МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 46
Навхонадорон, хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал гузоред
Яҳува қуввати ман аст. Дилам ба ӯ таваккал мекунад (ЗАБ. 28:7).
СУРУДИ 36 «Он чиро, ки Худо бо ҳам пайваст»
ПЕШГУФТОР *
1, 2. а) Чаро навхонадорон бояд ба Яҳува таваккал кунанд? (Забур 37:3, 4). б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
ОЁ ШУМО оиладор шуданиед ё ба наздикӣ оиладор шудед? Агар чунин бошад, бешубҳа, шуморо бо азизи дилатон ҳаёти хушбахтона дар пеш аст. Албатта, ҳаёти оилавӣ баъзан душвориҳо дорад ва навхонадорон бояд қарорҳои муҳим қабул кунанд. Чӣ тавр ҳал кардани чунин душвориҳо ва қабул кардани қарорҳо барои ҳамеша хушбахт будани ҳардуятон ёрдам мекунанд? Агар ба Яҳува такя кунед, қарорҳои хирадмандона мебароред, издивоҷатон боз ҳам мустаҳкам мегардад ва шумо хушбахттар мешавед. Вале, агар маслиҳатҳои Худоро ба кор набаред, дар ҳаёти оилавиатон душвориҳое сар зада метавонанд, ки шуморо аз лаззати зиндагӣ маҳрум месозанд. (Забур 37:3, 4-ро хонед.)
2 Ҳарчанд ин мақола диққатро ба навхонадорон равона мекунад, дар он оиди мушкилиҳое гуфта мешавад, ки ҳар як оила рӯ ба рӯ шуда метавонад. Мо мефаҳмем, ки аз намунаи мардону занони содиқ, ки дар Китоби Муқаддас номбар шудаанд, чӣ дарс гирифта метавонем. Дарсҳоеро, ки мо аз ин қаҳрамонҳои Каломи Худо мегирем дар тамоми соҳаҳои ҳаётамон, аз ҷумла издивоҷ ба кор бурдан мумкин аст. Ҳамчунин мефаҳмем, ки аз баъзе бародару хоҳароне, ки имрӯз оиладоранд, чӣ омӯхта метавонем.
ОНҲОЕ, КИ НАВ ОИЛА БАРПО КАРДААНД, БО КАДОМ ДУШВОРИҲО РӮ БА РӮ ШУДА МЕТАВОНАНД?
3, 4. Навхонадорон бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шуда метавонанд?
3 Баъзеҳо навхонадоронро ташвиқ мекунанд, ки мисли дигар оилаҳо «зиндагии ҳалол» дошта бошанд. Масалан, падару модар ё дигар хешовандон онҳоро маҷбур карда метавонанд, ки ҳар қадар тезтар кӯдакдор шаванд. Ё дӯстон ва аъзои оила бо нияти нек шояд ба онҳое, ки нав оиладор шуданд, маслиҳат диҳанд, ки хона харида барои бароҳат зиндагӣ кардан онро аз чизу чораи зебо пур кунанд.
4 Агар ҳамсарон эҳтиёт нашаванд ва бо гапи дигарон кор кунанд ба қарзу қавола ғӯтиданашон мумкин аст. Дар ин сурат ба зану шавҳар лозим меояд, ки соатҳои дароз кор карда қарзашонро кананд. Онҳо, эҳтимол, чунон ба кор дода шаванд, ки барои омӯзиши шахсӣ, ибодати оилавӣ ва хизмат вақти кофӣ наёбанд. Барои бисёртар пул кор кардан ё корашонро аз даст надодан ҳамсарон шояд маҷбур шаванд, ки ҳатто аз баҳри вохӯриҳо гузаранд. Дар натиҷа, онҳо хурсандиеро, ки аз хизмати Яҳува гирифта метавонистанд, аз даст медиҳанд.
5. Шумо аз мисоли Клаус ва Мариса чӣ омӯхтед?
