МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 18
СУРУДИ 1 Хислатҳои Яҳува
«Довари тамоми замин» Худои дилсӯз аст
«Наход Довари тамоми замин аз рӯйи адлу инсоф амал накунад?» (1 МӮСО 18:25).
МАҚСАД
Мо мефаҳмем, ки дар зиндашавии бадкорон чӣ хел дилсӯзӣ ва адолати Яҳуваро дидан мумкин аст.
1. Яҳува ба Иброҳим чиро таълим дод?
ИН ГУФТУГӮ барои Иброҳим хотирмон буд. Худо ба воситаи фаришта ба Иброҳим гуфт, ки шаҳри Садӯм ва Амӯроро несту нобуд мекунад. Иброҳим ба ташвиш омада, аз Худо пурсид: «Наход ту росткорро бо бадкор нест кунӣ?.. Наход Довари тамоми замин аз рӯйи адлу инсоф амал накунад?» Яҳува ба дӯсти азизаш чизеро таълим дод, ки ба мо ҳисси оромиву дилпурӣ мебахшад, яъне инро, ки Худо ҳеҷ гоҳ росткоронро нест намекунад (1 Мӯсо 18:23-33).
2. Чаро мо дилпурем, ки довариҳои Яҳува аз рӯйи адолат ва дилсӯзиянд?
2 Чаро мо дилпур буда метавонем, ки довариҳои Яҳува аз рӯйи адолат ва дилсӯзиянд? Чунки мо медонем, ки Яҳува «дилро мебинад» (1 Подш. 16:7). Ӯ «дили ҳар инсонро» медонад (3 Подш. 8:39; 1 Воқ. 28:9). Чӣ ҳақиқати ҳаяҷонбахше! Довариҳои Яҳува аз дарки инсони хокӣ берунанд. Аз ин рӯ Павлуси расул аз Худо илҳом ёфта, дар бораи Яҳува чунин гуфт: «Чӣ ақлнорасанд ҳукмҳои ӯ!» (Рум. 11:33).
3, 4. Ба сари мо баъзан кадом фикрҳо меоянд ва дар ин мақола мо чиро мебинем? (Юҳанно 5:28, 29).
3 Ба ҳар ҳол дар сари ҳар яки мо мисли Иброҳим баъзе саволҳо пайдо шуда метавонанд. Масалан, баъзеҳо фикр мекунанд: «Оё барои онҳое, ки дар Садӯму Амӯро ба марг маҳкум шуданд, умеде ҳаст? Оё зиндашавии бадкорон ба ягон нафари онҳо дахл дорад?» (Кор. 24:15).
4 Биёед бинем, ки мо дар бораи зиндашавӣ чиро медонем. Чанде пеш ба фаҳмиши мо дар хусуси зиндашавӣ «барои ҳаёт» ва зиндашавӣ «барои доварӣ» равшанӣ андохта шуд a. (Юҳанно 5:28, 29-ро хонед.) Дар асоси ин фаҳмиши беҳтар мо назари худро каме дигар кардем. Дар ин мақола ва мақолаи оянда мо ин дигаргуниҳоро дида мебароем. Биёед аввал бинем, ки мо дар бораи довариҳои одилонаи Яҳува чиро намедонем ва баъд мебинем, ки чиро медонем.
МО ЧИРО НАМЕДОНЕМ?
5. Дар адабиёти мо пеш дар бораи нобудшудагони Садӯму Амӯро чӣ гуфта мешуд?
5 Пеш дар адабиёти мо гуфта мешуд, ки онҳое, ки Худо бадкорашон дониста, маҳкумашон кардааст, соҳиби чӣ ояндае мешаванд. Масалан, дар бораи онҳое, ки дар Садӯму Амӯро ба марг маҳкум гаштанд, гуфта мешуд, ки барояшон умеди зиндашавӣ нест. Вале дуо ва омӯзиши дақиқи Калом ба дурустии ин сухан сояи шубҳа афканд.
6. Яҳува нисбати баъзе бадкорон чӣ ҳукм бароварда буд ва мо чиро намедонем?
