Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САРГУЗАШТ

Дар замони ҷангу осоиштагӣ Яҳува моро қувват бахшид

Дар замони ҷангу осоиштагӣ Яҳува моро қувват бахшид

Пол: Мо беҳад дар ҳаяҷон будем. Моҳи ноябри соли 1985 мо ба ҷойи таъйинотамон Либерия, Африқои Ғарбӣ, равона будем. Ин аввалин сафари миссионериямон буд. Ҳавопаймои мо аввал ба Сенегал фуруд омад. Энн гуфт: «Як соат пас мо ба Либерия мерасем». Ҳамон замон эълоне садо дод: «Мусофироне, ки ба Либерия рафтанӣ ҳастанд, бояд ҳавопайморо холӣ кунанд. Аз сабаби дигаргунии сиёсӣ ба фурудгоҳи он ҷо фаромадан манъ шудааст». Дар Сенегал мо даҳ рӯз мондем ва миссионерони он ҷо моро бо худ гирифтанд. Он вақт мо хабарҳои даҳшатнокро мешунидем: мошинҳои боркаш мурдаҳои зиёдро мебурданд ва ҳар касе соати комендантиро риоя намекард, ҷо ба ҷо парронда мешуд.

Энн: Мо одамони хавфу хатарҷӯ набудем. Аз кӯдакиям маро «Энни тарсончак» меномиданд. Ман ҳатто барои аз роҳ гузаштан метарсидам. Лекин мо азм доштем, ки то ҷойи таъйинотамон рафта мерасем.

Пол: Зодгоҳи ману Энн Англияи Ғарбӣ мебошад ва мо аз якдигар 8 километр дуртар мезистем. Ҳар дуямон баъди хатми мактаби миёна ба маслиҳати волидони ман ва модари Энн гӯш дода, пешравиро сар кардем. Онҳо ҳамеша моро ҳавасманд мекарданд ва вақте мо хизмати пурравақтро сар кардем, хурсанд шуданд. Дар синни 19-солагиям маро ба Байт-Ил даъват карданд. Энн бошад, баъди оиладор шуданамон, соли 1982, маро ҳамроҳӣ кард.

Хатми Мактаби Ҷилъод, 8 сентябри 1985

Энн: Мо хизмати Байт-Илро беҳад дӯст медоштем, лекин орзуи хизмат дар ҷойҳои камвоиз ҳамеша дар диламон ҷӯш мезад. Дар Байт-Ил бо касоне, ки пеш миссионер буданд, суҳбат карда, ин хоҳишамон қавитар мегашт. Мо дар бораи ин орзуямон се сол, қариб ҳар шаб, дуо мегуфтем. Аз ин рӯ, вақте соли 1985 моро ба синфи 79-уми Мактаби Ҷилъод даъват карданд, беҳад шод шудем. Баъди хатми мактаб моро ба Либерия (Африқои Ғарбӣ) таъйин карданд.

МУҲАББАТИ ҲАМДИНОН ҚУВВАТАМОН МЕБАХШИД

Пол: Ҳамин ки иҷозат шуд, мо бо ҳавопаймои аввалин ба Либерия парвоз кардем. Дар он ҷо то ҳол вазъият хуб набуд, соати комендантӣ давом дошт. Ҳатто паққости мошинро шунида мардум ба воҳима афтода, мегурехт. Барои ором нигоҳ доштани асабҳоямон мо ҳар шаб порчаеро аз Забур мехондем. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мо таъйинотамонро хеле дӯст медоштем. Энн миссионер хизмат мекард, ман бошам, дар Байт-Ил бо Ҷон Чарук a ҳамкорӣ мекардам. Ӯ хело боз дар Либерия зиндагӣ мекард ва вазъияти бародару хоҳаронро нағз медонист. Ман аз ӯ бисёр чизро омӯхтам.

