Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 14

Пирони ҷамоат, минбаъд низ аз Павлус ибрат гиред

Пирони ҷамоат, минбаъд низ аз Павлус ибрат гиред

«Аз ман ибрат гиред» (1 ҚӮР. 11:1).

СУРУДИ 31 Мо Шоҳидони Яҳува ҳастем!

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Чӣ тавр намунаи Павлуси расул имрӯз ба пирон кумак карда метавонад?

 ПАВЛУСИ расул ҳамимононашро дӯст медошт. Барои ҳамин бисёр меҳнат карда дар бораашон ғамхорӣ мекард (Кор. 20:31). Дар навбати худ аҳли ҷамоат низ Павлусро бисёр дӯст медошт. Боре ҳатто чунин шуд, ки вақте ҷамоати Эфсӯс фаҳмиданд, ки дигар Павлусро ҳеҷ гоҳ намебинанд, «бисёр гиря карданд» (Кор. 20:37). Мисли Павлуси расул пирони ҷамоат имрӯз низ бародару хоҳаронро хеле дӯст медоранд ва барои ба мадади онҳо расидан ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд (Флп. 2:16, 17). Лекин бояд қайд кард, ки баъзан пирон бо душвориҳо дучор мешаванд. Чӣ ба онҳо кумак мекунад, то душвориҳоро паси сар кунанд?

2 Пирони меҳнаткашамон аз намунаи Павлус ибрат гирифта метавонанд (1 Қӯр. 11:1). Павлус «фаришта» набуд. Баъзан ӯ низ бо сустиҳояш мубориза мебурд (Рум. 7:18–20). Мисли дигарон ӯ низ мушкилиҳои гуногун дошт. Бо вуҷуди ин дилшикаста намегашт ва хурсандиашро аз даст намедод. Мисли Павлус пирони ҷамоат мушкилиҳояшонро паси сар карда дар хизмати Яҳува хурсандиро нигоҳ дошта метавонанд. Биёед фаҳмем, ки чӣ тавр.

3. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем ва боз дар бораи чӣ мефаҳмем?

3 Дар мақолаи зерин мо чор мушкилиеро дида мебароем, ки пирон дучор мешаванд: 1) Иштирок дар хизмат ва иҷрои дигар супоришҳо, 2) вақт ёфта дигаронро рӯҳбаланд кардан, 3) ба сустиҳои худ назари дуруст доштан ва 4) ба нокомилии дигарон назари дуруст доштан. Мо мебинем, ки чӣ тавр Павлус ин мушкилиҳоро паси сар мекард ва пирон аз ӯ чӣ ибрат гирифта метавонанд.

ИШТИРОК ДАР ХИЗМАТ ВА ИҶРОИ ДИГАР СУПОРИШҲО

4. Чаро баъзан ба пирони ҷамоат дар хизмат намунаи ибрат будан душвор буда метавонад?

4 Чаро ин мушкил буда метавонад? Ғайр аз он ки дар хизмат бояд намунаи ибрат бошанд, пирони ҷамоат боз як қатор супоришҳо доранд. Масалан, бисёрашон ба навбат дар вохӯриҳои байни ҳафта барандагӣ мекунанд, аз ҷумла омӯзиши Китоби Муқаддасро мегузаронанд. Пирон боз бо нутқҳо баромад мекунанд. Фаъолона хизматгузорони ҷамоатро таълим медиҳанд ва бо камоли майл бародару хоҳаронро рӯҳбаланд мегардонанд (1 Пет. 5:2). Баъзе пирон инчунин дар сохтмон ва нигоҳубини Ибодатгоҳҳо ва дигар биноҳои ташкилот иштирок мекунанд. Илова бар ҳамаи ин, ҳар як пир мисли дигарон дар ҷамоат пеш аз ҳама бояд дар кори мавъиза иштирок кунад (Мат. 28:19, 20).

5. Павлуси расул чун воиз чӣ гуна намуна гузошт?

