Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҷавонон, устуворона ба Иблис муқобилат кунед

Ҷавонон, устуворона ба Иблис муқобилат кунед

«Либоси ҷангиеро, ки аз Худост, пурра дар бар кунед, то ба макру ҳилаи Иблис муқобилат карда тавонед» (ЭФС. 6:11).

СУРУДҲО: 139, 55

1, 2. а) Чаро масеҳиёни ҷавон зидди қувваҳои бади рӯҳонӣ мубориза бурда, ғолиб меоянд? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

ПАВЛУСИ расул ҳаёти масеҳиёнро ба муборизаи тан ба тани лашкарон монанд кард. Муҳорибае, ки мо дар он иштирок мекунем, аслӣ не, балки рӯҳонӣ мебошад. Лекин душманони мо воқеианд. Шайтон ва девҳо ҷанговарони моҳиранд, ки таҷрибаи калон доранд. Аз нигоҳи аввал шояд чунин тобад, ки мо барои ғолиб омадан ягон умед надорем, хусусан агар ҷавон бошем. Оё ҷавонон метавонанд бар чунин душманони пурқудрат муқобилат карда ғолиб оянд? Бале, онҳо метавонанд ва аллакай ғолиб омада истодаанд! Чаро? Чунки онҳо «аз Худованд ва тавоноии қудрати Ӯ қувват» меёбанд. Вале ба онҳо боз як чизи дигар кӯмак мекунад. Ба монанди аскарони хуб таълимёфта, онҳо «либоси ҷангиеро, ки аз Худост, пурра дар бар» мекунанд. (Эфсӯсиён 6:10–12-ро хонед.)

Вақте ки Павлус ин мисолро овард, ӯ шояд либоси ҷангии аскарони румиро дар назар дошт (Аъм. 28:16). Биёед дида бароем, ки чӣ тавр ин мисол ба ҳаёти масеҳиамон дахл дорад. Дар рафти муҳокима диққат диҳед, ки баъзе ҷавонон дар бораи душвориҳои худ ва фоидаи дар бар кардани либоси ҷангии рӯҳонӣ чӣ мегӯянд.

Оё шумо либоси ҷангиро пурра пӯшидаед?

«КАМАРБАНДИ РОСТӢ»

3, 4. Аз кадом ҷиҳат ҳақиқати Китоби Муқаддас ба камарбанди аскари румӣ монанд аст?

3 Эфсӯсиён 6:14-ро хонед. Камарбанди аскари румӣ порчаҳои металлӣ дошт, ки миёни ҷанговарро муҳофизат мекард. Он тавре сохта шуда буд, ки барои бардоштани вазни ҷавшан кӯмак мекард. Баъзе миёнбандҳо ҳамчунин чангакҳои мустаҳкаме доштанд, ки барои овехтани шамшер ё ханҷар хизмат мекарданд. Вақте ки аскар миёнашро маҳкам мебаст, ӯ худро устувор ва бақувват ҳис мекард.

4 Ба ин монанд, ҳақиқат, яъне ростие, ки аз Китоби Муқаддас мефаҳмем, моро аз зарари рӯҳонии таълимоти дурӯғ муҳофизат мекунад (Юҳ. 8:31, 32; 1 Юҳ. 4:1). Ҳар қадаре ки мо ҳақиқатро дӯст дорем, бардоштани «ҷавшан», яъне риоя кардани меъёрҳои одилонаи Худо осонтар мегардад (Заб. 110:7, 8; 1 Юҳ. 5:3). Илова бар ин, вақте ки мо ҳақиқати Каломи Худоро хуб мефаҳмем, мо метавонем дар эътиқоди худ устувор монем ва онро аз душманон ҳимоя кунем (1 Пет. 3:15).

5. Чаро мо бояд ҳамеша гапи ростро гӯем?

