Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 45

СУРУДИ 90 Мӯйи сафед — тоҷи зебоӣ

Аз васияти мардони бовафо ибрат гиред

Аз васияти мардони бовафо ибрат гиред

«Магар хирад дар байни куҳансолон нест? Магар фаҳм аз умри дароз намеояд?» (АЙЮБ 12:12).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки итоаткорӣ ба Яҳува имрӯз баракатҳо меорад ва дар оянда соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегардонад.

1. Чаро аз калонсолон омӯхтан лозим аст?

 ҲАР яки мо вақти баровардани қарори муҳим ба маслиҳат ниёз дорем. Ин маслиҳатро мо аз пирон ва масеҳиёни баркамоли ҷамоат пурсида метавонем. Агар шахси маслиҳатдеҳ синнаш аз мо хеле калон бошад, мо набояд чунин гӯем: «Ин маслиҳат куҳна шудааст ва ба замони мо рост намеояд». Яҳува мехоҳад, ки мо аз калонсолон панд омӯзем, чунки онҳо имконияти бештар доштанд, ки таҷриба омӯзанд ва хираду дониш ҷамъ оранд (Айюб 12:12).

2. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

2 Дар замонҳои пеш Яҳува ба воситаи пиронсолони вафодор халқашро рӯҳбаланду роҳнамоӣ мекард. Биёед намунаи Мӯсо, Довуд ва Юҳаннои расулро дида бароем. Онҳо дар замонҳои гуногун зиндагӣ мекарданд ва вазъияташон тамоман аз якдигар фарқ мекард. Дар охирҳои умрашон онҳо ба ҷавонон маслиҳати оқилона дода, фоидаи итоаткорӣ ба Худоро қайд карданд. Яҳува суханони хирадмандонаи онҳоро барои мо нигоҳ доштааст. Дида баромадани ин маслиҳатҳо ҳам ба ҷавонон ва ҳам ба калонсолон фоидаовар аст (Рум. 15:4; 2 Тим. 3:16). Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки аз васияти он мардони бовафо барои худ чӣ панд омӯхта метавонем.

«ТУ МУДДАТИ ДУРУДАРОЗ» ЗИНДАГӢ МЕКУНӢ

3. Мо дар бораи Мӯсо чиро медонем?

3Мӯсо худро пурра ба Яҳува бахшида буд. Ӯ пайғамбар, довар, сарфармондеҳ ва таърихнавис буд. Мӯсо бисёр марди рӯзгордида ва ботаҷриба буд. Ӯ халқи Исроилро аз ғуломӣ озод кард ва бо чашмони сар бисёр муъҷизаҳои Яҳуваро дид. Яҳува бо қалами ӯ панҷ китоби аввали Каломро навиштааст. Нависандаи боби 90-уми Забур ва, шояд, 91-ум ҳам, ӯ мебошад. Эҳтимоли зиёд аст, ки китоби Айюбро низ Мӯсо навиштааст.

4. Мӯсо бо суханонаш киро қувват бахшид ва чаро?

4 Каме пеш аз маргаш, дар синни 120-солагӣ, Мӯсо халқи Исроилро ҷамъ карда, воқеаҳои дидаву аз сар гузарондаашонро хотиррасон кард. Баъзе аз ҳузурдоштагон дар ҷавонӣ бо ду чашми худ аломату муъҷизаи Яҳува ва доварӣ шудани мисриёнро дида буданд (2 Мӯсо 7:3, 4). Баҳри Сурх ҷудо шуда, онҳо соқу саломат аз он гузаштанд ва ғарқ шудани лашкари фиръавнро диданд (2 Мӯсо 14:29–31). Дар биёбон бошад, ғамхорию ҳимояи Яҳуваро ҳис карданд (5 Мӯсо 8:3, 4). Акнун ки онҳо дар остонаи Замини ваъдашуда буданд, Мӯсо фурсати охиринро ғанимат дониста, онҳоро васият кард a.

5. Суханони охирини Мӯсо исроилиёнро чӣ дилпурӣ бахшид? (5 Мӯсо 30:19, 20).

