Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 47

СУРУДИ 42 Нотавононро дастгирӣ намоед

Бародарон, ҳаракат кунед, ки пири ҷамоат шавед

Бародарон, ҳаракат кунед, ки пири ҷамоат шавед

«Ҳар касе нозир шудан хоҳад, кори хуберо орзу мекунад» (1 ТИМ. 3:1).

МАҚСАД

Мо баъзе талаботеро аз Китоби Муқаддас мебинем, ки пирони ҷамоат бояд ба онҳо мувофиқат кунанд.

1, 2. Вазифаҳои пири ҷамоат кадоманд?

 АГАР шумо муддате супориши хизматгузориро ба уҳда дошта бошед, сифатҳои зиёдеро инкишоф додаед, ки барои пирони ҷамоат заруранд. Чӣ тавр шумо сӯйи ин «кори хуб», яъне пири ҷамоат шудан ҳаракат карда метавонед? (1 Тим. 3:1).

2 Вазифаҳои пири ҷамоат кадоманд? Ӯ дар кори мавъиза пешсафу пешдаро аст, дар чӯпониву таълим заҳмат мекашад ва бо сухану рафтораш ҷамоатро обод месозад. Аз ин рӯ ҷойи ҳайраташ нест, ки Китоби Муқаддас ин бародаронро «ҳадия» меномад (Эфс. 4:8).

3. Бародар чӣ тавр пири ҷамоат шуда метавонад? (1 Тимотиюс 3:1–7; Титус 1:5–9).

3 Барои пири ҷамоат шудан чӣ кор кардан даркор аст? Пири ҷамоат шудан мисли ягон кор ёфтан дар ҷаҳон нест. Одатан дар ҷаҳон барои он ки соҳиби ягон кор шавӣ, донишу ҳунари касбӣ доштан бас аст. Барои пири ҷамоат шудан бошад, фақат ҳунари воизиву омӯзгорӣ доштан кам аст. Шумо бояд як қатор сифатҳоеро дошта бошед, ки дар 1 Тимотиюс 3:1–7 ва Титус 1:5–9 оварда шудаанд. (Оятҳоро хонед.) Дар ин мақола мебинем, ки аз пирон дар се соҳаи зиндагӣ чӣ талаб карда мешавад: соҳиб шудани обрӯйи нек дар даруни ҷамоат ва берун аз он, сарвари намунавии оила будан ва ба хизмати аҳли ҷамоат миён бастан.

ОБРӮЙИ НЕК ЁФТАН

4. «Беайб» будан чӣ маъно дорад?

4 Барои пири ҷамоат шудан шумо бояд «беайб» бошед. Ба кадом маъно? Ба он маъно, ки дар миёни ҷамоат соҳиби обрӯйи нек бошед ва бо рафторатон ба худ доғи бадномӣ нагиред. Пири ҷамоат, илова бар ин, бояд «дар миёни одамони беруна номи нек дошта бошад». Одамон метавонанд моро барои имонамон танқид кунанд, вале дар рафторамон набояд ягон айби ҷиддие ёбанд ва ягон зарра макру дурӯғ бинанд (Дон. 6:4, 5). Аз худатон пурсед: «Оё дар даруни ҷамоат ва берун аз он обрӯйи нек дорам?»

5. «Дӯстдори некӣ» чӣ гуна шахс аст?

5«Дӯстдори некӣ» одами некҷӯву некбин аст ва дигаронро барои сифатҳои хубашон таъриф мекунад. Ӯ бо дили шоду омода барои дигарон некӣ мекунад ва бо он чӣ талаб карда мешавад, қонеъ намегардад (1 Тас. 2:8). Чаро доштани ин сифат барои пирон зарур аст? Чунки вақти зиёди онҳо барои иҷрои супоришҳояшон ва чӯпонӣ кардани рамаи Яҳува сарф мешавад (1 Пет. 5:1–3). Ҳарчанд онҳо дар ин роҳ фидокориҳои зиёд мекунанд, шодие, ки аз додан бармеояд, арзандаи ҳар кӯшиш аст (Кор. 20:35).

6. Баъзе роҳҳои меҳмоннавозӣ кадом аст? (Ибриён 13:2, 16; ҳамчунин ба расм нигаред.)