Вақте мо миёнамонро гӯё бо «ростӣ»-и Китоби Муқаддас маҳкам мебандем, ин моро бармеангезад, ки мувофиқи он зиндагӣ кунем ва ҳамеша ростқавл бошем. Чаро мо бояд аз дурӯғ гуфтан парҳез кунем? Чунки дурӯғ яке аз яроқҳои таъсирбахши Шайтон мебошад. Дурӯғ ҳам ба худи дурӯғгӯй ва ҳам ба шахсе, ки ба он бовар мекунад, зарар меорад (Юҳ. 8:44). Барои ҳамин нокомил бошем ҳам, бояд ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то аз дурӯғ дурӣ ҷӯем (Эфс. 4:25). Лекин ин метавонад душвор бошад. Абиҷайли 18-сола мегӯяд: «Баъзан ба назар метобад, ки рост гуфтан шарт нест, хусусан, агар гапи дурӯғ туро аз вазъияти душвор барорад». Пас, чаро Абиҷайл ҳамеша кӯшиш мекунад, ки рост гӯяд? Ӯ мегӯяд: «Вақте ман гапи рост мегӯям, виҷдонам пеши Яҳува пок аст ва волидону дӯстонам ба ман бовар карда метавонанд». Викторияи 23-сола бошад, мегӯяд: «Вақте гапи рост мегӯӣ ва дар имон устувор мемонӣ, дигарон метавонанд ба ту фишор оранд. Вале ту ҳамеша манфиати бештарро мебинӣ: аз худат дилпур мешавӣ, ба Яҳува худро наздиктар ҳис мекунӣ ва соҳиби эҳтироми онҳое мешавӣ, ки туро дӯст медоранд». Барои ҳамин муҳим аст, ки ҳамеша «миёнатонро бо камарбанди ростӣ бандед».

Камарбанди ростӣ (Ба сархатҳои 3–5 нигаред.)

«ҶАВШАНИ РОСТКОРӢ»

6, 7. Чаро росткориро ба ҷавшан монанд кардан мумкин аст?

6 Ҷавшане, ки аскари румӣ дар асри як мепӯшид, одатан аз тунукаҳои ғафси оҳанин сохта мешуд. Ин тунукаҳо бо чангакҳо ва тасмачаҳои чармин ба ҳамдигар маҳкам мешуданд. Қисми болоии ҷавшан, ки аз тунукаҳои хамгашта иборат буд, китфи аскарро мепӯшонид ва қисми поёнии ҷавшан сандуқи синаи ӯро муҳофизат мекард. Пӯшидани ин либоси махсус на он қадар қулай буд, чунки ҳаракати аскарро ба андозае душвор мегардонд ва ӯ бояд ҳар гоҳ тафтиш карда меистод, ки оё ягон қисми ҷавшан кушода нашудааст. Вале ҷавшан дил ва дигар узвҳои муҳими аскарро аз теғи шамшер ё тир муҳофизат мекард.

7 Меъёрҳое, ки Яҳува барои росткор будани мо додааст, дили рамзиамонро чун ҷавшан муҳофизат мекунанд (Мас. 4:23). Аскар ҷавшани оҳанини худро бо ҷавшане, ки аз ягон металли беқувват сохта шудааст, иваз намекард. Ҳамин тавр мо низ намехоҳем ба ҷойи меъёрҳои Яҳува меъёрҳои худамонро муқаррар кунем. Мо барои муҳофизат кардани дили худ хиради кофӣ надорем (Мас. 3:5, 6). Барои ҳамин мо бояд «ҷавшани худро» мунтазам тафтиш карда истем, ки оё он дили моро муҳофизат карда истодааст ё не.

8. Чаро мо бояд меъёрҳои Яҳуваро риоя кунем?

8 Оё баъзан ба назаратон чунин менамояд, ки росткор будан бори вазнин аст ва шуморо аз озодӣ маҳрум мекунад? Дониёли 21-сола мегӯяд: «Муаллимон ва ҳамсинфонам маро масхара мекарданд, ки мувофиқи меъёрҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунам. Барои ҳамин ман муддате суст ва рӯҳафтода шудам». Чӣ ба Дониёл ёрдам дод? Ӯ мегӯяд: «Оқибат, ман дидам, ки мувофиқи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кардан чӣ фоида меорад. Баъзе ҳамсинфонам, ки ба ном дӯст буданд, нашъакаширо сар карданд ва дигарон мактабро партофтанд. Дидани он ки онҳо ба чунин аҳвол афтоданд, хеле ғамовар буд. Дар ҳақиқат Яҳува моро муҳофизат мекунад». Медисони 15-сола мегӯяд: «Ба ман осон нест, ки меъёрҳои Яҳуваро риоя кунам ва дар корҳои бад ба ҳамсолонам ҳамроҳ нашавам». Чӣ ба Медисон ёрдам мекунад? Ӯ мегӯяд: «Ман ба худ хотиррасон мекунам, ки бо номи Яҳува хонда шудаам ва ин васвасаҳо танҳо тирҳои Шайтонанд. Вақте ман дар мубориза ғолиб меоям, рӯҳбаланд мешавам».

