Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 44

Меҳру вафои Яҳува ба шумо чӣ аҳамият дорад?

Меҳру вафои Яҳува ба шумо чӣ аҳамият дорад?

«Меҳру вафои [Яҳува] то абад аст» (ЗАБ. 136:1).

СУРУДИ 18 Муҳаббати садоқатмандонаи Худо

ПЕШГУФТОР *

1. Яҳува моро ба чӣ даъват мекунад?

ЯҲУВА нишон додани меҳру вафоро хеле дӯст медорад (Ҳуш. 6:6). Ӯ хизматгоронашро даъват мекунад, ки онҳо низ ин хислатро зоҳир кунанд. Ба воситаи пайғамбар Мико Худо моро бармеангезад, ки «меҳру вафоро дӯст» дорем (Мико 6:8). Аммо барои ин мо бояд фаҳмем, ки меҳру вафо худаш чӣ аст.

2. Меҳру вафоро тасвир кунед.

2 Меҳру вафо чист? Ибораи «меҳру вафо» дар «Тарҷумаи Дунёи Нави Китоби Муқаддас» зиёда аз 200 бор вомехӯрад. Он чӣ маъно дорад? Мувофиқи «Луғати калимаву ибораҳои Китоби Муқаддас» «меҳру вафо аз садоқатмандӣ, дилбастагӣ ва покӣ сарчашма мегирад. Дар Навиштаҳои Муқаддас сухан аксар вақт дар бораи меҳру вафои Худо ба одамон меравад, аммо гоҳ-гоҳ меҳру вафои одамон ба якдигар низ ёдовар шудааст». Яҳува дар зоҳир кардани меҳру вафо намунаи беҳамто гузоштааст. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ӯ ба одамон меҳру вафо мекунад. Дар мақолаи навбатӣ бошад, мебинем, ки чӣ тавр хизматгорони Худо аз Яҳува ибрат гирифта, ба якдигар меҳру вафо нишон дода метавонанд.

ЯҲУВА «ПУР АЗ МЕҲРУ ВАФО» АСТ

3. Яҳува ба Мӯсо дар бораи худ чӣ гуфта буд?

3 Каме пеш аз баромадани исроилиён аз Миср Яҳува ба Мӯсо ҷалоли худро нишон дода ном ва хислатҳояшро эълон кард. Ӯ чунин гуфт: «Яҳува, Яҳува, Худои меҳрубону дилсӯз, пурсабр ва пур аз меҳру вафову ростӣ, ки ба ҳазорҳо меҳру вафо мекунад ва хатову айбу гуноҳро мебахшад» (2 Мӯсо 34:6, 7). Бо ин суханони дилнишин Яҳува ба Мӯсо дар бораи меҳру вафои худ чизи олиҷанобро ошкор мекунад. Ин чӣ мебошад?

4, 5. а) Яҳува дар бораи худ чӣ мегӯяд? б) Кадом саволҳоро мо дида мебароем?

4 Яҳува дар бораи худ танҳо меҳру вафо доштанашро нагуфт, балки қайд кард, ки ӯ «пур аз меҳру вафо» аст. Дар Китоби Муқаддас ин ибора ҳашт бори дигар омадааст (4 Мӯсо 14:18; Наҳемё 9:17; Заб. 86:15; 103:8; 145:8; Юил 2:13; Юнус 4:2; Иш. 63:7). Дар ҳамаи ин мавридҳо гап дар бораи Яҳува меравад, на дар бораи одамон. Чи хеле ки мебинем, Яҳува ин хислати худро ба таври хоса қайд кардааст ва маълум, ки ин хислат барояш хеле муҳим мебошад *. Довуд инро фаҳмида чунин гуфт: «Эй Яҳува, меҳри пойдорат то ба осмон расидааст». «Худовандо, чӣ бебаҳост меҳру вафоят! Дар сояи болҳои ту одамизод паноҳ меёбад» (Заб. 36:5, 7). Оё мо низ мисли Довуд ба қадри меҳру вафои Яҳува мерасем?

5 Барои беҳтар фаҳмидани маънои меҳру вафо биёед ду саволро дида бароем: Яҳува ба кӣ меҳру вафо нишон медиҳад? Чӣ тавр аз меҳру вафои ӯ манфиат гирем?

