Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 19

Ошкорсозӣ. Он имрӯз ба мо чӣ аҳамият дорад?

Ошкорсозӣ. Он имрӯз ба мо чӣ аҳамият дорад?

«Хушбахт аст касе, ки суханони ин пешгӯйиро бо овоз мехонад» (ОШКОР. 1:3).

СУРУДИ 5 Масеҳ намуна барои мост

ПЕШГУФТОР a

1, 2. Яке аз сабабҳое, ки китоби Ошкорсозӣ бояд диққати моро ҷалб кунад, кадом аст?

 ТАСАВВУР кунед, ки ягон шиносатон ба шумо албоми суратҳояшро нишон медиҳад. Ҳангоми тамошои он шумо аксар одамонро намешиносед, лекин яке аз суратҳо диққати шуморо махсусан ҷалб мекунад. Чаро? Зеро шумо худатонро дар он мебинед. Ба он бодиққат нигоҳ карда ба ёд оварданӣ мешавед, ки кӣ ва дар куҷо онро гирифта буд. Шумо боз одамонеро, ки дар паҳлӯятон акс ёфтаанд, ба ёд меоред. Бале, ин расм ба шумо аҳамият дорад.

2 Китоби Ошкорсозӣ ба ҳамин сурат монанд аст. Чӣ хел? Барои ин камаш ду сабаб вуҷуд дорад. Якум, ин китоб барои мо навишта шудааст. Ояти аввали он бо чунин суханон сар мешавад: «Худо ба воситаи Исои Масеҳ воқеаҳоеро, ки бояд ба қарибӣ ба амал оянд, ба бандагонаш ошкор кард» (Ошкор. 1:1). Яъне ҳар он чизе ки дар ин китоб навишта шудааст, ба кулли башар нею махсусан ба мо, хизматгорони Худо, бахшида шудааст. Чун халқи Худо бароямон ҷойи тааҷҷуб нест, ки мо дар иҷрошавии пешгӯйиҳои ин китоби ҳайратовар иштирок мекунем. Дигар хел карда гӯем, ба маъное мо гӯё худамонро «дар ин сурат» мебинем.

3, 4. Пешгӯйиҳои китоби Ошкорсозӣ кай иҷро мегарданд ва чӣ тавр донистани ин бояд ба ҳар яки мо таъсир расонад?

3 Сабаби дуюме, ки чаро пешгӯйиҳои китоби Ошкорсозӣ диққати моро ҷалб мекунанд, ин замони иҷро шудани онҳо мебошад. Юҳаннои расули солхӯрда дар ин бора чунин навишта буд: «Бо таъсири рӯҳи муқаддас ман дар рӯзи Ҳазрат ҳузур доштам» (Ошкор. 1:10). Вақте ӯ соли 96-и милод ин суханонро навишт, «рӯзи Ҳазрат» ҳоло дур буд (Мат. 25:14, 19; Луқ. 19:12). Мувофиқи Китоби Муқаддас ин рӯз соли 1914, вақте Исо дар осмон ба тахт нишаст, сар шуд. Аз он вақт инҷониб пешгӯйиҳои китоби Ошкорсозӣ, ки ба халқи Худо дахл доранд, иҷро мегарданд. Бале, айни ҳол мо дар «рӯзи Ҳазрат» зиндагӣ дорем.

4 Бинобар ин мо бояд ба маслиҳате, ки дар Ошкорсозӣ 1:3 омадааст, махсусан диққат кунем: «Хушбахт аст касе, ки суханони ин пешгӯйиро бо овоз мехонад, ва хушбахтанд касоне, ки онро мешунаванду навиштаҳояшро риоя мекунанд, зеро вақти муқарраршуда наздик аст». Бале, ба мо лозим аст, ки «суханони ин пешгӯйиро бо овоз» бихонему бишнавем ва «риоя» намоем. Хуб, баъзе аз ин суханоне, ки мо бояд риоя кунем, кадоманд?

БОВАРӢ ҲОСИЛ КУНЕД, КИ ИБОДАТАТОН БА ЯҲУВА ПИСАНД АСТ

5. Чӣ тавр китоби Ошкорсозӣ қайд месозад, ки мо бояд ба Яҳува писанд будани ибодати худро тафтиш карда истем?