Энн: Чаро мо дарҳол хизматамонро дар Либерия дӯст доштем? Зеро муҳаббату вафодории бародару хоҳаронро дидем. Онҳо дар дилу дидаи мо нишастанд, мо мисли як оила гаштем. Маслиҳатҳои онҳо моро рӯҳан қувват мебахшид. Хизмат дар он ҷо орзуи ҳар як воизи боғайрат буд. Агар мо бо соҳибхонаҳо кӯтоҳ суҳбат карда, дарҳол мерафтем, ин ба онҳо маъқул намешуд. Одамон дар кӯчаҳо дар мавзуъҳои рӯҳонӣ гап мезаданд, ту метавонистӣ бемалол рафта, ба суҳбати онҳо ҳамроҳ шавӣ. Мо чунон омӯзандаҳои бисёр доштем, ки базӯр барои ҳамаашон вақт меёфтем. Ҳар як воиз ин хел мушкилиро орзу дорад!

ДАР ТАРСУ ХАВОТИРӢ ҚУВВАТ МЕЁБЕМ

Филиали Либерия бародарону хоҳарони аз ҷанг гурехтаро қабул мекунад. Соли 1990

Пол: Соли 1989, баъди чор соли каму беш тинҷию оромӣ ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Ин дигаргунии даҳшатнок буд. Шӯришгарон 2-юми июли соли 1990 маҳалеро, ки дар он Байт-Ил ҷойгир буд, аз худ карданд. Се моҳ мо аз ҳама канда будем, аз ҷумла бо оилаамон ва идораи марказӣ алоқа надоштем. Ҳама ҷо бесару сомонӣ, гушнагӣ ва таҷовуз паҳн шуда буд. Чунин аҳвол 14 сол давом ёфт ва ба тамоми мамлакат паҳн гашт.

Энн: Мардуми як қабила мардуми қабилаи дигарро мекуштанд. Каллабурони силоҳбадаст дар кӯчаҳо гашта, ҳама ҷоро ғорат мекарданд. Дар чашми баъзеяшон одамкушӣ ба қавли худашон «мурғкушӣ» буд. Дар ҷойҳое, ки шӯришгарон роҳҳоро банд карда буданд, мурдаҳо рӯ-рӯйи ҳам мехобиданд. Баъзеяшон ҳатто дар наздикии Байт-Ил буданд. Ҳамдинони вафодори мо низ кушта шуданд, аз ҷумла ду миссионери азизамон.

Бародару хоҳарон ҳаёташонро зери хатар монда, ҳамимононеро, ки ба қабилаи ҷабрдида дахл доштанд, пинҳон мекарданд. Миссионерону ходимони Байт-Ил низ ба ин бародарон дасти ёрӣ дароз мекарданд. Баъзе Шоҳидони гурезаро дар ошёнаи якуми филиал пинҳон мекарданду дигаронро дар болохона, бо соҳибхонаҳо. Бо мо ҳафт нафар зиндагӣ мекард.

Пол: Шӯришгарон ҳар рӯз ба Байт-Ил омада, хабар мегирифтанд, ки мабодо касеро пинҳон карда бошем. Мо чор нафарро барои назорат гузошта будем. Ду нафар даҳони дарвозаро посбонӣ мекарду ду нафари дигар онҳоро аз тиреза мушоҳида мекард. Агар бародарони посбон дасташонро ба пушт мекарданд, ин маънои онро дошт, ки шӯришгарон ба ғазаб омадаанд ва ду касе, ки аз тиреза нигоҳ мекард, бояд дарҳол дӯстонамонро пинҳон мекарданд.

