МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 46
СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон
Бародарон, барои хизматгузори ҷамоат шудан ҳаракат кунед
«Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад» (КОР. 20:35).
МАҚСАД
Ин мақола бародарони таъмидёфтаро ташвиқ мекунад, ки қадамҳои рӯҳонӣ гузошта, ба талаботи хизматгузори ҷамоат мувофиқат кунанд.
1. Павлуси расул ба хизматгузорон чӣ хел муносибат мекард?
ХИЗМАТГУЗОРОН дар ҷамоатҳо вазифаҳои муҳимеро иҷро мекунанд. Павлуси расул ин хизматгорони содиқи Яҳуваро қадр мекард. Масалан, ӯ ба масеҳиёни ҷамоати филиппӣ нома навишта, ба хизматгузорони ҷамоат дар қатори пирон салом фиристод (Флп. 1:1).
2. Луис дар бораи хизмати хизматгузорияш чӣ фикр дорад?
2 Бисёр бародарони таъмидёфта хоҳ ҷавон бошанд, хоҳ калонсол аз хизматгузори ҷамоат будан хурсандӣ мегиранд. Масалан, Деван вақти хизматгузор таъйин шуданаш 18-сола буд. Вақте бародаре бо номи Луисро хизматгузор таъйин карданд, синнаш аз 50 гузашта буд. Ӯ гапи дили бисёр хизматгузоронро баён карда гуфт: «Бароям супориши хизматгузориро ба ҷо овардан шарафи бузург аст. Хизмати бародару хоҳарони пурмуҳаббату қадрдонро ба ҷо овардан ба ман шодии зиёд мебахшад».
3. Мо кадом саволҳоро дида мебароем?
3 Агар шумо бародари таъмидёфта бошед ва ҳанӯз хизматгузори ҷамоат набошед, чунин мақсад гузошта метавонед? Аз кадом ният шумо бояд сӯйи ин мақсад ҳаракат кунед? Ба кадом талаботи Навиштаҳо шумо бояд мувофиқат кунед? Дар ин мақола мо ба ин саволҳо ҷавоб меёбем. Вале биёед аввал дар бораи нақши хизматгузори ҷамоат гап занем.
НАҚШИ ХИЗМАТГУЗОРИ ҶАМОАТ
4. Хизматгузорони ҷамоат кадом корҳоро мекунанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
4 Хизматгузори ҷамоат бародари таъмидёфтаест, ки бо роҳнамоии рӯҳи муқаддас таъйин шуда, дар иҷрои супоришҳои гуногун дар ҷамоат ба пирон дасти ёрӣ дароз мекунад. Баъзе хизматгузорон адабиёту минтақаро тақсим карда, ба воизон кумак мерасонанд. Баъзеи дигарашон дар таъмиру тоза кардани Ибодатгоҳ саҳм мегузоранд. Дигарон дар вақти вохӯриҳо мусиқию видео мемонанд. Барои иҷрои ин супоришҳо хизматгузорон бояд мардони кордону меҳнатӣ бошанд. Вале аввали аввал онҳо бояд одамони рӯҳонӣ бошанд, Яҳуваро дӯст доранд ва аз рӯйи меъёрҳои ахлоқияш зиндагӣ кунанд. Ҳамчунин онҳо бояд бародару хоҳаронро дӯст доранд (Мат. 22:37–39). Барои хизматгузори ҷамоат шудан кадом қадамҳоро гузоштан лозим аст?
5. Барои хизматгузор шудан бародар бояд чӣ кор кунад?
5 Дар Китоби Муқаддас талабот барои хизматгузорони ҷамоат оварда шудааст (1 Тим. 3:8–10, 12, 13). Ин талаботро аз Навиштаҳо омӯхта, шумо метавонед заҳмат кашеду ба онҳо мувофиқат кунед. Вале пеш аз сӯйи ин мақсад кӯшидан шумо бояд ниятҳои худро санҷед ва аз худ пурсед: «Барои чӣ ман хизматгузор шудан мехоҳам?»
ШУМО АЗ КАДОМ НИЯТ ХИЗМАТГУЗОР ШУДАН МЕХОҲЕД?
6. Бародар бояд аз кадом ният ба ҳамдинон хизмат кунад? (Матто 20:28; ҳамчунин ба расм нигаред.)
6 Беҳтарин намуна барои мо Исои Масеҳ аст. Ӯ аз муҳаббат хизматашро ба ҷо меовард — аз муҳаббат ба Падараш ва ба одамон. Аз муҳаббат ӯ заҳмат мекашид ва ғуломвор ба дигарон хизмат мекард (Матто 20:28-ро хонед; Юҳ. 13:5, 14, 15). Агар шумо ҳам аз муҳаббат хоҳед хизматгузори ҷамоат шавед, Яҳува кӯшишҳоятонро баракат медиҳад, то ба талаботаш ҷавобгӯ бошед (1 Қӯр. 16:14; 1 Пет. 5:5).
