Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Тарбияи Худо аз муҳаббати Ӯ шаҳодат медиҳад

Тарбияи Худо аз муҳаббати Ӯ шаҳодат медиҳад

«Яҳува онҳоеро, ки дӯст медорад, тарбия мекунад» (ИБР. 12:6).

СУРУДҲО: 43, 20

1. Китоби Муқаддас дар бораи тарбия чӣ мегӯяд?

ВАҚТЕ КИ шумо калимаи «тарбия»-ро мешунавед, ба саратон кадом фикр меояд? Баъзеҳо шояд дарҳол дар бораи танбеҳ фикр кунанд, лекин ин на танҳо танбеҳро дар бар мегирад. Он ҳамчунин метавонад, маънои ислоҳ, насиҳат ва таълим доданро дошта бошад. Китоби Муқаддас тарбияро чун як чизи хуб тасвир мекунад ва баъзан бо дониш, хирад, муҳаббат ва ҳаёт дар як қатор мегузорад (Мас. 1:2–7; 4:11–13). Барои ҳамин тарбияи Худо нишон медиҳад, ки Ӯ моро дӯст медорад ва ҷовидона зиндагӣ карданамонро мехоҳад (Ибр. 12:6). Ҳарчанд тарбияи Яҳува метавонад ҷазоро дар бар гирад, он ҳеҷ гоҳ бераҳмона ва зараровар нест. Дар асл, чи хеле ки волидони ғамхор ба фарзандашон одобу ахлоқро меомӯзонанд, мақсади асосии тарбия ёд додани роҳи дуруст аст.

2, 3. Чӣ тавр тарбия ҳам таълим ва ҳам ҷазоро дар бар гирифта метавонад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

2 Мисолеро дида мебароем. Писарчае бо номи Ҷонни дар хона бо тӯб бозӣ мекунад. Модараш мегӯяд: «Дар хона туббозӣ накун, ягон чизро мешиканӣ». Писарак ба гапи модар аҳамият надода бозиро давом медиҳад ва нохост гулдонро мешиканад. Модар чӣ тавр писарашро тарбия мекунад? Ӯ вайро ҳам насиҳат мекунад ва ҳам ҷазо медиҳад. Ӯ Ҷонниро насиҳат карда мефаҳмонад, ки чаро рафтораш нодуруст буд ва барои чӣ ба волидон итоат кардан муҳим ва фоиданок аст. Баъд, барои он ки хатояшро фаҳмад, модараш ба вай ҷазои мувофиқ медиҳад. Масалан, ба муддати муайян тӯбро аз дасти Ҷонни мегирад, то ӯ фаҳмад, ки ба волидон гӯш надодан оқибати хуб надорад.

3 Мо чун масеҳиён, аъзои оилаи Худо ҳастем (1 Тим. 3:15). Барои ҳамин мо тан мегирем, ки Яҳува чун Падар ҳақ дорад, бароямон қоидаҳо муайян кунад ва, вақте онҳоро вайрон мекунем, бо муҳаббат моро тарбия кунад. Ғайр аз ин, агар рафтори мо оқибати нохуш орад, чораҳои ислоҳкунандаи Яҳува ба мо хотиррасон мекунанд, ки ба Падари осмониамон итоат кардан, чӣ қадар муҳим аст (Ғал. 6:7). Худо нисбати мо ғамхор аст ва мехоҳад моро аз азобҳо муҳофизат кунад (1 Пет. 5:6, 7).

4. а) Яҳува кадом тарзи таълимдиҳиро баракат медиҳад? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

4 Мо фарзандон ё омӯзандагонро бо ёрии Китоби Муқаддас ислоҳ карда, ба онҳо кӯмак мекунем, то пайрави Масеҳ шаванд. Барои «дар роҳи рост» тарбия кардан Каломи Худо бояд асбоби асосӣ бошад. Бо ёрии он фарзанд ё омӯзанда метавонад «ҳар он чизеро, ки» Исо фармудааст, фаҳмад ва риоя кунад (2 Тим. 3:16; Мат. 28:19, 20). Яҳува мехоҳад, ки мо омӯзандагонро бо ин тарз таълим диҳем, то онҳо низ дар навбати худ шогирдони дигарро тайёр карда тавонанд. (Титус 2:11–14-ро хонед.) Биёед ҳоло ба се саволи муҳим ҷавоб ёбем: 1) Чӣ гуна дар тарбияи Худо муҳаббати Ӯро дидан мумкин аст? 2) Мо аз мисоли касоне, ки Худо онҳоро тарбия карда буд, чӣ дарс мегирем? 3) Дар вақти тарбия додан, чӣ тавр мо ба Яҳува ва Писараш пайравӣ карда метавонем?