6 Чӣ кор кунед, ки «меҳмоннавоз» бошед? Ба одамон некӣ кунед, ҳамчунин ба касоне, ки дӯстони наздикатон нестанд (1 Пет. 4:9). Дар як тафсири Китоби Муқаддас шахси меҳоннавоз чунин шарҳ дода мешавад: «Дари хонааш ва дари дилаш барои бегонагон бояд боз бошад». Аз худ пурсед: «Оё ман дар чашми дигарон одами меҳмоннавозам?» (Ибриён 13:2, 16-ро хонед.) Одами меҳмоннавоз некияшро аз меҳмонон дареғ намедорад. Аз ин рӯ ба қадри имконатон бо дигарон саховатманд бошед, аз ҷумла бо камбағалон, касони бечораву назарногир ва хизматгорони пурзаҳмати Яҳува, ба монанди нозири ноҳиявӣ ё бародаре, ки бо суханронӣ аз дигар ҷамоат омадааст (1 Мӯсо 18:2–8; Пнм. 3:27; Луқ. 14:13, 14; Кор. 16:15; Рум. 12:13).

Ҳамсарони меҳмоннавоз нозири ноҳиявӣ ва ҳамсарашро ба хонаашон қабул карданд (Ба сархати 6 нигаред.)


7. Чӣ тавр пир нишон дода метавонад, ки «пулпараст» нест?

7 Пири ҷамоат бояд «пулпараст набошад». Хоҳ бой бошед, хоҳ камбағал, ҳушу ёди шумо бояд ба пул неву ба кори Подшоҳӣ бошад. Бояд дар тамоми соҳаҳои зиндагиятон дида шавад, ки шумо кори Яҳуваро дар ҷойи аввал мемонед (Мат. 6:33). Вақт, қувват ва дороиятонро дар роҳи парастиши Яҳува, ғамхорӣ ба оила ва ҷамоататон истифода баред (Мат. 6:24; 1 Юҳ. 2:15–17). Аз худ пурсед: «Оё ба пул дилбастагӣ дорам? Оё бо чизҳои зарурӣ қаноат мекунам ё ҳар рӯз дар орзуи пулёбиву чизхариям?» (1 Тим. 6:6, 17–19).

8. Дар ҳар кор «андозашинос» будану «худдорӣ» кардан чӣ маъно дорад?

8 Агар хоҳед дар ҳар кор «андозашинос» бошед ва «худдорӣ» карда тавонед, дар ҳама соҳаи зиндагиятон ҳадду меъёрро риоя мекунед: дар хӯрдан, нӯшидан, пӯшидан, ороишу вақтхушӣ. Ҳадду андозашинос бошед, побанди мӯди замон нашавед (Луқ. 21:34; Яъқ. 4:4). Одами худдор кӯшиш мекунад дар ҳар вазъият ором бошад, ҳатто вақте ба асабаш мерасанд. Пири ҷамоат «бадмаст» нест. Ӯ обрӯйи касеро надорад, ки аз ҳад зиёд менӯшад. Аз худатон пурсед: «Оё аз тарзи ҳаётам маълум аст, ки ман худдорӣ дораму дар ҳар кор андозашиносам?»

9. Солимфикрӣ ва боинтизомӣ чиро дар бар мегирад?

9 Барои «солимфикр» будан шумо бояд ҳар як масъаларо бар тарозуи Калом баркашед. Андешаронии зиёд дар бораи принсипҳои Китоби Муқаддас шуморо дақиқандешу бофаҳм гардондааст. Шумо хулосаҳои шитобкорона намебароред, балки кӯшиш мекунед тамоми маълумоти заруриро ҷамъ оред (Пнм. 18:13). Дар натиҷа, шумо қарорҳои пухта мебароред, қарорҳое, ки аз нигоҳи Яҳува дурустанд. Одами «боинтизом» бошад, ҳама корро аз рӯйи назму тартиб ба ҷо меорад. Ӯ ҳамчун касе ном баровардааст, ки боваринок асту ҳамеша аз рӯйи дастурот амал мекунад. Бо чунин сифатҳо шумо соҳиби обрӯйи нек мешавед. Акнун биёед бинем, ки чӣ тавр сарвари намунавии оила буда, шумо ба талаботи Навиштаҳо ҷавобгӯ буда метавонед.

ДАР САРВАРӢ КАРДАНИ ОИЛААТОН НАМУНА БОШЕД

10. Чӣ тавр шахс нишон дода метавонад, ки хонаводаашро «нағз саришта» мекунад?

10 Агар шумо соҳиби оила бошед, дар ёд доред, ки пири ҷамоат шудан ё нашуданатон ба обрӯйи аҳли хонаводаатон ҳам вобаста аст. Аз ин рӯ шумо бояд «хонавода[атонро] нағз саришта» кунед. Шуморо бояд ҳамчун сарвари бамеҳр ва масъулиятдон шиносанд. Барои ин шумо бояд дар ҳар ҷониби парастиши Яҳува раҳбару раҳнамои аҳли оилаатон бошед. Павлуси расул чунин гуфт: «Агар ӯ чӣ тавр саришта кардани аҳли хонадони худро надонад, чӣ гуна метавонад ба ҷамоати Худо ғамхорӣ кунад?» (1 Тим. 3:5).