5Мӯсо чӣ гуфт? (5 Мӯсо 30:19, 20-ро хонед.) Халқи Исроил соҳиби ояндаи беҳтарин шуда метавонист. Бо баракати Яҳува онҳо имкон доштанд дар Замини ваъдашуда умри дароз бинанд. Ин замин бисёр зебову ҳосилхез буд. Мӯсо онро чунин тасвир кард: «Яҳува. . . туро соҳиби шаҳрҳои бузург ва хубе гардонад, ки ту бино накардаӣ, хонаҳои пур аз ҳар неъмат, ки барои онҳо заҳмат накашидаӣ, ҳавзҳои сангӣ, ки ту накандаӣ, токҳои ангур ва дарахтони зайтун, ки ту нашинондаӣ» (5 Мӯсо 6:10, 11).

6. Чаро Яҳува роҳ дод, ки халқҳои дигар Исроилро забт кунанд?

6 Мӯсо ҳамчунин исроилиёнро огоҳ кард, ки, агар онҳо дар ин сарзамини ҳосилхез умр ба сар бурданӣ бошанд, бояд амрҳои Яҳуваро иҷро кунанд. Мӯсо ба онҳо маслиҳат дод, ки Яҳуваро гӯш кунанд ва ба ӯ бичаспанд, то соҳиби ҳаёт шаванд. Лекин исроилиён ба ин маслиҳат гӯш надода, ба Яҳува нофармонӣ карданд. Аз ин рӯ Яҳува роҳ дод, ки ошуриён ва баъдтар бобилиён халқи Исроилро забт карда, ба асирӣ баранд (4 Подш. 17:6–8, 13, 14; 2 Воқ. 36:15–17, 20).

7. Мо аз суханони Мӯсо чӣ меомӯзем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

7 Дарс барои мо. Итоаткорӣ сӯйи ҳаёт мебарад. Ба монанди исроилиёне, ки дар остонаи Замини ваъдашуда буданд, мо дар замони омад-омади дунёи нав зиндагӣ дорем ва шоҳиди он мешавем, ки чӣ хел Худо заминро ба биҳишт табдил медиҳад (Иш. 35:1; Луқ. 23:43). Дар он ҷо Шайтон ва девҳояш намешаванд (Ошкор. 20:2, 3). Дигар дини дурӯғ одамонро аз Яҳува дур намекунад (Ошкор. 17:16). Ҳокимиятҳои инсонӣ мардумро озор намедиҳанд (Ошкор. 19:19, 20). Дар биҳишт пайи қадами исёнкорон намешавад (Заб. 37:10, 11). Одамон дар ҳар гӯшаву канори замин ба амрҳои одилонаи Яҳува гӯш дода, дар сулҳу ягонагӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳамин тавр дар байнашон муҳаббату боварӣ пойдор мегардад (Иш. 11:9). Чӣ умеди зебое! Агар мо ба Яҳува итоаткор бошем, садсолаҳо неву ҷовидона умр ба сар мебарем (Заб. 37:29; Юҳ. 3:16).

Агар мо ба Яҳува итоаткор бошем, садсолаҳо неву ҷовидона умр ба сар мебарем (Ба сархати 7 нигаред.)


8. Чӣ тавр умеди ҳаёти ҷовидона ба як миссионер қувват бахшид? (Яҳудо 20, 21).

8 Агар умеди ҷовидона зистанро дар сарамон нигоҳ дорем, бо чӣ душворие рӯ ба рӯ нашавем, онро паси сар карда метавонем. (Яҳудо 20, 21-ро хонед.) Бо ёрии ин умед метавонем бо сустиҳои ҷисмамон мубориза барем. Миссионери ботаҷрибае аз Африқо, ки бо як майли нафсонӣ муборизаи тӯлонӣ дошт, чунин мегӯяд: «Вақте фаҳмидам, ки ҳамин душворӣ маро аз ҳаёти ҷовидонӣ маҳрум сохта метавонад, Яҳуваро зориву илтиҷо карда, бо ғайрати тамом аз пайи решакан кардани он шудам. Бо ёрии ӯ ман ба ин сустиям ғолиб баромадам».

«КОМЁБ МЕШАВӢ»

9. Довуд дучори кадом озмоишҳо гашт?

