Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САРГУЗАШТ

«Ман ба Яҳува хизмат кардан мехостам»

«Ман ба Яҳува хизмат кардан мехостам»

Мо бо якчанд сокини деҳаи Гранбори, ки дар ҷангалзори давлати Суринам воқеъ аст, хайрухуш кардем. Сипас ба заврақи якпорчаамон шишта тавассути дарёи Тапанаҳони ба роҳ баромадем. Баъдтар ҳамин ки ба қисми тезоби дарё расидем, пропелери матори заврақамон ба санг бархӯрд. Нӯги заврақ дарҳол пурра ба об ғӯтид ва мо ғарқ шудем. Ман талхакаф шудам, зеро ҳарчанд чун нозири ноҳиявӣ бо қаиқ бисёр сафар мекардам, вале шиноварӣ карда наметавонистам.

Пеш аз он ки давоми ин воқеаро гӯям, мехостам ба шумо нақл кунам, ки чӣ хел хизмати пурравақтро сар кардам.

Ман соли 1942 дар яке аз ҷазираҳои зебои Кариб, Кюрасао, ба дунё омадаам. Падарам аслан зодаи давлати Суринам аст, вале ба ин ҷазира дар ҷустуҷӯйи кор омада буд. Якчанд сол пеш аз ба дунё омаданам, падарам дар ҷазираи Кюрасао яке аз аввалин Шоҳидони Яҳува шуд a. Ӯ бо мо, фарзандонаш, ки панҷ нафар будем, ҳар ҳафта омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронд, ҳарчанд ин барояш на ҳама вақт осон буд. Дар синни 14-солагиам мо барои нигоҳубини бибии пиронсолам ба Суринам баргаштем.

ДӮСТОНАМ БА МАН ТАЪСИРИ ХУБ РАСОНДАНД

Дар ҷамоати Суринам ман бо ҷавононе дӯстӣ пайдо кардам, ки фаъолона ба Яҳува хизмат мекарданд. Онҳо якчанд сол аз ман калон буда пешрави доимӣ буданд. Дар ёдам ҳаст, вақте дар бораи воқеаҳои шавқовар аз хизмат қисса мекарданд, дар рӯяшон шодиву хурсандӣ медурахшид. Баъд аз вохӯриҳои ҷамоат баъзан ману дӯстонам ба осмони пурситора назар афканда дар бораи мавзӯъҳои рӯҳонӣ суҳбат мекардем. Онҳо ба ман таъсири хуб расонданд. Ман дарк кардам, ки аз ҳаёт чӣ мехоҳам; мехостам хизмати Яҳуваро пеша кунам. Барои ҳамин дар синни 16-солагӣ таъмид гирифтам. Баъдтар, вақте ба ҳаждаҳ расидам, пешрави доимӣ шудам.

СЕ ДАРСИ МУҲИМ

Вақте дар Парамарибо пешрав будам

Чун пешрав хизмат карда ман бисёр дарсҳоро омӯхтам, ки тӯли таъйиноти пурравақтам ба ман кумак карданд. Яке аз чунин дарсҳо ин аҳамияти таълим додани дигарон буд. Гап сари он аст, ки вақте ман хизмати пешравиро сар кардам, миссионере бо номи Виллем ван Сейел маро зери қаноти худ гирифт b. Ӯ ба ман дар бораи иҷрои таъйиноти гуногун бисёр чизро таълим дод. Он вақт ман ҳатто пайхас намекардам, ки то чӣ андоза ба таълим ниёз дорам. Як сол пас маро пешрави махсус таъйин намуданд. Ҳамин тавр ман ба гурӯҳҳои дурдасти ҷангалзори Суринам кумак мекардагӣ шудам. Аз бародарон барои таълими додаашон бениҳоят миннатдор ҳастам. Аз он вақт инҷониб намунаи онҳоро ба ёд оварда ман барои таълим додани дигарон вақт ҷудо мекунам.