11, 12. Чӣ тавр рафтори фарзандон ба пири ҷамоат шудани шахс таъсир карда метавонад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

11 Агар шумо падар бошед, кӯдакони ноболиғатон бояд «гапгиру боодоб» бошанд. Онҳоро бо муҳаббат таълиму тарбия диҳед. Албатта, ҳаёти кӯдакон бе хандаву бозӣ намешавад. Вале, агар онҳоро тарбияи хуб дода бошед, онҳо гапгир, баҳурмат ва хушрафтор мешаванд. Ба фарзандонатон кумаки бисёр кунед, то дӯстии хуб бо Яҳува пайдо кунанд, аз рӯйи принсипҳои Калом зиндагӣ кунанд ва сӯйи таъмид қадам гузоранд.

12«Фарзандони имондоре дошта бошанд, ки онҳоро чун ишратпарасту саркаш нашиносанд». Агар дар оилаи бародар фарзанди имондораш ба гуноҳи ҷиддӣ даст занад, ин ба падари кӯдак, яъне ба бародар, чӣ тавр таъсир мекунад? Агар ӯ ба таълиму ислоҳи фарзандаш хунукназарӣ карда бошад, барои хизмати пириро ба ҷо овардан ҷавобгӯ нест. (Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 октябри соли 1996 саҳ. 21, сарх. 6, 7 (рус.) нигаред.)

Сардори оила бояд фарзандонашро таълим диҳад, ки барои Яҳува ва дигарон хизмат кунанд (Ба сархати 11 нигаред.)


ХИЗМАТИ ҶАМОАТРО БА ҶО ОРЕД

13. Чӣ тавр шумо нишон медиҳед, ки шахси «бомулоҳиза» ҳастед, на «худсар»?

13 Бародароне, ки сифатҳои неки масеҳиро нишон медиҳанд, барои ҷамоат арзиши зиёд доранд. Одами «бомулоҳиза» сулҳу осоиштагиро нигоҳ медорад. Агар хоҳед, ки дар мулоҳизакорӣ ном бароред, ба фикру ақидаи дигарон гӯш андозед. Тасаввур кунед, ки шумо аллакай пири ҷамоат шудаед. Дар вохӯрии ҳайати пирон аксарият ба қароре меоянд, ки табъи дили шумо нест. Агар ин қарор зидди Китоби Муқаддас набошад, шумо чӣ тавр рафтор мекунед? Оё бо аксарият розӣ мешавед? Пири ҷамоат «набояд худсар» бошад — ӯ набояд доим кӯшиш кунад гапашро гузаронад. Чунин бародар қадри маслиҳати дигаронро медонад (1 Мӯсо 13:8, 9; Пнм. 15:22). Пир ҳамчунин набояд «ҷанҷолӣ» ва «бадхашм» бошад. Сахтгапу дағалрафтор набошед, меҳрубону боадаб бошед. Шахсе, ки сулҳҷӯст, барои тинҷу ором кардани вазъият, ҳатто вақте ҳама асабониянд, қадами аввал мегузорад (Яъқ. 3:17, 18). Бо сухани нарматон шумо дили ёру рафиқ ва ҳатто мухолифонро мулоим карда метавонед (Дов. 8:1–3; Пнм. 20:3; 25:15; Мат. 5:23, 24).

14. «Навимон набошад» ва «вафодор бошад» гуфта, чӣ дар назар дошта шудааст?

14 Бародаре, ки пири ҷамоат шудан мехоҳад бояд «навимон набошад». Шарт нест, ки шумо солҳои зиёд таъмидёфта бошед, вале барои масеҳии баркамол шудан вақт даркор аст. Аз Исо ибрат гиред. Бо хоксорӣ ҳар як супоришеро, ки Яҳува медиҳад, ба ҷо оред ва пурсаброна таъйинотатонро интизор шавед (Мат. 20:23; Флп. 2:5–8). Чӣ тавр шумо «вафодор»-иятонро нишон дода метавонед? Агар дасти Яҳуваро маҳкам дореду аз рӯйи фармудаҳои ахлоқияш зиндагӣ кунед ва ба дастуроте, ки аз ташкилоташ мегиред, гӯш андозед (1 Тим. 4:15).

15. Оё барои пири ҷамоат шудан суханвари олидараҷа будан шарт аст? Фаҳмонед.