5 Намунаи Павлус. Дар Филиппиён 1:10 Павлус навиштааст, ки чӣ ба ӯ кумак мекард, то воизи намунавӣ бошад. Ӯ гуфтааст: «Бифаҳмед, ки кадом чизҳо муҳимтаранд». Павлус худаш аз рӯйи ин маслиҳат амал мекард. Ӯ воиз таъйин шуда буд ва даҳсолаҳо кори мавъиза дар ҳаёташ аз ҳама чизи муҳим ба ҳисоб мерафт. Барои ҳамин Павлус «дар пеши мардум ва ҳам хона ба хона» мавъиза мекард (Кор. 20:20). Ӯ танҳо дар ягон вақти муайяни рӯз ё дар як ҳафта як бор хизмат намекард. Баръакс, аз ҳар фурсат истифода бурда хушхабарро эълон менамуд. Масалан, боре вақте ӯ дар Атино бародаронро интизор буд, ба як гурӯҳ одамони соҳибмартаба мавъиза кард ва натиҷаи хуб ҳам ба даст овард (Кор. 17:16, 17, 34). Павлус ҳатто ҳангоми дар ҳабс «занҷирбанд» буданаш ба онҳое, ки дар гирду атрофаш буданд, мавъиза мекард (Флп. 1:13, 14; Кор. 28:16–24).

6. Павлус ба дигарон чиро таълим медод?

6 Павлус вақташро ғанимат медонист. Ӯ бисёр вақт дигаронро ба хизмат даъват мекард. Мисол дар сафари якуми миссионериаш ҳамроҳи худ Марқусро гирифт, дар сафари дуюмаш бошад, Тимотиюсро (Кор. 12:25; 16:1–4). Шубҳае нест, ки Павлус ин бародаронро аз таҳти дил таълим медод. Ӯ мефаҳмонд, ки чӣ тавр ҷамоатро бояд таъсис намуд, бародару хоҳаронро рӯҳбаланд кард ва барои воизи намунавӣ шудан чиро бояд ба назар гирифт (1 Қӯр. 4:17).

Аз Павлус ибрат гирифта бо омодагӣ шаҳодат диҳед (Ба сархати 7 нигаред.) *

7. Чӣ тавр пирони ҷамоат, ки маслиҳати Павлуси расулро, ки дар Эфсӯсиён 6:14, 15 омадааст, ба кор бурда метавонанд?

7 Дарс барои пирон. Пирони ҷамоат аз Павлус ибрат гирифта, на танҳо хона ба хона, балки ҳар фурсатро ғанимат дониста мавъиза карда метавонанд. (Эфсӯсиён 6:14, 15-ро хонед.) Масалан, дар ҷойи кор ё вақте барои харид кардани хӯрока мебароянд. Инчунин, вақте дар лоиҳаҳои сохтмонӣ иштирок менамоянд, пирон метавонанд ба одамони гирду атроф ва фурӯшандагони кӯча мавъиза кунанд. Дар хизмат пирони ҷамоат боз дигар воизон, аз ҷумла хизматгузори ҷамоатро таълим дода метавонанд.

8. Баъзан пири ҷамоат чӣ кор карда метавонад?

8 Пирони ҷамоат набояд ҳеҷ гоҳ «дар ҷамоат супориш дорам гуфта», кори мавъизаро сарфи назар кунанд. Барои нигоҳ доштани мувозинат ба пирон шояд лозим ояд, ки гоҳ вақт аз баъзе таъйинот дар ҷамоат даст кашанд. Зеро дар акси ҳол бо гузашти вақт пир мефаҳмад, ки аз сабаби серкориаш корҳои аз ҳама муҳимро иҷро карда наметавонад. Масалан, ҳар ҳафта ибодати оилавӣ гузарондан, дар хизмат иштирок намудан ва ба фарзандон мавъиза карданро ёд додан. Албатта, барои баъзеҳо аз ягон намуди таъйинот даст кашидан душвор аст, вале боварии комил дошта бошед, ки вақте мо кӯшиш мекунем, то дар иҷрои ҳамаи супоришҳоямон мувозинатро нигоҳ дорем, Яҳува моро мефаҳмад.

ВАҚТ ЁФТА ДИГАРОНРО РӮҲБАЛАНД КАРДАН

9. Пирон бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд?

9 Чаро ин душвор буда метавонад? Халқи Худо бо бисёр озмоишҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ин рӯзҳои охир ҳар яки мо ба рӯҳбаландӣ, дастгирӣ ва тасаллӣ муҳтоҷем. Гоҳ вақт ба баъзеҳо кумак кардан даркор, то рафтори нодурусташонро бас кунанд (1 Тас. 5:14). Албатта, пирони ҷамоат ҳамаи мушкилиҳои халқи Худоро ҳал карда наметавонанд. Бо вуҷуди ин Яҳува мехоҳад, то онҳо мувофиқи тавонашон гӯсфандони ӯро нигоҳубин кунанд ва рӯҳбаланд гардонанд. Чӣ тавр пирони ҷамоат новобаста ба серкориашон аз уҳдаи ин супориш баромада метавонанд?

