Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 44

СУРУДИ 38 Бори дилатро ба Яҳува парто

Дар вақти беадолатӣ чӣ кор кунем?

Дар вақти беадолатӣ чӣ кор кунем?

«Бо бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун» (РУМ. 12:21).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки вақти бо беадолатӣ рӯ ба рӯ шудан чӣ тавр вазъиятро аз будаш бадтар накунем.

1, 2. Вақте ба мо беадолатӣ мекунанд, чӣ ҳис мекунем?

 ДАР асри як Исо мисоли зани зулмдидаеро овард. Ин зан аз доваре талаб мекард, ки ба додаш расад. Ин мисол дарди ҳамзамонони Исоро бозгӯйӣ мекард. Шунавандагони зиёди ӯ аз тирҳои паёпайи беадолатӣ захмдор буданд (Луқ. 18:1–5). Имрӯз ҳам ин дард аз сари ҳар яки мо гузаштааст.

2 Имрӯз мо дар дунёи бадгумонӣ, нобаробарӣ ва зулму ситам зиндагӣ дорем. Аз ин рӯ, вақте беадолатиро мебинем, ҳайрон намешавем (Пандгӯ 5:8). Вале вақте бародар ё хоҳаре бо мо рафтори ноодилона мекунад, ин бароямон зарбаи ногаҳонист. Мо медонем, ки ҳамдинони мо душманони роҳи ҳақиқат нестанд, вале онҳо нокомиланд. Барои ҳамин онҳо аз рафтори ноодилона эмин нестанд. Биёед бинем, ки Исо ба беадолатии бадхоҳон чӣ тавр муносибат мекард. Ин мисолҳоро дида баромада, мо барои худ дарси ибрат мегирем. Охир, агар мо ба беадолатии бадхоҳон тоқат кунем, пас, набояд ба рафтори ноодилонаи ҳамдинонамон сабр кунем?! Вақте касе аз ҷамоат ё берун аз он ба мо беадолатӣ мекунад, Яҳува чӣ эҳсос мекунад? Оё ӯ ба ин бепарвост?

3. Мо аз куҷо медонем, ки, вақте ба мо беадолатӣ мекунанд, Яҳува ба ин бепарво нест?

3 Барои Яҳува муҳим аст, ки одамон бо мо чӣ хел муомила мекунанд, «зеро Яҳува инсофро дӯст медорад» (Заб. 37:28). Исо моро дилпур месозад: ҳамин ки вақташ биёяд, Худо «ба зудӣ ба доди [мо] мерасад» (Луқ. 18:7, 8). Ба қарибӣ ӯ тамоми ранҷу азияти моро ба шодӣ табдил медиҳад ва тухми ситаму беинсофиро аз ҷаҳон пок мекунад (Заб. 72:1, 2).

4. Дар вақти беадолатӣ Яҳува ба мо чӣ хел ёрдам мекунад?

4 То замони барпо гаштани адолат дар тамоми замин Яҳува моро таълим медиҳад, ки ба беадолатӣ чӣ тавр тоб орем (2 Пет. 3:13). Ӯ моро насиҳат медиҳад, ки вақте бо мо аз рӯйи инсоф амал намекунанд, бехирадӣ накунем. Бо ёрии беҳтарин намунаи ибратомӯз, Писараш, Яҳува моро таълим медиҳад, ки вақти сар задани беадолатӣ чӣ хел рафтор кунем. Боз ӯ ба мо маслиҳатҳои судманде дар ин бора додааст.

ҶАВОБИ ДУРУСТ БА БЕАДОЛАТӢ

5. Чаро дар вақти беадолатӣ мо бояд эҳтиёткор бошем?

5 Баъзан аз бедодиву беинсофӣ диламон реш-реш мешавад (Пандгӯ 7:7). Ин эҳсосот аз сари хизматгорони содиқи Худо, ба монанди Айюб ва Ҳабаққуқ низ гузашта буд (Айюб 6:2, 3; Ҳаб. 1:1–3). Аз ноадолатӣ ғамгину нороҳат шудан табиист, вале мо бояд эҳтиёт шавем, ки дар сари эҳсосот беақлона рафтор накунем.

