Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 47

Нагузоред, ки чизе шуморо аз Яҳува дур созад

Нагузоред, ки чизе шуморо аз Яҳува дур созад

«Ман ба ту такя мекунам, эй Яҳува» (ЗАБ. 31:14).

СУРУДИ 32 Матину устувор бошед!

ПЕШГУФТОР a

1. Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува ба мо наздик шудан мехоҳад?

 ЯҲУВА моро даъват мекунад, ки ба ӯ наздик шавем (Яъқ. 4:8). Ӯ мехоҳад Худо, Падар ва Дӯстамон бошад. Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб медиҳад ва дар лаҳзаҳои душвор ба мо мадад мерасонад. Ба воситаи ташкилоташ бошад, моро таълим медиҳад ва муҳофизат мекунад. Пас, биёед фаҳмем, ки чӣ тавр ба ӯ наздик шудан мумкин аст.

2. Чӣ тавр мо ба Яҳува наздик шуда метавонем?

2 Барои ба Худо наздик шудан мо бояд дуо гӯем, Каломашро хонем ва дар бораи чизи хондаамон мулоҳиза ронем. Агар ин хел кунем, диламон аз муҳаббат ва миннатдорӣ ба ӯ лабрез мегардад. Мо ба Худоямон итоаткор мешавем ва ӯро ҷалол медиҳем (Ошкор. 4:11). Бале, чи қадаре дар бораи Яҳува бештар дониш гирем, ҳамон қадар аз ӯ ва ташкилоташ, ки баҳри дастгирии мо созмон додааст, дилпур мешавем.

3. Чӣ тавр Шайтон кӯшиш мекунад, ки моро аз Яҳува ҷудо созад ва чӣ кумак мекунад, ки Худоямон ва ташкилоташро ҳеҷ гоҳ тарк накунем? (Забур 31:13, 14).

3 Валекин Шайтон кӯшиш мекунад, ки моро аз Яҳува ҷудо кунад, махсусан, вақте бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем. Ӯ инро чӣ тавр мекунад? Иблис талош меварзад, ки мо бовариамонро ба Яҳува ва ташкилоташ оҳиста-оҳиста гум кунем. Вале мо ба ӯ муқобилат карда метавонем. Агар имонамон устувор бошаду бовариамон ба Яҳува қавӣ, мо ҳеҷ гоҳ Худоямон ва ташкилоташро тарк намекунем. (Забур 31:13, 14-ро хонед.)

4. Дар ин мақола чӣ муҳокима карда мешавад?

4 Дар ин мақола мо се мушкилиеро дида мебароем, ки берун аз ҷамоат рӯ ба рӯ мешавем. Ҳар яки он боварии моро ба Яҳува ва ташкилоташ суст мегардонад. Чӣ тавр ин мушкилиҳо моро аз Яҳува ҷудо карда метавонанд ва барои ба Шайтон муқобилат кардан чӣ кор кунем?

ВАҚТЕ БО МУШКИЛИҲО РӮ БА РӮ МЕШАВЕМ

5. Чӣ тавр мушкилиҳо бовариамонро ба Яҳува ва ташкилоташ суст карда метавонад?

5 Баъзан мо бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавем. Масалан, зиддият дар оила ё аз даст додани ҷойи кор. Чӣ тавр ин гуна душвориҳо бовариамонро ба ташкилоти Яҳува суст гардонда моро аз ӯ дур карда метавонад? Вақте мушкилиҳоямон муддати дароз роҳи ҳалли худро намеёбанд, мо ноумед ва рӯҳафтода мегардем. Шайтон дар чунин вазъият кӯшиш мекунад, ки мо ба муҳаббати Яҳува шубҳа кунем. Ӯ орзу дорад, ки барои дарду азоби худ мо Яҳува ва ташкилоташро айбдор намоем. Дар Миср бо баъзе исроилиён воқеаи ба ин монанд рӯй дода буд. Дар аввал онҳо боварии комил доштанд, ки Мӯсо ва Ҳорунро Яҳува таъйин кардааст, то халқашро аз ғуломӣ озод кунад (2 Мӯсо 4:29–31). Вале баъдтар, вақте фиръавн ҳаёти онҳоро талх кард, исроилиён аз Мӯсо ва Ҳорун дасту домангир шуданд. Онҳо мегуфтанд: «Аз пушти шумо дар назари фиръавн ва хизматгоронаш шум шудем. Шумо ба дасти онҳо шамшер додед, то моро бикушанд» (2 Мӯсо 5:19–21). Чӣ хеле мебинед, халқ хизматгорони бовафои Яҳуваро айбдор кард. Чӣ воқеаи ғамангез! Хуб, агар мушкилии шумо низ муддати дароз ҳал нашуда истода бошад, чӣ тавр бовариатонро ба Яҳува ва ташкилоташ қавӣ нигоҳ дошта метавонед?