6 Дар аввал биёед дар бораи якчанд воқеаи ба он монанд гап занем. Барои мисол, дар Китоби Муқаддас дар бораи одамони зиёде гуфта мешавад, ки ҳангоми Тӯфон мурданд ва ҳафт халқи Замини ваъдашуда, ки бо амри Яҳува кушта шуданд. Ҳамчунин мо медонем, ки фариштаи Яҳува дар як шаб 185 000 сарбози ошуриро нобуд кард (1 Мӯсо 7:23; 5 Мӯсо 7:1–3; Иш. 37:36, 37). Оё дар асоси маълумоти Китоби Муқаддас мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Яҳува онҳоро ба таври абадӣ нест кардааст ва барои ин одамон умеди зиндашавӣ нест? Не. Мо чунин гуфта наметавонем. Чаро?
7. Дар хусуси нобудшудагон ҳангоми Тӯфон ва забти Канъон мо чиро намедонем? (Ба расм нигаред.)
7 Мо намедонем, ки доварии Яҳува дар ҳаққи ҳар яки ин одамон чӣ гуна буд. Мо ҳамчунин намедонем, ки оё ҳар яки ин кушташудагон имкон доштанд дар бораи Яҳува фаҳманду тавба кунанд. Аз Китоби Муқаддас мо медонем, ки ҳангоми Тӯфон Нӯҳ паёмбари ростӣ буд (2 Пет. 2:5). Вале дар Калом гуфта намешавад, ки ҳангоми сохтани киштии бузург Нӯҳ фурсат ёфт, ки назди ҳар як нафар рафта, ӯро аз фалокати меомада огоҳ кунад. Дар бораи халқҳои Канъон чӣ гуфтан мумкин? Мо гуфта наметавонем, ки аз миёни ин мардуми бадкор ҳамаашон имкон доштанд дар бораи Яҳува фаҳманду роҳу рафторашонро дигар кунанд.
8. Мо дар бораи мардуми Садӯму Амӯро чиро намедонем?
8 Дар бораи мардуми Садӯму Амӯро чӣ гуфтан мумкин аст? Лути росткор дар миёни онҳо зиндагӣ мекард. Вале оё мо аниқ медонем, ки Лут ба ҳамаи онҳо мавъиза карда буд? Не. Онҳо, албатта, одамони бадкор буданд, вале оё онҳо дар бораи аҳкоми Яҳува медонистанд? Ба ёд биёред, ки чӣ хел халқи ин шаҳр барои таҷовуз кардани меҳмонони Лут омаданд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки дар байни онҳо «аз писарбача то мӯйсафед» буданд (1 Мӯсо 19:4; 2 Пет. 2:7). Оё мо дилпурем, ки Худои меҳрубон Яҳува ҳар яки онҳоро ба марги абадӣ маҳкум карда умеди зиндашавӣ надодааст? Аз суханони Яҳува ба Иброҳим мефаҳмем, ки дар он шаҳр ҳатто даҳ росткор набуд (1 Мӯсо 18:32). Азбаски онҳо бадкор буданд, Яҳува аз рӯйи адолат онҳоро барои рафторашон ба ҷавобгарӣ кашид. Пас, оё мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки ҳеҷ яки аз ин одамон ҳангоми зинда шудани «бадкорон» ба ҳаёт баргардонда намешаванд? Не, мо инро аниқ намедонем!
9. Мо дар бораи Сулаймон чиро намедонем?
9 Дар Китоби Муқаддас ҳамчунин саргузашти росткороне оварда шудааст, ки баъдтар бадкор шуданд. Яке аз онҳо шоҳ Сулаймон аст. Ӯ аҳкоми Яҳуваро як ба як омӯхта буду баракатҳои зиёдеро аз Худо соҳиб шуда буд, вале баъдтар ба бутпарастӣ рӯ овард. Ин гуноҳҳояш Яҳуваро ба ғазаб оварду оқибатҳои бади рафтораш асрҳо давом кард. Дар Навиштаҳо дар бораи Сулаймон гуфта мешавад, ки ӯ «бо бобоёни худ хобид». Яке аз аҷдодони боимонаш шоҳ Довуд мебошад, ки ба Худо вафодор буд (3 Подш. 11:5–9, 43; 4 Подш. 23:13). Вале оё тарзи гӯронида шудани ӯ гувоҳи он аст, ки Сулаймон зинда мешавад? Китоби Муқаддас чизе дар ин бора намегӯяд. Шояд, баъзеҳо дар ин масъала ба суханони зерини Калом такя кунанд: «Касе, ки мурдааст, аз гуноҳҳояш озод аст» (Рум. 6:7). Вале оё ин маънои онро дорад, ки тамоми мурдагон бечуну чаро зинда мешаванд, гӯё ки зиндашавӣ ҳаққи ҳалоли онҳо бошад? Не. Зиндашавӣ атоест аз ҷониби Худои меҳрубон. Ӯ ин аторо ба ҳар кас намебахшад. Бо ин туҳфааш Яҳува ба одами зиндашуда имкон медиҳад, ки абадан ба ӯ хизмат кунад (Айюб 14:13, 14; Юҳ. 6:44). Оё Сулаймон соҳиби чунин ато мешавад? Инро Яҳува медонад, мо намедонем. Мо ҳаминашро медонем, ки Яҳува қарори дуруст мекунад.
