МАВЗУЪ БАРОИ ОМӮЗИШ
Чӣ тавр беадолатиро паси сар кунем?
1 Мӯсо 37:23–28; 39:17–23-ро хонда, фаҳмед, ки Юсуф бо чӣ хел беадолатӣ рӯ ба рӯ шуд.
Мазмуни матнро таҳлил кунед. Чаро бо Юсуф беадолатӣ карданд? (1 Мӯсо 37:3–11; 39:1, 6–10). Он чӣ қадар давом ёфт? (1 Мӯсо 37:2; 41:46). Дар он лаҳзаҳои душвор Яҳува барои Юсуф кадом корро карду кадом корро не? (1 Мӯсо 39:2, 21; w23.01 17, сарх. 13).
Ба ҷузъиёт диққат диҳед. Дар Китоби Муқаддас гуфта намешавад, ки Юсуф худро аз туҳмати ноҳақи зани Фӯтифар ҳимоя кард. Чӣ тавр оятҳои зерин кумак мекунанд, ки дар бораи ин саволҳо мулоҳиза ронем: «Чаро Юсуф барои ҳимояи худ чизе нагуфт? Чаро мо интизор нестем, ки ҳар ҷузъиёти ин воқеа ошкор шавад?» (Пнм. 20:2; Юҳ. 21:25; Кор. 21:37). Ба фикратон, бо ёрии кадом сифатҳо Юсуф ба беадолатӣ тоб овард? (Мико 7:7; Луқ. 14:11; Яъқ. 1:2, 3).
Дарсҳо барои мо. Аз худ пурсед:
-
«Пайрави Исо шуда, ман, шояд, бо чӣ хел беадолатӣ рӯ ба рӯ шавам?» (Луқ. 21:12, 16, 17; Ибр. 10:33, 34).
-
«Барои дар оянда ба беадолатӣ тоб овардан ман ҳозир чӣ кор карда метавонам?» (Заб. 62:7, 8; 105:17–19; w19.07 саҳ. 2–7).