5 Аллакай аз боби аввали китоби Ошкорсозӣ маълум мешавад, ки Исо дар бораи аҳволи ҷамоатҳояш бохабар аст (Ошкор. 1:12–16, 20; 2:1). Мо инро аз хабарҳое, ки Исо ба ҳафт ҷамоати Осиёи Хурд дода буд, медонем. Дар он хабарҳояш ӯ ба пайравони худ гуфт, ки чӣ тавр онҳо боварӣ ҳосил кунанд, ки ибодаташон ба Яҳува писанд аст. Ин суханон имрӯз низ ба халқи Худо дахл доранд. Мо аз онҳо чӣ дарс мегирем? Пешвоямон, Исои Масеҳ, нағз медонад, ки муносибати мо бо Яҳува дар кадом ҳолат қарор дорад. Ӯ моро роҳнамову муҳофизат мекунад ва чизе аз чашмаш пӯшида намемонад. Ӯ медонад, ки барои минбаъд низ ба Яҳува писанд омадан ба мо чӣ кор кардан лозим аст. Хуб, Исо чӣ дастуре дод, ки мо имрӯз бояд онро риоя кунем?

6. а) Мувофиқи Ошкорсозӣ 2:3, 4 Исо дар хабараш кадом камбудии ҷиддии ҷамоати Эфсӯсро қайд кард? б) Мо аз ин чӣ дарс мегирем?

6 Ошкорсозӣ 2:3, 4-ро хонед. Мо набояд муҳаббати аввалаамонро ба Яҳува аз даст диҳем. Аз суханони Исо, ки ба ҷамоати Эфсӯс гуфта буд, маълум мешавад, ки бародару хоҳарони он ҷо истодагарӣ мекарданд, ва новобаста ба ҳар гуна мушкилиҳо пайваста хизмати Яҳуваро ба ҷо меоварданд. Бо вуҷуди ин онҳо муҳаббати аввалаашонро аз даст доданд. Барои ҳамин ба аҳли ҷамоат лозим буд, ки шӯълаи муҳаббаташонро аз нав фурӯзон созанд, зеро дар акси ҳол ибодати онҳо қабул намешуд. Имрӯз низ ба ҳар яки мо танҳо истодагарӣ кардан кифоя нест. Мо бояд бо нияти дуруст истодагарӣ кунем, зеро ба Яҳува на танҳо чӣ кор кардани мо муҳим аст, балки ӯ ҳамзамон диққат медиҳад, ки чаро мо ин корро мекунем. Бале, ниятҳои мо барои Яҳува хеле муҳим аст, зеро ӯ мехоҳад, ки мо аз рӯйи муҳаббат ва миннатдорӣ ӯро ибодат кунем (Пнм. 16:2; Марқ. 12:29, 30).

7. а) Мувофиқи Ошкорсозӣ 3:1–3 Исо дар ҷамоати Сардис чӣ мушкилиеро дид? б) Мо бояд чӣ кор кунем?

7 Ошкорсозӣ 3:1–3-ро хонед. Мо бояд бедору ҳушёр бошем. Мушкилии ҷамоати шаҳри Сардис дигар хел буд. Як замон онҳо дар кори Яҳува ҷадал мекарданд, вале бо гузашти вақт ғайраташон суст шуд. Барои ҳамин Исо ба онҳо гуфт, ки «бедор» шаванд. Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Албатта, Яҳува ҳеҷ гоҳ меҳнати моро фаромӯш намекунад. Вале мо набояд танҳо бо корҳое, ки пеш дар хизмати Яҳува мекардем, қаноат кунем (Ибр. 6:10). Ҳарчанд, эҳтимол, имкониятҳои мо назар ба давраҳои пеш маҳдуданд, мо бояд минбаъд низ «дар кори Худо» банд бошем ва ҳамин тавр то охир бедору ҳушёр монем (1 Қӯр. 15:58; Мат. 24:13; Марқ. 13:33).

8. Мувофиқи Ошкорсозӣ 3:15–17 мо аз суханоне, ки ба бародару хоҳарони ҷамоати Лудкия гуфта шуданд, чӣ дарс мегирем?

8 Ошкорсозӣ 3:15–17-ро хонед. Мо бояд бо ҷидду ҷаҳд ва аз таҳти дил Яҳуваро ибодат кунем. Дар ҷамоати Лудкия Исо мушкилии дигареро дид. Исо ба онҳо гуфт, ки дар ибодати худ «ширгарм»-анд. Аз сабаби хунукназариашон Исо онҳоро «бадбахт, хору зор» номид. Бародару хоҳарони ин шаҳр бояд дар хизмати Яҳува ва ибодаташ ҷадал менамуданд (Ошкор. 3:19). Мо аз намунаи онҳо чӣ дарс мегирем? Агар ғайрати мо низ суст шуда бошад, мо бояд барои ҳар коре ки Яҳува баҳрамон мекунад, миннатдориамонро зиёдтар гардонем (Ошкор. 3:18). Инчунин набояд ҳеҷ гоҳ аз паси ҳаёти бароҳат шуда гузорем, ки ҳушамон парешон шавад ва корҳои рӯҳонӣ дуюмдараҷа гарданд.