Ҷавшани росткорӣ (Ба сархатҳои 6–8 нигаред.)

ПОЙАФЗОЛИ ОМОДАГӢ БАРОИ ЭЪЛОН КАРДАНИ ХУШХАБАРИ ОСОИШТАГӢ

9–11. а) Чӣ тавр масеҳиён пойафзоли рамзӣ мепӯшанд? б) Чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки бо дилпурӣ хушхабарро мавъиза кунем?

9 Эфсӯсиён 6:15-ро хонед. Агар аскари румӣ пойафзол намедошт, ӯ барои ба ҷанг рафтан тайёр набуд. Пойафзоли ӯ ба сандал монанд буд, ки аз чарми сеқабатаи бо ҳам пайваст сохта мешуд ва пойҳои ӯро устувор нигоҳ медошт. Ин пойафзол ба тезӣ хӯрда намешуд ва барои роҳ гаштан қулай буд.

10 Бо чунин пойафзол аскарони румӣ ба ҷанг мерафтанд, масеҳиён бошанд, бо пойафзоли рамзӣ хабари осоиштагиро мебаранд (Иш. 52:7; Рум. 10:15). Ба ҳар ҳол барои мавъиза кардан баъзан далерӣ лозим аст. Ҷавони 20-сола, ки Бо ном дорад, мегӯяд: «Ман барои ба ҳамсинфонам мавъиза кардан метарсидам ва шарм медоштам. Он солҳоро ба ёд оварда ҳайрон мешавам, ки чаро ин хел будам. Ҳозир ман бо хурсандӣ ба ҳамсолонам мавъиза мекунам».

11 Бисёр ҷавонон пай бурданд, ки онҳо бо дилпурӣ мавъиза карда метавонанд, агар пешакӣ тайёрӣ бинанд. Шумо чӣ гуна тайёрӣ дида метавонед? Ҷулияи 16-сола мегӯяд: «Ман дар сумкаи мактабиам адабиётҳоро андохта мемонам, ҳамчунин фикр ва ақидаи динии ҳамсинфонамро гӯш мекунам. Баъд ман андеша мекунам, ки чӣ тавр ба онҳо ёрдам додан мумкин аст. Баъди тайёрӣ дидан ман метавонам ба онҳо оиди мавзӯи барояшон фоиданок гап занам». Макензи ном хоҳари 23-сола мегӯяд: «Агар шумо шунавандаи меҳрубон ва хуб бошед, шумо метавонед пай баред, ки ҳамсолонатон чӣ ғаму ташвиш доранд. Ман кӯшиш мекунам, ки ҳамаи маводҳои барои ҷавонон баромадаро хонам. Он гоҳ метавонам диққати ҳамсолонамро ба ягон фикри Китоби Муқаддас ё мақолаи сайти jw.org, ки ба онҳо фоида меоранд, равона кунам». Суханони дар боло овардашудаи ҷавонон чиро нишон медиҳанд? Чуноне ки аз пӯшидани пойафзоли маҳкам ва қулай шумо устуворона роҳ меравед, ҳамин тавр, агар тайёрии хуб бинед, шумо дилпурона мавъиза карда метавонед.

Пойафзоли омодагӣ (Ба сархатҳои 9–11 нигаред.)

«СИПАРИ КАЛОНИ ИМОН»

12, 13. Баъзе «тирҳои оташдори Шайтон» кадоманд?

12 Эфсӯсиён 6:16-ро хонед. «Сипари калон»-е, ки аскари румӣ мебардошт, росткунҷашакл буд ва ӯро аз китф то зонуҳо паноҳ мекард. Он аскарро аз зарбаи шамшеру найза ва тирҳои душман муҳофизат мекард.