6. Мо аз мисоли Абшолӯм чӣ дарс мегирем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

6 Баъзан аз беадолатӣ хунамон ба ҷӯш меояду мо масъаларо ба дасти худ мегирем. Чунин рафторамон вазъиятро аз будаш бадтар карда метавонад. Биёед мисоли писари шоҳ Довуд Абшолӯмро дида бароем. Вақте фарзанди падараш Амнӯн хоҳараш Томорро таҷовуз кард, ӯ аз ғазаб дар гирифт. Аз рӯйи Шариати Мӯсо барои ин кораш Амнӯн сазовори марг буд (3 Мӯсо 20:17). Ҳарчанд сабаби ғазаби Абшолӯм фаҳмост, ӯ ҳақ надошт, ки масъаларо ба дасти худ гирад (2 Подш. 13:20–23, 28, 29).

Вақте Абшолӯм фаҳмид, ки бо хоҳараш беадолатона рафтор карданд, дар дил кина гирифт (Ба сархати 6 нигаред.)


7. Чӣ тавр беадолатӣ ба забурнавис таъсир кард?

7 Вақте мо мебинем, ки касе рафтори ноодилона мекунад ва барои ин кораш ҷазо намегирад, шояд, ба хулосае биёем, ки дурусткории мо беҳуда аст. Забурнавис шоҳиди он шуд, ки бадкорон ба росткорон зулму ситам мекарданд, вале кордашон болои равған буд. Ӯ навишт: «Чунинанд бадкорон, ки парвои ҷаҳонро надоранд» (Заб. 73:12). Таронасаро бедодию беадолатии бисёрро дида, қариб буд аз судмандии хизматаш ба Яҳува дилмонда шавад. Ӯ гуфт: «Барои фаҳмидани ин майна об мекардам, вале ин андешаҳо маро ғамгин месохтанд» (Заб. 73:14, 16). Ӯ ҳолаташро ошкор карда гуфт: «Ман қариб буд, ки қадамҳоям сӯйи дигар равад, кам монда буд, ки поям билағжад» (Заб. 73:2). Воқеаи ба ин монанд бо Алберто ном бародаре рӯй дод.

8. Бо як бародаре, ки ба беадолатӣ дучор шуд, чӣ рӯй дод?

8 Алберторо туҳмат карданд, ки гӯё ӯ як қисми хайрияҳои ҷамоатро дуздидааст. Дар натиҷа, ӯ аз таъйинотҳояш маҳрум шуд ва обрӯяш дар пеши касоне, ки аз ин масъала хабардор шуданд, рехт. Ӯ мегӯяд: «Аз ғаму алам ва ғазаб накафидаму бас». Ӯ пеши роҳи аламашро нагирифту оқибат рӯҳан суст шуд. Ӯ ҳатто ба муддати 5 сол ғайрифаъол буд. Аз мисоли Алберто мо мефаҳмем, ки алами беадолатиро дар дил парваридан чӣ хатарҳо дорад.

АЗ ИСО ИБРАТ ГИРЕД

9. Исо бо кадом бедодиҳо дучор гашт? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

9 Исо дар тобоварӣ ба беадолатӣ волотарин намуна гузоштааст. Ҳам наздикон ва ҳам бегонагон бо ӯ муносибати ноодилона мекарданд. Масалан, баъзе хешу табораш мегуфтанд, ки ӯ девона шудааст. Диндорони яҳудӣ ӯро ҳамдасту ҳампаймони девҳо меномиданд. Сарбозони румӣ ӯро масхара карда, мезаданд ва оқибат куштанд (Марқ. 3: 21, 22; 14:55; 15:16–20, 35–37). Вале Исо ба ҳамаи ин беадолатӣ тоб оварда, қасос нагирифт. Мо аз намунаи ӯ чӣ меомӯзем?

Исо дар тобоварӣ ба беадолатӣ волотарин намуна гузоштааст (Ба сархатҳои 9 ва 10 нигаред.)


10. Исо ба беадолатӣ чӣ тавр муносибат кард? (1 Петрус 2:21–23).

101 Петрус 2:21–23-ро хонед a. Ҳаёти Исоро омӯхта, мо мефаҳмем, ки вақти бо беадолатӣ дучор шудан чӣ тавр амал кунем. Ӯ медонист, ки кай гап занаду кай хомӯш монад (Мат. 26:62–64). Исо ба ҳар як туҳмате, ки дар ҳаққи ӯ гуфта мешуд, ҷавоб намедод (Мат. 11:19). Вақти ҷавоб гуфтан бошад, ӯ озордеҳонашро паст намезад ва ба касе таҳдид намекарду касеро наметарсонд. Исо худдориро пеша мекард, чунки «довариро ба Худои одил месупорид». Исо медонист, ки назари Яҳува муҳим аст, на инсон. Ӯ бовар дошт, ки вақташ биёяд, Яҳува ҳама чиро ҷо ба ҷо мекунад.

