Чӣ ҳосили фаровон!
ИСО пешгӯйӣ карда буд, ки пайравонаш дар ин рӯзҳои охир аз ҷамъоварии ҳосили фаровон хурсандӣ мегиранд (Мат. 9:37; 24:14). Биёед бинем, ки чӣ тавр суханони ӯ дар вилояти Закарпатияи Украина иҷро шуданд. Дар се шаҳраки ин вилоят, ки ба якдигар наздиканд, 50 ҷамъомад ва зиёда аз 5 400 нафар воиз ҳаст *. Танҳо тасаввур кунед, аз чор як ҳиссаи аҳолии ин се шаҳрак Шоҳидони Яҳува мебошанд!
Чӣ тавр одамон дар ин минтақа ба хушхабар муносибат мекунанд? Василе ном бародаре нақл мекунад: «Одамони ин ҷо Китоби Муқаддасро ҳурмат мекунанд, адлу инсофро дӯст медоранд, муносибат байни аъзоёни оила мустаҳкам аст ва одамон бо омодагӣ ба якдигар ёрӣ медиҳанд». Ӯ илова мекунад: «Онҳо на ҳама вақт бо таълимоти мо розӣ мешаванд. Аммо, вақте аз Китоби Муқаддас чизеро нишон медиҳем, онҳо бодиққат гӯш мекунанд».
Албатта, бародарону хоҳарон дар чунин минтақаҳо хизмат карда, бо душвориҳои ғайриодӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Масалан, дар як ҷамъомад 134 воизон ҳастанд, лекин барои мавъиза танҳо 50 хонаҳои шахсӣ вуҷуд дорад. Воизон дар ин гуна мавридҳо чӣ кор мекунанд?
Бисёр бародарону хоҳарон барои васеъ кардани хизматашон ба минтақаҳое мераванд, ки воизон намерасанд. Йонаш ном бародаре, ки 90-сола аст, мегӯяд: «Нисфи аҳолии минтақаамон Шоҳидони Яҳува мебошанд. Ман ҳозир дар қишлоқ мавъиза мекунам, лекин пеш, вақте ки саломатиам хубтар буд, масофаи 160 км-ро тай карда, ба минтақае мерафтам, ки ба ягон ҷамъомад дахл надошт. Дар он ҷо ман бо забони венгерӣ мавъиза мекардам». Воизон барои дар дигар минтақаҳо хизмат кардан бояд чизеро қурбон кунанд. Бародар Йонаш мегӯяд: «Барои ба қатора савор шудан ман соати чори саҳар аз хоб мехестам ва то соати шаши бегоҳ хизмат мекардам, чунки қатора дар он вақт бармегашт. Ман дар як ҳафта ду ё се бор ба он ҷо мерафтам». Ӯ дар бораи қурбониҳое, ки карда буд, чӣ фикр мекунад? Ӯ мегӯяд: «Аз ин намуди хизмат ман хурсандии зиёд мегирифтам. Ман хеле шодам, чунки ба оилае, ки аз ҷамъомад дур буд, барои фаҳмидани ҳақиқат кӯмак расондам».
Фаҳмост, ки на ҳама аъзоёни ҷамъомадҳои ин маҳал имконияти ба ҷойҳои дур сафар карданро доранд. Вале ҳама, аз он ҷумла воизони калонсол, кӯшиш мекунанд, ки дар минтақаи худ ба ҳар як кас мавъиза кунанд. Дар натиҷа, соли 2017, дар ин се шаҳрак нисфи аҳолӣ ба Шоми ёдбуд омаданд, яъне шумораи онҳо назар ба воизон ду баробар зиёд буд. Бешубҳа, дар куҷое хизмат накунем, то ҳол имконият дорем, ки «дар кори Сарвар ҷидду ҷаҳд» намоем (1 Қӯр. 15:58).
^ сарх. 2 Ин шаҳракҳо Глубокий Поток, Среднее Водяное ва Нижняя Апша ном доранд.