ТАРБИЯИ ХУДО АЗ РӮЙИ МУҲАББАТ АСТ

5. Чӣ тавр тарбияи Яҳува аз муҳаббати Ӯ шаҳодат медиҳад?

5 Яҳува аз муҳаббат моро ислоҳ мекунад ва таълиму тарбия медиҳад, то худро дар муҳаббати Ӯ нигоҳ дошта дар роҳи ҳаёт монем (1 Юҳ. 4:16). Ӯ ҳеҷ гоҳ моро паст намезанад ва таҳқир намекунад (Мас. 12:18). Баръакс, Яҳува моро эҳтиром мекунад, ба хислатҳои хуби мо аҳамият медиҳад ва мегузорад, ки мо худамон қарор қабул кунем. Баъзан Яҳува ба воситаи Китоби Муқаддас, адабиётамон, волидони масеҳӣ ва пирони ҷамъомад моро ислоҳ мекунад. Оё шумо дар ин муҳаббати Ӯро мебинед? Вақте мо нафаҳмида «қадами нодуруст» мемонему пирон моро бо мулоимӣ ва меҳрубонӣ ислоҳ мекунанд, онҳо ба муҳаббате, ки Яҳува нисбати мо дорад, пайравӣ мекунанд (Ғал. 6:1).

6. Чӣ тавр чораҳои ислоҳкунандаи Яҳува муҳаббати Ӯро нишон медиҳанд?

6 Вале баъзан тарбия на танҳо маслиҳат ё насиҳатро дар бар мегирад. Агар кас гуноҳи ҷиддие содир карда бошад, ӯ метавонад таъйиноти дар ҷамъомад доштаашро аз даст диҳад. Ҳатто дар чунин мавридҳо чораҳои ислоҳкунанда муҳаббати Худоро нисбати он шахс нишон медиҳанд. Аз даст додани таъйинот метавонад ба шахс кӯмак кунад, ки муҳим будани омӯзиши шахсӣ, мулоҳизаронӣ ва дуоро дарк кунад. Ҳамин тавр ӯ метавонад рӯҳан мустаҳкам шавад (Заб. 18:8). Бо гузашти вақт ӯ аз нав таъйинот гирифта метавонад. Ҳатто аз ҷамъомад хориҷ кардани шахси гунаҳкор муҳаббати Яҳуваро нишон медиҳад, зеро ин ҷамъомадро аз таъсири бад муҳофизат мекунад (1 Қӯр. 5:6, 7, 11). Азбаски Худо ба андозаи даркорӣ ҷазо медиҳад, шахси хориҷшуда метавонад фаҳмад, ки гуноҳаш то чӣ андоза ҷиддӣ аст ва ин ӯро ба тавба кардан бармеангезад (Аъм. 3:19).

Ӯ АЗ ТАРБИЯИ ЯҲУВА МАНФИАТ ГИРИФТ

7. Шебно кӣ буд ва чӣ хислати нодурусте дар ӯ пайдо шуд?

7 Барои фаҳмидани муҳимияти тарбия, биёед мисоли ду шахсро, ки Яҳува онҳоро ислоҳ кард, дида бароем. Якум мисоли Шебно аст, ки дар айёми подшоҳ Ҳизқиё зиндагӣ мекард ва мисоли дигар аз замони мо, ки оиди бародар Грэм мебошад. Шебно эҳтимол дар қасри Ҳизқиё чун «нозири боргоҳ» мавқеи баландро ишғол мекард (Иш. 22:15). Лекин афсӯс, ки вай мағрур шуда барои худ ҷалол мекофт. Ӯ ба «аробаҳои боҳашамат» савор шуда мегашт ва ҳатто барои худ мақбараи дабдабаноке сохта буд (Иш. 22:16–18).

Фурӯтанона дигар кардани муносибати худ баракатҳо меорад (Ба сархатҳои 8–10 нигаред.)