9Довуд шоҳи бузург буд, ӯ ҳамчунин навозанда, нависанда, ҷанговар ва пайғамбар буд. Дар давоми ҳаёташ ӯ бисёр душвориҳоро паси сар карда буд. Аз пушти Шоули ҳасадхӯр ӯ якчанд сол гуреза шуд. Баъд аз подшоҳ шуданаш ҳам, Довуд барои халосии ҷонаш аз писари худ Абшолӯм, ки соҳиби тахт шуданӣ буд, гурехт. Ба душвориҳои зиёд ва хатоҳояш нигоҳ накарда Довуд то охири умраш ба Яҳува содиқ монд. Яҳува Довудро «шахси табъи дилам» гуфтааст. Аз ин рӯ ба васияти Довуд гӯш кардан меарзад (Кор. 13:22; 3 Подш. 15:5).

10. Чаро Довуд писараш Сулаймонро насиҳат кард?

10 Биёед дида бароем, ки Довуд ба писараш ва ворисаш Сулаймон чӣ маслиҳат медиҳад. Сулаймони ҷавонро Яҳува интихоб карда буд, то парастиши покро пеш барад ва барои ҷалол додани номи Худо ибодатгоҳ созад (1 Воқ. 22:5). Сулаймон бо душвориҳо, ҳатто бо хатар рӯ ба рӯ шуда метавонист. Биёед бинем, ки Довуд ба вай чӣ маслиҳат дод.

11. Мувофиқи 3 Подшоҳон 2:2, 3 Довуд ба писараш Сулаймон чӣ маслиҳат дод ва чӣ тавр ин суханон рост баромаданд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

11Довуд чӣ гуфт? (3 Подшоҳон 2:2, 3-ро хонед.) Довуд ба писараш гуфт, ки, агар ба Яҳува итоаткор бошад, дар ҳаёт комёб мегардад. Сулаймон ба ин маслиҳат гӯш дода, солҳои дароз аз бисёр ҷиҳат комёб гашта буд (1 Воқ. 29:23–25). Масалан, ӯ ибодатгоҳи боҳашамат сохт, якчанд китоби Каломро навишт ва бо хираду боигарияш ном баровард (3 Подш. 4:34). Мувофиқи гуфтаҳои Довуд корҳои Сулаймон то вақте барор меёфт, ки ба Яҳува итоаткор мемонд. Сад афсӯс ки, Сулаймон баъдтар ба дигар худоён рӯ овард ва марҳамати Яҳуваро аз даст дод. Оқибат бе хиради Худо Сулаймон халқро аз рӯйи адлу инсоф роҳнамоӣ карда натавонист (3 Подш. 11:9, 10; 12:4).

Аз васияти Довуд ба Сулаймон мефаҳмем, ки, агар ба Худо итоаткор бошем, ӯ ба мо хирад медиҳад, то қарорҳои дуруст барорем (Ба сархатҳои 11 ва 12 нигаред.) b


12. Аз суханони Довуд мо чӣ дарс мегирем?

12 Дарс барои мо: Итоаткорӣ комёбӣ меорад (Заб. 1:1–3). Албатта, Яҳува ваъда намедиҳад, ки моро мисли Сулаймон бою машҳур мегардонад. Лекин, агар ба Худо итоаткор бошем, ӯ ба мо хирад мебахшад, ки қарорҳои дуруст барорем (Пнм. 2:6, 7; Яъқ. 1:5). Маслиҳатҳои ӯ дар ҳама ҷонибҳои ҳаёт корбурдиянд, аз ҷумла дар мавриди кор, таҳсил, вақтхушӣ ва пул. Агар хиради Худоро ба кор барем, оқибати талхи хаторо намечашем, дӯстони вафодор пайдо мекунем ва дар зиндагӣ хушбахтиро меёбем (Пнм. 2:10, 11).

13. Кармен чӣ тавр комёбӣ ба даст овард?

13 Хоҳарамон Кармен аз Мозамбик фикр мекард, ки маълумоти олӣ калиди комёбист. Ӯ дар донишгоҳ таҳсил карда, меъмориро меомӯхт. Хоҳарамон мегӯяд: «Таҳсил ба ман маъқул буд, лекин он вақт ва қуввати зиёдамро мегирифт. Ман аз соати ҳафту ними саҳар то шаши бегоҳ дар донишгоҳ будам. Аз ин рӯ ба ҷамъомадҳо рафтанам хеле душвор гашт ва саломатии рӯҳониям низ зарар дида буд. Дар таги дилам дарк мекардам, ки ман ба ду хӯҷаин хизмат карда истодаам» (Мат. 6:24). Кармен дар ин бора дуо гуфта, адабиётҳоямонро меомӯхт. Ӯ илова мекунад: «Баъд аз он ки аз бародарони баркамол ва модарам маслиҳати пухта гирифтам, донишгоҳро партофтаму хизмати пурравақтро сар кардам. Ин қарори беҳтарини ҳаётам буд. Ман заррае ҳам пушаймон нестам».