15 Дар Навиштаҳо рӯирост гуфта мешавад, ки пири ҷамоат бояд «ҳунари омӯзгорӣ» дошта бошад. Оё барои пири ҷамоат шудан суханвари олидараҷа будан даркор аст? Не. Бисёре аз пирони қобил ҳарчанд суханвари беҳтарин нестанд, вақти мавъиза кардан ё хабар гирифтани бародару хоҳарон хеле хуб таълим медиҳанд. (Бо 1 Қӯринтиён 12:28, 29 ва Эфсӯсиён 4:11 муқоиса кунед.) Вале, албатта, шумо барои сайқал додани ҳунари омӯзгориятон бояд пайваста заҳмат кашед. Чӣ тавр шумо дар омӯзгорӣ беҳтар шуда метавонед?

16. Шахс чӣ тавр омӯзгори хуб шуда метавонад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

16 Пири ҷамоат бояд «дар тарзи таълими худ ба паёми ростӣ бичаспад». Барои омӯзгори хуб шудан ҳангоми баромад кардан дар пеши ҳама ё ба касе маслиҳати шахсӣ додан дар асоси Каломи Худо сухан гӯед. Омӯзандаи хуби Калом ва адабиётамон бошед (Пнм. 15:28; 16:23; Тит. 1:9, поварақ). Вақти омӯзиш ба корбурди маслиҳатҳои Китоби Муқаддас диққати хоса диҳед. Вақти таълим додан кӯшиш кунед суханатон дилрас бошад. Агар аз пирони кордон маслиҳат ҷӯеду онро ба кор баред, дар ҳунари омӯзгорӣ ба пояи баландтар мебароед (1 Тим. 5:17). Пирон бояд бо насиҳаташон бародару хоҳаронро «рӯҳбаланд» кунанд, вале гоҳ-гоҳ бояд тайёр бошанд, ки касеро ислоҳ ё «сарзаниш» кунанд. Дар ҳар ҳол онҳо бояд меҳрубон бошанд. Агар шумо бародари мулоимгап ва пурмуҳаббат бошеду аз рӯйи Каломи Худо таълим диҳед, омӯзгори хуб мешавед, чунки аз Устоди бузург, Исо, ибрат мегиред (Мат. 11:28–30; 2 Тим. 2:24).

Хизматгузоре аз рӯйи Калом тасаллӣ бахшиданро ёд мегирад ва дар наздаш пири ботаҷрибае нишастааст. Хизматгузор ҳамчунин суханронияшро дар пеши оина машқ мекунад (Ба сархати 16 нигаред.)


МИНБАЪД НИЗ ҚАДАМҲОИ РӮҲОНӢ МОНЕД

17. а) Барои пир шудан хизматгузорон чӣ кор карда метавонанд? б) Вақте пирон муайян карданӣ мешаванд, ки ягон бародар ба талаботи пир шудан мувофиқ аст ё не, онҳо чиро бояд ба назар гиранд? (Ба чорчӯбаи « Пирон, хоксор бошед» нигаред.)

17 Баъди омӯхтани сифатҳои пирон, шояд, баъзе хизматгузорон хулоса кунанд, ки ҳеҷ гоҳ ба ин талабот ҷавобгӯ намешаванд. Вале дар ёд доред, ки на Яҳува ва на ташкилоташ аз шумо интизор нест, ки ин сифатҳои некро бекаму кост зоҳир кунед (1 Пет. 2:21). Ғайр аз ин, беҳбудии шумо дар ин ҷонибҳо на аз феълу табиататон, балки аз рӯҳи муқаддас аст (Флп. 2:13). Оё ягон сифатро бештар инкишоф додан мехоҳед? Дар дуо аз Яҳува кумак пурсед, ин мавзуъро аз адабиёт кобед ва аз ягон пир маслиҳат ҷӯед.

18. Ба хизматгузорон гузоштани кадом қадамҳо лозим аст?

18 Бисёре аз мо сифатҳоеро, ки дар ин мақола гуфта гузаштем, инкишоф дода истодаем. Пирон ҳам то ҳанӯз ин хислатҳоро сайқал медиҳанд (Флп. 3:16). Оё шумо хизматгузори ҷамоат ҳастед? Пас, мақсад монед, ки пири ҷамоат шавед. Аз Яҳува дар дуо ёрдам пурсед, то барои ба ҷамоат фоидаи бештар овардан шуморо таълиму шакл диҳад (Иш. 64:8). Бигзор Яҳува қадамҳои шуморо сӯйи ин мақсади арзанда баракат диҳад!

СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем