Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Душмани худро шиносед

Душмани худро шиносед

«Мо аз нақшаҳои [Шайтон] бехабар нестем» (2 ҚӮР. 2:11, эзоҳ).

СУРУДҲО: 49, 27

1. Дар боғи Адан Яҳува оиди душманамон чиро ошкор кард?

ОДАМ бешубҳа медонист, ки морон гап зада наметавонанд. Аз ин рӯ, вай метавонист хулоса барорад, ки ба воситаи мор шахсияти ноаёне бо Ҳавво гап задааст (Ҳас. 3:1–6). Одаму Ҳавво ин офаридаи рӯҳиро қариб тамоман намешинохтанд. Лекин, Одам дидаю дониста аз Падари осмониаш рӯй гардонд ва ҳамроҳи ин шахсияти ношинос муқобили хости Худо амал кард (1 Тим. 2:14). Яҳува дарҳол оиди он душмани бадкор маълумоте дод ва ваъда кард, ки вай оқибат нест карда мешавад. Лекин Яҳува ҳамчунин огоҳ кард, ки ин офаридаи рӯҳӣ барои ба дӯстдорони Худо муқобилат кардан, муддате қудрат хоҳад дошт (Ҳас. 3:15).

2, 3. Сабаб дар чӣ буда метавонад, ки пеш аз омадани Масеҳ дар бораи Шайтон маълумоти кам оварда шуда буд?

2 Яҳува аз рӯйи хиради худ амал намуда, дар ягон ҷо номи он писари рӯҳониашро, ки ба Ӯ муқобил баромад, ошкор насохт *. Ва дар давоми 2500 соли баъди исён Яҳува ҳатто унвони ӯро ошкор накард (Айюб 1:6). Танҳо дар се китоби Навиштаҳои ибронӣ, яъне дар 1 Вақоеънома, Айюб ва Закарё унвони Шайтон истифода шудааст, ки маънояш «Душман» мебошад. Чаро то омадани Масеҳ дар бораи ин душман маълумот кам буд?

3 Аз афташ Яҳува нахост, ки дар Навиштаҳои Ибронӣ оиди Шайтон ва корҳои ӯ маълумоти бисёр оварда шавад. Чунки мақсади асосии Худо аз илҳом бахшидани ин китоб дар он буд, ки одамон Масеҳро шинохта тавонанд ва ба роҳнамоии ӯ итоат кунанд (Луқ. 24:44; Ғал. 3:24). Вақте ки ин мақсад иҷро шуд, Яҳува ба воситаи Исо ва шогирдонаш дар бораи Шайтону фариштагоне, ки ба вай ҳамроҳ шуданд, чизҳои зиёдтарро ошкор кард *. Ин аз рӯйи мантиқ аст, зеро Худо барои несту нобуд кардани Шайтон ва пайравонаш маҳз Исо ва ҳамроҳони тадҳиншудаашро истифода мебарад (Рум. 16:20; Ваҳй 17:14; 20:10).

4. Чаро мо набояд аз Иблис ба тарсу ҳарос оем?

Петруси расул Шайтон Иблисро чун «шери ғуррон» ва Юҳанно бошад, ӯро чун «мор» ва «аждаҳо» тасвир карданд (1 Пет. 5:8; Ваҳй 12:9). Вале мо набояд аз Иблис ба тарсу ҳарос оем, чунки қудрати ӯ маҳдуд аст. (Яъқуб 4:7-ро хонед.) Моро Яҳува, Исо ва фариштагони содиқ пуштибонӣ мекунанд. Бо ёрии онҳо мо метавонем ба душманамон муқобилат намоем. Лекин ба мо зарур аст, ки ба се саволи муҳим ҷавоб ёбем. Таъсири Шайтон то чӣ андоза бузург аст? Чӣ тавр ӯ мекӯшад, ки ба ҳар як шахс таъсир расонад? Ва кадом корҳо аз дасти Шайтон намеояд? Ин саволҳоро муҳокима карда, мо мебинем, ки барои худ чӣ дарс гирифтан мумкин аст.

ТАЪСИРИ ШАЙТОН ТО ЧӢ АНДОЗА БУЗУРГ АСТ?

5, 6. Чаро ҳокимиятҳои инсонӣ қодир нестанд, ки ба ҳаёти мо дигаргуниҳои заруриро дароранд?