13 Баъзе «тирҳои оташдор»-е, ки Шайтон истифода мебарад, ин суханони дурӯғ дар ҳаққи Яҳува мебошанд, ки гӯё Ӯ моро дӯст намедораду нисбатамон бепарво аст. Ида ном хоҳари 19-сола худро беқадру нодаркор ҳис мекард ва бо ин ҳиссиёт мубориза мебурд. Ӯ мегӯяд: «Бисёр вақт ман ҳис мекардам, ки гӯё Яҳува аз ман дур аст ва Дӯсти ман будан намехоҳад». Ӯ ба ин ҳамла чӣ гуна муқобилат мекунад? Ида мегӯяд: «Вохӯриҳои ҷамъомад имони маро хеле мустаҳкам мекунанд. Пештар ман дар вохӯриҳо менишастаму ягон шарҳ намедодам, чунки фикр мекардам, ки касе суханони маро шунидан намехоҳад. Ҳозир бошад, ман ба вохӯриҳо тайёрӣ мебинам ва кӯшиш мекунам, ки ду ё се бор ҷавоб диҳам. Ин бароям душвор аст, лекин баъди шарҳ додан ман худро беҳтар ҳис мекунам. Бародарону хоҳарон маро хеле рӯҳбаланд мекунанд. Ҳар дафъа баъди ҷамъомад, ман ҳис мекунам, ки Яҳува маро дӯст медорад».

14. Мо аз мисоли Ида чиро меомӯзем?

14 Мисоли Ида ҳақиқати муҳимеро тасдиқ мекунад: ҳаҷми сипари аслие, ки аскар дошт, ҳама вақт як хел буд, лекин ҳаҷми сипари имони мо метавонад, калон ё хурд гардад. Ин аз худи мо вобаста аст (Мат. 14:31; 2 Тас. 1:3). Агар мо хоҳем, ки сипари имон моро муҳофизат кунад, мо бояд ҳамеша бикӯшем, ки онро калонтар ва мустаҳкамтар кунем.

Сипари калони имон (Ба сархатҳои 12–14 нигаред.)

«КУЛОҲИ НАҶОТ»

15, 16. Аз кадом ҷиҳат умеди мо ба кулоҳ монанд аст?

15 Эфсӯсиён 6:17-ро хонед. Кулоҳе, ки аскари пиёдагарди румӣ мепӯшид, сар, гардан ва рӯйи ӯро аз зарбаҳо муҳофизат мекард. Баъзе кулоҳҳо дастак доштанд, ки аскар онро бемалол дар даст бурда метавонист.

16 Чи тавре ки кулоҳ майнаи сари аскарро ҳимоя мекард, «умед ба наҷот» ақл, яъне фикрронии моро муҳофизат мекунад (1 Тас. 5:8; Мас. 3:21). Умед ба мо кӯмак мекунад, ки диққатамонро ба ваъдаҳои Худо равона созем ва ба проблемаҳо назари дуруст дошта бошем (Заб. 26:1, 14; Аъм. 24:15). Лекин, агар мо хоҳем, ки умед моро муҳофизат кунад, муҳим аст, ки он барои мо воқеӣ бошад. Мо бояд «кулоҳи» худро ба сарамон пӯшем, на ин ки дар дастамон гирифта гардем.

17, 18. а) Чӣ тавр Шайтон моро бармеангезад, ки кулоҳамонро аз сар кашем? б) Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки ба фиреби Шайтон дода намешавем?

17 Шайтон чӣ тавр моро бармеангезад, ки кулоҳамонро аз сар кашем? Фикр кунед, ки ӯ бо Исо чӣ гуна рафтор кард. Шайтон бешубҳа медонист, ки Исо умеди дар оянда ба инсоният ҳукмронӣ карданро дорад. Вале ӯ бояд то вақти таъйинкардаи Яҳува интизор мешуд. Ва пеш аз ин ба ӯ лозим буд, ки бо марги пуразоб ҳалок шавад. Барои ҳамин Шайтон ба Исо тезтар амалӣ гаштани умедашро пешниҳод кард. Ӯ гуфт, ки агар Исо як бор ба вай саҷда кунад, худи ҳамон замон соҳиби ин ҳокимият мешавад (Луқ. 4:5–7). Ба ин монанд, Шайтон медонад, ки мувофиқи ваъдаи Яҳува мо дар дунёи нав бо сериву пурӣ зиндагӣ мекунем. Вале ҳоло мо бояд интизор шавем ва шояд танқисиҳоро аз сар гузаронем. Барои ҳамин Шайтон чун васваса ба мо имкониятҳоеро пешкаш мекунад, ки худи ҳозир ҳаёти бароҳат дошта бошем. Ӯ мехоҳад, ки мо ба даст овардани чизҳои моддиро дар ҷойи аввали ҳаётамон монем, то ҳама чиро аллакай ҳозир ба даст орем. Шайтон моро бармеангезад, ки корҳои рӯҳониро дар ҷойи дуюм гузорем (Мат. 6:31–33).

