МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 48
Ҳангоми озмуда шудани вафодориатон ҳушёр бошед
«Дар ҳама ҳол ҳушёр бош» (2 ТИМ. 4:5).
СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!
ПЕШГУФТОР a
1. Мувофиқи 2 Тимотиюс 4:5 ҳушёр будан чӣ маъно дорад?
ВАҚТЕ мо бо душвориҳо дучор мешавем, вафодориамон ба Яҳува ва ташкилоташ озмуда мешавад. Чӣ хел ин душвориҳоро паси сар кунем? Мо бояд ҳушёру бедор бошем ва дар имон устувор. (2 Тимотиюс 4:5-ро хонед.) Ҳушёру бедор буданамон аз чӣ маълум мегардад? Аз оромиву солимфикриамон. Инчунин аз он ки ба вазъият бо чашми Яҳува менигарем ё не. Агар ҳушёр бошем, намегузорем, ки ҳар гуна ҳиссиёт ақли моро пахш кунад.
2. Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?
2 Дар мақолаи гузашта мо бо се душворие шинос шудем, ки берун аз ҷамоат рӯ ба рӯ шуда метавонем. Дар ин мақола бошад, се душвориеро дида мебароем, ки дар ҷамоат вафодориамонро ба Яҳува санҷида метавонад: 1) Вақте ҳис мекунем, ки ҳамимоне нисбати мо беадолатона рафтор мекунад, 2) вақте моро ислоҳу тарбия мекунанд ва 3) вақте қабул кардани тағйирот дар ташкилот душвор мегардад. Чӣ хел дар ин мавридҳо ҳушёр буда ба Яҳува ва ташкилоташ вафодор монда метавонем?
ВАҚТЕ ҲАМИМОНЕ НИСБАТАМОН БЕАДОЛАТОНА РАФТОР МЕКУНАД
3. Агар ҳамимоне нисбати мо беадолатона рафтор кунад, ин ба мо чӣ хел таъсир карда метавонад?
3 Оё шумо боре ҳис карда будед, ки ҳамимоне ё ҳатто бародари масъул нисбати шумо беадолатона рафтор кард? Эҳтимоли зиёд аст, ки он бародар қасдан дили шуморо ранҷондан намехост (Рум. 3:23; Яъқ. 3:2). Лекин ба ҳар ҳол шумо аз ӯ хафа шудед. Шояд дар бораи он воқеа фикр карда хоб аз чашмонатон парид ва ҳатто ба саратон чунин фикр омад: «Наход бародари масъул чунин рафтор кунад?! Магар ин дар ҳақиқат ташкилоти Худо аст?» Шайтон мехоҳад шумо айнан ҳамин хел фикр кунед (2 Қӯр. 2:11). Чунин фикрҳои нодуруст шуморо аз Яҳува ва ташкилоташ ҷудо карда метавонад. Пас, агар ҳис кунем, ки бародар ё хоҳаре нисбати мо беадолатона рафтор кардааст, чӣ хел ҳушёриро нигоҳ дошта ба ақлу диламон фикрҳои нодурустро роҳ надиҳем?
4. Вақте бо Юсуф беадолатӣ карданд, чӣ хел ӯ ҳушёриро нигоҳ дошт ва мо аз ӯ чӣ дарс мегирем? (1 Мӯсо 50:19–21).
4 Ба дил кина нагиред. Вақте Юсуф наврас буд, бародаронаш бо ӯ беадолатона рафтор карданд. Онҳо ӯро чашми дидан надоштанд, ҳатто баъзеашон мехостанд ӯро кушанд (1 Мӯсо 37:4, 18–22). Охиру оқибат бародаронаш Юсуфро ба ғуломӣ фурӯхтанд. Юсуф аз пушти онҳо шуда бо душвориҳои сахт рӯ ба рӯ шуд, ки 13 сол давом ёфтанд. Ӯ ба муҳаббати Яҳува шубҳа карда метавонист ва фикр карданаш мумкин буд, ки Яҳува дар лаҳзаҳои душвори ҳаёташ ӯро партофтааст. Бо вуҷуди ин Юсуф ба ғазаб наомад, баръакс, ором монда ҳушёриро аз даст надод. Вақте фурсат пайдо шуд, ӯ қасос нагирифт, балки муҳаббат нишон дода бародаронашро бахшид (1 Мӯсо 45:4, 5). Чаро Юсуф ин тавр рафтор кард? Зеро ӯ солимфикр буд. Юсуф диққаташро на ба душвориҳои худ, балки ба хости Яҳува равона мекард. (1 Мӯсо 50:19–21-ро хонед.) Мо аз мисоли Юсуф чӣ панд мегирем? Агар нисбати шумо беадолатона рафтор кунанд, аз Яҳува хафа нашавед ё гумон накунед, ки ӯ шуморо партофтааст. Беҳтараш андеша кунед, ки дар ин лаҳзаҳои душвори ҳаётатон чӣ хел ӯ шуморо дастгирӣ карда истодааст. Ғайр аз ин, вақте дигарон шуморо хафа мекунанд, кӯшиш кунед, ки нокомилии онҳоро бо муҳаббати худ рӯпӯш кунед (1 Пет. 4:8).
