Оё шумо медонед?
Магар Мордахай ҳақиқатан дар таърих вуҷуд дошт?
МАРДИ яҳудие бо номи Мордахай дар сар то сари китоби Эстер нақши муҳим дорад. Ӯ дар аввалҳои асри 5-уми то милод «дар рӯзҳои [шоҳ] Ахашверуш» дар империяи Форс асир буд ва дар дарбор хизмат мекард. (Ин шоҳро одатан Хашиёршои якум ном мебаранд.) Боре душманон шоҳро куштанӣ шуданд, ки Мордахай пеши роҳашонро гирифт. Аз ҳисси миннатдорӣ Ахашверуш фармон дод, ки Мордахай дар назди халқ сарафроз гардонда шавад. Баъдтар, баъди марги Ҳомон, ки душмани Мордахай ва яҳудиён буд, шоҳ Мордахайро сарвазираш таъйин намуд. Ба туфайли ин вазифааш Мордахай фармоне баровард, ки яҳудиёнро дар империяи Форс аз қатли омм наҷот дод (Эст. 1:1; 2:5, 21–23; 8:1, 2; 9:16).
Тақрибан дар аввалҳои асри 20-ум таърихшиносон даъво мекарданд, ки китоби Эстер афсона асту Мордахай ҳеҷ гоҳ вуҷуд надоштааст. Валекин соли 1941 бостоншиносон чизеро ёфт карданд, ки гуфтаҳои Китоби Муқаддасро дар бораи Мордахай тасдиқ мекунад. Ин чӣ бозёфте буд?
Тадқиқотчиён матни хати мехии форсиеро ёфтанд, ки дар он марде бо номи «Мардука» (ба тоҷикӣ Мордахай) зикр ёфтааст. Аз афташ ӯ дар Шушан ба сифати хазинадор кор мекард. Шарқшинос Артур Унгнад навиштааст, ки он вақт ин матни хати мехӣ «ягона сарчашмае берун аз Китоби Муқаддас буд, ки номи Мордахай» дар он омадааст.
Аз гуфтаҳои Унгнад инҷониб олимон ҳазорҳо хатҳои мехии форсиро тарҷума кардаанд. Лавҳаҳои Тахти Ҷамшед, ки аз харобаҳои хазинаи назди деворҳои шаҳр ёфт шуданд, аз қабили онҳо мебошанд. Ин лавҳаҳо ба замони ҳукмронии Хашиёршои якум тааллуқ доранд. Онҳо ба забони эламӣ навишта шуда якчанд номеро дар бар мегиранд, ки дар китоби Эстер вохӯрдан мумкин аст a.
Дар якчанд лавҳаи Тахти Ҷамшед навишта шудааст, ки «Мардука» дар Шушан, дар дарбор, чун котиби шоҳ Хашиёршои якум хизмат мекард. Инчунин дар яке аз лавҳаҳо зикр ёфтааст, ки «Мардука» тарҷумон буд. Ин маълумот бо гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар бораи Мордахай мувофиқ аст, зеро ӯ низ чун мансабдоре тасвир шудааст, ки дар додгоҳи шоҳ Ахашверош (Хашиёршои якум) хизмат мекард ва камаш ба ду забон гап мезад. Мордахай пайваста дар назди дарвозаҳои шаҳр, дар Шушан, менишаст (Эст. 2:19, 21; 3:3). Ин дарвозаҳои қаср чун бинои боҳашамате буданд, ки дар он ҷо мансабдорони дарбор кор мекарданд.
Мувофиқат байни «Мардука», ки дар лавҳаҳо омадааст ва Мордахайи Китоби Муқаддас воқеан ҳам ҳайратовар мебошад. Онҳо дар як замон ва дар як ҷо зиндагӣ мекарданд, кору фаъолияташон низ мувофиқ буда дар ҳамон як ҷо будааст. Барои ҳамин дар асоси ҳамаи бозёфтҳо гуфтан мумкин аст, ки «Мардука» ва Мордахай ҳамон як шахсияте мебошанд, ки дар борааш дар китоби Эстер гуфта шудааст.
a Соли 1992 таърихшинос Эдвин Масао Ямаучи аз лавҳаҳои Тахти Ҷамшед даҳ номеро нашр кард, ки дар китоби Эстер вохӯрдан мумкин аст.