5 Шумораи зиёди фариштагон ба Шайтон ҳамроҳ шуда муқобили Худо баромаданд. Пеш аз Тӯфон Шайтон баъзеи онҳоро ба васваса андохт, ки бо духтарони одамӣ бадахлоқии ҷинсӣ кунанд. Инро Китоби Муқаддас ба таври рамзӣ тасвир карда мегӯяд, ки аждаҳо сеяки ситораҳои осмонро аз қафои худ кашид (Ҳас. 6:1–4; Яҳд. 6; Ваҳй 12:3, 4). Вақте ки он фариштагон оилаи Худоро тарк карданд, онҳо тобеи Шайтон гаштанд. Лекин онҳоро ба дастаи авбошони оворагард монанд кардан мумкин нест. Зеро Шайтон ба сохтори Подшоҳии Худо тақлид карда, як ташкилоти ноаёне сохт, ки худашро подшоҳи он таъйин кард ва ба девҳо қудрат дода онҳоро ҳокимони ҷаҳон гардонд (Эфс. 6:12).

6 Шайтон ба воситаи он ташкилоти ноаёнаш ба ҳама ҳокимиятҳои одамӣ таъсир мерасонад. Ин аз пешниҳоде, ки ӯ ба Исо кард, маълум шуд. Шайтон «тамоми мамлакатҳои рӯйи заминро ба ӯ нишон» дода гуфт: «Тамоми қудратро бар ҳамаи ин мамлакатҳо ва шӯҳрату ҷалоли онҳоро ба ту медиҳам, зеро ин қудрат ба ман супурда шудааст ва ман онро ба ҳар касе хоҳам, медиҳам» (Луқ. 4:5, 6). Новобаста аз таъсири бади Шайтон, бисёри ҳокимиятҳо барои халқи худ баъзе корҳои нек мекунанд. Ва ҳукуматдорони алоҳида метавонанд ниятҳои нек дошта бошанд. Вале ягонтои онҳо қодир нестанд, ки ба ҳаёти мо дигаргуниҳоеро, ки мо аз ҳама бештар мӯҳтоҷем, дароранд (Заб. 145:3, 4; Ваҳй 12:12).

7. Чӣ тавр Шайтон на танҳо ҳокимиятҳо, балки инчунин дини дурӯғ ва ҷаҳони тиҷоратро истифода мебарад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

7 Шайтон ва девҳояш на танҳо ҳокимиятҳо, балки ҳамчунин дини дурӯғ ва ҷаҳони тиҷоратро истифода бурда, «тамоми ҷаҳонро фиреб» мекунанд (Ваҳй 12:9). Ба воситаи дини сохта Шайтон дар бораи Яҳува суханони дурӯғ паҳн мекунад. Ҳамчунин Иблис мекӯшад, то шумораи ҳар чи бештари одамон номи Худоро фаромӯш созанд (Ирм. 23:26, 27). Аз ин рӯ, баъзе одамони самимӣ шояд фикр кунанд, ки Худоро ибодат мекунанд, аммо намедонанд, ки дар асл девҳоро парастиш менамоянд (1 Қӯр. 10:20; 2 Қӯр. 11:13–15). Шайтон инчунин ба воситаи ҷаҳони тиҷорат дурӯғро паҳн мекунад. Масалан, ин тартибот ба одамон таълим медиҳад, ки беҳтарин роҳи ба даст овардани хушбахтӣ ин пули зиёд кор кардан ва ҷамъ намудани молу мулк аст (Мас. 18:11). Касоне, ки ба ин фиреб дода мешаванд, тамоми умрашон ба Худо неву ба «боигарӣ» хизмат мекунанд (Мат. 6:24). Оқибат, меҳр ба чизҳои моддӣ чунон пурзӯр мегардад, ки муҳаббати Худо дар дилашон хомӯш мешавад (Мат. 13:22; 1 Юҳ. 2:15, 16).

8, 9. а) Мо аз мисоли Одаму Ҳавво ва фариштагони исёнкор кадом ду дарсро мегирем? б) Донистани он ки ҷаҳонро Шайтон идора мекунад, ба мо чӣ тавр таъсир мекунад?