5. Вақте бо Микеас беадолатӣ карданд, ӯ чӣ хел ҳушёриро нигоҳ дошт?
5 Биёед мисоли Микеас b ном пири ҷамоатро дида бароем, ки аз Амрикои Ҷанубӣ мебошад. Як вақт баъзе бародарони масъул бо ӯ дағалона муносибат карданд. Микеас дар ин бора мегӯяд: «Ман дар умри сарам бо ин хел вазъияти ғамовар рӯ ба рӯ нашуда будам. Оромиро гум кардам, шабҳо бехобӣ мекашидам ва аз ночорӣ ҳатто гиря мекардам». Вале бародар Микеас дар ин ҳолат ҳушёриро аз даст надод ва бисёр кӯшиш мекард, ки ҳиссиёташро идора кунад. Чӣ ба ӯ ёрдам дод? Ӯ ба Яҳува тез-тез дуо мегуфт, рӯҳи муқаддас ва қувват мепурсид, то истодагӣ кунад. Инчунин аз адабиётамон мавзӯъҳоеро ҷустуҷӯ мекард, ки ба ӯ кумак карда метавонистанд. Мо аз саргузашти бародар Микеас чӣ меомӯзем? Агар нисбати шумо бародар ё хоҳаре нодуруст рафтор карда бошад, оромиро нигоҳ доред ва ба ҳиссиёти бад дода нашавед. Шумо мумкин надонед, ки чӣ сабаб шуду ӯ ин тавр рафтор кард. Барои ҳамин ба Яҳува дилатонро холӣ кунед, аз ӯ ёрдам пурсед, то ки ба масъала аз нигоҳи ӯ баҳо диҳед. Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки ба ниятҳои ҳамимонатон шубҳа накунед ва ӯро бахшед (Пнм. 19:11). Дар ёд доред, Яҳува аз чизе, ки байни шумо шуд, бохабар аст ва ба шумо қувват медиҳад, ки истодагӣ кунед (2 Воқ. 16:9; Пандгӯ 5:8).
ВАҚТЕ МОРО ИСЛОҲУ ТАРБИЯ МЕКУНАНД
6. Чаро ислоҳу тарбияи Яҳуваро чун изҳори муҳаббаташ қабул кардан муҳим аст? (Ибриён 12:5, 6, 11).
6 Танбеҳ дардовар буда метавонад. Агар мо диққатро танҳо ба ҳиссиёти худ равона кунем, шояд ба танбеҳ бо чашми кам нигарем ва гӯем, ки он ноҳақ аст ё ба мо дахл надорад. Дар натиҷа мо як чизи муҳимро, ки дар пушти ислоҳу тарбия меистад, сарфи назар мекунем — муҳаббати Яҳуваро нисбати худ. (Ибриён 12:5, 6, 11-ро хонед.) Бале, агар ҳиссиёти манфиамонро идора накунем, Шайтон ба мо зарар мерасонад. Охир, ӯ мехоҳад, ки мо танбеҳро рад карда, аз ҳама бадтараш, худро аз Яҳува ва ҷамоат дур гирем. Агар ба шумо танбеҳ дода бошанд, чӣ хел ҳушёриро нигоҳ дошта метавонед?
7. а) Мувофиқи расм чӣ хел Яҳува Петрусро баъди қабул кардани танбеҳ истифода бурд? б) Шумо аз мисоли Петрус чӣ меомӯзед?
7 Танбеҳро қабул карда ислоҳ шавед. Исо чанд бор Петрусро дар пеши расулон ислоҳ кард (Марқ. 8:33; Луқ. 22:31–34). Петрус аз ин хиҷолат кашида бошад ҳам, ба Исо содиқ монд. Ӯ насиҳатро қабул карда аз хатоҳояш бисёр чиз омӯхт. Дар натиҷа Яҳува Петрусро барои содиқиаш мукофот дод ва дар ҷамоат ба ӯ таъйиноти муҳимро бовар кард (Юҳ. 21:15–17; Кор. 10:24–33; 1 Пет. 1:1). Мо аз намунаи Петрус чӣ дарс мегирем? Вақте ба хиҷолати худ диққат намедиҳему танбеҳро қабул карда ислоҳ мешавем, ба худамон ва дигарон фоида меорем. Агар ин тавр кунем, Яҳува ва ҷамоат моро бештар истифода мебаранд.