7. Чаро бародар набояд мартабахоҳу обрӯпараст бошад?
7 Дар ин ҷаҳон одамоне, ки сӯйи мақому мартаба мекӯшанд, соҳиби обрӯву эътиборанд, вале дар ташкилоти Яҳува ин хел нест. Бародаре, ки Исоро намунаи худ шумурда, Яҳуваю ҳамдинонашро дӯст медорад, аз пайи ҳокимият ва мақому мартаба нест. Агар ягон бародари мансабталош дар ҷамоат соҳиби таъйинот шавад, назараш баъзе корҳои одиро намегирад ва ӯ наметавонад ба гӯсфандони Яҳува ғамхорӣ кунад. Ӯ баъзе супоришҳоро ба шаъни худ раво намебинад ва онҳоро паст меҳисобад (Юҳ. 10:12). Яҳува ҳеҷ гоҳ чунин одами мартабахоҳу обрӯпарастро баракат намедиҳад (1 Қӯр. 10:24, 33; 13:4, 5).
8. Исо ба расулонаш чӣ маслиҳат дод?
8 Баъзан ҳатто шогидони Исо аз дилу нияти нодуруст соҳиби таъйинот шудан мехостанд. Боре ду шогирди Исо, Яъқубу Юҳанно, аз ӯ хостанд, ки дар Подшоҳияш болонишин шаванд. Исо онҳоро барои дархосташон таъриф накард. Ӯ ба 12 расулаш муроҷиат карда гуфт: «Ҳар кӣ дар байнатон бузург будан хоҳад, бояд хизматгори шумо шавад ва ҳар кӣ дар байни шумо аввалин будан хоҳад, бояд ғуломи ҳама шавад» (Марқ. 10:35–37, 43, 44). Бародароне, ки аз дилу нияти дуруст сӯйи таъйинотҳо мекӯшанд, яъне ба дигарон хизмат кардан мехоҳанд, барои ҷамоат баракат мешаванд (1 Тас. 2:8).
ЧӢ ТАВР ХОҲИШАТОНРО БЕШТАР ГАРДОНЕД?
9. Чӣ тавр хоҳиши ба дигарон хизмат карданро инкишоф диҳем?
9 Бешак, шумо Яҳуваро дӯст медореду мехоҳед ба дигарон хизмат кунед. Вале, шояд, шумо хоҳиши зиёд надошта бошед, ки барои хизматгузор шудан заҳмат кашед. Чӣ тавр хоҳишатонро зиёд карда метавонед? Шумо метавонед дар бораи шодие фикр кунед, ки аз хизмат ба бародару хоҳаронатон бармеояд. Исо гуфта буд: «Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Кор. 20:35). Ӯ аз рӯйи ин гуфтааш зиндагӣ мекард ва аз хизмат ба дигарон хурсандии ҳақиқӣ меёфт. Шумо низ метавонед чунин шодиро соҳиб шавед.
10. Исо чӣ тавр нишон дод, ки аз хизмати дигарон хурсандӣ мегирад? (Марқус 6:31–34).
10 Аз як воқеа мефаҳмем, ки Исо бо омодагӣ хизмати дигаронро ба ҷо меовард. (Марқус 6:31–34-ро хонед.) Боре ӯву шогирдонаш монда шуда, ба ҷойи ороме мерафтанд, то дар танҳоӣ дам гирифта тавонанд. Вале тӯдаи мардум пеш аз онҳо ба он ҷо расид. Онҳо мехостанд аз Исо таълим гиранд. Исо метавонист онҳоро дарҳол ҷавоб диҳад ё як-ду ҳақиқатро аз Калом таълим дода, ба хонаашон фиристад. Охир, ӯву шогирдонаш «барои хӯрокхӯрӣ вақт» наёфта буданд. Вале аз муҳаббат ба мардум Исо «чизҳои бисёрро ба онҳо таълим додан гирифт». Чаро ӯ онҳоро то бевақтӣ таълим дод? (Марқ. 6:35). Исо ин корро на аз ҳисси уҳдадорӣ, балки аз дилсӯзӣ кард. Ӯ одамонро дӯст медошт. Ба дигарон хизмат кардан ба Исо шодии бисёр меовард.