МО ЧИРО МЕДОНЕМ?
10. Яҳува ба нест кардани одамон чӣ гуна назар дорад? (Ҳизқиёл 33:11). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
10 Ҳизқиёл 33:11-ро хонед. Мо дар бораи тарзи одамонро доварӣ кардани Яҳува чиро медонем? Яҳува инро аз рӯйи меҳрубонӣ ба мо ошкор кардааст. Петруси расул зери илҳоми илоҳӣ суханони ба ояти боло монандро навиштааст. Ӯ гуфтааст: «Яҳува... нобуд шудани касеро намехоҳад» (2 Пет. 3:9). Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки Яҳува дар нобуд кардани одамон шитобкор нест. Ӯ Худои бениҳоят дилсӯз аст ва ҳар вақте ки имконаш бошад, аз гуноҳи одамон мегузарад.
11. Кӣ зинда намешавад ва мо инро аз куҷо медонем?
11 Вале кӣ зинда намешавад? Дар бораи кӣ мо инро аниқ гуфта метавонем? Дар Китоби Муқаддас якчанд чунин касон номбар шудаанд b. Исо фаҳмонд, ки Яҳудои Исқарют зинда карда намешавад. (Марқ. 14:21; ҳамчунин ба Юҳанно 17:12 нигаред.) Яҳудо ихтиёран ва дидаву дониста зидди Яҳува Худо ва Писараш амал кард. (Ба Марқус 3:29 нигаред.) Ғайр аз ин, Исо дар ҳаққи баъзе пешвоёни динӣ гуфт, ки онҳо абадан нест мешаванду барояшон умеди зиндашавӣ нахоҳад буд. (Ба Матто 23:33 нигаред.) Ҳамчунин Павлуси расул огоҳӣ дод, ки осиёне, ки тавба намекунанд, зинда карда намешаванд (Ибр. 6:4–8; 10:29).
12. Мо дар бораи дилсӯзии Яҳува чиро медонем? Мисол оред.
12 Дар бораи дилсӯзии Яҳува мо чиро медонем? Аз чӣ маълум аст, ки ӯ «нобуд шудани касеро намехоҳад»? Масалан, шоҳ Довуд ба як қатор гуноҳҳои азим даст зад, аз ҷумла ба зино ва куштор. Вале, вақте ӯ тавба кард, Худои меҳрубон Яҳува аз гуноҳҳояш гузашт (2 Подш. 12:1–13). Шоҳ Менашше бошад, қисми зиёди ҳаёташ ғарқи гуноҳу бадкорӣ буд. Вале Яҳува Худо аз лутфу дилсӯзӣ тавбаи ӯро пазируфта, бо қалами бахшоиш гуноҳҳояшро хат зад (2 Воқ. 33:9–16). Аз ин мисолҳо маълум мешавад, ки Яҳува, ҳар гоҳе сабаб бошад, бар одам раҳм мекунад. Ӯ ин нафаронро зинда мекунад, зеро онҳо дарк карданд, ки ба амалҳои даҳшатнок даст задаанд ва аз корҳояшон тавба кардаанд.
13. а) Чаро дили Яҳува ба мардуми Нинве сӯхт? б) Исо дар бораи мардуми Нинве чӣ гуфт?