ЯҲУВА БА КӢ МЕҲРУ ВАФО МЕКУНАД?

6. Яҳува ба кӣ меҳру вафо мекунад?

6 Яҳува ба кӣ меҳру муҳаббат нишон медиҳад? Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки одамон метавонанд «киштукор», «шаробу равған», «насиҳат», «хирад» ва «донишро» дӯст доранд (2 Воқ. 26:10; Пнм. 12:1; 21:17; 29:3). Лекин ба чунин чизҳо ҳеҷ гоҳ меҳру вафо карда намешавад, онро фақат ба одамон нишон додан мумкин аст. Илова бар ин, Яҳува ба ҳар як одам меҳру вафо намекунад. Ӯ онро ба касоне зоҳир мекунад, ки бо ӯ муносибати махсус доранд. Яҳува ба дӯстонаш вафодор аст ва нисбати онҳо нияти олиҷаноб дорад ва ҳеҷ гоҳ дӯст доштанашонро бас намекунад.

Яҳува ба тамоми одамизод, ҳатто ба касоне, ки ӯро ибодат намекунанд, бисёр чизҳои хуб медиҳад (Ба сархати 7 нигаред.) *

7. Чӣ тавр Яҳува нишон дод, ки тамоми одамизодро дӯст медорад?

7 Яҳува нишон дод, ки тамоми одамизодро дӯст медорад. Исо ба Ниқӯдимус ном марде чунин гуфт: «Худо [одамони] ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягоназоди худро дод, то ҳар кӣ ба ӯ имон дошта бошад, нобуд нашавад, балки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гардад» (Юҳ. 3:1, 16; Мат. 5:44, 45).

Мувофиқи суханони шоҳ Довуд ва пайғамбар Дониёл Яҳува ба касоне меҳру вафо мекунад, ки аз ӯ метарсанд, ӯро дӯст медоранд ва амрҳояшро ба ҷо меоранд (Ба сархатҳои 8 ва 9 нигаред.)

8, 9. а) Чаро Яҳува ба хизматгоронаш меҳру вафо мекунад? б) Ҳозир чиро муҳокима мекунем?

8 Чи хеле ки пештар гуфтем, Яҳува меҳру вафои худро танҳо ба хизматгоронаш нишон медиҳад, ба касоне, ки бо ӯ муносибати наздик доранд. Мо инро аз суханони шоҳ Довуд ва Дониёл-пайғамбар мефаҳмем. Довуд гуфта буд: «Минбаъд низ аз онҳое, ки туро мешиносанд, меҳру вафоятро дареғ надор». «Меҳру вафои Яҳува барои тарсгоронаш то абад аст». Пайғамбар Дониёл бошад, чунин гуфтааст: «Эй Яҳува, Худои осмон!.. Ту ба касоне, ки туро дӯст медоранд ва амрҳоятро ба ҷо меоранд... меҳру вафо мекунӣ» (Заб. 36:10; 103:17; Дон. 9:4). Мувофиқи ин суханон Яҳува барои он ба хизматгоронаш меҳру вафо нишон медиҳад, ки онҳо ӯро мешиносанд, аз ӯ метарсанд ва амрҳояшро ба ҷо меоранд. Яҳува танҳо ба касоне меҳру вафо мекунад, ки ӯро бо тарзи дуруст ибодат мекунанд.

9 Пеш аз хизмати Яҳуваро сар кардан, мо медонистем, ки Худо тамоми одамонро дӯст медорад (Заб. 104:14). Лекин баъди хизматгори ӯ шудан мо меҳру вафои ӯро дидем. Яҳува хизматгоронашро бо чунин суханон дилпурӣ мебахшад: «Меҳру вафои ман аз ту дур намешавад» (Иш. 54:10). Бале, чи хеле ки Довуд худ шоҳид гашта буд, «Яҳува бандаи бовафояшро сарбаланд мегардонад» (Заб. 4:3). Донистани ин моро бояд ба чӣ барангезад? Таронасаро чунин гуфт: «Хирадманд ин чизҳоро пай мебарад ва ба меҳру вафои Яҳува диққат медиҳад» (Заб. 107:43). Суханони ин оятро дар ёд дошта, биёед се манфиатеро дида бароем, ки хизматгорони Яҳува аз меҳру вафои ӯ гирифта метавонанд.