6. Мо аз пайғамбар Ҳабаққуқ дар бораи ба душвориҳо тоб овардан чӣ меомӯзем? (Ҳабаққуқ 3:17–19).

6 Дар дуо дилатонро ба Яҳува холӣ кунед ва аз ӯ мадад пурсед. Пайғамбар Ҳабаққуқ бисёр мушкилиҳоро аз сар гузарондааст. Боре ӯ шубҳа карда буд, ки Яҳува дар ҳаққаш ғамхорӣ мекунад. Барои ҳамин ба Яҳува дарди дил карда гуфт: «То кай, эй Яҳува, ман фарёд зада мадад мепурсаму ту намешунавӣ?.. Чаро зулму ситамро тоқат мекунӣ?» (Ҳаб. 1:2, 3). Яҳува ба дуои гарму ҷӯшони хизматгораш ҷавоб гуфт (Ҳаб. 2:2, 3). Баъди он ки Ҳабаққуқ дар бораи қувваи наҷотбахши Яҳува мулоҳиза ронд, боз дар дил хурсандӣ пайдо кард. Ӯ боварӣ ҳосил намуд, ки Яҳува дар ҳаққаш ғамхорӣ мекунад ва ба ӯ қувват медиҳад, то ба ҳар гуна душворӣ тоб орад. (Ҳабаққуқ 3:17–19-ро хонед.) Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Вақте бо мушкилие рӯ ба рӯ мешавед, ба Яҳува дар дуо ҳиссиётатонро гӯед, сипас аз ӯ мадад пурсед. Дар ин сурат Яҳува ба шумо қувват медиҳад, то истодагарӣ намоед. Ҳамин ки дасташро бинед, имонатон қавитар мегардад.

7. Чӣ хел як хеши Ширли дар дили ӯ шубҳа кориданӣ шуд ва чӣ ба ӯ кумак кард, ки имонашро ба Яҳува гум накунад?

7 Корҳоеро, ки муносибататонро бо Яҳува наздик нигоҳ медоранд, давом диҳед. Намунаи хоҳар Ширлиро b мегирем, ки аз Папуа-Гвинеяи Нав мебошад. Аҳамият диҳед, чӣ тавр ӯ бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда истодагӣ кард. Оилаи ӯ хеле камбағал буд ва баъзан ҳатто барои хӯрок ёфтан душворӣ мекашиданд. Боре як хешаш боварии ӯро ба Яҳува суст карданӣ шуда гуфт: «Ту мегӯӣ, ки рӯҳи муқаддаси Худо ба шумо кумак мекунад, лекин ин кумак канӣ? Оилаи шумо ҳоло ҳам қашшоқ аст. Ту бошӣ, дар бораи Худо гап зада гаштӣ». Ширли иқрор мешавад: «Дар дилам шубҳа пайдо шуд. Ман аз худ мепурсидам: “Оё Худо дар бораи мо ғамхорӣ мекунад?” Ҳамин тавр ман дарҳол ба Яҳува дуо гуфта диламро холӣ кардам. Минбаъд низ Китоби Муқаддас ва адабиётамонро мехондам, дар хизмат ва вохӯриҳо иштирок мекардам». Дере нагузашта Ширли фаҳмид, ки Яҳува дар бораи оилаашон ғамхорӣ мекунад: онҳо ҳеҷ гоҳ бе ризқу рӯзӣ намемонданд ва новобаста ба вазъият шоду хурсанд буданд. Хоҳарамон мегӯяд: «Ман ҳис кардам, ки Яҳува ба дуоҳоям ҷавоб медиҳад» (1 Тим. 6:6–8). Агар шумо низ бо корҳои рӯҳонӣ банд бошед, мушкилиҳо ё шубҳаҳо шуморо аз Яҳува дур намесозанд.