13 Мо ҳамчунин дар бораи раҳми Яҳува ба мардуми Нинве медонем. Худо ба Юнус чунин гуфта буд: «Бадкории мардуми он ба гӯши ман расидааст». Вале, вақте онҳо тавба карданд, Худои меҳрубон гуноҳҳояшонро бахшид. Яҳува аз Юнус хеле дилсӯзтар буд. Азбаски Юнус намефаҳмид, ки чаро Яҳува ин қадар дилсӯз аст, Худо ба пайғамбари ғазабнокаш ёдрас кард, ки мардуми Нинве «неку бадро фарқ карда наметавонад» (Юнус 1:1, 2; 3:10; 4:9–11). Баъдтар Исо бо ёрии ин воқеа дар бораи адолату раҳми Яҳува ба одамон таълим дод. Ӯ гуфт, ки мардуми тавбакардаи Нинве «дар Рӯзи Доварӣ» бармехезанд (Мат. 12:41).
14. Бадкорон барои чӣ зинда мешаванд ва мардуми Нинве соҳиби чӣ гуна оянда шуда метавонад?
14 Мардуми Нинве дар кадом «Рӯзи Доварӣ» бармехезанд? Исо гуфт, ки дар оянда баъзе одамон «барои доварӣ шудан» зинда мешаванд (Юҳ. 5:29). Ӯ дар бораи Ҳукмронии ҳазорсола сухан мегуфт, ки ҳангоми он «ҳам росткорону ҳам бадкорон» зинда мешаванд (Кор. 24:15). Бадкорон «барои доварӣ шудан» зинда мегарданд. Яҳува ва Исо дар он вақт рафтори онҳоро мушоҳида мекунанд, ки оё таълими илоҳиро ба кор бурда зиндагияшонро дигар карда истодаанд ё не. Агар ягон сокини Нинве тарзи парастиши Яҳуваро қабул кардан нахоҳад, ӯ ба таври абадӣ ба марг маҳкум мешавад (Иш. 65:20). Вале ҳамаи онҳое, ки парастиши Яҳуваро ихтиёр мекунанд, дар ҳаққашон ҳукми хуб бароварда мешавад. Онҳо имкони ҷовидона зистанро пайдо мекунанд (Дон. 12:2).
15. а) Чаро мо набояд гӯем, ки аз мардуми Садӯму Амӯро ҳеҷ нафарашон зинда намешавад? б) Суханони Яҳудо 7 чӣ маъно доранд? (Ба чорчӯбаи « Сухани Яҳудо чӣ маъно дошт?» нигаред.)
15 Вақте Исо аз мардуми Садӯму Амӯро ёдовар шуд, гуфт, ки ҳоли онҳо аз ҳоли касоне, ки ӯву таълимашро рад карданд, беҳтар мешавад (Мат. 10:14, 15; 11:23, 24; Луқ. 10:12). Мақсади Исо чӣ буд? Баъзан Исо бо мақсади таълим додани ягон ҳақиқате санъати муболиғаро истифода мебурд. Вале дар ин маврид ва мавриди мардуми Нинве суханони ӯ маънои аслӣ доштанд c. Дар ҳар ду ҳолат Исо дар бораи ҳамон як «Рӯзи Доварӣ» гап мезанад. Мардуми Садӯму Амӯро низ мисли сокинони Нинве корҳои бад мекарданд, вале мардуми Нинве фурсати тавба кардан доштанд. Ҳамчунин ба ёд оред, ки, ба гуфти Исо, кӣ «барои доварӣ шудан» зинда мегардад. «Ҳар кӣ корҳои бад мекард»,— мегӯяд ӯ (Юҳ. 5:29). Аз ин бармеояд, ки, эҳтимол, барои мардуми Садӯму Амӯро умеде ҳаст. Аз имкон берун нест, ки ақаллан баъзе аз ин одамон зинда шаванду мо дар бораи Яҳува ва Исо ба онҳо таълим диҳем.
16. Худо вақти одамонро зинда кардан чиро ба назар мегирад ва чӣ тавр амал мекунад? (Ирмиё 17:10).