МЕҲРУ ВАФОИ ЯҲУВА БА МО ЧӢ МАНФИАТ МЕОРАД?

Яҳува касонеро, ки ӯро ибодат мекунанд, бештар баракат медиҳад (Ба сархатҳои 10–16 нигаред.) *

10. Дар бораи абадӣ будани меҳру вафои Яҳува фаҳмидан ба мо чӣ манфиат меорад? (Забур 31:7).

10 Меҳру вафои Яҳува то абад аст. Ин хислати муҳим дар Забур боби 136-ум 26 бор омадааст. Дар ояти якум мехонем: «Яҳуваро шукр гӯед, зеро ӯ некуст ва меҳру вафои ӯ то абад аст» (Заб. 136:1). Аз ояти 2 сар карда то ояти 26 суханҳои «зеро меҳру вафояш то абад аст», такрор мешавад. Вақте мо ин оятҳоро мехонем, аз фаҳмидани роҳҳои зиёде, ки Яҳува меҳру вафо нишон медиҳад, ба ҳайрат меоем. Такрор шудани суханони «зеро меҳру вафояш то абад аст», моро боварӣ мебахшад, ки муҳаббати Худо нисбати хизматгоронаш тағйир намеёбад. Дили Яҳува аз хизматгоронаш даррав намемонад, донистани ин ба мо болу пар мебахшад. Баръакс, вақте ӯ ба ягон хизматгораш муҳаббат нишон медиҳад, ӯро ҳеҷ гоҳ намепартояд, махсусан дар вақти тангиҳо. Мо аз ин чӣ манфиат мегирем: Ҳангоми бо душвориҳо мубориза бурдан мо хурсандӣ ва қувват пайдо мекунем, то хизматамонро давом диҳем, зеро медонем, ки Яҳува доим бо мост. (Забур 31:7-ро хонед.)

11. Мувофиқи Забур 86:5 чаро Яҳува гуноҳи одамонро мебахшад?

11 Аз меҳру вафояш Яҳува моро мебахшад. Вақте Яҳува мебинад, ки шахси гунаҳкор тавба карда ислоҳ шудааст, меҳру вафо ӯро бармеангезад, ки он шахсро бахшад. Довуд дар бораи Яҳува чунин гуфта буд: «Ӯ бо мо мувофиқи гуноҳҳоямон амал накардааст ва моро мувофиқи хатоҳоямон сазо надодааст» (Заб. 103:8–11). Довуд аз таҷрибаи талхи худ медонист, ки азоби виҷдон ҷони касро мекоҳонад. Лекин ӯ ҳамзамон фаҳмид, ки Яҳува барои бахшидан тайёр аст. Чаро Яҳува мебахшад? Ҷавобро аз Забур 86:5 мефаҳмем. (Оятро хонед.) Бале, чи хеле ки Довуд дар дуояш гуфт, Яҳува аз касоне, ки ӯро мехонанд, меҳру вафояшро дареғ намедорад.

12, 13. Агар виҷдонамон моро аз сабаби гуноҳҳои пештараамон азоб диҳад, чӣ ба мо ёрдам мекунад?

12 Агар виҷдонамон моро барои гуноҳи кардаамон азоб диҳад, ин ҳиссиёти дуруст ва ҳатто хуб аст, чунки он моро ба тавба кардану ислоҳ шудан водор мекунад. Лекин баъзе хизматгорони Яҳува аз ҳисси гунаҳкорӣ халос шуда наметавонанд. Онҳо тавба карда, ислоҳ шуда бошанд ҳам, фикр мекунанд, ки Яҳува онҳоро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Агар шумо низ бо чунин ҳиссиёт мубориза бурда истода бошед, фаҳмидани он ки Яҳува ба хизматгоронаш бо омодагӣ меҳру вафо нишон медиҳад, ба шумо сабукӣ мебахшад.