8. Яҳува чӣ тавр Шебноро тарбия кард ва он чӣ натиҷа овард?

8 Азбаски Шебно барои худ ҷалол меҷуст, Худо ӯро аз мартабааш гирифт ва ба ҷойи ӯ Элёқимро таъйин кард (Иш. 22:19–21). Ин дигаргунӣ вақте рӯй дод, ки подшоҳи Ашшур Санҳериб мехост Ерусалимро забт кунад. Чанде пас, Санҳериб намояндагони худро бо лашкари сершумор ба Ерусалим фиристод, то яҳудиёнро тарсонад ва Ҳизқиёро ба таслим шудан маҷбур кунад (4 Подш. 18:17–25). Элёқим барои гуфтугузор фиристода шуд, вале бо ӯ ду нафари дигар буданд. Яке аз онҳо Шебно буд, ки акнун чун котиб хизмат мекард. Ин шояд нишон медиҳад, ки Шебно хафа нашуда фурӯтанона таъйиноти пасттарро қабул кард. Мо аз ин воқеа барои худ се дарс гирифта метавонем. Биёед онҳоро дида бароем.

9–11. a) Мо аз мисоли Шебно кадом дарсҳои муҳимро гирифта метавонем? б) Дар тарзи муносибати Яҳува бо Шебно шуморо чӣ рӯҳбаланд мекунад?

9 Якум, Шебно аз сабаби мағрур шуданаш мавқеи баланди худро аз даст дод. Ин ба мо огоҳии зеринро хотиррасон мекунад: «Моқабли шикаст ғурур аст, ва моқабли нобарорӣ — ҳавобаландӣ» (Мас. 16:18). Агар шумо дар ҷамъомад соҳиби ягон таъйинот бошеду мавқеи намоёнро ишғол кунед, оё мекӯшед, ки хоксор монед? Оё шумо барои ҳар як қобилиятҳои доштаатон ё муваффақиятҳое, ки дар хизмат ба даст овардед, Яҳуваро ҷалол медиҳед? (1 Қӯр. 4:7). Павлуси расул навишт: «Ба ҳамаи шумо мегӯям: дар бораи худ бештар аз он чӣ лозим аст, фикр накунед, балки... чун шахсони солимфикр андеша ронед» (Рум. 12:3).

10 Дуюм, Яҳува Шебноро сахт танбеҳ дода нишон дод, ки ӯро ислоҳнашаванда ҳисоб намекунад (Мас. 3:11, 12). Чӣ дарси хубе барои онҳое, ки дар ҷамъомад таъйинотро аз даст медиҳанд! Ба ҷойи хафа шудану ба қаҳр омадан, онҳо метавонанд дар вазъияти ҳозираашон барои Худо ҳар кори аз дасташон меомадаро кунанд ва ба ин ҷазо чун ба далели муҳаббати Яҳува нигаранд. Дар ёд доред, агар мо худро пеши Ӯ фурӯтан созем, Падарамон моро ислоҳнопазир намеҳисобад. (1 Петрус 5:6, 7-ро хонед.) Худо аз рӯйи муҳаббат ҷазо дода, моро шакл медиҳад, барои ҳамин биёед дар дастони Ӯ чун гили мулоим бошем.

11 Сеюм, онҳое, ки барои ислоҳ кардани дигарон ӯҳдадоранд аз тарзи муносибати Яҳува бо Шебно, дарси пурарзише гирифта метавонанд. Кадом дарс? Гарчанд Яҳува аз гуноҳ нафрат дорад, Ӯ худи шахси гунаҳкорро ҳанӯз дӯст медорад. Агар ба шумо чун волид ё пири ҷамъомад ислоҳ кардани фарзандатон ё ҳамимоне лозим ояд, оё шумо чун Яҳува аз бадӣ нафрат карда диққати худро ба хислатҳои хуби онҳо равона месозед? (Яҳд. 22, 23).

12–14. a) Баъзеҳо ба танбеҳи Яҳува чӣ тавр муносибат мекунанд? б) Чӣ тавр Каломи Худо ба бародаре кӯмак кард, ки тарзи фикррониашро дигар кунад ва ин чӣ натиҷа овард?