9. Мувофиқи суханони Исо ба масеҳиёни ҷамоати Парғомус ва Тиётира мо аз кадом хатар бояд худро эмин нигоҳ дорем?

9 Мо бояд таълимоти осиёнро рад кунем. Исо баъзе масеҳиёнро дар Парғомус барои дар ҷамоат ҷудоӣ андохтанашон сарзаниш кард. Ҳамзамон масеҳиёни ҷамоати шаҳри Тиётираро барои аз «сирҳои ниҳони Шайтон» даргурез буданашон таъриф кард ва маслиҳат дод, ки роҳи ҳақиқатро «маҳкам нигоҳ» доранд (Ошкор. 2:14–16). Он масеҳиёне, ки ба таълимоти дурӯғ дода шуданд, бояд аз кардаашон пушаймон мешуданд. Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Ба мо низ лозим аст, то ҳар таълимотеро, ки зидди фикрронии Яҳува мебарояд, рад кунем (Ошкор. 2:24–26). Осиён «худотарс тобанд ҳам, дар асл» ба Каломи Худо нописандӣ мекунанд (2 Тим. 3:5; эзоҳ). Лекин барои дарҳол муайян кардан ва рад намудани таълимоти бардурӯғ ба мо лозим аст, ки Каломи Худоро нағз омӯзем (2 Тим. 3:14–17; Яҳд. 3, 4).

10. Аз суханоне, ки Исо ба ҷамоати Парғомус ва Тиётира гуфта буд, мо боз чӣ меомӯзем?

10 Мо набояд ба ягон намуди бадахлоқӣ даст занем ва ба он чашм пӯшем. Бояд гуфт, ки дар ҷамоати Парғомус ва Тиётира боз як мушкилӣ буд. Исо баъзеҳоро дар ҷамоат барои аз бадахлоқӣ даргурез набуданашон сарзаниш кард (Ошкор. 2:14, 20). Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Мо чандин сол дар хизмати Яҳува бошем ё ҳатто соҳиби таъйиноти пуршараф бошем ҳам, агар ба бадахлоқӣ даст занем, Яҳува ҳаргиз ба ин чашм намепӯшад (1 Подш. 15:22; 1 Пет. 2:16). Новобаста ба он ки ахлоқи ин ҷаҳон торафт паст шуда истодааст, Худо мехоҳад мо аз рӯйи меъёрҳои баланди ахлоқиаш зиндагӣ кунем (Эфс. 6:11–13).

11. Мо аз сархатҳои боло чӣ омӯхтем? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи  «Дарсҳо барои мо» нигаред.)

11 Ҳоло бошад, биёед хулоса кунем, ки аз сархатҳои боло чӣ фаҳмидем. Мо бояд тафтиш карда истем, ки ибодатамон ба Яҳува писанд аст ё не. Агар пай барем, ки аз сабаби ягон рафторамон Яҳува ибодати моро қабул намекунад, бояд дарҳол амал карда ислоҳ шавем (Ошкор. 2:5, 16; 3:3, 16). Исо ба ҷамоатҳои асри як боз як чизи муҳим гуфт. Биёед ба он диққат кунем.

БА ОЗОРУ АЗИЯТ ОМОДА БОШЕД

Вақте Шайтон аз осмон ронда шуд, чӣ тавр ба халқи Худо ҳамла овард? (Ба сархатҳои 12 то 16 нигаред)

12. Исо ба ҷамоати Исмирно ва Филоделфия чӣ гуфт ва чаро гуфтаҳояш барои мо аҳамият доранд? (Ошкорсозӣ 2:10).

12 Акнун биёед ба суханоне, ки Исо ба ҷамоати Исмирно ва Филоделфия гуфт, диққат кунем. Ӯ ба аҳли ҷамоат гуфт, ки аз озору азият натарсанд, зеро барои имони худ мукофот хоҳанд гирифт (Ошкорсозӣ 2:10-ро хонед; 3:10). Мо аз ин чӣ дарс гирифта метавонем? Мо бояд ба озору азият тайёр бошем (Мат. 24:9, 13; 2 Қӯр. 12:10). Чаро ин ёдоварӣ хеле муҳим аст?