8 Аз мисоли Одаму Ҳавво ва фариштагони исёнкор мо ду дарси муҳим мегирем. Якум, танҳо ду роҳ вуҷуд дорад ва мо бояд якеро интихоб кунем. Ё мо ба Яҳува содиқ мемонем ё ба тарафи Шайтон мегузарем (Мат. 7:13). Дуюм дарс ин аст, ки тарафдори Шайтон шудан танҳо манфиати кӯтоҳмуддат меорад. Масалан, Одаму Ҳавво ҳуқуқи муайян кардани меъёрҳои некиву бадиро ба дасти худ гирифтанд ва девҳо ба андозае қудрат пайдо карданд, ки ба ҳокимиятҳои одамӣ таъсир расонанд (Ҳас. 3:22). Лекин зараре, ки онҳо диданд, назар ба манфиати ба даст овардаашон садҳо маротиба зиёд аст. Дар тарафи Шайтон будан ҳамеша зарар меорад. Аз ин ягон фоидаи ҳақиқӣ нест! (Айюб 21:7–17; Ғал. 6:7, 8).

9 Донистани он ки ҷаҳонро Шайтон идора мекунад, ба мо чӣ гуна таъсир мерасонад? Ин ба мо кӯмак мекунад, ки ба ҳокимиятдорони ҷаҳон назари дуруст дошта бошем ва дар кори мавъиза иштирок кунем. Яҳува мехоҳад, ки мо ҳокимиятҳои давлатиро эҳтиром кунем (1 Пет. 2:17). Ва Худо интизор аст, ки мо ба қонунҳои онҳо, то даме ки бар зидди меъёрҳои Ӯ нестанд, итоат кунем (Рум. 13:1–4). Вале мо дарк мекунем, ки бояд мавқеи бетарафиро нигоҳ дорем ва ҳеҷ гоҳ ягон ҳизби сиёсӣ ё пешвои одамиро тарафдорӣ накунем (Юҳ. 17:15, 16; 18:36). Азбаски Шайтон мекӯшад, ки номи Яҳуваро аз одамон пинҳон кунад ва обрӯи Ӯро паст кунад, мо боз ҳам бештар мехоҳем, ки ба дигарон дар бораи Худо ҳақиқатро таълим диҳем. Мо фахр мекунем, ки бо номи Яҳува хонда шудаем ва он номро истифода мебарем, зеро медонем, ки маҳз муҳаббат ба Ӯ баракат меорад, на дӯст доштани пулу мол (Иш. 43:10; 1 Тим. 6:6–10).

ЧӢ ТАВР ШАЙТОН МЕКӮШАД, КИ БА ОДАМОН ТАЪСИР РАСОНАД?

10–12. а) Чӣ тавр Шайтон фариштагони дигарро ба дом афтонд? б) Аз гумроҳ шудани фариштагони зиёд мо ба худ чӣ дарс мегирем?

10 Шайтон барои ба одамон таъсир расондан усулҳои гуногунро моҳирона истифода мебарад. Барои он ки одамон ба Шайтон итоат кунанд, вай онҳоро бо васвасаҳо ба дом меандозад ё баъзан онҳоро тарсондан мехоҳад.

11 Биёед дида бароем, ки чӣ тавр Шайтон тавонист шумораи зиёди фариштагонро ба доми худ дарорад. Ӯ пеш аз он ки фариштагонро ба тарафи худ кашад, эҳтимол вақти дурудароз мушоҳида кард, то фаҳмад, ки чӣ тавр онҳоро ба васваса андохтан мумкин аст. Баъзе фариштагон ба доми бадахлоқӣ афтода, бо духтарони одамӣ алоқаи ҷинсӣ карданд. Аз онҳо бузургҷуссагони бераҳм таваллуд шуданд, ки ба одамони гирду атроф зӯроварӣ мекарданд (Ҳас. 6:1–4). Эҳтимол Шайтон фариштагони беитоатро на танҳо бо бадахлоқии ҷинсӣ ба доми худ кашид, балки ба онҳо боз ваъда дод, ки тамоми инсониятро идора мекунанд. Мақсади вай шояд ба омадани «насли» зан халал расондан буд (Ҳас. 3:15). Вале Яҳува роҳ надод, ки Шайтон ба мақсадаш расад. Ӯ дар он вақт ба замин Тӯфон овард ва тамоми кӯшишҳои Шайтон ва фариштагони исёнкор барбод рафтанд.

Шайтон кӯшиш мекунад, ки моро ба доми бадахлоқӣ, шӯҳратпарастӣ ва сеҳру ҷоду афтонад (Ба сархатҳои 12 ва 13 нигаред.)

