Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 23

Волидон, меҳри Яҳуваро дар дили фарзандонатон ҷо кунед

Волидон, меҳри Яҳуваро дар дили фарзандонатон ҷо кунед

«Худоят Яҳуваро бо тамоми дил, бо тамоми ҷон ва бо тамоми ақли худ дӯст дор» (МАТ. 22:37).

СУРУДИ 41 Ба Яҳува аз ҷавонӣ ибодат намо

ПЕШГУФТОР a

1, 2. Фаҳмонед, ки вақте вазъиятамон дигар мешавад, чӣ тавр маслиҳатҳои Китоби Муқаддас бароямон муҳимтар мегарданд.

 ДОМОДИ базеб ва арӯси нозанин нутқи тӯёнаро, ки дар асоси Китоби Муқаддас аст, бодиққат гӯш мекунанд. Оятҳои он нутқ барояшон нав нест, лекин аз ҳамон рӯз иборатан ин оятҳо барояшон маънои махсус пайдо мекунанд. Зеро акнун онҳоро чун зану шавҳар ба кор мебаранд.

2 Вақте ки ҷуфти масеҳӣ волид мешавад, вазъияти онҳо низ тағйир меёбад. Дар давоми солҳо шояд онҳо бисёр нутқҳоро дар бораи тарбияи фарзанд шунида буданд. Лекин ҳозир он маслиҳатҳо барояшон маънои нав пайдо мекунад. Чунки онҳо акнун фарзандони худашонро ба воя мерасонанд. Ин масъулияти ҷиддӣ мебошад. Албатта, вақте дар ҳаётамон вазъият дигар мешавад, назарамон низ ба принсипҳои Китоби Муқаддас, ки бароямон нағз шиносанд, тағйир меёбад. Ана барои чӣ хизматгорони Яҳува Навиштаҳоро, чи хеле ба подшоҳони Исроил гуфта шуда буд, «ҳар рӯз» хонда мулоҳиза меронанд (5 Мӯсо 17:19).

3. Дар ин мақола чиро дида мебароем?

3 Волидони масеҳӣ, шумо имконияти олиҷаноб доред, ки фарзандонатонро дар бораи Яҳува таълим диҳед. Албатта, шумо мехоҳед, ки фарзандонатон на танҳо Худоро шиносанд, балки ӯро аз таҳти дил дӯст доранд. Чӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки меҳри Яҳуваро дар дили фарзандонатон ҷо кунед? Дар ин мақола мо чор принсипи Китоби Муқаддасро дида мебароем, ки ба волидон кумак мекунад (2 Тим. 3:16). Ҳамчунин мефаҳмем, ки чӣ тавр баъзе волидони масеҳӣ принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда манфиат гирифтанд.

ЧОР МАСЛИҲАТЕ, КИ БА ВОЛИДОН ЁРДАМ МЕКУНАД

Агар шумо доимо роҳнамоии Яҳуваро ҷӯед ва намунаи ибрат бошед, ин чӣ тавр ба фарзандонатон таъсир мекунад? (Ба сархатҳои 4 ва 8 нигаред.)

4. Кадом маслиҳат ба волидон ёрдам мекунад, ки муҳаббати Яҳуваро дар дили фарзандонашон ҷо кунанд? (Яъқуб 1:5).

4 Маслиҳати 1: Роҳнамоии Яҳуваро ҷӯед. Аз Яҳува хирад пурсед, то ба шумо ёрдам кунад, ки дар дили кӯдаконатон меҳри Яҳуваро ҷо кунед. (Яъқуб 1:5-ро хонед.) Ӯ маслиҳати аз ҳама беҳтаринро дода метавонад. Чаро? Барои ин якчанд сабаб вуҷуд дорад. Дутояшро дида мебароем. Якум, Яҳува волиди аз ҳама ботаҷриба аст (Заб. 36:9). Ва дуюм, маслиҳатҳои бохирадонае, ки ӯ медиҳад, ҳамеша манфиат меоранд (Иш. 48:17).