14. Мӯсою Довуд дар васияташон чиро қайд карданд?

14 Мӯсову Довуд Яҳуваро дӯст медоштанд ва қадри итоаткорӣ ба Худоро медонистанд. Бо суханони вопасинашон онҳо шунавандаҳояшонро даъват карданд, ки мисли онҳо ба Яҳува бичаспанд. Ҳамчунин ҳар дуи онҳо огоҳ намуданд, ки касе аз Яҳува рӯ гардонад, аз марҳамату баракатҳои ваъдагияш маҳрум мешавад. Маслиҳатҳои онҳо то ба имрӯз фоиданоканд. Асрҳо пас як хизматгори дигари Яҳува арзиши вафодорӣ ба Худоро нишон дод.

«ХУРСАНДИИ БЕШТАРЕ НЕСТ»

15. Юҳаннои расул дар давоми ҳаёташ шоҳиди чӣ гашта буд?

15Юҳанно расули дӯстдоштаи Исои Масеҳ буд (Мат. 10:2; Юҳ. 19:26). Ӯ аз аввал то охири хизмати заминии Исо ҳамроҳаш буд, шоҳиди муъҷизаҳои ӯ гашта буду дар сахтиҳои зиндагӣ дар бараш буд. Юҳанно кушта шудани Исо ва баъд аз зинда шуданаш ҳам ӯро дида буд. Ҳамчунин ӯ шоҳиди он гашта буд, ки дар асри як гурӯҳи хурди масеҳиён сершумор мегашту хушхабарро «ба тамоми офаридаҳои зери осмон» эълон мекард (Қӯл. 1:23).

16. Кӣ аз номаҳои Юҳанно фоида гирифта метавонад?

16 Дар охирҳои умраш Юҳанно дар як кори пуршараф иштирок кард: ӯ дар навиштани Каломи Худо саҳм гузошт. Ӯ воқеаҳоеро, ки «Худо ба воситаи Исои Масеҳ» ошкор кард, рӯйи қоғаз овард (Ошк. 1:1). Юҳанно ҳамчунин зери илҳоми илоҳӣ як китоби Хушхабар ва се номаро навиштааст. Дар сеюм номааш ӯ ба Ғоюс муроҷиат мекунад, ки ӯро фарзанди азизи худ медонист (3 Юҳ. 1). Бовар дорем Юҳанно он вақт фарзандони рӯҳонии зиёд дошт. Биёед бо насиҳатҳои ин марди боимон шинос шавем, ки то ба имрӯз масеҳиёнро қувват мебахшанд.

17. Мувофиқи 3 Юҳанно 4 чӣ хурсандии бузург меорад?

17Юҳанно чӣ навишт? (3 Юҳанно 4-ро хонед.) Юҳанно навишт, ки итоаткорӣ ба Худо шодӣ меорад. Вақти навиштани сеюм номааш баъзеҳо таълимоти дурӯғро паҳн мекарданд ва дар ҷамоат ҷудоӣ меандохтанд, вале баъзеи дигар «бо роҳи ростӣ» равона буданд. Онҳо ба Яҳува итоат намуда, «аз рӯйи амрҳои Худо» рафтор мекарданд (2 Юҳ. 4, 6). Ин масеҳиёни бовафо на танҳо Юҳанноро хурсанд мекарданд, балки дили Яҳуваро низ шод мегардонданд (Пнм. 27:11).

18. Мо аз суханони Юҳанно чӣ меомӯзем?