12 Афсӯс, ки баъзеҳо баъд аз танбеҳ гирифтан чунон хафа шуданд, ки аз Худо ва халқи Ӯ дур гаштанд (Ибр. 3:12, 13). Лекин оё ин маънои онро дорад, ки вазъияти онҳо беилоҷ аст? Биёед мисоли Грэмро дида бароем, ки ӯ аз ҷамъомад хориҷ шуд, бо гузашти вақт барқарор гашт ва сипас ғайрифаъол гардид. Баъди якчанд сол ӯ аз пире, ки пеш бо вай муносибати дӯстона дошт, хоҳиш кард, то бо ӯ омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронад.

13 Он пири ҷамъомад ба хотир меорад: «Ғурур ба Грэм халал мерасонд. Вай пиронеро, ки ӯро хориҷ карда буданд, танқид мекард. Барои ҳамин дар якчанд омӯзиш мо оятҳоеро муҳокима кардем, ки дар бораи ғурур ва оқибатҳои он буданд. Грэм худро дар оинаи Каломи Худо равшан дид ва чизи дидааш ба ӯ маъқул нашуд. Дар натиҷа чизи аҷоиб рӯй дод. Вай фаҳмид, ки ғурур ӯро кӯр кардааст ва ӯ нисбати пирон муносибати танқидомез дорад. Баъди ин ӯ тез ба ислоҳ шудан сар кард. Ӯ ба вохӯриҳои ҷамъомад мунтазам меомадагӣ шуд, Каломи Худоро бо ҷидду ҷаҳд омӯзиш мекард ва одати ҳар рӯз дуо гуфтанро пайдо кард. Ҳамчунин ӯ дарк кард, ки чун сардори оила бояд дар бораи ниёзҳои рӯҳонии оилааш ғамхорӣ кунад, ки аз ин зану фарзандонаш хеле хурсанд шуданд» (Луқ. 6:41, 42; Яъқ. 1:23–25).

14 Он пир давом медиҳад: «Рӯзе Грэм ба ман чизеро гуфт, ки ба дилам таъсир кард. Ӯ гуфт: “Ман ҳақиқатро чанд сол боз медонам ва ҳатто чун пешрав хизмат кардаам. Вале танҳо ҳозир ростқавлона гуфта метавонам, ки Яҳуваро дӯст медорам”. Ба наздикӣ ба Грэм супориш доданд, ки ӯ дар Толори Салтанат барои бурдани микрофон ёрдам диҳад ва ӯ ин супоришро хеле қадр мекунад. Аз мисоли ӯ ман фаҳмидам, ки агар шахс худро фурӯтан сохта тарбияи Худоро қабул кунад, Яҳува ӯро ба таври фаровон баракат медиҳад».

ҲАНГОМИ ИСЛОҲ КАРДАН БА ХУДО ВА БА ИСО ПАЙРАВӢ КУНЕД

15. Агар хоҳем, ки тарбияамон таъсирбахш бошад, мо бояд чӣ кор кунем?

15 Барои муаллими хуб будан муҳим аст, ки аввал худамон нағз таълим гирем (1 Тим. 4:15, 16). Ба ин монанд, агар шумо дар пеши Худо барои тарбия додани дигарон вазифадор бошед, бояд фурӯтан ва ба Яҳува итоаткор монед. Агар шумо чунин итоаткорӣ нишон диҳед, сазовори эҳтиром мегардед. Он гоҳ вақте ба дигарон маслиҳат медиҳед ё онҳоро ислоҳ мекунед, қабул кардани суханонатон барояшон осонтар мешавад. Биёед мисоли Исоро дида бароем.

16. Мо аз намунаи Исо оиди таълиму тарбияи дуруст кадом дарсҳоро гирифта метавонем?

16 Исо ҳамеша, ҳатто вақте ки хеле душвор буд, ба Падараш итоат мекард (Мат. 26:39). Ӯ барои таълимоташ ва хираде, ки дошт, ҳамаи ҷалолро ба Падар медод (Юҳ. 5:19, 30). Фурӯтаниву итоаткории Исо одамони самимиро ба худ ҷалб мекард ва ба ӯ ёрӣ медод, ки устоди раҳмдилу дилсӯз бошад. (Матто 11:29-ро хонед.) Суханони меҳрубононаи ӯ касонеро, ки чун қамиши нимшикаста ё чароғи хомӯшшудаистода буданд, рӯҳбаланд мекарданд (Мат. 12:20). Ҳатто вақте сабри Исо озмуда мешуд, ӯ неку меҳрубон мемонд. Инро аз тарзи муносибати ӯ бо расулонаш дидан мумкин аст. Вақте онҳо бо якдигар баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст, ӯ онҳоро бо меҳрубонӣ ислоҳ мекард (Марқ. 9:33–37; Луқ. 22:24–27).