Дуюм, дарсе, ки омӯхтам, ин фоидаи ҳаёти одӣ, вале ҳамзамон аз рӯйи назму тартиб зиндагӣ кардан буд. Бояд гуфт, ки дар аввали ҳар моҳ ману ҳамроҳам, ки инчунин пешрави махсус буд, бояд андеша мекардем, ки ҳафтаҳои меомада ба чӣ ниёз хоҳем дошт. Ҳамин тавр якеамон роҳи дуру дарозро тай карда ба пойтахт мерафт ва чизҳои заруриро харид мекард. Мо бояд кумакпулиамонро хирадмандона сарф мекардем. Чизҳои харидкардаамонро бояд тавре истифода мебурдем, ки барои як моҳ расанд. Зеро агар ягон чизамон аз ин муҳлат тезтар тамом мешуд, дар ҷангалзор қариб ҳеҷ кас ба мададамон расида наметавонист. Боварӣ дорам, ки ҳаёти одӣ ба сар бурда аз рӯйи назму тартиб зиндагӣ карданам, кумак кард, ки диққатамро пурра ба хизмати Яҳува равона намоям.

Дарси сеюм ин буд, ки одамонро ба забони модариашон таълим диҳӣ, самари бисёр ба бор меорӣ. Ман забони ҳолландӣ, англисӣ, папияменто ва сранантонгоро (онро боз забони сранан меноманд) медонистам, ки забони давлатии Суринам аст. Вале дар ҷангалзор одамон хушхабарро ба забони модариашон нағзтар қабул мекарданд. Ба баъзеи ин забонҳо гап задан барои ман осон набуд. Масалан, ба забони сарамакан, ки оҳангҳои пасту баланд дорад. Бо вуҷуди ин ман кӯшиш кардам, ки ин забонҳоро аз худ кунам. Бинобар ин тӯли солҳои зиёд ба одамони бисёр ҳақиқатро таълим дода тавонистам, зеро забони модариашонро аз худ карда будам.

Рости гап ҳолатҳои ногувор низ буданд. Масалан, боре ман аз як зане, ки ба забони сарамакан омӯзиш мекард, дар бораи саломатиаш пурсон шудам; ӯ аз дарди меъда шикоят мекард. Вале саволам чунин маъно кард, ки гӯё ман пурсида бошам: «Ту ҳомиладорӣ?» Албатта, саволи ман ба ӯ маъқул нашуд. Новобаста ба чунин нокомиҳо ман ҳама вақт кӯшиш мекардам, ки дар ҷойи таъйинотам ба забони одамони таҳҷоӣ гап занам.

УҲДАДОРИҲОИ ИЛОВАГИРО БА ДӮШ МЕГИРАМ

Соли 1970 маро нозири ноҳиявӣ таъйин карданд. Он сол ман ба минтақаҳои дурдасти ҷангалзор сафар карда ба одамони таҳҷоӣ барномаи слайдиеро нишон медодам, ки чунин ном дошт: «Тамошои Идораи марказии Шоҳидони Яҳува» (агл). Ману як гурӯҳ бародарон бо қаиқи борики дароз тавассути дарё ба ҷангалзор сафар мекардем. Мо бо худ генератор, баки дастӣ барои сӯзишворӣ, чароғҳо ва таҷҳизот барои нишон додани барномаи слайдиамон гирифта мебурдем. Расидан замон мо ҳамаи ин таҷҳизотро ба ҷое мебурдем, ки барномаамонро бояд ба халқ нишон медодем. Дар ёдам ҳаст, ки барномаи слайдӣ ба одамон беҳад маъқул буд. Ман хеле хурсанд будам, ки ба онҳо дар бораи Яҳува ва ташкилоти заминиаш таълим дода метавонам. Дар асл, ҳамаи он қурбониҳое, ки ман кардам, дар пеши баракатҳое, ки аз хизмати Яҳува мегирам, ҳеҷ аст.

РИШТАИ СЕТОБА

Ману Этел сентябри соли 1971 оиладор шудем

Дар хизмати Яҳува муҷаррад будан афзалияти зиёд дорад, вале ман ҳис мекардам, ки ба ҳамроҳи доимӣ ниёз дорам. Барои ҳамин дуо гуфта аз Яҳува дар бораи ҳамсаре мепурсидам, ки бо ман дар таъйиноти душворам, дар ҷангалзор, хушу хурсандона хизмат карда тавонад. Ҳамин тавр, тақрибан як сол пас, ман бо Этел, ки пешрави махсус буд, вохӯрданро сар кардам. Ӯ хоҳари хеле фидокор буд. Аз ҷавониаш ӯ мехост ба намунаи Павлуси расул, хизматгори содиқи Яҳува, пайравӣ намуда худро пурра ба хизмат бахшад. Мо сентябри соли 1971 тӯй шудем ва ман хизматамро чун нозири ноҳиявӣ давом додам.