ВАҚТЕ НИСБАТИ БАРОДАРОНИ МАСЪУЛ БЕИНСОФӢ МЕКУНАНД

8. Бо бародарони масъул чӣ рӯй дода метавонад?

8 Дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи бародарони масъул ҳар гуна дурӯғ паҳн мекунанд (Заб. 31:13). Баъзе бародаронро дастгир намуда онҳоро ҷинояткор мебароранд. Бояд гуфт, ки дар асри як низ чунин воқеаҳо ба чашм мерасид. Биёед фаҳмем, ки, вақте Павлуси расулро ноҳақ айбдор карда дастгир намуданд, масеҳиён чӣ тавр муносибат карданд.

9. Вақте Павлуси расул ҳабс шуд, баъзе масеҳиён чӣ кор карданд?

9 Дар асри як, вақте Павлуси расулро дар Рум ҳабс карданд, баъзе масеҳиён аз ӯ худро дур мегирифтагӣ шуданд (2 Тим. 1:8, 15). Чаро? Оё онҳо аз Павлус шарм мекарданд, чунки дар назари одамон ӯ ҷинояткор буд? (2 Тим. 2:8, 9). Ё метарсиданд, ки онҳоро низ озору азият медиҳанд? Чизе набошад, тасаввур кунед, ки он вақт Павлус чӣ ҳис мекард. Ӯ ба мушкилиҳои зиёд нигоҳ накарда истодагарӣ намуд ва ҳатто ҳаёташро баҳри ҳамимонони худ зери хатар гузошт (Кор. 20:18–21; 2 Қӯр. 1:8). Биёед ҳеҷ гоҳ мисли онҳое, ки Павлусро дар вақти тангӣ тарк карданд, рафтор накунем. Пас, вақте бародарони масъулро озору азият медиҳанд, чиро набояд фаромӯш кард?

10. Вақте бародарони масъулро озор медиҳанд, мо чиро набояд фаромӯш кунем ва чаро?

10 Фаромӯш насозед, ки чаро моро озор медиҳанд ва кӣ аз пушти ин меистад. Дар 2-юм Тимотиюс 3:12 гуфта мешавад: «Ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд пайрави Масеҳ бошанду бо худотарсӣ умр ба сар баранд, озор мебинанд». Барои ҳамин мо набояд ҳайрон шавем, ки Шайтон дар ҳамлаҳояш бародарони масъулро ба нишон мегирад. Ӯ мақсад дорад, ки беайбии онҳоро шиканад ва моро ба тарсу ҳарос орад (1 Пет. 5:8).

Ҳарчанд Павлус маҳбус буд, Онисифорус далерона ӯро дастгирӣ мекард. Чи хеле дар ин саҳна нишон дода шудааст, бародару хоҳарон ҳамимононеро, ки ҳабс шудаанд, дастгирӣ мекунанд (Ба сархатҳои 11 ва 12 нигаред.)

11. Мо аз намунаи Онисифорус чӣ меомӯзем? (2 Тимотиюс 1:16–18).

11 Минбаъд низ бародаронро дастгирӣ карда ба онҳо вафодор бошед. (2 Тимотиюс 1:16–18-ро хонед.) Дар асри як масеҳие дар бораи ҳабс шудани Павлус фаҳмида дигар хел рафтор кард. Номи ӯ Онисифорус буд. Ӯ «аз занҷирҳои [Павлус] шарм намедошт». Баръакс, Онисифорус Павлусро кофта ёфт ва фикр кард, ки чӣ тавр ба ӯ кумак кунад. Ин масеҳии содиқ ҷонашро барои Павлус зери хатар гузошт. Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Мо низ набояд гузорем, ки одамтарсӣ халал расонад, то бародаронамонро, ки озору азият мебинанд, дастгирӣ кунем. Пас, биёед онҳоро муҳофизат намоем ва ба мададашон расем (Пнм. 17:17). Бародаронамон ба муҳаббат ва дастгирии мо муҳтоҷанд.

12. Мо аз бародарони Русия чӣ ибрат гирифта метавонем?