8, 9. Баъди танбеҳ гирифтан Бернардо дар аввал чӣ ҳис кард, вале чӣ ба вай ёрдам дод, ки фикррониашро ислоҳ кунад?
8 Мисоли пири ҷамоат Бернардоро меорем, ки аз Мозамбик мебошад. Бернардо нақл мекунад, ки, вақте ӯро аз таъйиноташ озод карданд, дар аввал чӣ ҳис кард: «Ман хафа шудам, чунки танбеҳи гирифтаам ба ман маъқул нашуд». Ӯ хавотир буд, ки акнун дар ҷамоат дигарон дар борааш чӣ фикр мекунанд. Бернардо иқрор мешавад: «Ба ман якчанд моҳ даркор буд, ки ба вазъият дуруст назар андозам ва аз нав ба Яҳува ва ташкилоташ бовар кунам». Чӣ ба Бернардо ёрдам дод, ки фикррониашро ислоҳ кунад?
9 Ӯ мегӯяд: «Вақте ман пири ҷамоат шуда хизмат мекардам ба дигарон Ибриён 12:7-ро нишон дода мефаҳмондам, ки одам ба ислоҳу тарбияи Яҳува бояд назари дуруст дошта бошад. Акнун аз худам пурсидам: “Кӣ бояд ин оятро ба кор барад?” Ҳама ходимони Яҳува, аз он ҷумла худам». Бернардо бисёр кӯшиш кард, ки аз нав ба Яҳува ва ташкилот боварӣ пайдо кунад. Ӯ Каломи Худоро хонда бодиққат мулоҳиза меронд. Ҳарчанд Бернардо то ҳол хавотир буд, ки бародару хоҳарон дар борааш чӣ фикр доранд, бо онҳо ба хизмат мерафт ва дар вохӯриҳои ҷамоат иштирок мекард. Бо гузашти вақт ӯро аз нав пири ҷамоат таъйин карданд. Агар шуморо низ мисли бародар Бернардо танбеҳ дода бошанд, дар бораи ҳиссиёти худ бисёр фикр накунед, хубаш таълиму тарбияро қабул намуда ислоҳ шавед c (Пнм. 8:33; 22:4). Агар ин тавр кунед, Яҳува барои ба ӯ ва ташкилоташ содиқ монданатон шуморо баракат медиҳад.
ВАҚТЕ ҚАБУЛ КАРДАНИ ТАҒЙИРОТ ДУШВОР МЕГАРДАД
10. Кадом тағйирот, эҳтимол, садоқатмандии баъзе исроилиёнро санҷид?
10 Вақте дар ташкилот ягон тағйирот ба амал меояд, вафодории мо озмуда мешавад. Агар дар чунин маврид эҳтиёт нашавем, ҳатто аз Яҳува дур гашта метавонем. Биёед фаҳмем, ки, вақте Шариати Мӯсо пайдо шуд, чӣ гуна тағйирот ба миён омад ва ин ба баъзе исроилиён чӣ хел таъсир кард. Замоне, ки Шариат набуд, сардорони оила вазифаи коҳинонро иҷро мекарданд. Онҳо қурбонгоҳ месохтанд ва аз номи оилаашон ба Яҳува қурбонӣ меоварданд (1 Мӯсо 8:20, 21; 12:7; 26:25; 35:1, 6, 7; Айюб 1:5). Аммо баъди пайдо шудани Шариати Мӯсо ба сардорони оила дигар иҷозат набуд, ки қурбонӣ оранд, зеро Яҳува барои иҷрои ин кор хонаводаи Ҳорунро таъйин кард. Баъди ин тағйирот агар ягон сардори оила, ки аз авлоди Ҳорун набуд, қурбонӣ меовард, ба қатл расонда мешуд d (3 Мӯсо 17:3–6, 8, 9). Оё гуфтан мумкин аст, ки Қӯраҳ, Дотон, Абиром ва 250 нафар сарварон аз ҷумла барои ин тағйирот бар зидди Мӯсо ва Ҳорун исён бардоштанд? (4 Мӯсо 16:1–3). Мо дар ин бора аниқ намедонем. Чи хеле набошад, Қӯраҳ ва ҳамроҳонаш ба Яҳува содиқ намонданд. Агар дар ташкилот ягон дигаргунӣ шаваду вафодории шумо озмуда гардад, чӣ кор карда метавонед?