Этел дар оилаи камбизоат ба воя расидааст. Барои ҳамин ба шароити ҷангалзор тез мутобиқ шуд. Масалан, вақте мо ягон ҷамоати он минтақаро хабар гирифтанӣ мешудем, бо худ бисёр чиз намегирифтем. Мо дар дарё оббозӣ мекардем ва либос мешустем. Инчунин дар хонаҳое, ки меистодем, соҳибхона чизе шикор мекард ё аз дарё меқапид, мехӯрдем: хоҳ сусмор бошад, хоҳ ягон моҳӣ. Дар ҳоли набудани зарф, қошуқ ё чангак мо дар барги банан бо даст хӯрок мехӯрдем. Ману Этел боварӣ дорем, ки ҳамаи ин қурбониҳо дар хизмати Яҳува риштаи сетобаи моро боз ҳам мустаҳкам кард (Пандгӯ 4:12). Мо ин бойгонии ҳаётамонро ба ҳеҷ қимат иваз намекунем.

Ҳодисае, ки дар пешгуфтор нақл кардам, ҳангоми аз як минтақаи дурдаст баргаштанамон рӯй дод. Ба ҷойи тезоб расидан замон қаиқамон ба об ғарқ шуда дарҳол берун омад. Хушбахтона, мо дар тан камзулҳои наҷот доштем ва аз қаиқ нағалтидем. Валекин дохили он аз об пур шуд. Аз ин рӯ мо зарфҳоеро, ки дар он хӯрокро нигоҳ медоштем, холӣ карда оби қаиқро гирифта ба берун партофтем.

Азбаски мо бе хӯрок мондем, лозим омад, ки раҳ ба раҳ моҳигирӣ кунем. Дар аввал ҳеҷ чиз сайд намешуд. Аз ин рӯ ба Яҳува дуо гуфтем, ки барои он рӯз ба мо хӯрок диҳад. Дарҳол баъди дуо як бародар шасташро ба об партофта моҳии калоне қапид ва бегоҳ ҳар панҷамон онро ба серӣ хӯрдем.

ШАВҲАР, ПАДАР ВА НОЗИРИ НОҲИЯВӢ

Баъди панҷ соли хизмати нозириам ману Этел соҳиби баракати ғайричашмдошт шудем. Ӯ ҳомиладор шуд. Ман аз ин хеле хурсанд шудам, ҳарчанд намедонистам, ки дар оянда моро чӣ интизор аст. Охир, ману Этел сахт мехостем, ки хизмати пурравақтро давом диҳем. Хулоса, соли 1976 мо писардор шуда номашро Этниел мондем. Дуюм писарамон, Ҷованни бошад, дую ним сол пас ба дунё омад.

Таъмиде, ки соли 1983 дар дарёи Тапанаҳони, наздикии Годо Ҳоло, дар Суринами Шарқӣ гузашт.

Азбаски дар Суринам ниёз вуҷуд дошт, бо иҷозати филиал ман хизмати нозириамро давом додам. Вақте писаронамон хурд буданд, ман минтақаҳоеро хабар мегирифтам, ки ҷамоатҳои кам дошт. Ҳамин тавр давоми моҳ, якчанд ҳафта нозири ноҳиявӣ шуда хизмат мекардаму боқимондаи вақт дар ҷамоати худамон пешрави доимӣ будам. Ҳангоми хабаргирии ҷамоатҳое, ки дар наздикии хонаамон буданд, Этел ва писаронам маро ҳамроҳӣ мекарданд. Лекин, вақте гурӯҳҳои дурдасти ҷангалзорро хабаргирӣ мерафатам ё дар он ҷо анҷуман мешуд, оилаамро бо худ намебурдам.