12 Аз ин воқеа мо барои худ чӣ омӯхта метавонем? Мо набояд фикр кунем, ки ҳеҷ гоҳ ба доми бадахлоқии ҷинсӣ ва шӯҳратпарастӣ намеафтем. Фариштагоне, ки ба Шайтон ҳамроҳ шуданд, давоми солҳои бешумор дар ҳузури Худо хизмат мекарданд. Вале ҳатто дар чунин муҳити хуб, бисёрии онҳо гузоштанд, ки хоҳишҳои бадашон реша давонда инкишоф ёбад. Ба ин монанд, мо шояд давоми даҳсолаҳо дар қисми заминии ташкилоти Худо хизмат мекунем. Аммо ҳатто дар чунин муҳити поки рӯҳонӣ хоҳишҳои нопок метавонанд дар дили мо реша давонанд (1 Қӯр. 10:12). Барои ҳамин, то чӣ андоза муҳим аст, ки мо пайваста дили худро тафтиш кунем, фикрҳои бадахлоқонаро рад кунем ва ба ғуруру шӯҳратпарастӣ роҳ надиҳем! (Ғал. 5:26; Қӯлассиён 3:5-ро хонед.)

13. Боз як доме, ки Шайтон моҳирона истифода мебарад, кадом аст ва чӣ гуна мо метавонем аз он даргурез бошем?

13 Доми дигаре, ки Шайтон моҳирона истифода мебарад, шавқ ба чизҳои ғайритабиӣ ва сеҳру ҷоду аст. Имрӯз Шайтон мекӯшад одамонро зери таъсири девҳо қарор диҳад. Вай барои ин на танҳо дини дурӯғ, балки вақтхушиҳоро низ истифода мебарад. Филмҳо, бозиҳои компютерӣ ва дигар намудҳои вақтхушӣ сеҳру ҷодуро чун як чизи шавқовар нишон медиҳанд. Барои ба ин дом наафтидан, мо бояд чӣ кор кунем? Мо набояд интизор шавем, ки ташкилоти Худо барои мо рӯйхати вақтхушиҳои раво ва нораворо тартиб медиҳад. Ба ҳар яки мо лозим аст, ки виҷдони худро мувофиқи меъёрҳои Яҳува таълим диҳем (Ибр. 5:14). Павлуси расул зери илҳоми илоҳӣ насиҳат кард, ки муҳаббати мо ба Худо бояд «бериё» бошад. Агар мо мувофиқи он амал намоем, вақтхушиҳоро бохирадона интихоб мекунем (Рум. 12:9). Мо метавонем аз худ пурсем: «Оё вақтхушие, ки ман интихоб мекунам, нишон намедиҳад, ки ман дурӯя ҳастам? Агар омӯзанда ё шахсе, ки ӯро боздид мекунам, вақтхушии маро бинад, оё мефаҳмад, ки ман мувофиқи он чизе, ки таълим медиҳам, зиндагӣ мекунам?» Агар мо кӯшиш кунем, ки рафторамон бо суханонамон мувофиқ бошад, моро Шайтон ба доми худ афтонда наметавонад (1 Юҳ. 3:18).

Шайтон кӯшиш мекунад моро бо роҳҳои гуногун тарсонад: аз тарафи давлат манъ карда шудани кори мавъиза, фишори ҳамсолон, муқобилат аз тарафи оила (Ба сархати 14 нигаред.)

14. Шайтон бо кадом роҳ моро метарсонад ва чӣ тавр мо ба он тоб оварда метавонем?

14 Ғайр аз домҳои дар боло номбаршуда Шайтон инчунин мехоҳад моро тарсонад, то ба Яҳува дигар содиқ намонем. Масалан, вай метавонад ҳокимиятдоронро истифода барад, то кори мавъизаро манъ кунанд. Ё мумкин вай ҳамкорон ё ҳамсинфонамонро барангезад, ки моро барои риояи меъёрҳои баланди ахлоқӣ масхара кунанд (1 Пет. 4:4). Зери таъсири Шайтон ҳатто аъзоёни оилаамон аз ниятҳои хуб барои ба вохӯриҳои ҷамъомад рафтанамон халал расонда метавонанд (Мат. 10:36). Чӣ тавр мо ба ин душвориҳо тоб оварда метавонем? Якум, мо набояд аз ин ҳамлаҳои рӯирости Шайтон ҳайрон шавем, чунки ҷанги рӯҳонии мо то ҳол давом дорад (Ваҳй 2:10; 12:17). Боз ба мо лозим аст, ки саволи баҳсталабро дар ёд дорем. Шайтон даъво мекунад, ки мо танҳо, вақте ки қулай аст, ба Яҳува хизмат мекунем, вале ҳамин ки бо душвориҳо дучор шавем, аз Ӯ рӯй мегардонем (Айюб 1:9–11; 2:4, 5). Аз ҳама муҳимаш, мо бояд ҳамеша аз Яҳува қувват пурсем. Биёед дар ёд дорем, ки Ӯ ҳеҷ гоҳ моро танҳо намегузорад (Ибр. 13:5).