13 Мо аз ин чӣ манфиат мегирем: Новобаста ба нокомилиамон мо хурсандона ва бо виҷдони пок ба Яҳува хизмат карда метавонем, чунки «хуни Писараш Исо моро аз ҳар гуноҳ пок мекунад» (1 Юҳ. 1:7). Агар шумо аз сабаби нокомилиатон рӯҳафтода бошед, дар ёд доред, ки Яҳува гунаҳкореро, ки тавба мекунад, бо ҷону дил мебахшад. Аҳамият диҳед, ки Довуд меҳру вафоро бо бахшандагӣ чӣ тавр алоқаманд кард: «Ба андозае ки осмон аз замин баланд аст, меҳру вафои ӯ ба тарсгоронаш ба ҳамон андоза бузург аст. Чи қадаре ки шарқ аз ғарб дур аст, ҷиноятҳои моро ҳамон қадар аз мо дур кардааст» (Заб. 103:11, 12). Дар ҳақиқат, Яҳува бо омодагӣ «бисёр мебахшад» (Иш. 55:7).

14. Довуд чӣ тавр нишон дод, ки меҳру вафои Худо моро ҳимоя мекунад?

14 Меҳру вафои Яҳува моро рӯҳан ҳимоя мекунад. Довуд ба Яҳува чунин дуо гуфт: «Ту паноҳгоҳи манӣ, маро аз ғаму андуҳ ҳимоя мекунӣ. Маро халос мекунӣ ва бо нидоҳои шодӣ иҳота менамоӣ». «Ҳар кӣ ба Яҳува такя кунад, меҳру вафояш ӯро нигаҳбон аст» (Заб. 32:7, 10). Чи тавре ки дар қадим деворҳои гирди шаҳр одамони онро ҳимоя мекард, ба ин монанд меҳру вафои Яҳува моро аз ҳар чизе, ки ба муносибати мову ӯ хатар меорад, муҳофизат мекунад. Ғайр аз ин, меҳру вафои Яҳува аст, ки ӯ моро ба худ ҷалб мекунад (Ирм. 31:3).

15. Чаро меҳру вафои Яҳуваро ба паноҳгоҳ монанд кардан мумкин?

15 Довуд ба воситаи як ибораи дигар нишон дод, ки Яҳува халқашро ҳимоя мекунад. Ӯ навишт: «Худо, Худое, ки ба ман меҳру вафо мекунад, паноҳгоҳи ман аст». Ӯ боз дар бораи Яҳува чунин гуфт: «Ӯ бароям меҳру вафо ва қалъа аст. Ӯ паноҳгоҳ ва раҳокунандаи ман, сипари ман ва сарпаноҳи ман аст» (Заб. 59:17; 144:2). Чаро Довуд меҳру вафои Яҳуваро бо паноҳгоҳ ва қалъа алоқаманд кард? Дар куҷое ки зиндагӣ накунем, агар мо ба Яҳува хизмат карданро давом диҳем, ӯ моро ҳаматарафа муҳофизат мекунад, то муносибати бебаҳои худро бо ӯ нигоҳ дорем. Суханони Забур боби 91 моро ба ин дилпур месозад. Нависандаи ин тарона мегӯяд: «Ман ба Яҳува мегӯям: “Ту паноҳгоҳ ва қалъаи манӣ”» (Заб. 91:1–3, 9, 14). Мӯсо низ суханони ба ин монандро дар бораи паноҳгоҳ истифода бурд (Заб. 90:1, поварақ). Илова бар ин, ӯ каме пеш аз маргаш боз як муқоисаи зебое оварда чунин навишт: «Худо, ки аз айёми қадим паноҳгоҳ аст, бо дастони ҷовидонааш туро мебардорад» (5 Мӯсо 33:27). Суханони «бо дастони ҷовидонааш туро мебардорад», дар бораи Яҳува чиро ошкор мекунад?

16. Яҳува бо кадом ду роҳ ба мо ёрӣ медиҳад? (Заб. 136:23).

16 Агар Яҳува Паноҳгоҳамон бошад, мо худро ором ҳис мекунем. Лекин, эҳтимол, баъзан чунин мешавад, ки мо худро рӯҳафтода ё бепушту паноҳ ҳис мекунем. Дар чунин мавридҳо Яҳува барои мо чӣ кор мекунад? (Забур 136:23-ро хонед.) Ӯ бо дастони худ моро оҳиста мебардорад ва ёрӣ медиҳад, ки ба по хезем (Заб. 28:9; 94:18). Мо аз ин чӣ манфиат мегирем: Мо медонем, ки ҳамеша ба Яҳува такя карда метавонем ва ин ба мо аз ду ҷиҳат ёрдам мекунад. Якум, дар куҷое, ки зиндагӣ накунем, Яҳува ҳамеша моро ҳимоя мекунад ва дуюм, Падари осмонии меҳрубонамон дар бораи мо аз таҳти дил ғамхорӣ менамояд.