13, 14. Чӣ тавр воқеаҳои Ошкорсозӣ боби 12 ба халқи Худо таъсир мерасонанд?

13 Китоби Ошкорсозӣ моро огоҳ мекунад, ки халқи Худо дар «рӯзи Ҳазрат», яъне имрӯз, бо озору азият рӯ ба рӯ мешавад. Мувофиқи боби 12-и ин китоб дар натиҷаи ҷанге, ки дар осмон ба вуқӯъ омад, Подшоҳии Худованд барпо гашт. Дар ин муҳориба Микоил — Исои Масеҳи ҷалолёфта бо лашкари фариштагонаш муқобили Шайтон ва девҳои ӯ ҷангиданд (Ошкор. 12:7, 8). Дар натиҷа душманони Худо мағлуб гаштанд ва аз осмон ба замин ронда шуданд. Ҳамин тавр ба сари одамизод бадбахтии зиёд омад (Ошкор. 12:9, 12). Чӣ тавр ин рӯйдодҳо ба халқи Худо таъсир расонд?

14 Хуб, дар китоби Ошкорсозӣ қайд мешавад, ки Шайтон ба ин тағйирот чӣ гуна муносибат мекунад. Ӯ дигар ба осмон баргашта наметавонад, бинобар ин тамоми ғазабашро ба боқимондаи тадҳиншудагон фурӯ мерезад, ки дар замин намояндагони Подшоҳии Худо мебошанду «кори шаҳодат дар бораи Исоро ба уҳда доранд» (Ошкор. 12:17; 2 Қӯр. 5:20; Эфс. 6:19, 20). Чӣ тавр ин пешгӯйӣ иҷро шуда истодааст?

15. «Ду шоҳид»-е, ки дар боби 11-и китоби Ошкорсозӣ дар бораашон гуфта шудааст, киро тасвир мекунанд ва бо онҳо чӣ шуд?

15 Шайтон душманони Худоро барангехт, ки ба тадҳиншудагон, ки кори мавъизаро роҳбарӣ мекарданд, ҳамла оранд. Онҳое, ки дар байни ин бародарон шинохта буданд, ба маънои маҷозӣ «ду шоҳид»-е ба ҳисоб мерафтанд, ки мувофиқи Ошкорсозӣ кушта мешавад b (Ошкор. 11:3, 7–11). Ҳамин тавр соли 1918 ҳашт бародари масъулро ноҳақ айбдор карда ба муддати дароз ҳабс карданд. Аксар одамон фикр карданд, ки фаъолияти тадҳиншудагон ба охир расид.

16. Чӣ тавр соли 1919 вазъият ранг гирифт, вале Шайтон аз он дам инҷониб чӣ кор карда истодааст?

16 Дар боби 11-и Ошкорсозӣ ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин «ду шоҳид» дар муддати кӯтоҳ зинда мешаванд. Бинобар ин қариб баъд аз як соли ҳабс шудани бародарон воқеаи ҳайратоваре рӯй дод. Моҳи марти соли 1919 онҳоро аз ҳабс озод намуда баъдтар пурра сафед карданд. Бародарон дарҳол аз паси мавъизаи хушхабар ва таълим додан шуданд. Лекин ҳамлаҳои Шайтон ба халқи Худо бо ҳамин хотима наёфтанд. Аз он вақт инҷониб Шайтон «дарё»-и азобу озорро ба сари халқи Худо мерезад (Ошкор. 12:15). Маҳз барои ҳамин имрӯз ба ҳар яки мо «истодагарӣ ва имон лозим аст» (Ошкор. 13:10).

ДАР КОРИ ЯҲУВА ҒАЙРАТ КУНЕД

17. Ба халқи Худо чӣ гуна кумаки ногаҳонӣ расонда мешавад, ҳол он ки Шайтон онҳоро ба нишон гирифтааст?