11. Мо аз мисоли қаҳотиён чӣ меомӯзем?
11 Вақте дар ташкилот тағйирот мешавад, пурра онро дастгирӣ кунед. Биёед боз ба таърихи халқи Исроил назар кунем. Вақте исроилиён дар биёбон буданд, қаҳотиён таъйиноти махсус доштанд. Ҳар боре ки исроилиён аз як ҷо ба дигар ҷо мекӯчиданд, баъзеи онҳо сандуқи аҳдро пешопеши халқ мебурданд (4 Мӯсо 3:29, 31; 10:33; Юшаъ 3:2–4). Ин таъйиноти пуршараф буд. Лекин, вақте исроилиён ба замини ваъдашуда даромаданд, вазъият тағйир ёфт. Дигар ба қаҳотиён лозим набуд, ки сандуқи аҳдро пайваста аз як ҷо ба дигар ҷо кӯчонанд. Барои ҳамин дар замонҳои шоҳ Сулаймон баъзеи қаҳотиён чун сарояндагон, баъзеи дигарашон дарбонон ва сардорони анбор таъйин шуданд (1 Воқ. 6:31–33; 26:1, 24). Дар ягон ҷойи Китоби Муқаддас гуфта намешавад, ки қаҳотиён шикоят намуданд ё талаб карда бошанд, ки ба онҳо мисли пештара таъйиноти махсус дода шавад. Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Биёед чӣ тағйироте дар ташкилот нашавад, аз таҳти дил онро қабул кунем, ҳатто агар он ба таъйиноти мо таъсир кунад. Аз ҳар таъйиноте, ки ба шумо дода мешавад, хурсандӣ гиред. Дар ёд дошта бошед, ки қадри шумо дар пеши Яҳува ба таъйинотатон вобаста нест. Яҳува назар ба таъйинот итоаткории шуморо бештар қадр мекунад (1 Подш. 15:22).
12. Вақте хизмати Зейна дар Байт-Ил тамом шуд, ӯ чӣ ҳис кард?
12 Биёед мисоли хоҳарамон Зейнаро дида бароем, ки аз Шарқи Миёна аст. Ӯ беш аз 23 сол дар Байт-Ил хизмат кард. Вале ӯ ин таъйиноти пуршарафашро аз даст дода соҳиби таъйиноти дигар шуд. Ӯ дар ин бора мегӯяд: «Аз ин дигаргунӣ ҳуш аз сарам парид. Ман худро нодаркор ҳис кардам ва чунин фикр ба сарам омад: “Хатои ман чӣ буд, ки таъйиноти маро дигар карданд?”» Баъзе бародару хоҳарон дар ҷамоат болои сӯхта намакоб ба ӯ чунин гуфтанд: «Агар ту нағз хизмат мекардӣ, ташкилот туро ҷавоб намедод». Аз ин суханон Зейна чанд вақт дилшикаста гашт ва шабҳо гиря мекард. Вале ӯ мегӯяд: «Ман ҳеҷ гоҳ шубҳа намекардам, ки Яҳува ва ташкилоташ маро дӯст медоранд». Чӣ хел хоҳарамон Зейна дар ин ҳолат ҳушёриро аз даст надод?
13. Чӣ тавр Зейна ба рӯҳафтодагиаш ғолиб омад?
13 Хоҳарамон Зейна бар рӯҳафтодагиаш ғолиб омад. Ӯ мақолаҳоеро мутолиа кард, ки ба вазъияташ дахл доштанд. Мақолаи «Бар рӯҳафтодагӣ ғолиб оед!» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 1-уми феврали соли 2001 (рус.) ба ӯ бисёр кумак кард. Дар ин мақола фаҳмонда шуда буд, ки, вақте таъйиноти нависандаи Китоби Муқаддас Марқус дигар шуд, ӯ ҳам чунин ҳиссиёт дошт. Зейна мегӯяд, ки намунаи Марқус ба дардаш дармон шуд. Боз чӣ ба ӯ кумак кард? Зейна бо дӯстонаш дар алоқа буд. Гӯшанишинӣ намекард ва худро бечора гирифта намешишт. Ӯ ба хулоса омад, ки Яҳува бо рӯҳи муқаддасаш қарорҳои ташкилотро роҳнамоӣ мекунад ва бародарон дар бораи ӯ ғамхорӣ мекунанд. Ҳамзамон Зейна дарк кард, ки барои ташкилоти Худо кори Яҳуваро пеш бурдан аз ҳама муҳим аст.