12 Намунаи бародару хоҳарони Русияро мегирем, ки ба мадади ҳамимони ҳабсшудаашон шитоб мекунанд. Вақте ягон касро суд мекунанд, бисёр бародару хоҳарон ба мурофиаи судӣ омада, ӯро дастгирӣ менамоянд. Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Вақте бародарони масъулро туҳмат ва дастгир мекунанд ё озору азият медиҳанд, мо низ бояд натарсем. Беҳтараш дар бораи онҳо дуо гӯед, дар ҳаққи аҳли хонаводаашон ғамхорӣ намоед ва фикр кунед, ки боз бо кадом роҳҳо онҳоро дастгирӣ карда метавонед (Кор. 12:5; 2 Қӯр. 1:10, 11).

ВАҚТЕ МОРО МАЗОҚУ МАСХАРА МЕКУНАНД

13. Чӣ тавр мазоқу масхара бовариамонро ба Яҳува ва ташкилоташ суст карда метавонад?

13 Хешу табор, ҳамкорон ё ҳамсинфон моро барои мавъиза кардан ё аз рӯйи меъёрҳои баланди ахлоқии Яҳува зиндагӣ намудан танқид мекунанд (1 Пет. 4:4). Онҳо шояд гӯянд: «Ту одами хубию лекин дар динат аз ҳад серталабанд. Шумо аз замона қафо мондаед». Дигарон бошанд, моро барои муносибатамон бо хориҷшудагон танқид карда чунин гуфта метавонанд: «Магар ин рафтори шумо аз рӯйи муҳаббат аст?» Ин гуна эътирозҳо дар диламон тухми шубҳа корида метавонанд. Мо мумкин фикр кунем: «Шояд дар асл Яҳува сахтгирӣ мекунад? Шояд ташкилоташ дар ҳақиқат аз ҳад серталаб аст?» Биёед фаҳмем, ки дар чунин вазъият барои аз Яҳува ва ташкилоташ дур нашудан чӣ кор кардан лозим аст.

Айюб дурӯғҳои ба ном дӯстонашро, ки ӯро масхара мекарданд, рад намуд. Ӯ бо азми қавӣ беайбиашро нигоҳ дошт (Ба сархати 14 нигаред.)

14. Вақте моро барои мувофиқи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кардан масхара мекунанд, мо бояд чӣ тавр рафтор кунем? (Забур 119:50–52).

14 Бо азми қавӣ аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кунед. Айюб новобаста ба мазоқу масхара аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ мекард. Боре ба ном як дӯсташ Айюбро боварӣ бахшиданӣ шуд, ки Худо парво надорад ӯ аз рӯйи меъёрҳояш зиндагӣ мекунад ё не. Лекин Айюб ба чунин дурӯғҳо бовар намекард (Айюб 4:17, 18; 22:3). Ӯ медонист, ки талабу меъёрҳои Яҳува беҳтаринанд. Барои ҳамин бо азми қавӣ аз рӯйи онҳо зиндагӣ мекард. Айюб намегузошт, ки касе беайбиашро шиканад (Айюб 27:5, 6). Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Нагузоред, ки мазоқу масхара дар дилатон нисбати меъёрҳои Яҳува шубҳа корад. Ба ҳаёти худ нигаред, эҳтимол, шумо борҳои зиёд пай бурдаед, ки аз рӯйи талаботи Яҳува зиндагӣ карда чӣ қадар манфиат гирифтед. Пас, ташкилотеро, ки талаботи Худоро ба ҷо меорад, дастгирӣ намоед. Дар ин ҳол, чи қадаре шуморо масхара накунанд, аз Яҳува дур намешавед. (Забур 119:50–52-ро хонед.)

15. Чаро Бризитро мазоқу масхара мекарданд?

15 Мисоли хоҳарамон Бризитро мегирем, ки аз Ҳиндустон аст. Аъзои оилааш ӯро барои имонаш масхара мекард. Баъди он ки соли 1997 Бризит таъмид гирифт, шавҳари ӯ корашро аз даст дод. Барои ҳамин ӯ қарор кард, ки Бризит ва духтаронашро гирифта ба хонаи волидони худ, ба дигар шаҳр, мекӯчад. Ин дигаргунӣ ҳаёти хоҳарамонро вазнинтар кард, зеро акнун, ки шавҳараш бекор монд, ӯ бояд рӯзи дароз кор карда, оилаашро мехӯронд. Ғайр аз ин, ҷамоати наздиктарин аз хонаи онҳо 350 км дур буд. Дар ҷойи нав хешу табори ҳамсараш ба Бризит зиддият нишон медоданд. Вазъият чунон душвор шуд, ки онҳо ночор боз кӯчиданд. Чанде пас ногаҳон ҳамсараш вафот кард. Баъдтар инчунин яке аз духтаронаш аз касалии саратон, дар синни 12-солагӣ, ҷон бохт. Ба болои ин хешу табор ба бадбахтиҳояш ӯро айбдор мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки ҳамаи ин ба касофати динаш рӯй дод, агар ӯ Шоҳиди Яҳува намешуд, ин мусибат ба сарашон намеомад. Новобаста ба фишор хоҳарамон бовариашро ба Яҳува гум накард ва аз ташкилоташ дур нашуд.