5 Аз рӯйи таҷриба гуфтан мумкин аст, ки доим дар пайи ба даст овардани чизҳои моддӣ будан ба кас хушбахтӣ намеорад. Аҳамият диҳед ҳамсарон Клаус ва Мариса * дар ин бора ба чӣ хулоса омаданд. Қобили зикр аст, ки вақте онҳо нав оиладор шуданд, барои ҳаёти бароҳат доштан рӯзи пурра кор мекарданд. Лекин дар кунҷи дилашон қаноатмандӣ ҳис намекарданд. Клаус мегӯяд: «Мо аз ҷиҳати моддӣ барзиёд таъмин будем, вале ягон мақсади рӯҳонӣ надоштем. Рости гап ҳаётамон фақат давутоз буд». Шояд шумо низ пай бурдаед, ки аз пайи чизҳои моддӣ давидан хушбахтӣ намеорад. Агар шумо дар чунин вазъият бошед, ноумед нашавед, зеро намунаи хуби дигарон ба шумо кумак мекунад. Ҳоло бошад, биёед бинем, ки шавҳарон аз намунаи шоҳ Еҳушофот чӣ омӯхта метавонанд.
МИСЛИ ШОҲ ЕҲУШОФОТ БА ЯҲУВА ТАВАККАЛ КУНЕД
6. Вақте лашкари бузурги душман бар зидди Еҳушофот баромад, чӣ тавр ӯ маслиҳати Панднома 3:5, 6-ро ба кор бурд?
6 Шавҳарон, оё баъзан масъулиятатон ба шумо бори гарон метобад? Агар ин тавр бошад, шумо аз намунаи шоҳ Еҳушофот ибрат гирифта метавонед. Чи хеле ки медонед, шоҳ Еҳушофот бояд халқашро аз хатар муҳофизат мекард. Чӣ тавр ӯ аз уҳдаи ин вазифааш баромад? Еҳушофот ҳар кори аз дасташ меомадаро карда халқро муҳофизат кард. Барои ин ӯ шаҳрҳои Яҳудоро устувор гардонд ва лашкари бузургеро ҷамъ овард, ки беш аз 1 160 000 аскар дошт (2 Воқ. 17:12–19). Баъдтар Еҳушофот бо душвории ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Аз сабаби ҳуҷуми лашкари бузурги Аммӯн, Мӯоб ва мардуми кӯҳистони Сеир ҷони аҳли хонавода ва халқаш зери хатар буд (2 Воқ. 20:1, 2). Дар ин лаҳзаи душвор Еҳушофот чӣ кор кард? Ӯ мувофиқи маслиҳати хирадмандонаи Панднома 3:5, 6 амал карда аз Яҳува ёрдам ва қувват пурсид. (Оятҳоро хонед.) Аз дуои фурӯтанонаи Еҳушофот, ки дар 2 Воқеанома 20:5–12 оварда шудааст, маълум мешавад, ки дили ӯ аз Падари осмониаш Яҳува пур буд. Яҳува ба дуои Еҳушофот чӣ тавр ҷавоб дод?
7. Яҳува ба дуои Еҳушофот чӣ хел ҷавоб дод?
7 Яҳува ба воситаи Яҳазиил ном левизода ба Еҳушофот гуфт: «Бархезед, биистед ва бубинед, ки чӣ тавр Яҳува шуморо наҷот медиҳад» (2 Воқ. 20:13–17). Ҳарчанд ин дастурот ғайриодӣ метофт, онро Яҳува дода буд. Бинобар ин шоҳ Еҳушофот ба Яҳува таваккал намуда ба гуфти ӯ амал кард. Вақте Еҳушофот бо халқ ба майдони ҷанг баромаданд, ӯ дар қатори аввал на ҷанговарони беҳтарин, балки сарояндагони бесилоҳро монд. Яҳува бошад, дар гапаш истода лашкари душманро нобуд сохт (2 Воқ. 20:18–23).