МО АЗ КУҶО МЕДОНЕМ, КИ ЯҲУВА МИНБАЪД НИЗ МЕҲРУ ВАФО МЕКУНАД?

17. Азбаски Яҳува Худои меҳру вафо аст, мо аз чӣ дилпур буда метавонем? (Забур 33:18–22).

17 Чи хеле ки фаҳмидем, ҳангоми душвориҳо дилпур буда метавонем, ки Яҳува ба мо ёрӣ медиҳад, то ба ӯ содиқ монем (2 Қӯр. 4:7–9). Пайғамбар Ирмиё чунин гуфта буд: «Ҳамин меҳру вафои Яҳува аст, ки мо нобуд нашудаем, раҳмати ӯ поён надорад» (Нолаҳо 3:22). Мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува минбаъд низ меҳру вафояшро ба мо нишон медиҳад, чунки забурнавис гуфтааст: «Чашми Яҳува бар тарсгоронаш аст, бар онҳое, ки меҳру вафояшро нигаронанд». (Забур 33:18–22-ро хонед.)

18, 19. а) Мо чиро дар ёд доштан мехоҳем? б) Дар мақолаи навбатӣ чиро дида мебароем?

18 Мо чиро дар ёд доштан мехоҳем? Пеш аз хизматгори Яҳува шудан мо медонистем, ки Худо тамоми одамизодро дӯст медорад, лекин баъди Шоҳиди ӯ гаштан мо аз меҳру вафояш баҳра мебарем. Аз рӯйи ин хислаташ Яҳува моро ба оғӯш гирифта ҳимоя мекунад. Ӯ моро асло намепартояд ва нияти олиҷанобашро нисбати мо ба ҷо меорад. Яҳува мехоҳад, ки мо ҳамеша дӯстони ӯ бошем (Заб. 46:1, 2, 7). Барои ҳамин, бо кадом озмоише рӯ ба рӯ нашавем, Яҳува ба мо қувват мебахшад, то вафодор монем.

19 Мо дидем, ки чӣ тавр Яҳува ба хизматгоронаш меҳру вафо нишон медиҳад. Дар ҷавоб ӯ интизор аст, ки мо низ ба якдигар меҳру вафо нишон диҳем. Чӣ тавр? Ин мавзӯи муҳим дар мақолаи навбатӣ баррасӣ мешавад.

СУРУДИ 85 Подоши нек аз ҷониби Яҳува

^ сарх. 5 Дар мақолаи зерин ва навбатӣ дар бораи меҳру вафои Яҳува гап меравад. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки меҳру вафо чист, Яҳува онро ба кӣ нишон медиҳад ва касоне, ки ин хислатро зоҳир мекунанд, чӣ манфиат мегиранд.

^ сарх. 4 Фаровонии меҳру вафои Яҳува дар дигар оятҳо низ зикр ёфтааст. (Ба Наҳемё 13:22; Забур 69:13; 106:7; Нолаҳо 3:32 нигаред.)

^ сарх. 54 ШАРҲИ РАСМ: Яҳува одамизодро дӯст медорад, аз ҷумла хизматгоронашро. Расмҳое, ки бо давра ҷудо шудаанд, баъзе роҳҳои муҳаббати Худоро нишон медиҳанд. Лекин муҳаббати волои ӯ дар он дида мешавад, ки ӯ Писари азизаш, Исоро товон дод.

^ сарх. 62 ШАРҲИ РАСМ: Яҳува ба касоне, ки хизматгори ӯ шуда, ба қурбонии Исо имон зоҳир мекунанд, муҳаббаташро бо як роҳи махсус нишон медиҳад. Онҳо на танҳо аз муҳаббате, ки ба тамоми одамизод нишон дода шудааст, балки аз меҳру вафои Яҳува, ки танҳо ба хизматгоронаш нишон медиҳад, баҳра мебаранд. Баъзеи онҳо дар расмҳои давра оварда шудаанд.