11. Чӣ тавр Исо хизмати шунавандагонашро ба ҷо овард? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
11 Хизмате, ки Исо ба тӯдаи мардум кард, фақат аз таълим иборат набуд. Ғамхории Исо боз дар он маълум шуд, ки муъҷизавор шикамашонро сер кард. Ӯ ба шогирдонаш фармуд, ки хӯрокро ба одамон тақсим кунанд (Марқ. 6:41). Бо ин кораш Исо нишон дод, ки чӣ тавр шогирдонаш хизмати дигаронро ба ҷо оварда метавонанд. Шогирдон аз он ки дар муъҷизаи Исо иштирок намуда, хӯрокро тақсим карданд, хеле шод шуданд. Охир, аз ин хӯрок «ҳама хӯрда сер шуданд» (Марқ. 6:42). Хизматгузорон низ имрӯз бо роҳҳои гуногун хизмати дигаронро ба ҷо меоранд. Албатта, ин ягона маротибае набуд, ки Исо роҳати дигаронро аз роҳати худаш боло гузошта буд (Мат. 4:23; 8:16). Тамоми умри заминии Исо дар хизмати дигарон гузашт. Ӯ миён баста ба дигарон ғамхорӣ мекард ва онҳоро таълим медод. Аз ин ӯ лаззату шодӣ меёфт. Агар шумо низ аз рӯйи фидокорӣ барои хизматгузор шудан қадамҳо гузоред, шодии беандозае мегиред.
12. Чаро набояд фикр кунем, ки ба ҷамоат ягон фоида оварда наметавонем?
12 Агар фикр кунед, ки ягон қобилияти махсус надоред, зиқ нашавед. Бешак, шумо баъзе феълу сифатҳои хуб доред ва ба ҷамоат фоида оварда метавонед. Бо дуову мулоҳиза 1 Қӯринтиён 12:12–30-ро дида бароед. Аз суханони Павлус маълум мешавад, ки шумо чун ҳар як хизматгори Яҳува дар ҷамоат нақши арзишманду босазое доред. Агар айни ҳол ба талаботи хизматгузори ҷамоат мувофиқат накунед, ғамгин нашавед. Чизеро, ки аз дастатон имрӯз биёяд, барои хизмати Яҳува ва кумаки бародару хоҳарон кунед. Дилпур бошед, ки пирон вақти супориш додан қобилиятҳои шуморо ба назар мегиранд (Рум. 12:4–8).
13. Дар бораи аксар талаботе, ки барои хизматгузорон аст, чӣ гуфтан мумкин?
13 Боз як сабаби сӯйи хизматгузорӣ ҳаракат кардан ин аст: аксари талаботи хизматгузорӣ ба тамоми масеҳиён дахл доранд. Ҳар як масеҳӣ бояд ба Яҳува наздик шавад, аз додан хурсандӣ гирад ва бо роҳу рафтораш барои дигарон намуна бошад. Барои ба ин мақсадҳо расидан бародар чӣ кор карда метавонад?
ҚАДАМҲОИ РӮҲОНӢ
14. Ибораи «ҷиддӣ бошанд» чӣ маъно дорад? (1 Тимотиюс 3:8–10, 12).
14 Биёед баъзе сифатҳоеро дида бароем, ки дар 1 Тимотиюс 3:8–10, 12 оварда шудаанд. (Оятҳоро хонед.) Хизматгузори ҷамоат «бояд ҷиддӣ» бошад. Калимаи ҷиддӣ ин ҷо ба маънои «сазовори эҳтиром», «обрӯманд» ва «соҳибиззат» омадааст. Ин маънои онро надорад, ки шахс набояд хандад ё набояд шӯхтабиат бошад (Пандгӯ 3:1, 4). Вале шумо бояд ба ҳама супоришҳоятон ҷиддӣ муносибат кунед. Агар шумо дар масъулиятшиносиву ҳалолкорӣ ном бароред, дар чашми аҳли ҷамоат соҳиби обрӯ мегардед.
15. Ибораи «дурӯягӣ накунанд» ва «аз пайи пулу моли ҳаром набошанд», чӣ маъно дорад?
15 «Дурӯягӣ накунанд» маънои онро дорад, ки шумо софдил, ростгӯ ва боваринок ҳастед. Чунин одам дар гапаш меистад ва дигаронро фиреб намедиҳад (Пнм. 3:32). «Аз пайи пулу моли ҳаром набошанд» маънои онро дорад, ки шахс дар масъалаҳои пуливу корӣ ростқавлу ҳалолкор аст. Чунин кас ба хотири пул шуда, бародару хоҳарони масеҳияшро истифода намекунад.
16. а) «Ба шаробнӯшӣ дода нашаванд» чӣ маъно дорад? б) «Дорои виҷдони пок» гуфта, чӣ дар назар дошта шудааст?
16 «Ба шаробнӯшӣ дода нашаванд» маънои онро дорад, ки кас бадмаст нест, ӯро дигарон арақхӯр намеҳисобанд. Одами «дорои виҷдони пок» касест, ки аз рӯйи амрҳои Яҳува зиндагӣ мекунад. Албатта, шумо нокомилед, вале, агар барои дӯсти Худо будан кӯшиш ба харҷ диҳед, дилатон орому беғам мешавад.
