Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чаро мо бояд «самари бисёр» орем

Чаро мо бояд «самари бисёр» орем

«Падари ман ҳамон вақт ҷалол меёбад, агар шумо самари бисёр оред ва шогирди ман буданатонро исбот кунед» (ЮҲ. 15:8).

СУРУДҲО: 45, 10

1, 2. а) Чанде пеш аз маргаш Исо бо шогирдони худ чиро муҳокима кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Барои чӣ сабаби мавъиза карданамонро дар хотир доштан зарур аст? в) Мо чиро дида мебароем?

ШАБИ пеш аз маргаш Исо бо шогирдони худ дурудароз сӯҳбат карда, боварӣ бахшид, ки онҳоро хеле дӯст медорад. Ҳамчунин ӯ дар бораи токи ангур мисоле нақл кард, ки мо онро дар мақолаи гузашта муҳокима кардем. Бо ёрии он мисол Исо шогирдонашро барангехт, ки «самари бисёр» оварданро давом диҳанд, яъне бо истодагарӣ хушхабарро оиди Подшоҳии Худо мавъиза кунанд * (Юҳ. 15:8).

2 Лекин Исо ба шогирдонаш на фақат гуфт, ки чӣ кор бояд кунанд, балки инчунин қайд кард, ки чаро бояд он корро кунанд. Ӯ якчанд сабаби мавъиза карданро фаҳмонд. Ба мо низ донистан муҳим аст, ки чаро набояд мавъиза карданро бас кунем. Зеро дар хотир доштани ин ба мо кӯмак мекунад, то ба «ҳамаи халқҳо» бо истодагарӣ мавъиза кунем (Мат. 24:13, 14). Биёед ҳоло бо ёрии Китоби Муқаддас чор сабаби мавъиза карданро дида бароем. Ва боз фаҳмем, ки вақте бо истодагарӣ самар меорем, Яҳува моро аз кадом чор ҷиҳат баракат медиҳад.

НОМИ ЯҲУВАРО ҶАЛОЛ МЕДИҲЕМ

3. а) Дар Юҳанно 15:8 барои мавъиза кардан кадом сабаб оварда шудааст? б) Дар мисоли Исо ангурҳо чиро тасвир мекунанд ва чаро ин муқоисакунӣ мувофиқ аст?

3 Сабаби муҳимтарини мавъиза кардани мо ин ҷалол додани Яҳува ва муқаддас гардондани номи Ӯ мебошад. (Юҳанно 15:1, 8-ро хонед.) Аҳамият диҳед, ки Исо Падараш Яҳуваро ба деҳқон ё боғбоне, ки ангур мепарварад, монанд кард. Исо худашро ба ток ва пайравонашро ба навдаҳои он монанд кард (Юҳ. 15:5). Пас, ангурҳо самареро тасвир мекунанд, ки шогирдони Исо меоранд. Ин иштирок дар кори мавъиза аст. Исо ба расулонаш гуфт: «Падари ман ҳамон вақт ҷалол меёбад, агар шумо самари бисёр оред». Вақте ки ток ангурҳои калону ширин ба бор меорад, ин обрӯи деҳқонро мебардорад. Ҳамин тавр мо низ, вақте ки қобилиятҳои беҳтарини худро ба кор бурда Подшоҳии Худоро мавъиза мекунем, ин ба Яҳува шаъну шараф меорад, яъне номи Ӯро ҷалол медиҳад (Мат. 25:20–23).

4. а) Бо кадом роҳҳо мо номи Худоро муқаддас мегардонем? б) Шумо ба имконияти муқаддас гардондани номи Худо чӣ гуна муносибат мекунед?

4 Номи Худо аллакай муқаддас, яъне пок аст. Мо наметавонем онро муқаддастар гардонем. Пас, ба кадом маъно кори мавъизаи мо номи Худоро муқаддас мегардонад? Аҳамият диҳед, ки Ишаъё-пайғамбар чӣ гуфт: «Худованди лашкарҳоро,— танҳо Ӯро,— тақдис намоед [муқаддас донед]» (Иш. 8:13). Мо номи Худоро ба он маъно муқаддас мегардонем, ки онро аз ҳамаи дигар номҳо бузургтар меҳисобем ва ба дигарон низ муқаддас будани онро мефаҳмонем (Мат. 6:9). Масалан, вақте мо ба одамон оиди хислатҳои олиҷаноби Яҳува ва нияте, ки Ӯ нисбати инсоният дорад, нақл мекунем, мо номи Ӯро аз дурӯғ ва тӯҳмати Шайтон пок месозем (Ҳас. 3:1–5). Боз чӣ тавр мо номи Ӯро муқаддас мегардонем? Вақте ба одамони минтақаамон мефаҳмонем, ки Яҳува сазовори «ҷалол, эҳтиром ва қудрат» аст (Ваҳй 4:11). Бародар Руне, ки 16 сол боз чун пешрав хизмат мекунад, мегӯяд: «Донистани он ки ман дар бораи Офаридгори Даҳр шаҳодат дода метавонам, дили маро аз миннатдорӣ пур мекунад. Ин маро бармеангезад, ки мавъиза карданро давом диҳам».

МО ЯҲУВА ВА ПИСАРИ ӮРО ДӮСТ МЕДОРЕМ

5. а) Дар Юҳанно 15:9, 10 кадом сабаби мавъиза кардан оварда шудааст? б) Чӣ тавр Исо муҳим будани истодагариро қайд кард?

Юҳанно 15:9, 10-ро хонед. Боз як сабаби муҳими мавъиза кардани мо дар он аст, ки мо Яҳува ва Исоро аз таҳти дил дӯст медорем (Марқ. 12:30; Юҳ. 14:15). Диққат диҳед, ки Исо ба шогирдонаш гуфт, ки онҳо бояд дар муҳаббати ӯ бимонанд. Чаро? Зеро барои сол аз сол чун пайрави Исо зиндагӣ кардан, истодагарӣ лозим аст. Дар порчаи Юҳанно 15:4–10 ӯ муҳиммияти истодагариро қайд карда, ба шогирдонаш гаштаву баргашта гуфт, ки бо ӯ дар ягонагӣ бошанд ва дар муҳаббати ӯ бимонанд.

6. Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки дар муҳаббати Масеҳ мондан мехоҳем?

6 Мо мехоҳем, ки дар муҳаббати Исо монем ва ӯ аз мо розӣ бошад. Ин хоҳишамонро бо иҷро кардани гуфтаҳои ӯ нишон медиҳем. Исо мехоҳад, ки мо ба вай итоат кунем. Ӯ аз мо танҳо он корҳоеро талаб мекунад, ки худаш мекард. Ӯ гуфт: «Ман амрҳои Падарро риоя мекунам ва дар муҳаббати Ӯ мемонам». Исо бароямон намуна мебошад (Юҳ. 13:15).

7. Чӣ тавр итоаткорӣ ва муҳаббат бо ҳам алоқаманданд?

7 Итоаткорӣ бо муҳаббат алоқаманд аст. Инро аз суханоне, ки Исо ба расулонаш гуфт, дидан мумкин аст: «Ҳар касе, ки амрҳои маро қабул мекунад ва онҳоро ба ҷо меорад, маро дӯст медорад» (Юҳ. 14:21). Азбаски амрҳои Исо аз Яҳува бармеоянд, мо кори мавъизаро иҷро карда, ба Худо низ муҳаббатамонро нишон медиҳем (Мат. 17:5; Юҳ. 8:28). Вақте мо нишон медиҳем, ки Яҳува ва Исоро дӯст медорем, онҳо моро дар муҳаббати худ нигоҳ медоранд.

МО ОДАМОНРО ОГОҲ МЕКУНЕМ

8, 9. а) Боз як сабаби мавъиза кардани мо кадом аст? б) Чаро суханони дар Ҳизқиёл 3:18, 19 ва 18:23 гуфтаи Яҳува моро бармеангезанд, ки мавъиза карданро бас накунем?

8 Сабаби сеюми давом додани кори мавъиза ин аст, ки мо мехоҳем одамонро огоҳ кунем. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки Нӯҳ «дар бораи росткорӣ мавъиза мекард». (2 Петрус 2:5-ро хонед.) То омадани Тӯфон ӯ ба одамон мавъиза карда, шояд инчунин онҳоро аз нобудшавие, ки наздик буд, огоҳ мекард. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Чунки Исо қайд кард: «Чи тавре ки пеш аз Тӯфон, то вақти ба киштӣ даромадани Нӯҳ, одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанду ба шавҳар мебаромаданд ва то вақти омада, ҳамаро несту нобуд кардани Тӯфон чизе намефаҳмиданд, дар вақти ҳузури Писари одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд» (Мат. 24:38, 39). Нӯҳ нигоҳ накарда ба бепарвоии одамон хабари огоҳкунандаи Яҳуваро содиқона эълон мекард.