5. а) Ташкилоти Яҳува ба волидон чӣ тавр ёрдам мекунад? б) Шумо аз мусоҳибаи ҳамсарон Аморимҳо дар бораи калон кардани фарзанд чӣ омӯхтед?

5 Яҳува ба воситаи Калом ва ташкилоташ ба мо бо фаровонӣ озуқаи рӯҳонӣ медиҳад. Он ба волидон ёрдам мекунад, ки муҳаббати Яҳуваро дар дили фарзандонашон зиёд гардонанд (Мат. 24:45). Масалан, шумо маслиҳатҳои муфидро аз «Бедор шавед!», аз силсиламақолаи «Кумак ба оилаҳо» ёфта метавонед, ки он солҳои зиёд нашр мешуд. Ҳоло бошад, дар сомонаи jw.org дастрас аст. Ҳамчунин дар сомонаи мо бисёр видеонаворҳо ҳастанд, ки ба волидон ёрдам мекунад, то дар калон кардани фарзандонашон маслиҳатҳои Яҳуваро ба кор баранд b (Пнм. 2:4–6).

6. Падаре дар бораи роҳнамоие, ки ташкилоти Яҳува медиҳад, чӣ мегӯяд?

6 Бисёр волидон аз ёрдами Яҳува, ки ба воситаи ташкилоташ мерасонад, хеле миннатдоранд. Падаре бо номи Ҷо мегӯяд: «Се кӯдакро дар роҳи ҳақиқат калон кардан осон нест. Ману ҳамсарам ҳамеша дар дуо аз Яҳува ёрдам мепурсем. Мо аҳамият додем, ки аксар вақт мақола ё видеонавор сари вақт дастрас мегардад. Ба туфайли ин мо роҳи ҳалли мушкилиамонро меёбем. Мо ҳамеша ба роҳнамоии Яҳува такя мекунем». Ҷо ва ҳамсараш дарк карданд, ки чунин маводҳо ба кӯдаконаш ёрдам мекунад, ки ба Яҳува наздик шаванд.

7. Чаро ба волидон муҳим аст, ки барои фарзандонашон намуна бошанд? (Румиён 2:21).

7 Маслиҳати 2: Намуна бошед. Фарзандон ба волидонашон аҳамият медиҳанд ва аксар вақт аз онҳо ибрат мегиранд. Албатта, ягон волид комил нест (Рум. 3:23). Бо вуҷуди ин волидони бохирад кӯшиш мекунанд, ки ба фарзандонашон намунаи беҳтарин гузоранд. (Румиён 2:21-ро хонед.) Падаре дар бораи кӯдакон мегӯяд: «Онҳо мисли пахта ҳама чизро ҷаббида мегиранд». Ӯ илова мекунад: «Агар рафторамон бо он чизе ки онҳоро таълим медиҳем, рост наояд, онҳо дар ин бора ба мо мегӯянд». Барои ҳамин, агар мо хоҳем, ки фарзандонамон Яҳуваро дӯст доранд, бояд муҳаббати худи мо ба ӯ мустаҳкам бошад ва аз рафторамон маълум гардад.

8, 9. Шумо аз суханони Эндрю ва Эмма чӣ фаҳмидед?

8 Дар асл, бисёр роҳҳое ҳастанд, ки волидон метавонанд дар дили фарзандонашон меҳри Яҳуваро ҷо кунанд. Ба суханони Эндрюи 17-сола аҳамият диҳед: «Волидони ман ҳамеша қайд мекарданд, ки дуо гуфтан муҳим аст. Масалан, вақте ман ҳар шаб дуо мегуфтам, падарам омада боз ҳамроҳам дуо мегуфт. Волидонам доимо ба мо хотиррасон мекарданд: “Чи қадаре ки хоҳед бо Яҳува гап зада метавонед”. Ин суханони падарам дар бораи аҳамияти дуо ба ман сахт таъсир кард. Ҳоло барои ман дуо гуфта, Яҳуваро чун Падари меҳрубон тасаввур кардан осон аст». Волидон, ҳамеша дар ёд доред, ки муҳаббати шумо нисбати Яҳува ба кӯдаконатон бетаъсир намемонад.