18 Дарс барои мо: Вафодорӣ хурсандӣ меорад (1 Юҳ. 5:3). Донистани он ки мо дили Яҳуваро шод мегардонем, ба мо хурсандӣ меорад. Вақте мо ҳавасу хоҳишҳои ҷаҳонро рад мекунем ва роҳи ростиро интихоб мекунем, Яҳува хурсанд мешавад (Пнм. 23:15). Фариштагон низ дар осмон шодӣ мекунанд (Луқ. 15:10). Мо аз дидани он ки ҳамимононамон дар озмоишу васвасаҳо сар хам намекунанд, дилшод мегардем (2 Тас. 1:4). Вақте дунёи нав меояд, мо бо сари баланд ва дили хушнуд мегӯем: «Ман ба Шайтон гардан нафуроварда, ба Яҳува вафодор мондам».

19. Рейчел ба дигарон роҳи ростиро таълим дода, чӣ ҳис мекунад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

19 Вақте ростиро ба дигарон мерасонем, аз ин беҳад хушнуд мегардем. Хоҳарамон Рейчел аз Ҷумҳурии Доминикана кори шогирдсозиро беҳад қадр мекунад. Барояш ба дигарон дар бораи Худои беҳамтоямон таълим додан пуршарафтарин кор аст. Дар бораи фарзандони рӯҳонияш фикр карда, Рейчел чунин мегӯяд: «Дидани он ки омӯзандаҳо меҳрашон ба Яҳува меафзояд, ӯро қалъаи худ меҳисобанд ва аз рӯйи хосташ зиндагӣ мекунанд, диламро лабрези шодӣ мегардонад. Барои пешравии омӯзандаҳо чӣ кӯшишу қурбониҳо накунӣ, меарзад».

Вақте омӯзандаҳо меҳрашон ба Яҳува меафзояду аз рӯйи хости ӯ зиндагӣ мекунанд, мо хурсанд мешавем (Ба сархати 19 нигаред.)


АЗ ВАСИЯТИ МАРДОНИ БОВАФО БАҲРА БАРЕД

20. Аз кадом ҷиҳат мо ба Мӯсо, Довуд ва Юҳанно монандем?

20 Замони Мӯсо, Довуд ва Юҳанно аз мо фарқ мекунад, лекин вазъиятамон аз бисёр ҷиҳат ба онҳо монанд аст. Онҳо Худои ҳаққониро парастиш мекарданд. Мо низ мисли онҳо ба Яҳува дуо мегӯем, ба ӯ такя мекунему аз ӯ роҳнамоӣ меҷӯем. Мисли он мардони солхӯрда мо бовар дорем, ки Яҳува ба сари хизматгорони итоаткораш баракаташро мерезад.

21. Касонеро, ки ба васияти Мӯсо, Довуд ва Юҳанно гӯш медиҳанд, чӣ баракатҳо дар пеш аст?

21 Биёед аз ин рӯ азм кунем, ки ба насиҳатҳои вопасини он мардони солхӯрда диққат дода, ба амрҳои Яҳува итоаткор бошем. Он гоҳ мо дар ҳар корамон комёб мегардем. Мо «муддати дурудароз» зиндагӣ мекунем — ҳаёти ҷовидонаро соҳиб мешавем (5 Мӯсо 30:20). Мо аз рӯйи хости Падари осмониямон зиндагӣ карда, шоду хуррам мешавем, зеро Яҳува ҳамаи ваъдаҳояшро тавре иҷро мекунад, ки дар ақлу тасаввурамон намеғунҷад (Эфс. 3:20).

СУРУДИ 154 Мо истодагӣ хоҳем кард

a Аксари исроилиёне, ки муъҷизаҳои Яҳуваро дар Баҳри Сурх диданд, ба Замини ваъдашуда надаромаданд (4 Мӯсо 14:22, 23). Яҳува қарор кард, ки ҳамаи онҳое, ки саршуморӣ шудаанд, аз 20-сола ва калонтар, дар ин биёбон мемуранд (4 Мӯсо 14:29). Лекин Юшаъ, Колеб ва бисёр ҷавонони аз бист поён ва касоне, ки аз қабилаи Левӣ буданд, аз дарёи Урдун гузашта, ба замини канъониён дохил шуданд (5 Мӯсо 1:24–40).

b ШАРҲИ РАСМ: Аз чап: Довуд писараш Сулаймонро васияти хирадмандона мекунад. Аз рост: Бародару хоҳарон дар Мактаби пешравон хиради Яҳуваро таълим мегиранд.