9 Имрӯз мо дар бораи Подшоҳии Худо мавъиза карда ба одамон имконият медиҳем, то оиди нияте, ки Худо нисбати инсоният дорад, фаҳманд. Мисли Яҳува мо хеле мехоҳем, ки одамон хабари моро қабул кунанд ва зинда монанд (Ҳиз. 18:23). Ҳамзамон, вақте мо хона ба хона ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мавъиза мекунем, мо шумораи ҳар чи бештари одамонро огоҳ мекунем, ки Подшоҳии Худо меояд ва ин ҷаҳони бадиро нест мекунад (Ҳиз. 3:18, 19; Дон. 2:44; Ваҳй 14:6, 7).

МО ОДАМОНРО ДӮСТ МЕДОРЕМ

10. а) Дар Матто 22:39 барои мавъиза кардан кадом сабаб оварда шудааст? б) Нақл кунед, ки чӣ тавр Павлусу Сило дар шаҳри Филиппӣ ба зиндонбон кӯмак карданд.

10 Сабаби чоруми мавъизаро давом додани мо ин муҳаббат ба одамон аст (Мат. 22:39). Ин муҳаббат моро бармеангезад, то бо истодагарӣ мавъиза кунем. Мо дарк мекунем, ки агар вазъияти одамон тағйир ёбад, рӯҳияи онҳо метавонад дигар шавад. Оиди воқеае, ки бо Павлус ва ҳамсафараш Сило, рӯй дод, мулоҳиза ронед. Дар шаҳри Филиппӣ мухолифон онҳоро ба зиндон партофтанд. Баъд дар нисфи шаб ногаҳон заминҷунбие рӯй дод ва дарвозаҳои зиндон кушода шуданд. Зиндонбон аз тарси он ки маҳбусон гурехтанд, худро куштанӣ шуд. Лекин Павлус бо овози баланд гуфт: «Ба худат зарар нарасон». Зиндонбон тарсону ларзон пурсид: «Чӣ кор кунам, ки наҷот ёбам?» Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Ба Ҳазратамон Исо имон ор, он гоҳ ту ва аҳли хонаводаат наҷот меёбед» (Аъм. 16:25–34).

Муҳаббат ба Яҳува, Исо ва одамон моро ба мавъиза кардан бармеангезад (Ба сархатҳои 5 ва 10 нигаред.)

11, 12. а) Чӣ тавр воқеа оиди зиндонбон ба хизмати мо дахл дорад? б) Агар мо хизматро давом диҳем, ин ба одамон чӣ манфиат меорад?

11 Воқеаи бо зиндонбон рӯйдода бо кори мавъизаи мо чӣ алоқамандӣ дорад? Аҳамият диҳед, ки танҳо баъди заминҷунбӣ дили зиндонбон мулоим шуд ва ӯ ёрдам пурсид. Имрӯз низ баъзе одамон ба хабари Китоби Муқаддас гӯш намедиҳанд. Вале, вақте ки ягон ҳодисаи нохуш ё мусибат ҳаёти онҳоро ба ларза меорад, дили онҳо метавонад мулоим шавад ва онҳо кӯмак ҷӯянд. Масалан, баъзе одамони маҳалли мо шояд кори солҳои дароз доштаашонро ногаҳон аз даст доданд ва чӣ кор карданашонро намедонанд. Дигарон эҳтимол, аз он ки ба наздикӣ оилаашон вайрон шудааст, худро зиқу рӯҳафтода ҳис мекунанд. Баъзеҳо шояд фаҳмиданд, ки ба бемории ҷиддӣ гирифторанд ё шахси наздикашонро аз даст доданд ва барои ҳамин дилшикастаанд. Вақте чунин воқеаҳо рӯй медиҳанд, баъзе одамон аз ғаму андӯҳ маънои ҳаётро мекобанд, ҳарчанд пеш дар ин бора фикр намекарданд. Эҳтимол, онҳо ҳатто мепурсанд: «Чӣ кор кунам, ки наҷот ёбам?» Ва шояд акнун дар дилашон хоҳиш пайдо шавад, ки хабари умедбахшеро, ки мо мавъиза мекунем, гӯш кунанд.