9 Ҳамчунин биёед мисоли Эммаро бинем. Вақте ки падари ӯ онҳоро партофта рафт, модараш маҷбур шуд, ки қарзи калони падарашро баргардонад. Эмма мегӯяд: «Ҳарчанд модарам аз ҷиҳати моддӣ азоб мекашид, ҳамеша нақл мекард, ки чӣ тавр Яҳува дар бораи ниёзҳои хизматгоронаш ғамхорӣ менамояд. Ман аз ҳаёти модарам медидам, ки ӯ дар ҳақиқат ба ин суханон бовар мекунад. Модарам ҳамеша мувофиқи суханонаш амал мекард». Волидон аз ин чӣ дарс мегиранд? Онҳо дар вазъияти душвор низ бо намунаи худ фарзандонашонро таълим дода метавонанд (Ғал. 6:9).

10. Бисёр волидони исроилӣ барои бо фарзандонашон суҳбат кардан чӣ гуна имкониятҳо доштанд? (5 Мӯсо 6:6, 7).

10 Маслиҳати 3: Бо фарзандонатон пайваста муошират кунед. Яҳува ба исроилиёни қадим дастур дода буд, ки ба фарзандонашон мунтазам дар бораи ӯ нақл кунанд. (5 Мӯсо 6:6, 7-ро хонед.) Он волидон дар давоми рӯз имконияти бисёр доштанд, ки бо фарзандонашон муошират карда дар дили онҳо меҳри Яҳуваро ҷо намоянд. Масалан, писараки исроилие соатҳои зиёд ба падараш барои коридани тухмӣ ё дарав кумак мекард. Хоҳараш бошад, ҳамроҳи модараш бо дузандагӣ, бофандагӣ ё дигар корҳои хона машғул мешуд. Азбаски волидону кӯдакон якҷоя кор мекарданд, онҳо дар бораи бисёр чизҳои муҳим гап зада метавонистанд: мисол, дар бораи некуии Яҳува ва чӣ тавр оилаи онҳоро дастгирӣ карданаш.

11. Дар рӯзҳои мо волидон чӣ тавр бо фарзандонашон суҳбат карда метавонанд?

11 Ҳозир замона дигар шудааст. Дар бисёр ҷойҳо волидону фарзандон дар давоми рӯз якҷоя вақт гузаронда наметавонанд. Чунки волидон шояд дар коранд, фарзандон бошанд, дар мактаб. Барои ҳамин волидон бояд кӯшиш карда вақт ёбанд, то бо фарзандонашон муошират кунанд (Эфс. 5:15, 16; Флп. 1:10). Ибодати оилавӣ чунин имконро фароҳам меорад. Бародаре бо номи Александр мегӯяд: «Падарам ҳамеша ибодати оилавӣ ташкил мекунад ва намегузорад, ки чизе ба якҷоя ҷамъ шуда муошират карданамон халал расонад. Баъди омӯзиш бошад, мо чақ-чақ мекунем».

12. Ҳангоми ибодати оилавӣ сардори оила чиро бояд дар ёд дошта бошад?

12 Агар шумо сардори оила бошед, чӣ кор карда метавонед, то ибодати оилавиатон барои фарзандони шумо хурсандиовар бошад? Барои ин китоби навамон «То абад зинда бошед!»-ро омӯзиш кардан бамаврид аст. Он барои бо фарзандон суҳбати зинда доштан имконияти беҳтарин фароҳам меорад. Фаромӯш накунед, ки мақсади шумо ҳиссиёт ва дилу нияти фарзандонатонро фаҳмидан мебошад. Бинобар ин дар рафти ибодати оилавӣ онҳоро ҷанг ё сарзаниш накунед. Муҳитеро фароҳам оред, ки фарзандонатон худро озод ҳис кунанд. Инчунин, агар нуқтаи назари онҳо бо принсипҳои Китоби Муқаддас рост наояд, ба ғазаб наоед. Баръакс, миннатдор бошед, ки онҳо дар бораи ҳиссиёташон ба шумо ошкоро мегӯянд. Бале, агар ҳиссиёти фарзандро нағз донӣ, ба таври беҳтарин ба онҳо кумак карда метавонӣ.