16 Ирмиё 17:10-ро хонед. Аз ин оят мо хулоса карда метавонем, ки чиро медонем: Яҳува «дилро тафтиш» мекунаду «ботинро» месанҷад. Ӯ дар масъалаи зиндашавӣ низ «ба ҳар кас мувофиқи рафтораш» сазо медиҳад. Ҳар гоҳе ҳатмӣ бошад, Худо қатъиян рафтор мекунад, аммо, ҳар гоҳе имкон бошад, Худо бо дилсӯзӣ амал мекунад. Аз ин рӯ, агар мо аниқ надонем, набояд хулоса кунем, ки одам умеди зиндашавӣ надорад.
«ДОВАРИ ТАМОМИ ЗАМИН АЗ РӮЙИ АДЛУ ИНСОФ АМАЛ» МЕКУНАД
17. Мурдагонро чӣ оянда дар пеш аст?
17 Аз вақте ки Одаму Ҳавво ба исёни Шайтон ҳамроҳ шуда, зидди Яҳува Худо баромаданд, миллиардҳо одамон мурданд. Одамони бешумор қурбони душмани хунхори мо, марг, шуданд (1 Қӯр. 15:26). Ҳамаи ин одамонро чӣ дар пеш аст? Шумораи маҳдуди одамон, 144 000 нафар пайравони содиқи Масеҳ, дар осмон зинда шуда, соҳиби атои намирандагӣ мегарданд (Ошкор. 14:1). Шумораи зиёди мардону занони ба Яҳува содиқ ва худопараст ҳамчун «росткорон» дар замин зинда мешаванд ва, агар ҳангоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ ва озмоиши охирин содиқ монанд, ҷовидона зиндагӣ мекунанд (Дон. 12:13; Ибр. 12:1). Ҳамчунин вақти Ҳукмронии ҳазорсола «бадкорон», яъне касоне, ки Яҳуваро намешинохтанд ё ҳатто «корҳои бад мекард»-анд, зинда мешаванд ва ба онҳо имкон дода мешавад, ки роҳу рафторашонро дигар карда, ба Худо содиқ шаванд (Луқ. 23:42, 43). Вале баъзе одамон чунон бадкор ва душмани Худову нияти ӯ буданд, ки Яҳува онҳоро аз умеди зиндашавӣ пурра маҳрум кардааст (Луқ. 12:4, 5).
18, 19. а) Чаро мо аз одилии довариҳои Яҳува дилпурем? (Ишаъё 55:8, 9). б) Дар мақолаи навбатӣ чиро меомӯзем?
18 Хоҳ Яҳува касеро зинда кунад, хоҳ не, оё мо ба одилии довариҳои ӯ бовар дорем? Бале. Мо низ мисли Иброҳим дарк мекунем, ки Яҳува, «Довари тамоми замин», Худои бенуқсон, ҳамадон ва дилсӯз аст. Ӯ Писари худро таълим дода, тамоми довариҳоро ба дасти ӯ супурдааст (Юҳ. 5:22). Ҳам Падару ҳам Писар ҳар фикри дили инсонро хонда метавонанд (Мат. 9:4). Дар ҳар ҳолат онҳо «аз рӯйи адлу инсоф» амал мекунанд!
19 Биёед дар ин масъала ба Яҳува Худо бовари комил дошта бошем. Мо медонем, ки Яҳува кори довариро аз мо беҳтар медонаду метавонад. (Ишаъё 55:8, 9-ро хонед.) Мо ҳукму довариро ба Худо вогузор мекунем ва ба Писараш, ки Подшоҳ асту дилсӯзиву адолати Падарашро ба пуррагӣ инъикос мекунад (Иш. 11:3, 4). Дар бораи довариҳои Яҳува дар хусуси азоби азим чӣ гуфтан мумкин аст? Мо чиро намедонем? Мо чиро медонем? Дар мақолаи навбатӣ ба ин саволҳо ҷавоб меёбем.
СУРУДИ 142 Ба ҳама одамон мавъиза мекунем
b Барои бештар фаҳмидан дар бораи Одам, Ҳавво ва Қобил ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми январи соли 2013, поварақи саҳ. 12 нигаред.
c Вақте гӯянда бо мақсади равшан кардани фикре чизеро аз будаш зиёд нишон медиҳад, ӯ санъати муболиғаро кор мефармояд. Дар ин ҳолат суханони одам маънои аслӣ надоранд. Аммо, аз афташ, ин ҷо суханони Исо муболиға набуданд, балки маънои аслӣ доштанд.