12 Барои ҳамин, агар мо мавъиза карданро содиқона давом диҳем, мо одамонро ҳангоми ба шунидан моил буданашон, тасаллӣ дода метавонем (Иш. 61:1). Шарлот ном хоҳар, ки 38 сол боз дар хизмати пурравақт аст, чунин мегӯяд: «Одамон имрӯз ҳайронанд ва чӣ кор карданашонро намедонанд. Онҳо мӯҳтоҷи шунидани хабари нағзанд». Эйвор ном хоҳаре, ки 34 сол боз пешрав аст, мегӯяд: «Имрӯз одамон аз ҳарвақта дида худро ғамгину рӯҳафтода ҳис мекунанд. Ман сахт мехоҳам ба онҳо ёрдам кунам. Ин маро бармеангезад, ки мавъиза кунам». Дар ҳақиқат, муҳаббат ба одамон яке аз сабабҳои асосиест, ки мо хизмати худро давом медиҳем!

БАРАКАТҲОЕ, КИ БАРОИ ИСТОДАГАРӢ КӮМАК МЕКУНАНД

13, 14. а) Дар Юҳанно 15:11 оиди кадом баракат гуфта шудааст? б) Чӣ тавр хурсандиеро, ки Исо дошт, мо пайдо карда метавонем? в) Хурсандӣ ба хизмати мо чӣ гуна таъсир мерасонад?

13 Дар давоми шаби пеш аз маргаш Исо ҳамчунин ба расулони худ оиди якчанд баракатҳое гуфт, ки барои бо истодагарӣ самар овардан кӯмак мекунанд. Ин баракатҳо кадоманд ва мо чӣ тавр аз онҳо манфиат мегирем?

14 Хурсандӣ. Оё итоат ба амри Исо оиди мавъиза бори гарон аст? Албатта не. Исо баъди оиди ток мисол овардан гуфт, ки мо чун воизони хушхабар хурсандӣ ҳис карда метавонем. (Юҳанно 15:11-ро хонед.) Ӯ моро боварӣ бахшид, ки хурсандиеро, ки ӯ дошт, мо низ пайдо мекунем. Чӣ тавр? Чуноне ки пештар гуфтем, Исо худро ба ток ва шогирдонашро ба навдаҳо монанд кард. Навдаҳо танҳо ҳамон вақт обу ғизо гирифта месабзанд, агар бо ток пайваст бошанд. Мисли ин то даме ки мо аз пайи Исо равона шуда, бо ӯ дар ягонагӣ мемонем, ҳамон хурсандиеро, ки ӯ аз иҷрои иродаи Падараш ҳис мекард, пайдо мекунем (Юҳ. 4:34; 17:13; 1 Пет. 2:21). Ҳанне ном хоҳар, ки зиёда аз 40 сол боз пешрав аст, мегӯяд: «Баъди иштирок дар мавъиза ман ҳамеша хурсандӣ ҳис мекунам ва ин маро ба давом додани хизмати Яҳува бармеангезад». Дар ҳақиқат, ҳисси хурсандӣ ва қаноатмандӣ ба мо қувват мебахшад, то мавъизаро давом диҳем, ҳатто дар ҷойҳое, ки аксари одамон хушхабарро гӯш намекунанд (Мат. 5:10–12).

15. а) Дар Юҳанно 14:27 оиди кадом баракат гуфта шудааст? б) Чӣ тавр осоиштагӣ ба мо кӯмак мекунад?

15 Осоиштагӣ. (Юҳанно 14:27-ро хонед.) Чанде пеш, дар он шоми охирин Исо ба расулон гуфт: «Осоиштагии худро ба шумо медиҳам». Чӣ тавр осоиштагӣ ба мо дар овардани самар ёрӣ медиҳад? Вақте ки мо бо истодагарӣ мавъиза мекунем, дар дил оромиву осоиштагии бардавом ҳис мекунем, зеро медонем, ки Яҳува ва Исо аз мо розиянд (Заб. 149:4; Рум. 5:3, 4; Қӯл. 3:15). Улф ном бародар, ки 45 сол боз пешрав шуда хизмат мекунад, мегӯяд: «Дар хизмати мавъиза иштирок карда, ман монда мешавам, вале он ба ман қаноатмандии ҳақиқӣ меорад ва ҳаётам пурмазмун мегардад». То чӣ андоза мо миннатдорем, ки Яҳува моро бо осоиштагии бардавом баракат медиҳад!

16. а) Дар Юҳанно 15:15 оиди кадом баракат гуфта шудааст? б) Чӣ тавр расулон бо Исо дӯстиро нигоҳ дошта метавонистанд?