Дигаронро таъриф кунеду қувват бахшед (Ба сархатҳои 10 ва 12 нигаред.) *

10. Мувофиқи 1 Таслӯникиён 2:7 чӣ тавр Павлус ба халқи Худо ғамхорӣ мекард?

10 Намунаи Павлус. Павлуси расул бо ҳар роҳ ҳамимононашро таъриф карда қувват мебахшид. Пирони ҷамоат низ метавонанд аз Павлус ибрат гирифта бо бародару хоҳарон меҳрубонона рафтор кунанд. (1 Таслӯникиён 2:7-ро хонед.) Павлус ба аҳли ҷамоат муҳаббаташро нишон медод ва онҳоро боварӣ мебахшид, ки Яҳува дӯсташон медорад (2 Қӯр. 2:4; Эфс. 2:4, 5). Ӯ бародару хоҳаронро дӯстони худ мешуморид ва бо онҳо вақт мегузаронд. Дар бораи хавотирӣ ва сустиҳояш ошкоро нақл карда нишон медод, ки ба онҳо бовар дорад (2 Қӯр. 7:5; 1 Тим. 1:15). Ҳамзамон Павлус аз ҳад зиёд ба мушкилиҳояш диққат намедод. Баръакс, ӯ мехост мададрасони бародару хоҳарон бошад.

11. Бо кадом ният Павлус ба бародару хоҳарон маслиҳат медод?

11 Баъзан Павлус ба бародару хоҳарон маслиҳат медод. Лекин инро ҳеҷ гоҳ барои фурӯ рехтани ғазабаш намекард. Баръакс, Павлус аз он сабаб маслиҳат медод, ки бародару хоҳаронро дӯст медошт ва онҳоро аз ҳар гуна хатар муҳофизат мекард. Ӯ кӯшиш мекард, то маслиҳаташ осонфаҳм бошаду онро қабул кунанд. Масалан, дар нома ба ҷамоати Қӯринт Павлус ба бародару хоҳарон маслиҳати ҷиддӣ дод. Баъд аз навиштани ин нома ӯ Титусро ба он ҷо фиристод. Чаро? Зеро Павлус хавотир буд, ки бародару хоҳарон номаашро чӣ хел қабул карда бошанд. Ниҳоят вақте фаҳмид, ки ҷамоат маслиҳаташро ба кор бурдааст, хеле хурсанд шуд (2 Қӯр. 7:6, 7).

12. Чӣ тавр пирони ҷамоат ҳамимононашонро қувват бахшида метавонанд?

12 Дарс барои пирон. Пирони ҷамоат бо бародару хоҳарон вақт гузаронда аз Павлуси расул дарс гирифта метавонанд. Масалан, онҳо ба вохӯриҳо барвақттар омада бо дигарон суҳбати ободкунанда дошта метавонанд. Одатан барои дастгирӣ намудани ҳамимоне як-ду дақиқа бо ӯ ҳамсуҳбат шудан басанда аст (Рум. 1:12; Эфс. 5:16). Пире, ки аз Павлус ибрат мегирад, инчунин бо ёрии Каломи Худо ҳамимононашро қувват мебахшад ва дилпур мекунад, ки Худо онҳоро дӯст медорад. Ҳамчунин муҳаббати самимии худро ба онҳо нишон медиҳад. Ӯ бо бародару хоҳарон пайваста муошират мекунад ва фурсат меҷӯяд, ки онҳоро таъриф намояд. Ҳангоми маслиҳат додан бошад, Каломи Худоро истифода мебарад. Дар вақти маслиҳат додан бошад, ӯ ошкоро гап мезанад ва ҳамзамон меҳрубонона, зеро мехоҳад, ки маслиҳаташро ба кор баранд (Ғал. 6:1).

БА СУСТИҲОИ ХУД НАЗАРИ ДУРУСТ ДОШТАН

13. Чӣ тавр сустиҳои пири ҷамоат ба ӯ таъсир расонда метавонад?

13 Чаро ин мушкил буда метавонад? Пирони ҷамоат комил нестанд. Онҳо низ мисли дигарон хато мекунанд (Рум. 3:23). Барои ҳамин баъзан ба сустиҳои худ назари дуруст доштан барояшон душвор аст. Баъзеи онҳо дар бораи камбудиҳои худ чунон фикр мекунанд, ки зиқу рӯҳафтода мегарданд. Дигарон бошанд, хато кунанд ҳам, тавре рафтор менамоянд, ки гӯё ҳеҷ чиз рӯй надодааст. Барои ҳамин чорае намеандешанд, ки ислоҳ шаванд.

14. Мувофиқи Филиппиён 4:13 чӣ тавр фурӯтанӣ ба Павлус кумак кард, ки ба сустиҳояш назари дуруст пайдо кунад?

