бошад, барои 27 500 Китоби Муқаддаси иловагӣ иҷозат пурсидем ва онҳо розӣ шуданд. Ман барои бародару хоҳарони азизам дар Куба, ки соҳиби Китоби Муқаддас гаштанд, хеле хушҳол шудам.
Ман борҳои зиёд ба Куба сафар карда, барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии хизматамон кумак намудам. Дар ин миён ман бо бисёр кормандони давлат муносибати хуб пайдо кардам.
КУМАК БА БАРОДАРОНИ РУАНДАГИЯМОН
Соли 1994 дар Руанда зиёда аз 1 000 000 одам дар натиҷаи наслкушии мардуми тутси бераҳмона ба қатл расонда шуданд. Сад афсӯс ки, баъзе бародару хоҳаронамон низ нобуд гаштанд. Каме баъдтар аз гурӯҳи бародарон хоҳиш карданд, ки ба бародару хоҳарон кумаки башардӯстона расонанд.
Вақте мо бо гурӯҳамон ба пойтахт, ба шаҳри Кигали, омадем, дидем, ки дар деворҳои офиси тарҷумониямон ва анбори адабиёт пайи тирҳо
буд. Мо бисёр воқеаҳои даҳшатнокеро шунидем, ки чӣ тавр бародару хоҳаронамонро бо ханҷар куштанд. Ғайр аз ин, боз шунидем, ки бисёр бародару хоҳарон дасти якдигарро гирифта, муҳаббати бародарона нишон доданд. Масалан, мо бо як бародари тутси шинос шудем, ки як оилаи ҳамдинонамон, ки миллаташон хуту буд, ӯро 28 рӯз дар таги замин пинҳон карданд. Дар давоми вохӯрӣ дар Кигали мо зиёда аз 900 бародару хоҳарро тасаллӣ бахшидем.Баъд мо аз сарҳади Заир (ҳозир Ҷумҳурии Демократии Конго) гузашта, шумораи зиёди Шоҳидони руандагиро, ки дар наздикии шаҳри Гома дар лагерҳои гурезагон зиндагӣ мекарданд, мекофтем. Азбаски мо онҳоро ба тезӣ наёфтем, аз Яҳува роҳнамоӣ пурсидем. Баъд дидем, ки як мард аз қафои мо меояд, ва аз ӯ пурсидем, ки ягон Шоҳиди Яҳуваро медонад ё не. Ӯ гуфт: «Бале, ман Шоҳиди Яҳува ҳастам. Ман бо ҷону дил шуморо ба кумитаи ёрӣ ба осебдидагон мебарам». Баъди вохӯрии рӯҳбаландкунанда бо кумитаи ёрӣ ба осебдидагон мо тақрибан бо 1600 гуреза вохӯрда, онҳоро тасаллӣ дода қувват бахшидем. Мо ҳамчунин ба онҳо номаи Ҳайати роҳбарикунандаро хондем. Вақте хоҳару бародарон суханони қувватбахши онҳоро шуниданд, бисёр шод шуданд. Он суханон чунин аст: «Мо мунтазам дар дуоҳоямон шуморо ёдовар мешавем. Мо медонем: Яҳува ҳеҷ гоҳ шуморо намепартояд». Ин суханони Ҳайати роҳбарикунанда дар ҳақиқат дуруст аст. Имрӯз дар Руанда зиёда аз 30 000 Шоҳиди Яҳува хурсандона хизмат мекунанд.
АЗМИ ВАФОДОР МОНДАН
Баъди қариб 58 соли оиладорӣ, соли 2011, ман ҳамсари азизам, Эллиро, аз даст додам. Ман ба Яҳува дарди диламро гуфтам ва ӯ маро тасаллӣ бахшид. Ман ҳамчунин ба дигарон хушхабарро расонда тасаллӣ меёфтам.
Ман ҳоло 90-сола ҳастам ва то ҳол ҳар ҳафта ба вохӯриҳо меравам. Ғайр аз ин, ман хурсандам, ки дар филиали Белгия ба кумитаи ҳуқуқӣ кумак карда метавонам. Аз ҳаётам ба дигарон нақл мекунам ва ҷавононро дар оилаи Байт-Ил рӯҳбаланд месозам.
Тақрибан 84 сол пеш ман аввалин бор ба Яҳува дуо гуфтам. Ин қадамҳои аввалини ман дар сафари олиҷаноб буд, ки маро ба Яҳува наздиктар кард. Ман хеле миннатдорам, ки дар давоми ҳаётам Яҳува ба дуоҳои ман аҳамият дод (Заб. 66:19) a.
a Бародар Марсел Жиле 4 феврали соли 2023, ҳангоми ба чоп тайёр шудани ин мақола, аз олам чашм пӯшид.