8. Шавҳарон аз намунаи Еҳушофот чӣ меомӯзанд?
8 Шавҳарон, шумо аз намунаи Еҳушофот чӣ омӯхта метавонед? Шумо вазифадоред, ки дар бораи оилаатон ғамхорӣ кунед. Барои ҳамин меҳнат карда, аҳли хонаводаи худро муҳофизат ва дастгирӣ мекунед. Вақте бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавед, шояд фикр кунед, ки худатон онро ҳал карда метавонед. Лекин ҳеҷ гоҳ танҳо ба қувваи худ такя накунед. Ба ҷойи ин самимона аз Яҳува мадад пурсед. Инчунин бо ҳамсари худ якҷоя дуо гӯед. Китоби Муқаддас ва адабиёти ташкилотамонро омӯхта роҳнамоии Яҳуваро ҷӯё бошед, сипас чизҳои фаҳмидаатонро ба кор баред. Бояд гуфт, ки баъзеҳо шояд бо қарорҳое, ки дар асоси Китоби Муқаддас қабул мекунед, розӣ нашаванд. Онҳо ҳатто гуфта метавонанд, ки шумо девона шудаед. Ё шояд гӯянд, ки пул ва чизҳое, ки бо он харида мешаванд, оилаи шуморо ҳаматарафа муҳофизат карда метавонанд. Аммо шумо намунаи Еҳушофотро ба ёд оред. Ӯ дар амал нишон дод, ки ба Яҳува пурра таваккал мекунад. Яҳува ин хизматгори содиқашро напартофт ва шуморо ҳам намепартояд (Заб. 37:28; Ибр. 13:5). Ҳамсарон барои хушбахтии оилаашон боз чӣ кор карда метавонанд?
МИСЛИ ПАЙҒАМБАР ИШАЪЁ ВА ЗАНАШ ХИЗМАТИ ЯҲУВАРО ДАР ҶОЙИ АВВАЛ ГУЗОРЕД
9. Пайғамбар Ишаъё ва ҳамсараш ба хизмат чӣ хел муносибат мекарданд?
9 Барои пайғамбар Ишаъё ва занаш хизмати Яҳува дар ҷойи аввал меистод. Эҳтимоли зиёд аст, ки занаш мисли ӯ хабаррасони Худо буд, чунки дар Китоби Муқаддас ӯ «пайғамбар» номида мешавад (Иш. 8:1–4). Аз афташ ин ҳамсарон диққати худро пурра ба хизмати Яҳува равона карда буданд. Чӣ намунаи ибратангез барои бародару хоҳарони оиладор!
10. Чӣ тавр омӯзиши пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас ба ҳамсарон кумак мекунад, ки дар хизмати Яҳува ҷадал намоянд?
10 Имрӯз низ ҳамсарон метавонанд аз пайғамбар Ишаъё ва занаш ибрат гиранд ва ҳар кори аз дасташон меомадаро карда хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал гузоранд. Барои ба Яҳува қавӣ гардондани бовариашон хуб мебуд, ки ҳамсарон пешгӯйиҳои * Китоби Муқаддасро якҷоя омӯзанд ва диққат диҳанд, ки чӣ тавр онҳо ҳама вақт иҷро мешаванд (Тит. 1:2). Онҳо метавонанд фикр кунанд, ки чӣ тавр дар иҷрошавии баъзе пешгӯйиҳо саҳми худро гузоранд. Масалан, ҳамсарон метавонанд дар иҷрошавии пешгӯйии Исо дар бораи пеш аз анҷом паҳн шудани хушхабар иштирок намоянд (Мат. 24:14). Чи қадаре ҳамсарон ба иҷрошавии пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас имони қавӣ дошта бошанд, ҳамон қадар дар хизмати Яҳува ҷадал мекунанд.