11 Дар кадом ҳолатҳо ҷавоб гуфтан бемаврид асту дар кадом ҳолатҳо бамаврид? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

11 Чӣ тавр мо аз Исо ибрат гирем? Вақте бо мо ноодилона рафтор мекунанд, мо бояд чӣ гуфтан ё нагуфтанамонро донем. Баъзе беадолатиҳо ночизанд, ба онҳо чашм пӯшидан мумкин аст. Баъзан, агар мо ягон чӣ гӯем, вазъият аз будаш бадтар мешавад. Аз ин рӯ, шояд, дар чунин мавридҳо қарор кунем, ки хомӯш мемонем (Пандгӯ 3:7; Яъқ. 1:19, 20). Гоҳе бошад, дар ҷавоби беадолатӣ ё барои пуштибонӣ кардан аз ростии Калом мо бояд ягон чӣ гӯем (Кор. 6:1, 2). Вале мо бояд бо оромӣ ва эҳтироми тамом сухан гӯем (1 Пет. 3:15) b.

Вақте бо мо ноодилона рафтор мекунанд, аз Исо ибрат гирифта, бояд чӣ гуфтан ё нагуфтанро донем (Ба сархатҳои 11 ва 12 нигаред.)


12. Чӣ тавр «довариро ба Худои одил» супорем?

12 Як роҳи дигари аз Исо ибрат гирифтан ин аст, ки довариро ба Худои одил супорем. Вақте дигарон моро туҳмати барноҳақ мекунанд ё аз рӯйи адлу инсоф бо мо рафтор намекунанд, мо медонем, ки Яҳува аз ҳақиқати ҳол огоҳ ҳаст. Донистани ин ба мо қувват мебахшад, ки ба беадолатӣ тоб орем. Охир, мо медонем, ки Яҳува оқибат масъаларо худаш ҳал мекунад. Вақте вазъиятро ба дасти Яҳува месупорем, намемонем, ки тухми аламу ғазаб дар замини диламон парвариш ёбад. Охир, дили пуралам шодиро мекушад. Ба эҳсосот дода шуда, мо аз пашша фил месозем ва дӯстиямонро бо Яҳува хароб мекунем (Заб. 37:8).

13. Чӣ тавр беадолатиҳоро паси сар кунем?

13 Албатта, мо наметавонем ба намунаи Исо бекаму кост пайравӣ кунем. Баъзан мо аз ягон гап ё кори худ пушаймон мешавем (Яъқ. 3:2). Баъзан бошад, беадолатӣ ба тану диламон чунон захме мегузорад, ки ҷонамон ба лаб меояд. Агар шумо ҳам аз чунин захмҳо азоб кашед, донед, ки Яҳува аз ҳолатон огоҳ ҳаст. Дарди шумо ба Исо ҳам ошност, ин азоб аз сари ӯ ҳам гузашта буд (Ибр. 4:15, 16). Ғайр аз намунаи Исо, Яҳува дар Каломаш якчанд маслиҳати дигарро ҷо додааст, ки дар беадолатиҳо ба мо қувват мебахшанд. Биёед ду ояти судмандро аз Нома ба румиён дида бароем.

«МОНЕД, КИ ХУДО ХАШМАШРО ФУРӮ РЕЗАД»

14. Суханони «монед, ки Худо хашмашро фурӯ резад» чӣ маъно доранд? (Румиён 12:19).

14Румиён 12:19-ро хонед. Дар ин ҷо Павлус ба масеҳиён маслиҳат медиҳад: «Монед, ки Худо хашмашро фурӯ резад». Маънои ин насиҳат чист? Мо бояд масъаларо ба Яҳува супорем, то ӯ беадолатиро бо роҳи худ ва дар вақте, ки худаш дуруст мешуморад, ҳал кунад. Ҳамин тавр мо мемонем, ки «Худо хашмашро фурӯ резад». Бародаре бо номи Ҷон, ки ба беадолатӣ дучор шуда буд, мегӯяд: «Ман худдорӣ мекардам, то вазъиятро ба дасти худ нагирам. Ба маслиҳати Румиён 12:19 гӯш дода, ман Яҳуваро интизор шудам».

15. Чаро роҳи аз ҳама беҳтарин масъаларо ба дасти Яҳува супоридан аст?