16. Барои ба Яҳува ва ташкилоташ наздик будан Бризит соҳиби кадом баракатҳо шуд?

16 Азбаски Бризит аз ҷамоат дур зиндагӣ мекард, нозири ноҳиявӣ ба ӯ маслиҳат дод, ки дар минтақааш хушхабарро паҳн кунад ва дар хонааш вохӯриҳои ҷамоатро гузаронад. Дар аввал Бризитро тарс фаро гирифт, вале баъдтар ӯ аз рӯйи маслиҳати нозир амал кард. Ҳамин тавр ӯ хушхабарро ба дигарон мерасонд ва дар хонааш вохӯриҳо мегузаштанд. Бризит инчунин бо духтаронаш парастиши оилавӣ мегузаронд. Ин кӯшишҳои ӯ чӣ самар оварданд? Бризит якчанд омӯзиш ёфт ва бисёри омӯзандагонаш таъмид гирифтанд. Соли 2005 ӯ пешрави доимӣ шуда хизмат мекард. Бризит барои ба Яҳува ва ташкилоти ӯ вафодор монданаш соҳиби баракатҳо гашт. Духтаронаш содиқона хизмати Яҳуваро ба ҷо оварда истодаанд ва айни ҳол дар минтақае, ки ӯ зиндагӣ мекунад, ду ҷамоат фаъолият дорад. Хоҳарамон боварӣ дорад, ки бо ёрдами Яҳува ба мушкилиҳояш дастболо шуд ва ба мазоқу масхараи аъзои оила тоб овард.

БА ЯҲУВА ВА ТАШКИЛОТАШ ВАФОДОР МОНЕД

17. Мо бояд бо азми қавӣ чӣ кор кунем?

17 Шайтон мехоҳад мо бовар кунем, ки дар лаҳзаҳои душвор Яҳува моро тарк мекунад ва дар ташкилоташ будан ҳаётамонро вазнинтар мегардонад. Вақте бародарони масъулро туҳмат мекунанд, озору азият медиҳанд ё ҳабс менамоянд, Шайтон интизор мешавад, ки мо ба ваҳму воҳима афтем. Ба воситаи мазоқу масхара бошад, ӯ кӯшиш мекунад, ки бовариамонро ба меъёрҳои Яҳува ва ташкилоташ суст гардонад. Вале мо аз усулҳои ӯ нағз бохабарем ва ҳаргиз фирефта намешавем (2 Қӯр. 2:11). Аз ин рӯ бо азми қавӣ дурӯғҳои Шайтонро рад кунед ва ба Яҳува ва ташкилоташ вафодор монед. Фаромӯш накунед, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ шуморо тарк намекунад (Заб. 28:7). Нагузоред, ки чизе шуморо аз ӯ дур созад (Рум. 8:35–39).

18. Дар мақолаи навбатӣ чӣ баррасӣ мешавад?

18 Дар ин мақола мо дида баромадем, ки берун аз ҷамоат бо чӣ гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда метавонем. Вале боварии мо ба Яҳува ва ташкилоташ инчунин дар ҷамоат озмуда шуда метавонад. Чӣ тавр дар ин гуна вазъият истодагӣ кардан мумкин? Ба ин савол аз мақолаи навбатӣ ҷавоб меёбем.

СУРУДИ 33 Аз онҳо натарсед!

a Барои дар ин рӯзҳои охир содиқ мондан мо бояд минбаъд низ ба Яҳува ва ташкилоташ бовар кунем. Шайтон кӯшиш мекунад, ки ба воситаи озмоишҳо ин боварии моро шиканад. Дар ин мақола се озмоишеро дида мебароем, ки Шайтон истифода мебарад ва мефаҳмем, ки барои ба ӯ муқобилат кардан бояд чӣ кор кунем.

b Баъзе номҳо иваз шуданд.