МИСЛИ ПРИСКИЛО ВА АКИЛО ПОДШОҲИИ ХУДОРО ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МОНЕД
11. Прискило ва Акило чӣ кор карданд ва чаро?
11 Ҳамсарони ҷавон аз Прискило ва Акило чӣ омӯхта метавонанд? Ин ҳамсарон яҳудӣ буда дар Рум зиндагӣ мекарданд. Онҳо хабари хушро дар бораи Исо шунида масеҳӣ шуданд. Бешубҳа, гуфтан мумкин аст, ки Акило ва Прискило аз зиндагиашон розӣ буданд. Вале, рӯзе ҳаёташон ногаҳон тағйир ёфт. Император Клавдиюс фармон баровард, ки яҳудиён Румро тарк кунанд. Як тасаввур кунед, аз шунидани ин хабар Акило ва Прискило чӣ ҳис карданд. Онҳо бояд ҷойҳои барояшон шиносро тарк мекарданд, ягон сарпаноҳ меёфтанд ва дар ҷойи нав кори хаймадӯзии худро ба роҳ мемонданд. Оё ин вазъияти душвор ғайрати онҳоро дар хизмати Яҳува суст кард? Эҳтимол, шумо ҷавоби ин саволро медонед. Дар ҷойи нав, дар Қӯринт, Акило ва Прискило дар ҷамоати маҳаллӣ ҳамроҳи Павлуси расул бародару хоҳаронро дастгирӣ ва рӯҳбаланд мекарданд. Баъдтар онҳо ба ҷойҳое кӯчиданд, ки ба воизон ниёз буд (Кор. 18:18–21; Рум. 16:3–5). Бешак, ин ҳамсарон ҳаёти пурмазмун ва хушбахтона ба сар мебурданд.
12. Чаро оиладорон бояд мақсадҳои рӯҳонӣ монанд?
12 Имрӯз низ онҳое, ки оиладоранд, Подшоҳии Худоро дар ҷойи аввал гузошта ба намунаи Прискило ва Акило пайравӣ карда метавонанд. Барои ин хуб мебуд, ки бародару хоҳар пеш аз оила барпо кардан дар бораи мақсадҳояшон суҳбат кунанд. Вақте ҳамсарон якҷоя мақсадҳои рӯҳонӣ гузошта, кӯшиш мекунанд, ки ба ин мақсадҳояшон расанд, дасти Яҳуваро дар ҳаёт Пандгӯ 4:9, 12). Биёед намунаи Расел ва Элизабетро бинем. Расел мегӯяд: «Пеш аз оиладор шудан мо дар бораи корҳое, ки дар хизмати Яҳува кардан мехостем, гап задем». Элизабет илова мекунад: «Мо дар ин бора пешакӣ гапзанон кардем, то ки дар оянда барои ба мақсадҳоямон расидан ҳеҷ чиз ба мо халал нарасонад». Баъдтар Расел ва Элизабет вазъияташонро ба назар гирифта ба Микронезия кӯчиданд, ки дар он ҷо воизони бештар даркор буд.
бештар мебинанд (13. Мувофиқи Забур 28:7 вақте мо ба Яҳува таваккал мекунем, ин чӣ натиҷа меорад?
13 Мисли Расел ва Элизабет бисёр ҳамсарон қарор карданд, ки ҳаёти одӣ ба сар бурда вақту қувваташонро дар хизмати Яҳува ва кори шогирдсозӣ бештар сарф кунанд. Вақте зану шавҳар мақсадҳо гузошта кӯшиш мекунанд, ки ба онҳо расанд, ин натиҷаи хуб меорад. Онҳо мефаҳманд, ки Яҳува дар бораашон ғамхорӣ мекунад, бовариашон ба ӯ меафзояд, инчунин хушбахтии ҳақиқиро ба даст меоранд. (Забур 28:7-ро хонед.)