15 Вақте мо интизор мешавем, ки Яҳува худаш вазъиятро ҳал кунад, кори худро осонтар мекунем. Агар худамон аз пайи ҳалли вазъият гардем, асабонӣ мешавем, вале ба Яҳува такя карда, мо бори ташвишамонро сабук мекунем. Яҳува гӯё моро дилпур месозад: «Ин беадолатиро ба дасти ман супор, ман аз паяш мешавам». Биёед ба ваъдаи Яҳува — «ман сазо медиҳам», бовар кунем. Биёед дилпур бошем, ки ӯ масъаларо ба таври беҳтарин ҳал намуда, ҳисобро баробар мекунад. Маҳз ҳамин фикр ба Ҷон, ки дар боло дар борааш гуфтем, қувват бахшид. Ӯ мегӯяд: «Ман медонистам, ки, агар ба Яҳува такя кунам, ӯ ин масъаларо сад баробар аз ман беҳтар ҳал мекунад».

«БАДИРО БО НЕКӢ МАҒЛУБ КУН»

16, 17. Чӣ тавр бо ёрии дуо «бадиро бо некӣ мағлуб» кунем? (Румиён 12:21).

16Румиён 12:21-ро хонед. Павлус ба масеҳиён гуфт, ки бадиро бо некӣ мағлуб кунанд. Дар Суханронии болои кӯҳ Исо гуфт: «Душманони худро дӯст доред ва дар ҳаққи озордеҳони худ дуо гӯед» (Мат. 5:44). Исо худаш аз рӯйи ҳамин суханон амал мекард. Як андеша кунед, ки вақте сарбозони румӣ ӯро дар сутун мехкӯб карданд, Исо чӣ азобҳоеро аз сар гузаронд. Тасаввур кардани дарду шиканҷа, хориву зорӣ ва бедодиҳое, ки Исо ба онҳо тоб овард, бароямон хеле душвор аст.

17 Тамоми ин бедодию беадолатӣ некиро дар дили Исо мағлуб насохт. Ӯ сарбозонро лаънат нахонд, балки дар ҳаққашон чунин дуо гуфт: «Падар, онҳоро бубахш, зеро намедонанд, ки чӣ кор карда истодаанд» (Луқ. 23:34). Вақте мо дар ҳаққи озордеҳонамон дуо мегӯем, кинаву ғазаб дар диламон камтар мешавад ва ҳатто, шояд, назарамон дигар шавад.

18. Чӣ тавр дуо ба Алберто ва Ҷон кумак кард?

18 Ду бародаре, ки дар ин мақола аз онҳо ёдовар шудем, бо қуввати дуо ба беадолатиҳо тоб оварданд. Алберто мегӯяд: «Ман дар ҳаққи бародароне, ки ба ман беадолатӣ карда буданд, дуо гуфтам. Ман аз Яҳува гаштаву баргашта пурсидам, ки алами ин ноадолатиро аз дилам берун кунад». Хушбахтона, имрӯз Алберто ба Яҳува содиқона хизмат мекунад. Ҷон мегӯяд: «Ман борҳои зиёд дар ҳаққи бародаре, ки маро ранҷонда буд, дуо гуфтам. Қуввати ҳамин дуоҳо буд, ки ман ӯро дар дил ганда накарда, бахшида тавонистам. Бо ёрии дуои пайваста дилам оромӣ пайдо кард».

19. То анҷоми ин замона мо бояд чӣ кор кунем? (1 Петрус 3:8, 9).

19 Мо намедонем, ки то анҷоми ин замона чӣ қадар бедодиву беинсофиҳо моро дар пеш аст. Чӣ мушкилие бар сарамон наояд, биёед дуогӯиву кумакпурсиро бас накунем. Биёед аз намунаи Исо дар ноҳаққиҳову озорҳо ибрат гирем ва доимо принсипҳои Каломро ба кор барем. Агар ҳамин хел кунем, Яҳува баракатҳои бисёреро ба мо туҳфа мекунад. (1 Петрус 3:8, 9-ро хонед.)

СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост

a Петрус дар бобҳои 2 ва 3-юми номаи якумаш вазъиятҳоеро мисол меорад, ки масеҳиёни асри як аз тарафи хӯҷаинони сахтгир ё шавҳароне, ки ҳамимон набуданд, беадолатӣ медиданд (1 Пет. 2:18–20; 3:1–6, 8, 9).