Ҳангоми нозир буданам, бисёр вақт бо қаиқ сафар карда ҷамоатҳои дурдастро хабар мегирифтам

Барои иҷро кардани супоришҳоям ман бояд ҳама чизро нағз ба нақша мегирифтам. Бинобар ин кӯшиш мекардам, ки ҳар ҳафта парастиши оилавӣ гузаронам. Вақте ман ҷамоатҳои ҷангалзорро хабар мегирифтам, Этел дар набуданам бо фарзандонамон парасиши оилавӣ мегузаронд. Валекин аз рӯйи имкон мо кӯшиш мекардем, ки чунин корҳоро якҷоя кунем. Мо боз ҳамроҳи писаронамон вақтхушиҳои нағз доштем; ягон бозӣ ё сайругашт мекардем. Он вақт ман одатан то нисфи шаб супоришҳоямро иҷро мекардам. Этел бошад, мисли зани некукоре, ки дар Панднома 31:15 дар борааш гуфта шудааст, саҳарии барвақт мехест, то мо якҷоя, пеш аз мактаб рафтани бачаҳо, ояти рӯзро хонему чой нӯшем. Ман барои чунин зани фидокор аз Яҳува бениҳоят миннатдорам. Ӯ ҳама вақт ба ман кумак мекунад, ки таъйинотамро нағз иҷро кунам.

Мо чун волид тамоми кӯшишро ба харҷ медодем, то фарзандонамон Яҳува ва хизматро дӯст доранд. Мо мехостем онҳо мақсади пурравақт хизмат кардан дошта бошанд ва ин роҳи ҳаётро интихоб кунанд; на ба хотири мо, балки бо хости худашон. Ману Этел ҳама вақт ба онҳо мегуфтем, ки хизмати пурравақт чӣ қадар хурсандӣ меорад. Албатта, дар бораи мушкилиҳо низ нақл мекардем, вале ҳамеша қайд менамудем, ки Яҳува ба мо чӣ қадар мадад мерасонду оилаамонро баракат медод. Инчунин кӯшиш мекардем, ки фарзандонамон дар ҷамоат бо онҳое дӯстӣ кунанд, ки Яҳува дар ҳаёташон дар ҷойи аввал меистад.

Яҳува ниёзҳои оилаи моро қонеъ мегардонд. Вале ман ҳам аз тарафи худ кӯшиш мекардам. Таҷрибае, ки дар ҷангалзор, ҳангоми пешрави махсус буданам, пайдо кардам, инчунин ба кор омад. Он вақт ман хароҷотамро пешакӣ ба нақша мегирифтам. Аммо, вақте оиладор будам, баъзан чунин лаҳзаҳое мешуданд, ки чи кӯшише намекардем, ниёзҳоямон қонеъ намегашт. Дар чунин лаҳзаҳо, бо боварӣ гуфта метавонам, ки Яҳува ба мадади мо шитоб мекард. Барои мисол, аз соли 1986 то соли 1992 дар Суринам ҷанги шаҳрвандӣ дар авҷ буд. Он вақт баъзан чизҳои одиро ба даст овардан мушкил мешуд, бо вуҷуди ин Яҳува моро хор шудан намемонд (Мат. 6:32).

АЗ ГУЗАШТА ЁД МЕКУНАМ

Аз чап ба рост: Бо ҳамсарам Этел

Писари калониамон Этниел бо ҳамсараш Натали

Писари хурдиамон Ҷовани ва занаш Кристэл

Яҳува дар ҳаёт ҳамеша ба мо ғамхорӣ мекунад ва хурсандиву қаноатмандӣ мебахшад. Фарзандонамон як баракати калонанд. Онҳоро дар роҳи Яҳува ба воя расондан шарафи бузург буд. Мо бениҳоят шодем, ки ду писарамон инчунин хизмати пурравақтро мақсади ҳаёти худ интихоб карданд. Этниел ва Ҷованни дар мактабҳои ташкилот таҳсил намуда айни ҳол дар Байт-Или Суринам бо ҳамсарони худ хизмат мекунанд.

Ҳоло синну соли ману Этел ба ҷое расидааст, вале мо то ҳол пешрави махсус шуда ба Яҳува хизмат мекунем. Дар асл, корамон чунон бисёр аст, ки ман ҳеҷ не ки вақт ёфта шиновариро ёд гирам. Лекин аз ин заррае ҳам пушаймон нестам. Гузаштаро ёд карда бо самими қалб гуфта метавонам, ки дар айёми ҷавониам хизмати пешравиро интихоб намуда кори беҳтарин кардам. Бале, ин интихоби беҳтарини ҳаёти ман аст.

b Саргузашти Виллем ван Сейел дар «Бедор шавед!»-и 8-уми октябри с. 1999 бо номи «Превзойденные ожидания» нашр шудааст.