Чӣ тавр волидон ба воситаи офаридаҳо фарзандонашонро дар бораи хислатҳои Худо таълим дода метавонанд? (Ба сархати 13 нигаред.)

13. Боз чӣ тавр волидон ба фарзандонашон кумак карда метавонанд, ки ба Худо наздик шаванд?

13 Волидон, дар давоми рӯз аз ҳар фурсат истифода бурда фарзандонатонро дар бораи Яҳува таълим диҳед. Шарт нест, ки ин корро танҳо ҳангоми омӯзиши Китоби Муқаддас кунед. Аҳамият диҳед модаре бо номи Лиса чӣ мегӯяд: «Мо ба фарзандонамон кумак мекунем, ки аз офаридаҳо дар бораи Яҳува дониш гиранд. Масалан, вақте нағмабозии сагчаҳо хандаи кӯдаконамонро меорад, ба диққаташон мерасонем, ки Яҳува Худои шӯх аст ва мисли мо ҳаётро дӯст медорад».

Волидон, шумо дӯстони фарзандонатонро мешиносед? (Ба сархати 14 нигаред.) d

14. Чаро муҳим аст, ки волидон дар интихоби дӯстони бохирад ба фарзандонашон кумак расонанд? (Панднома 13:20).

14 Маслиҳати 4: Ба фарзандонатон кумак кунед, ки дӯстони хуб ёбанд. Дар Каломи Худо ошкоро гуфта мешавад, ки дӯстонамон ба мо таъсири хуб ё бад расонда метавонанд. (Панднома 13:20-ро хонед.) Волидон, шумо медонед, ки фарзандонатон бо кӣ дӯстӣ мекунанд? Ягон бор бо дӯстонашон вақт гузарондаед? Чӣ кор карда метавонед, то фарзандатон дӯсте ёбад, ки Яҳуваро нағз мебинад? (1 Қӯр. 15:33). Барои ин хуб мебуд, ки масеҳиёни рӯҳан баркамолро ба хонаатон даъват кунед, то бо шумо ва фарзандонатон вақт гузаронанд. Дар ин сурат ба фарзандони шумо интихоби дуруст кардан осон мешавад (Заб. 119:63).

15. Волидон ба фарзандонашон дар интихоби дӯстони хуб чӣ тавр кумак расонда метавонанд?

15 Биёед намунаи бародар Тониро бинем. Ӯву ҳамсараш барои ёфтани дӯстони хуб ба фарзандонашон кумак мекунанд. «Якчанд сол мешавад, ки ману ҳамсарам ба хонаамон бародару хоҳаронеро даъват мекунем, ки синну солашон гуногун аст. Онҳо бо мо хӯрок хӯрда дар ибодати оилавиамон иштирок мекунанд. Ҳамин тавр мо мефаҳмем, ки то чӣ андоза онҳо Яҳуваро дӯст медоранд ва аз хизматаш ҳаловат мебаранд. Мо инчунин нозири ноҳиявӣ, миссионерон ва дигаронро ба хонаамон даъват мекунем, то онҳо бо мо вақт гузаронанд. Таҷриба, ҷидду ҷаҳд ва рӯҳияи фидокоронаи онҳо ба фарзандони мо таъсир расонда, онҳоро ба Яҳува наздиктар менамояд». Волидони азиз, дар интихоби дӯстони хуб ба фарзандонатон кумак расонед.

НОУМЕД НАШАВЕД!

16. Агар фарзанд гӯяд, ки ба Яҳува хизмат кардан намехоҳад, волидон бояд чӣ кор кунанд?