14 Намунаи Павлус. Азбаски Павлус шахси фурӯтан буд, тан мегирифт, ки танҳо бо қуввати худ бар сустиҳояш ғолиб намеояд. Ӯ ба қуввате, ки Яҳува медиҳад, ниёз дошт. Чи хеле медонем, пештар ӯ худсарона ва пайваста масеҳиёнро озор медод. Вале бо гузашти вақт дарк кард, ки кори хато мекунад, бинобар ин хост, ки рафтор ва шахсияташро дигар кунад (1 Тим. 1:12–16). Ниҳоят бо ёрии Яҳува Павлус чӯпони пурмеҳр, дилсӯз ва фурӯтан гашт. Ӯ аз камбудиҳояш афсӯс мехӯрд, вале ба ҷойи доим дар бораи сустиҳояш фикр карда зиқ шудан Павлус дилпур буд, ки Яҳува ӯро мебахшад (Рум. 7:21–25). Барои ҳамин аз худ комилиро талаб намекард, балки ғайрат менамуд, то хислатҳои хубашро инкишоф диҳад ва дар иҷрои таъйиноташ фурӯтанона ба кумаки Яҳува таваккал намояд (1 Қӯр. 9:27; Филиппиён 4:13-ро хонед.)

Ҷадал карда камбудиҳоятонро бартараф кунед (Ба сархатҳои 14 ва 15 нигаред.) *

15. Пирони ҷамоат ба камбудиҳояшон бояд чӣ гуна назар дошта бошанд?

15 Дарс барои пирон. Бародаронро барои комил буданашон пири ҷамоат таъйин намекунанд. Бо вуҷуди ин Яҳува интизор аст, ки онҳо ба камбудиҳояшон беаҳамиятӣ накарда, кӯшиш мекунанд, ки «одами нав»-ро ба бар кунанд (Эфс. 4:23, 24). Пирони ҷамоат бояд худро дар оинаи Каломи Худо бинанд ва агар камбудиеро пай баранд, мебоист онро ислоҳ кунанд. Яҳува бошад, ба онҳо кумак мекунад, ки дар иҷрои таъйиноташон хушбахт бошанду комёб гарданд (Яъқ. 1:25).

БА НОКОМИЛИИ ДИГАРОН НАЗАРИ ДУРУСТ ДОШТАН

16. Агар пири ҷамоат ба нокомилии дигарон бисёр аҳамият диҳад, чӣ рӯй доданаш мумкин?

16 Чаро ин мушкил буда метавонад? Бо бародару хоҳарони ҷамоат ҳамкорӣ карда пирон камбудиҳои онҳоро дида метавонанд. Дар ин сурат агар пирон эҳтиёт нашаванд, хашмгин, дағал ва айбҷӯ шуданашон мумкин. Павлуси расул масеҳиёни асри якро огоҳ кард, ки Шайтон мехоҳад онҳо маҳз ҳамин тавр рафтор кунанд (2 Қӯр. 2:10, 11).

17. Павлус ба бародару хоҳарон чӣ гуна назар дошт?

17 Намунаи Павлус. Ӯ ба бародару хоҳарон назари нек дошт. Павлус нағз медонист, ки ҳамимононаш хато мекунанд. Баъзан рафтори онҳо шахсан ба ӯ зарар меовард. Бо вуҷуди ҳамаи ин Павлус дарк мекард, ки танҳо барои хато кардани кас ӯро одами бад шумурдан нодуруст аст. Ӯ бародару хоҳаронро дӯст медошт ва ба хислатҳои хубашон диққат медод. Вақте ба ҳамимонаш дуруст рафтор кардан мушкил мешуд, Павлус хулоса мекард, ки онҳо нияти хуб доранд, фақат ки ба онҳо андак кумак расондан даркор.

18. Аз муносибати Павлус бо Авҳудия ва Сунтихӣ шумо чӣ меомӯзед? (Филиппиён 4:1–3).

18 Ҳоло бошад, биёед фаҳмем, ки чӣ тавр Павлус ба ду хоҳар дар ҷамоати Филиппӣ ёрдам дод. (Филиппиён 4:1–3-ро хонед.) Номи ин хоҳарон Авҳудия ва Сунтихӣ буд. Боре, эҳтимол, байни онҳо нофаҳмие сар заду пайванди дӯстиашон канда шуд. Он лаҳза Павлус дағалӣ ё айбҷӯйӣ накард, ӯ диққаташро ба хислатҳои хуби ин ду хоҳар равона сохт. Авҳудия ва Сунтихӣ масеҳиёни бовафо буда ба Яҳува муддати зиёд хизмат карда буданд. Павлус шубҳае надошт, ки Яҳува онҳоро дӯст медорад. Барои ҳамин насиҳаташон кард, ки оштӣ шаванд. Азбаски Павлус некбин буд, хурсандиашро нигоҳ медошт ва бо аҳли ҷамоат дӯстӣ мекард.