КАДОМ КОРҲО АЗ ДАСТИ ШАЙТОН НАМЕОЯНД?

15. Оё Шайтон моро ба кардани кори бад маҷбур карда метавонад? Фаҳмонед.

15 Шайтон одамонро ба кардани коре, ки онҳо намехоҳанд, маҷбур карда наметавонад (Яъқ. 1:14). Бисёри одамон дарк намекунанд, ки дар тарафи Шайтонанд. Вале баъди фаҳмидани ҳақиқат, ҳар кас худаш қарор мекунад, ки дар тарафи Яҳува бошад ё дар тарафи Шайтон (Аъм. 3:17; 17:30). Агар мо бо қатъият иродаи Худоро иҷро кардан хоҳем, Шайтон бо ягон тарз беайбиамонро шикаста наметавонад (Айюб 2:3; 27:5).

16, 17. а) Боз кадом корҳоро Шайтон ва девҳо карда наметавонанд? б) Чаро мо натарсида бо овоз дуо гуфта метавонем?

16 Боз чизҳои дигаре ҳастанд, ки Шайтон ва девҳо карда наметавонанд. Масалан, дар ягон ҷойи Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки онҳо фикрҳои дар дилу ақли мо бударо хонда метавонанд. Танҳо дар бораи Яҳува ва Исо гуфта шудааст, ки чунин қобилият доранд (1 Подш. 16:7; Марқ. 2:8). Вале дар бораи бо овоз дуо гуфтан чӣ метавон гуфт? Оё мо бояд тарсем, ки Иблис ё девҳо мазмуни дуоҳои моро шунида, ба мо зарар мерасонанд? Не! Охир, «Иблис моро мебинад» гуфта мо аз мавъиза кардан ва дигар корҳои нек наметарсем-ку. Ба ин монанд, мо набояд аз баланд дуо гуфтан тарсем. Дар Китоби Муқаддас мисоли бисёр хизматгорони Худо оварда шудааст, ки бо овоз дуо мегуфтанд. Дар ягон ҷо қайд нашудааст, ки онҳо метарсиданд, ки Иблис дуояшонро мешунавад (3 Подш. 8:22, 23; Юҳ. 11:41, 42; Аъм. 4:23, 24). Биёед аз таҳти дил кӯшиш кунем, ки гуфтору рафторамон писанди Яҳува бошад. Он гоҳ Яҳува роҳ намедиҳад, то Иблис ба мо зарари ислоҳнопазир расонад. (Забур 33:8-ро хонед.)

17 Мо бояд душмани худро донем, вале лозим нест, ки аз вай ба тарсу ҳарос оем. Бо дастгирии Яҳува, ҳатто одамони нокомил метавонанд бар Шайтон ғолиб оянд (1 Юҳ. 2:14). Агар мо ба вай муқобилат кунем, ӯ аз мо мегурезад (Яъқ. 4:7; 1 Пет. 5:9). Ба назар чунин метобад, ки имрӯз Шайтон махсусан ҷавононро ба нишон гирифтааст. Чӣ ба онҳо кӯмак мекунад, ки ба ҳамлаҳои Шайтон муқобилат кунанд? Мақолаи навбатӣ ба ин савол ҷавоб медиҳад.

^ сарх. 2 Дар Китоби Муқаддас номи баъзе фариштагон навишта шудааст (Дов. 13:18; Дон. 8:16; Луқ. 1:19; Ваҳй 12:7). Ҳамчунин Яҳува ҳар як ситораро бо номаш мехонад. Аз ин рӯ хулоса баровардан дуруст аст, ки Ӯ ба ҳамаи фариштагон, аз он ҷумла ба фариштае, ки Шайтон гашт, ном дода буд.

^ сарх. 3 Дар Навиштаҳои ибронӣ Шайтон бо ин унвон 18 бор, дар Навиштаҳои юнонӣ бошад, зиёда аз 30 бор омадааст.