16 Вале, агар раваду фарзандатон новобаста ба кӯшишҳои шумо ба Яҳува хизмат кардан нахоҳад-чӣ? Дар ин сурат хулоса накунед, ки шумо волиди хуб нестед. Охир, Яҳува ба ҳар яки мо интихоб додааст. Писари худсарро ба ёд оред. Ӯ низ ба роҳи каҷ рафта корҳои бад мекард, вале ниҳоят ба роҳи рост баргашт (Луқ. 15:11–19, 22–24). Аз ин рӯ ноумед нашавед, ки фарзанди шумо ба роҳи ҳақиқат барнамегардад. Баъзеҳо мегӯянд, ки нақл дар бораи писари худсар танҳо қисса аст. Онҳо шубҳа мекунанд, ки дар ҳаёт чунин рӯй дода метавонад. Вале, саргузашти Эли ном ҷавонмарде тасдиқ мекунад, ки чунин шуданаш мумкин аст.

17. Саргузашти Эли ба шумо чӣ дилпурӣ бахшид?

17 Эли дар бораи волидонаш мегӯяд: «Дар кӯдакиам онҳо аз таҳти дил кӯшиш мекарданд, ки дар дили ман нисбати Яҳува ва Каломи Худо муҳаббатро бедор кунанд. Аммо тақрибан дар синни 15-солагӣ ман ба корҳои бад даст мезадагӣ шудам». Кор ба дараҷае расид, ки Эли намегузошт, ки волидонаш ба ӯ аз ҷиҳати рӯҳонӣ кумак кунанд. Ҳамин тавр Эли аз хонаашон рафт ва дар корҳои бад ғӯтид. Бо вуҷуди ин ӯ бо як дӯсташ дар бораи Китоби Муқаддас як-як суҳбат мекард. Эли мегӯяд: «Чи қадаре бо дӯстам оиди Яҳува суҳбат мекардам, ҳамон қадар нағзтар дарк менамудам, ки дар бораи Яҳува фикр мекунам. Хулосаи гап, он тухмиҳое, ки волидонам дар хурдсолӣ талош варзида дар дилам мекоштанд, ниҳоят самар оварданд». Бо гузашти вақт Эли ба ҳақиқат баргашт c. Тасаввур кунед, ки волидони ӯ чӣ қадар хурсанд буданд, ки дар хурдсолиаш меҳри Яҳуваро дар дилаш бедор сохтанд (2 Тим. 3:14, 15).

18. Шумо дар бораи волидоне, ки меҳри Яҳуваро дар дили фарзандонашон ҷо мекунанд, чӣ фикр доред?

18 Волидони азиз, шумо имконияти пуршарафе доред, ки хизматгорони ояндаи Яҳуваро ба воя расонед (Заб. 78:4–6). Албатта, ин кори осон нест. Қанд занед, ки ба фарзандони худ аз ин ҷиҳат кумак мерасонед! Агар минбаъд низ ба онҳо кумак кунед, ки Яҳуваро дӯст доранд ва дар итоати ӯ бошанд, боварӣ дошта бошед, ки Падари меҳрубонамон аз шумо розӣ мешавад (Эфс. 6:4).

СУРУДИ 89 Насиҳати падаронаи Яҳува: «Эй писарам, бохирад бош»

a Волидони масеҳӣ фарзандонашонро беҳад дӯст медоранд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар бораи ниёзҳои ҷисмонӣ ва равонии кӯдаконашон ғамхорӣ кунанд. Аз ҳама муҳим он волидон ҳаракат мекунанд, ки фарзандонашон Яҳуваро дӯст доранд. Барои ба ин мақсад расидан дар ин мақола мо чор маслиҳати Китоби Муқаддасро дида мебароем, ки ба волидон ёрдам мекунад.

b Аз сомонаи jw.org видеонавори «Яҳува ба мо дар тарбияи фарзандонамон кӯмак расонд»-ро тамошо кунед.

c Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми апрели с. 2012, мақолаи «Китоби муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» (рус.) нигаред.

d ШАРҲИ РАСМ: Барои бо дӯсти писараш шинос шудан падаре бо писараш ва дӯсти ӯ баскетболбозӣ карда истодааст.