17 Дар Ошкорсозӣ боби 12 инчунин гуфта мешавад, ки ба халқи Худо кумаки ногаҳоние расонда мешавад. Ин тавре менамояд, ки «замин» гӯё «дарё»-и озору азобро фурӯ мебарад (Ошкор. 12:16). Мо худ имрӯз шоҳиди ин ҳастем. Гоҳ вақт баъзе аз сохторҳои Шайтон, масалан, системаи судӣ аз рӯйи адлу инсоф ба халқи Худо кумак мекунад. Бинобар ин чандин маротиба хизматгорони Яҳува дар мурофиаҳои судӣ ғолиб меоянд ва ба қадре фаъолияташонро озодона пеш мебаранд. Хуб, халқи Худо ин озодиро чӣ тавр истифода мебарад? Онҳо ҳар як фурсатро ғанимат дониста кореро, ки Яҳува барояшон супурдааст, иҷро мекунанд (1 Қӯр. 16:9). Ин кор чиро дар бар мегирад?

Халқи Худо кадом ду хабарро эълон мекунад? (Ба сархатҳои 18 ва 19 нигаред)

18. Дар ин рӯзҳои охир кори аз ҳама муҳими мо кадом аст?

18 Исо пешгӯйӣ карда буд, ки пайравонаш «хушхабари Подшоҳии Худо»-ро то расидани анҷом дар тамоми замин мавъиза мекунанд (Мат. 24:14). Дар ин кор ба онҳо фаришта ё гурӯҳи фариштаҳое кумак мекунанд. Мувофиқи Китоби Муқаддас онҳо «хушхабари абадиро ба сокинони замин, ба ҳар миллат, қабила, забон ва халқ, [мерасонанд]» (Ошкор. 14:6).

19. Онҳое, ки Яҳуваро дӯст медоранд, боз бояд кадом хабарро эълон намоянд?

19 Бояд гуфт, ки хушхабари Подшоҳӣ ягона хабаре нест, ки бояд халқи Худо эълон кунад. Онҳо инчунин бояд фариштагонеро дастгирӣ кунанд, ки дар бораашон дар китоби Ошкорсозӣ аз бобҳои 8 то 10 гуфта шудааст. Ин фариштагон балоҳоеро эълон мекунанд, ки ба сари одамоне меоянд, ки Подшоҳии Худоро рад мекунанд. Бинобар ин Шоҳидони Яҳува хабари довариро эълон карда истодаанд, ки ба «жолаву оташ» монанд аст. Аз ин хабар маълум мешавад, ки Худо сохторҳои дунёи шарири Шайтонро ҳукм мекунад (Ошкор. 8:7, 13). Бале, одамон бояд донанд, ки рӯзи Яҳува наздик аст, то дар ҳаёташон дигаргуниҳои ҷиддӣ дароранд ва дар рӯзи ғазаби Яҳува зинда монанд (Саф. 2:2, 3). Албатта, ин хабар ба ҳама маъқул нест, аз ин рӯ барои паҳн кардани он мо бояд далер бошем. Дар давоми азоби азим хабари доварии ниҳоӣ ба халқ рӯирост расонда мешавад (Ошкор. 16:21).

БА СУХАНОНИ ПЕШГӮЙИШУДА ИТОАТ КУНЕД

20. Дар ду мақолаи навбатӣ чӣ баррасӣ мешавад?

20 Мо бояд «суханони ин пешгӯйиро» риоя кунем, зеро мо низ дар иҷрошавии гуфтаҳои китоби Ошкорсозӣ иштирок дорем (Ошкор. 1:3). Вале чӣ тавр мо содиқона ба озор тоб оварда минбаъд низ далерона хушхабарро паҳн карда метавонем? Аз ин ҷиҳат моро ду чиз қавӣ мегардонад. Якум, чизе ки дар китоби Ошкорсозӣ дар бораи душманони Худо гуфта мешавад ва дуюм, баракатҳое, ки мо содиқ монда дар оянда соҳиб мешавем. Дар ду мақолаи навбатӣ дар ин бора бештар мефаҳмем.

СУРУДИ 27 Дар тарафи Яҳува бош!

a Мо воқеан ҳам дар замонҳои хотирмон зиндагӣ дорем, чунки пешгӯйиҳои китоби Ошкорсозӣ иҷро шуда истодаанд. Ин пешгӯйиҳо ба мо чӣ дахл доранд? Дар ин ва ду мақолаи навбатӣ баъзе фикрҳо аз китоби Ошкорсозӣ баррасӣ мешаванд. Аз мақолаҳои мазкур мефаҳмем, ки чӣ тавр гуфтаҳои китоби Ошкорсозиро ба ҷо оварда минбаъд низ бо ибодатамон розигии Яҳуваро ба даст оварда метавонем.

b Ба «Саволҳои хонандагон»-и «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 ноябр с. 2014, саҳ. 30 нигаред.