17. Бародар ҳангоми «санҷида» шудан чӣ тавр боваринок буданашро нишон дода метавонад? (1 Тимотиюс 3:10; ҳамчунин ба расм нигаред.)
17 «Санҷида шудаанд» дар ин оят ба кадом маъно омадааст? Аз кадом ҷиҳат бародаронро санҷидан даркор? Аз он ҷиҳат, ки супоришеро ба онҳо бовар кардан мумкин аст ё не. Аз ин рӯ ҳар гоҳе пирон ба шумо супориш медиҳанд, онро аз рӯйи дастуроташон ё аз рӯйи дастурамали ташкилот як ба як иҷро кунед. Ба супоришатон нағз сарфаҳм равед ва фаҳмед, ки онро бояд то кай тамом кунед. Вақте ҳар як вазифаатонро ҳалолкорона ба ҷо меоред, пешравиятон аз чашми ҷамоат пӯшида намемонад. Пирон, барои таълим додани бародарони таъмидёфта миён бандед. (1 Тимотиюс 3:10-ро хонед.) Оё дар ҷамоататон бародарони аз 10 то 14-сола ё ҷавонтар ҳастанд? Оё омӯзиши хуби шахсӣ доранд? Оё дар вохӯриҳо ва дар хизмат фаъоланд? Агар ҳа, ба онҳо мувофиқи шароиту синну солашон супоришҳо диҳед. Бо ҳамин роҳ шумо ба бародарони ҷавон имкон медиҳед, ки «санҷида шаванд». Он гоҳ аз синни 17-солагӣ онҳоро хизматгузори ҷамоат таъйин кардан мумкин.
18. «Айбе ёфт нашавад» гуфта, чӣ дар назар аст?
18 «Дар онҳо айбе ёфт нашавад» маънои онро дорад, ки касе шуморо набояд дар бадкорие айбдор карда тавонад. Албатта, масеҳиёнро метавонанд бардурӯғ айбдор кунанд. Исоро ҳам туҳмат мекарданд ва ӯ пешгӯйӣ кард, ки пайравонаш ҳам бо ин рӯ ба рӯ мешаванд (Юҳ. 15:20). Вале, агар шумо ҳам мисли Исо рафтори пок дошта бошед, дар ҷамоат соҳиби номи нек мешавед (Мат. 11:19).
19. Мақсади суханони «як зан дошта бошанд» чист?
19 «Як зан дошта бошанд». Яҳува дар аввал як зану як мардро офарида буд (Мат. 19:3–9). Масеҳӣ бояд мувофиқи ин намуна зиндагӣ кунад ва ба зино ҳаргиз даст назанад (Ибр. 13:4). Ҳамчунин шумо бояд ба зани худ вафодор бошед ва ба дигар занон таваҷҷуҳи ношоиста накунед (Айюб 31:1).
20. Чӣ тавр хизматгузорон «фарзандону аҳли хонадонашонро ба хубӣ саришта» карда метавонанд?
20 «Фарзандону аҳли хонадонашонро ба хубӣ саришта кунанд». Агар шумо сардори оила бошед, ба вазифаатон ҷиддӣ муносибат кунед. Парастиши оилавиятонро мунтазам гузаронед. Зуд-зуд бо ҳар як узви оилаатон хизмат кунед. Ба фарзандатон ёрӣ расонед, ки бо Яҳува худаш пайванди дӯстӣ пайдо кунад (Эфс. 6:4). Марде, ки оилаашро саришта мекунад, ба ҷамоат низ ғамхорӣ карда метавонад. (Бо 1 Тимотиюс 3:5 муқоиса кунед.)
21. Агар хизматгузори ҷамоат набошед, чӣ кор карда метавонед?
21 Бародарон, агар шумо хизматгузори ҷамоат набошед, маслиҳатҳои ин мақоларо дуо гуфта, дида бароед. Талаботи хизматгузорро бодиққат омӯзед ва барои ба онҳо ҷавобгӯ шудан меҳнат кунед. Дар бораи муҳаббататон ба Яҳува ва бародару хоҳарон андеша кунед. Майли хизмат ба онҳоро дар дилатон афзоед (1 Пет. 4:8, 10). Шодиеро, ки аз хизмат ба дигарон сар мезанад, чашед. Бигзор Яҳува қадамҳои шуморо сӯйи ин мақсади арзанда баракат диҳад! (Флп. 2:13).
СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо
a ШАРҲИ РАСМ: Аз тарафи чап Исо хоксорона хизмати дигаронро ба ҷо меорад; аз тарафи рост хизматгузоре ба бародари пиронсоле ёрӣ медиҳад.