17. Кадом хислатҳо ба пирон ёрӣ медиҳанд, ки чӯпонони хуби рамаи Худо бошанд?

17 Ҳамаи онҳое, ки дигаронро дар асоси Навиштаҳо тарбия мекунанд, бояд ба Масеҳ пайравӣ намоянд. Ҳамин тавр онҳо нишон медиҳанд, ки аз рӯйи роҳнамоии Худо ва Писари Ӯ амал кардан мехоҳанд. Петруси расул навишт: «Рамаи Худоро, ки ба ӯҳдаи шумо гузошта шудааст, чӯпонӣ намоед ва ба он назорат кунед. Ин корро на маҷбуран, балки бо ихтиёри худ ба ҷо оред, чунон ки писанди Худост, ва на бо мақсади ба даст овардани фоида, балки аз сидқи дил. Бар касоне, ки ба шумо супурда шудаанд, ҳукмфармоӣ накунед, балки ба рама намунаи ибрат нишон диҳед» (1 Пет. 5:2–4). Бешубҳа пироне, ки бо хурсандӣ ба Худо ва Масеҳ, ки сардори ҷамъомад аст, итоат мекунанд, ҳам ба худ ва ҳам ба дигарон фоида меоранд (Иш. 32:1, 2, 17, 18).

18. a) Яҳува аз волидон чӣ талаб мекунад? б) Чӣ тавр Худо ба волидон ёрдам медиҳад, ки вазифаи худро иҷро кунанд?

18 Дар бораи тарбия кардани фарзандон чӣ гуфтан мумкин аст? Яҳува ба сардорони оила мегӯяд: «Фарзандони худро ба хашм наоред, балки онҳоро дар таълим ва насиҳати Яҳува тарбия кунед» (Эфс. 6:4). То чӣ андоза ин муҳим аст? Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Писари худро ҷазо деҳ, ҳанӯз ки умеде ҳаст ва ба марги ӯ ҷавобгар набош» (Мас. 19:18, ТДН). Агар волидони масеҳӣ, фарзандашонро ба таври лозима тарбия накунанд, дар пеши Яҳува ҷавобгар мешаванд (1 Подш. 3:12–14). Аммо вақте волидон фурӯтанона ба Яҳува дуо мегӯянд ва роҳнамоии Калом ва рӯҳи муқаддасро меҷӯянд, Ӯ ба онҳо қувват ва хиради лозима медиҳад. (Яъқуб 1:5-ро хонед.)

ДАР ОСОИШТАГӢ ЗИНДАГӢ КАРДАНРО МЕОМӮЗЕМ

19, 20. a) Агар тарбияи Худоро қабул кунем, ин чӣ баракатҳо меорад? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

19 Агар мо гузорем, ки Яҳува моро тарбия кунад ва ҳангоми тарбия кардани дигарон ба Ӯ ва Исо пайравӣ кунем, баракатҳои бешуморро соҳиб мешавем. Масалан, дар ҷамъомад ва оила фазои сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармо мешавад. Ҳар кас худро дар ҳақиқат шахси даркориву маҳбуб ва дар бехатарӣ ҳис мекунад, ки ин танҳо қатрае аз баракатҳои оянда мебошад (Заб. 71:7). Дар асл, Яҳува чун Падар моро тарбия медиҳад, то мисли як оила зери ғамхории Ӯ абадан дар сулҳу ягонагӣ зиндагӣ карданро омӯзем. (Ишаъё 11:9-ро хонед.) Вақте мо ба тарбияи Яҳува ҳамин тавр менигарем, мо онро ҳамчун далели муҳаббати беҳамтои Худо қадр мекунем.

20 Дар мақолаи навбатӣ мо ҷиҳатҳои дигари тарбия дар оила ва ҷамъомадро дида мебароем. Мо ҳамчунин муҳокима мекунем, ки чӣ тавр худро тарбия кунем ва мебинем, ки аз дарди муваққатие, ки танбеҳ оварда метавонад, чӣ дарди бештар меорад.