14. Ба бародар Владо кадом тағйиротро қабул кардан душвор буд ва чӣ ба ӯ кумак кард?
14 Бародар Владои 73-сола, ки аз Словения мебошад, бо дигар душворӣ рӯ ба рӯ шуд. Вақте ҷамоати ӯро бо дигар ҷамоат як карданд, Ибодатгоҳи онҳо маҳкам шуд. Ин дигаргунӣ ба ӯ писанд наомад. Ӯ мегӯяд: «Ман намефаҳмидам, ки барои чӣ Ибодатгоҳи хушрӯи мо маҳкам шуд. Ин ба ман сахт расид, чунки мо ба наздикӣ онро таъмир карда будем. Худи ман дуредгарам ва барои Ибодатгоҳамон якчанд мебел сохтам. Ба болои ин барои ман барин пиронсолон ба чунин тағйирот мутобиқ шудан осон нест». Чӣ ба бародар Владо ёрдам кард, ки мувофиқи дастуроти нав амал кунад? Ӯ мефаҳмонад: «Вақте мо ба тағйирот дар ташкилот мутобиқ мешавем, ҳамеша баракат меёбем. Ин моро ба тағйироти бузурги оянда тайёр мекунад». Оё ҷамоати шуморо низ бо дигар ҷамоат як карданд ё таъйиноти шумо дигар шуд? Боварӣ дошта бошед, ки Яҳува шуморо мефаҳмад. Агар чунин тағйиротро дастгирӣ карда ба Яҳува ва ташкилоташ содиқ монед, ӯ шуморо ҳатман баракат медиҳад (Заб. 18:25).
ДАР ҲАМА ҲОЛ ҲУШЁР БОШЕД
15. Вақте дар ҷамоат бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем, чӣ хел ҳушёриро нигоҳ дорем?
15 Бо наздик шудани анҷоми ин замона мо дар ҷамоат бо душвориҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки содиқиамонро ба Яҳува озмуда метавонад. Бинобар ин бояд ҳушёриро аз даст надиҳем. Пас, агар ҳис кунед, ки ҳамимоне нисбататон беадолатона рафтор кардааст, нагузоред, ки қаҳру хафагӣ дар дилатон хона кунад. Танбеҳ гирифта бошед, ба хиҷолатмандии худ нигоҳ накарда онро қабул кунед ва ислоҳ шавед. Агар дар ташкилоти Яҳува тағйироте шахсан ба шумо таъсир кунад, аз таҳти дил онро дастгирӣ карда мувофиқи дастурот амал намоед.
16. Шумо чӣ хел бовариатонро ба Яҳува ва ташкилоташ нигоҳ дошта метавонед?
16 Вақте вафодориатон озмуда мешавад, шумо ба Яҳува ва ташкилоташ бовариатонро нигоҳ дошта метавонед. Барои ин бояд ҳушёриро аз даст надиҳед, яъне орому солимфикр буда ба вазъият бо чашми Яҳува нигоҳ кунед. Дар Китоби Муқаддас намунаи шахсоне оварда шудааст, ки бар мушкилиҳояшон дастболо шуданд. Дар бораи онҳо хонда мулоҳиза ронед. Аз Яҳува дар дуо кумак пурсед ва худро аз ҷамоат дур нагиред. Он гоҳ чизе нашавад, Шайтон шуморо аз Яҳува ва ташкилоташ ҷудо карда наметавонад (Яъқ. 4:7).
СУРУДИ 29 Дар беайбӣ роҳ рав
a Вафодории мо ба Яҳува ва ташкилоташ хусусан вақте озмуда мешавад, ки дар ҷамоат бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем. Дар ин мақола мо се душвориро муҳокима карда мефаҳмем, ки чӣ хел ба Яҳува ва ташкилоташ содиқ монем.
b Баъзе номҳо иваз шудаанд.
c Барои гирифтани маслиҳатҳои дигар ба «Бурҷи дидбонӣ»-и 15 августи с. 2009, саҳ. 30, ба мақолаи «Можешь ли ты снова предоставить себя для особого служения?» нигаред.
d Мувофиқи Шариат агар сардори оила чорвоеро барои хӯрдан куштанӣ мешуд, бояд онро ба муқаддасгоҳ оварда ҳалол мекард. Вале оилаҳое, ки аз муқаддасгоҳ хеле дур зиндагӣ мекарданд, аз ин талабот озод буданд (5 Мӯсо 12:21).