МИСЛИ ПЕТРУСИ РАСУЛ ВА ҲАМСАРАШ БА ВАЪДАҲОИ ЯҲУВА БОВАР КУНЕД
14. Чӣ тавр Петрус ва ҳамсараш нишон доданд, ки ба ваъдае, ки дар Матто 6:25, 31–34 омадааст, бовар мекунанд?
14 Барои бародару хоҳарони оиладор инчунин Петруси расул ва ҳамсараш намунаи ибрат буда метавонад. Тақрибан шаш моҳ ё як сол пас аз шиносоӣ бо Исо, Петруси расул бояд қарори муҳим мебаровард. Бояд гуфт, ки ӯ моҳигирӣ карда оилаашро таъмин мекард. Бинобар ин, вақте Исо ба Петрус гуфт, ки вайро пайравӣ кунад, пеш аз қарор баровардан Петрус бояд фикри ҳамсарашро низ мекард (Луқ. 5:1–11). Ниҳоят ӯ қарор кард, ки Исоро дар хизмат ҳамроҳӣ мекунад. Ин қарораш хирадмандона буд! Ҳамсараш низ дар ин маврид ӯро дастгирӣ кард. Зеро дар Китоби Муқаддас қайд мешавад, ки баъд аз эҳё шудани Исо ӯ Петрусро дар баъзе сафарҳояш ҳамроҳӣ мекард (1 Қӯр. 9:5). Бешак, намунаи хуби ӯ буд, ки Петруси расул бо забони дароз дар номаи илҳомбахшидааш ба шавҳарон ва занони масеҳӣ маслиҳат дод (1 Пет. 3:1–7). Яҳува ваъда додааст, ки дар бораи онҳое, ки хизматашро дар ҷойи аввал мегузоранд, ғамхорӣ мекунад. Бешубҳа, Петрус ва ҳамсараш ба ин ваъда бовар доштанд. (Матто 6:25, 31–34-ро хонед.)
15. Шумо аз Тиаго ва Эстер чӣ меомӯзед?
15 Агар аз оиладор шуданатон нав якчанд сол гузашта бошад, чӣ тавр шумо хоҳиши хизмат карданро минбаъд низ бештар инкишоф дода метавонед? Як роҳаш аз таҷрибаи дигар ҳамсарон омӯхтан аст. Барои ин баъзе мисолҳоро аз силсилаи мақолаҳои «Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд» * хонда метавонед. Ҳамсарон Тиаго ва Эстер аз Бразилия ин гуна мақолаҳоро хонда хоҳиши зиёд пайдо карданд, то дар ҷое хизмат кунанд, ки воизон намерасанд. Тиаго мегӯяд: «Вақте мехондем, ки чӣ тавр Яҳува ходимони имрӯзаашро дастгирӣ мекунад, мо ҳам хостем ғамхорӣ ва роҳнамоии Яҳуваро ҳис кунем». Ниҳоят ин ҳамсарон ба Парагвай кӯчида аз соли 2014 инҷониб дар ҷамоати португалӣ хизмат мекунанд. Эстер мегӯяд: «Яке аз оятҳои дӯстдоштаи мо ин Эфсӯсиён 3:20 мебошад. Мо ҳақ будани ин суханонро дар хизмати Яҳува чандин маротиба дидем». Павлус дар нома ба Эфсӯсиён ваъда додааст, ки Яҳува аз ҳар он чизе, ки мо мепурсем, беҳадду беандоза бештар мекунад. Ин ваъда ҳақ асту рост!
16. Ҳамсарони ҷавон дар бораи мақсадҳояшон аз кӣ маслиҳат пурсида метавонанд?