Дигаронро ҳукм накунед (Ба сархати 19 нигаред.) *

19. а) Чӣ тавр пирони ҷамоат нисбати ҳамимонони худ назари дурустро нигоҳ дошта метавонанд? б) Шумо аз расме, ки пири ҷамоат дар он ибодатгоҳро рӯбучин карда истодааст, чӣ меомӯзед?

19 Намунаи Павлус. Пирони ҷамоат, ба хислатҳои хуби бародару хоҳарон диққат диҳед. Албатта, ҳар як шахс нокомил аст, вале ҳамзамон хислатҳое дорад, ки ба мо хеле маъқуланд (Флп. 2:3). Рост аст, ки баъзан ба пирон лозим мешавад, ки фикрронии бародар ё хоҳарро ислоҳ кунанд. Дар ин сурат онҳо бояд аз Павлус ибрат гирифта ба гапҳои сахт ва рафтори нодурусти ҳамимонашон аз ҳад зиёд аҳамият надиҳанд. Беҳтараш ба он диққат диҳанд, ки ин ҳамимонашон Яҳуваро дӯст медорад, содиқона ба ӯ хизмат мекунад ва ҳатман росткориро пеша менамояд. Пироне, ки некбинанд, дар ҷамоат муҳитеро фароҳам меоранд, ки ҳар як шахс меҳру муҳаббатро ҳис мекунад.

МИНБАЪД НИЗ АЗ ПАВЛУС ИБРАТ ГИРЕД

20. Чӣ тавр пирони ҷамоат аз намунаи Павлус бештар манфиат гирифта метавонанд?

20 Пирони ҷамоат дар бораи Павлуси расул маълумоти бештар гирифтан ба шумо манфиат меорад. Масалан, чунин маълумотро аз «Роҳнамо» бахши «Китоби Муқаддас», зери мавзӯи «Павлус (Шоули Тарсусӣ)» ёфта метавонед. Баъд аз хондани маълумоте, ки дар ин сарчашма оварда шудааст, аз худ пурсед: «Чӣ тавр намунаи Павлус ба ман кумак карда метавонад, ки чун пир вазифаамро иҷро карда хурсандиро нигоҳ дорам?»

21. Пирон аз чӣ дилпур буда метавонанд?

21 Пирон, дар ёд доред, ки Яҳува аз шумо комилиро талаб намекунад. Ӯ мехоҳад шумо бовафо бошед (1 Қӯр. 4:2). Яҳува меҳнат ва содиқии Павлусро қадр мекард, боварӣ дошта бошед, ки ӯ инчунин ҳамаи корҳоеро, ки шумо дар хизматаш мекунед, қадр менамояд. Яҳува ҳеҷ гоҳ «меҳнату муҳаббатеро, ки ба хотири номи ӯ кардаед», аз ёд намебарорад ва фаромӯш намекунад, ки «чӣ қадар ба покон хизмат кардаеду мекунед» (Ибр. 6:10).

СУРУДИ 20 Вохӯриҳои моро баракат деҳ

^ Мо аз пирони ҷамоат барои он ки бисёр меҳнат карда моро дастгирӣ менамоянд, миннатдорем. Дар ин мақола мо чор мушкилиеро дида мебароем, ки онҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Инчунин мефаҳмем, ки чӣ тавр онҳо аз Павлуси расул ибрат гирифта ин мушкилиҳоро паси сар карда метавонанд. Ин мақола кумак мекунад, ки мо пирони ҷамоатро фаҳмем ва муҳаббат нишон дода онҳоро дастгирӣ намоем.

^ ШАРҲИ РАСМ: Бародар баъди кор ба ҳамроҳаш мавъиза мекунад.

^ ШАРҲИ РАСМ: Пири ҷамоате бо бародаре, ки худро аз дигарон дур мегирад, меҳрубонона суҳбат карда истодааст.

^ ШАРҲИ РАСМ: Бародаре ба шахсе, ки ранҷидааст, маслиҳати муфид медиҳад.

^ ШАРҲИ РАСМ: Пири ҷамоат бародареро, ки ихтиёран супоришро бар уҳда гирифту иҷро накард, ҷанг намекунад.