16 Дӯстӣ. Баъди гуфтани он ки «хурсандии шумо пурра гардад», Исо ба расулонаш фаҳмонд, ки зоҳир кардани муҳаббати фидокорона то чӣ андоза муҳим аст (Юҳ. 15:11–13). Сипас ӯ ба онҳо гуфт: «Шуморо дӯст меномам». Чӣ баракати олиҷаноб аст, дӯсти Исо будан! Расулон бояд чӣ кор мекарданд, то ин дӯстиро нигоҳ доранд? Вай ба онҳо гуфт, ки «биравед ва самаре оред». (Юҳанно 15:14–16-ро хонед.) Тахминан ду сол пеш Исо ба расулонаш чунин дастурот дода буд: «Ҳангоми роҳ рафтанатон мавъиза карда гӯед: “Подшоҳии осмон наздик шудааст”» (Мат. 10:7). Ва дар он шаби охирон ӯ онҳоро барангехт, то кореро, ки сар карда буданд, бо истодагарӣ давом диҳанд (Мат. 24:13; Марқ. 3:14). Иҷро кардани амри Исо осон набуд, вале онҳо метавонистанд аз ӯҳдаи он бароянд ва ҳамин тавр дӯстиашонро бо Исо нигоҳ доранд. Чӣ тавр? Барои ин як баракати дигар ба онҳо кӯмак мекард.

17, 18. а) Дар Юҳанно 15:16 дар бораи кадом баракат гуфта шудааст? б) Чӣ тавр ин баракат ба пайравони Исо ёрдам медиҳад? в) Кадом баракатҳо имрӯз моро қувват мебахшанд?

17 Ҷавоб ба дуоҳо. Исо қайд кард: «Ҳар он чӣ ба номи ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо хоҳад дод» (Юҳ. 15:16). Эҳтимол ин ваъдаи Исо расулонро хеле қувват бахшид *. Расулон пурра намефаҳмиданд, ки ҳаёти Исо дар замин ба наздикӣ ба охир мерасад. Вале марги ӯ маънои онро надошт, ки акнун касе онҳоро дастгирӣ намекунад. Яҳува тайёр буд ба дуоҳои онҳо ҷавоб диҳад ва дар иҷрои кори мавъизаи хушхабар кӯмаки лозима расонад. Чанде пас аз марги Исо, расулон аз Яҳува илтиҷо карданд, ки ба онҳо далерӣ диҳад ва Худо ба дуоҳои онҳо ҷавоб дод (Аъм. 4:29, 31).

Мо боварӣ дорем, ки Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб дода, ба мо ёрӣ мерасонад (Ба сархати 18 нигаред.)

18 Имрӯз низ ҳамин тавр аст. Вақте ки мо бо истодагарӣ самар меорем, дӯстиро бо Исо нигоҳ медорем. Ҳамчунин, вақте дар хизмат бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем, боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува дуоҳоямонро мешунавад ва ба ёрдам додан тайёр аст (Фил. 4:13). Чӣ баракати бузург аст ба дуоҳои худ ҷавоб гирифтан ва бо Исо дӯст будан! Ин баракатҳои Яҳува ба мо қувват мебахшанд, то самар оварданро давом диҳем (Яъқ. 1:17).

19. а) Чаро мо мавъиза карданро давом медиҳем? б) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки супориши Худоро то охир иҷро кунем?

19 Дар ин мақола мо чор сабаби мавъиза карданро дида баромадем. Бо мавъизаи худ мо номи Яҳуваро ҷалол дода муқаддас мегардонем, ба Худо ва Исо муҳаббат зоҳир мекунем, одамонро огоҳ менамоем ва нишон медиҳем, ки онҳоро дӯст медорем. Мо инчунин дар бораи чор баракат фаҳмидем, ки онҳо хурсандӣ, осоиштагӣ, дӯстӣ ва ҷавоб ба дуо мебошанд. Онҳо ба мо қувват мебахшанд, ки супориши Худоро то охир иҷро кунем. То чӣ андоза Яҳува хурсанд аст, ки мо барои «самари бисёр» овардан аз таҳти дил кӯшиш мекунем!

^ сарх. 1 Калимаи юноние, ки чун «самар овардан» тарҷума шудааст, ба амали давомнок ишора мекунад.

^ сарх. 17 Дар рафти сӯҳбат бо расулонаш Исо такрору ба такрор онҳоро боварӣ бахшид, ки Худо ба дуоҳои онҳо албатта ҷавоб медиҳад (Юҳ. 14:13, 15:7, 16; 16:23)