18 Хоҳар Киана, ки 20-сола аст, ба монанди бисёр масеҳиёни ҷавон ба ин доми Шайтон дода нашуд. Ӯ мегӯяд: «Ман ба Подшоҳии Худо умед дорам, зеро медонам, ки танҳо он проблемаҳои моро ҳал мекунад». Чӣ гуна ин умеди мустаҳкам ба тарзи фикрронӣ ва амалҳои ӯ таъсир мекунад? Киана давом медиҳад: «Умед ба биҳишт ба ман ёрдам медиҳад, ки ба кору мақсадҳои ҷаҳонӣ назари дуруст дошта бошам. Ман кӯшиш намекунам, ки ҳамаи қобилиятҳоямро барои ба даст овардани боигарӣ ва мансаби баланд истифода барам. Ба ҷойи ин ман вақту қувватамро барои ба мақсадҳои рӯҳонӣ расидан сарф мекунам».

Кулоҳи наҷот (Ба сархатҳои 15–18 нигаред.)

«ШАМШЕРИ РӮҲ, ЯЪНЕ КАЛОМИ ХУДО»

19, 20. Чӣ тавр мо дар истифодаи Каломи Худо маҳоратамонро беҳтар карда метавонем?

19 Шамшере, ки аскари румӣ дар замони Павлус истифода мебурд, тахминан 50 см дарозӣ дошт ва барои ҷанги тан ба тан сохта шуда буд. Аскарони румӣ шамшерро хеле моҳирона истифода мебурданд, чунки ҳар рӯз кор фармудани онро машқ мекарданд.

20 Павлус Каломи Худоро ба шамшер монанд кард, ки онро Яҳува ба мо додааст. Вале барои имони худро ҳимоя кардан ва тарзи фикррониамонро ислоҳ намудан, мо бояд моҳирона истифода бурдани онро ёд гирем (2 Қӯр. 10:4, 5; 2 Тим. 2:15). Чӣ тавр мо маҳорати худро беҳтар карда метавонем? Себастиан ном бародари 21-сола мегӯяд: «Вақте ман Китоби Муқаддасро мехондам, аз ҳар як боб, як оятро навишта мегирифтам. Ман то ҳол оятҳои дӯстдоштаамро рӯйхат мекунам. Ҳамин тавр ман тарзи фикрронии Яҳуваро нағзтар аз худ мекунам». Дониёл, ки пештар дар борааш нақл кардем, мегӯяд: «Китоби Муқаддасро хонда, ман оятҳоеро барои худ қайд мекунам, ки ҳангоми хизмат бо ёрии онҳо ба одамон кӯмак карда метавонам. Вақте одамон мебинанд, ки ту дар бораи Китоби Муқаддас бо шавқ гап мезанӣ ва ба онҳо ёрдам кардан мехоҳӣ, онҳо туро хубтар гӯш мекунанд».

Шамшери рӯҳ (Ба сархатҳои 19 ва 20 нигаред.)

21. Чаро мо набояд аз Шайтон ва девҳо ба ҳарос оем?

21 Чи хеле ки суханони ҷавонони дар ин мақола овардашуда нишон медиҳанд, мо набояд аз Шайтон ва девҳо ба тарсу ҳарос оем. Онҳо қуввати бисёр доранд, лекин Яҳува боқувваттар аст. Онҳо ҷовидона зиндагӣ намекунанд. Ба наздикӣ дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ онҳо бандубаст карда мешаванд ва дигар ба ҳеҷ кас зарар расонда наметавонанд. Баъди ин онҳо пурра нест карда мешаванд (Ваҳй 20:1–3, 7–10). Мо душмани худро мешиносем, аз домҳо ва мақсадҳои ӯ бохабарем. Бо ёрдами Яҳува мо метавонем устуворона ба ӯ муқобилат кунем.