16 Ҳамсарони ҷавон, аз онҳое, ки ба Яҳува такя мекунанд, ибрат гирифта метавонанд. Баъзе ҳамсарон солҳои зиёд мешавад, ки дар хизмати пурравақтанд. Аз онҳо дар бораи мақсадҳои рӯҳониатон маслиҳат пурсед. Ҳамин тавр шумо нишон медиҳед, ки ба Яҳува таваккал мекунед (Пнм. 22:17, 19). Барои мақсад монда ба он расидан пирони ҷамоат низ ба шумо кумак карда метавонанд.
17. Бо Клаус ва Мариса чӣ воқеа рӯй дод ва мо аз ин чӣ дарс мегирем?
17 Баъзан мо ба Яҳува бо як тарз хизмат кардан мехоҳем, вале ӯ ба дигар намуди хизмат моро роҳнамоӣ мекунад. Бори дигар намунаи Клаус ва Марисаро дида мебароем. Баъд аз се соли оиладориашон онҳо чун ихтиёрӣ ба лоиҳаи сохтмонӣ ба филиали Финландия рафтанд. Вале баъдтар фаҳмиданд, ки танҳо шаш моҳ дар он ҷо кор карда метавонанд. Дар аввал онҳо аз ин зиқ шуданд. Вале баъдтар ин ҳамсаронро ба курси омӯзиши забони арабӣ таклиф карданд. Айни ҳол онҳо дар дигар давлат дар ҷамоати арабӣ хизмат карда хурсандӣ мегиранд. Мариса гузаштаро ба ёд оварда мегӯяд: «Ман аз корҳое, ки дар умрам накарда будам, метарсидам, барои ҳамин бояд ба Яҳува пурра таваккал карданро ёд мегирифтам. Лекин медидам, ки Яҳува бо роҳҳое, ки интизораш набудем, ҳама вақт моро дастгирӣ мекард. Ҳамаи инро мушоҳида карда бовариам ба Яҳува қавитар гашт». Аз таҷрибаи ин ҳамсарон маълум мегардад, ки агар ба Яҳува пурра таваккал кунӣ, ӯ туро ҳамеша баракат медиҳад.
18. Чӣ ба ҳамсарон кумак карда метавонад, ки минбаъд низ ба Яҳува такя кунанд?
18 Издивоҷ атои Яҳува мебошад (Мат. 19:5, 6). Ӯ мехоҳад, ки ҳамсарон аз ин ҳадияаш хурсандӣ гиранд (Пнм. 5:18). Ҳамсарон, дар бораи ҳаётатон андеша кунед. Оё шумо ҳар кори аз дастатон меомадаро карда ба Яҳува барои ҳадияҳояш миннатдорӣ нишон медиҳед? Ба Яҳува дуо гӯед. Аз Каломаш маслиҳатҳоеро ҷӯед, ки дар вазъияти шумо ба кор бурдан мумкин аст. Сипас мувофиқи маслиҳати Яҳува амал кунед. Боварӣ дошта бошед, ки агар хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал гузоред, ҳаёти пурмазмун ва хушбахтона хоҳед дошт.
СУРУДИ 153 Ту чӣ ҳис мекунӣ?
^ сарх. 5 Баъзе қарорҳое, ки мо мебарорем ба вақт ва қуввате, ки дар хизмати Яҳува сарф мекунем, таъсир карда метавонанд. Масалан, қарорҳои касоне, ки нав оиладор шудаанд, ба тамоми ҳаёташон бетаъсир намемонад. Маслиҳатҳои ин мақола ба онҳо ёрӣ медиҳанд, то қарорҳое қабул кунанд, ки ҳаёташонро хушбахт месозад.
^ сарх. 5 Баъзе номҳо иваз шудаанд.
^ сарх. 10 Баъзе мисолҳоро аз бобҳои 6, 7 ва 19-уми китоби «Ибодати поки Яҳува барқарор шуд!» (рус.) дида бароед.
^ сарх. 15 Ин мақолаҳо пештар дар «Бурҷи дидбонӣ» нашр мешуданд, ҳоло бошад, онҳоро аз сомонаи jw.org ёфтан мумкин.