Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Чаро Шоҳидони Яҳува Павлуси расулро каммӯй ё кал тасвир мекунанд?

Имрӯз касе дар асл чӣ гуна будани афту андоми Павлусро намедонад. Тасвирҳои ӯ, ки мо дар адабиётамон мебинем, бар ягон далели бостоншиносӣ асос наёфтааст. Он танҳо тасаввуроти рассомон асту халос.

Ба ҳар ҳол мо дар бораи афту андоми Павлус баъзе чизҳоро медонем. Масалан, дар «Бурҷи дидбонии Сион» аз 1 марти соли 1902 гуфта шудааст, ки «дар китоби “Аъмоли Павлус ва Фекла” (Acts of Paul and Thecla), ки тақрибан соли 150 - уми милодӣ навишта шуда буд, Павлус тавре тасвир шудааст, ки, эҳтимол, ба ҳақиқат наздик аст. Дар он китоб Павлус чун марди қадпаст, кал, каҷпо, бо китфу бозу, бинидароз ва қошонаш пайванд тасвир шудааст».

Дар як луғат дар бораи китоби «Аъмоли Павлус ва Фекла» чунин гуфта шудааст: «Аз афташ, баъзе гуфтаҳои ин китоб аз ҷиҳати таърихӣ дурустанд» (The Oxford Dictionary of the Christian Church). «Аъмоли Павлус ва Фекла» - ро дар замонҳои пеш хеле қадр мекарданд. Инро аз он фаҳмидан мумкин аст, ки ин китоб ҳаштод дастхати юнонӣ дорад ва ба дигар забонҳо тарҷума шудааст. Расмҳое, ки мо дар онҳо Павлуси расулро тасвир мекунем, бар ин гуна навиштаҳои қадима асос ёфтааст.

Дар хотир нигоҳ доштан лозим аст, ки аз донистани афту андоми Павлус чизҳои муҳимтаре ҳаст. Вақте Павлус хизмат мекард, баъзеҳо мегуфтанд, ки ӯ «назарногир асту нутқаш ночиз» (2 Қӯр. 10:10). Лекин мо дар хотир дорем, ки ӯ баъд аз он ки Исо ба вай зоҳир шуд, масеҳӣ гашт ва чун «зарфи интихобшудаи [Масеҳ]... номи [Исоро] ба халқҳо» эълон намуда, бисёр корҳоро ба анҷом расонд (Аъм. 9:3–5, 15; 22:6–8). Инчунин дар бораи фоидае, ки мо аз номаҳои Павлус гирифта метавонем, фикр кунед.

Павлус пеш аз масеҳӣ шуданаш дар бисёр чиз муваффақ шуда буд, аммо бо дастовардҳояш намеболид ва дар бораи чӣ гуна будани афту андомаш низ чизе нанавиштааст (Аъм. 26:4, 5; Флп. 3:4–6). Боре ӯ дар бораи худ чунин гуфта буд: «Ман хурдтарини расулон ҳастам ва сазовори он нестам, ки расул номида шавам» (1 Қӯр. 15:9). Баъдтар вай навишт: «Гарчанд дар миёни муқаддасон хурдтарин ҳастам, ин лутфу марҳамат ба ман ато шудааст, то ба халқҳои дигар хушхабарро дар бораи сарвати беандозаи Масеҳ эълон кунам» (Эфс. 3:8). Дар ҳақиқат, хушхабаре, ки Павлус мавъиза мекард, аз чӣ гуна будани афту андомаш муҳимтар аст.