Энн: Баъди ҳафтаҳои зиёд як гурӯҳи шӯришгарон ба Байт-Ил зада даромаданд. Ману як хоҳар ба ҳоҷатхона даромада, дарро маҳкам кардем. Дар он ҷо дар даруни анҷомхона як ҷойи баҷойӣ буд ва хоҳар ба он даромада пинҳон шуд. Шӯришгарон аз паси ман ба болохона баромада, бо ғазаб дарро мекӯфтанд. Пол барои кашол додани вақт ба онҳо гуфт: «Зани ман ба ҳоҷатхона даромадагӣ». Вақте ман он ҷойи баҷойиро маҳкам кардам, овоз баромад ва то ҷо ба ҷо кардани чизу чора хеле вақт сарф шуд. Аз тарс тамоми вуҷудам меларзид. Фикр кардам бо ин аҳвол дарро чӣ хел мекушода бошам. Дар таги дилам дуо гуфта, Яҳуваро тавалло кардам, ки ба ман ёрдам кунад. Баъд дарро кушодаму бо як оромии беихтиёр ба онҳо салом додам. Яке аз онҳо маро тела дода, ба ҳоҷатхона даромад. Ҳама чизҳои анҷомхонаро титу пит кард, вале худаш ҳайрон буд, ки касеро наёфт. Баъд ӯ бо ҳамроҳонаш дигар хонаҳо ва бомро кофтанд, лекин боз чизе наёфтанд.

НУРИ РОСТӢ МЕДУРАХШАД

Пол: Чор моҳ мо аз норасоии хӯрду хӯрок азоб мекашидем, лекин озуқаи рӯҳонӣ канда намешуд. Бисёр вақт мо барои хӯроки наҳорӣ чизе надоштем, лекин ибодати пагоҳӣ ҳама вақт мегузашт. Мо аз ин озуқаи рӯҳонӣ қувват мегирифтем.

Агар Худо накарда захираи хӯроквориву обамон тамом мешуд, мо маҷбур мешудем, ки аз филиал берун бароем. Он вақт ҳаёти бародару хоҳарони гурезаамон дар хатари марг мешуд, лекин Яҳува ҳамеша ба ёрдами мо мерасид. Баъзан ӯ дар вақти даркориву бо роҳҳои аҷоиб чизҳои заруриро ба мо мерасонд. Ӯ дар ҳаққи мо ғамхорӣ мекарду ба диламон оромӣ мебахшид.

Дунё ториктару ториктар мешуд, лекин нури ростӣ равшантару равшантар мегашт. Бародару хоҳаронамон борҳои зиёд маҷбур мешуданд, ки барои халосии ҷонашон гуреза шаванд, лекин бо истодагӣ имонашонро нигоҳ медоштанд. Баъзеҳо ҳатто мегуфтанд, ки ин ҷанг онҳоро ба душвориҳои азоби азим тайёр мекунад. Пирони далер ва бародарони ҷавон фидокорона дар ҳаққи ҳамимонон ғамхорӣ мекарданд. Вақте бародару хоҳарони гуреза якҷоя мешуданд, дар ҷойи нави зисташон аз пайи мавъиза мегаштанд. Онҳо дар беша ягон ҷойи қулайро интихоб карда, Ибодатгоҳи муваққатӣ месохтанд ва доимо вохӯриҳоро мегузаронданд. Дар биёбони беумедӣ вохӯриҳо ба онҳо як ҷаҳон умед мебахшид, кори мавъиза бошад, дармонбахши онҳо буд. Вақте ёрии башардӯстона меовардем, бисёр бародару хоҳарон ба ҷойи сару либос барои мавъиза сумка мепурсиданд. Аз ин дар чашмамон ашк ҳалқа мезад. Мардуми ғамзадаву даҳшатдидаи Либерия ташнаи хушхабар буданд. Вақте онҳо Шоҳидони хушбахту некбинро медиданд, ба ҳайрат меомаданд. Охир, халқи Худо дар байни ин торикиву зулмот мисли нур медурахшид (Мат. 5:14–16). Инро дида ҳатто баъзе ҷинояткорони ашадӣ ба сафи Шоҳидон ҳамроҳ мешуданд.

ДАР ҶУДОӢ ҚУВВАТ МЕЁБЕМ

Пол: Якчанд бор ба мо лозим омад, ки Либерияро тарк кунем, се бор ба муддати кӯтоҳ ва ду бор тамоми сол. Як хоҳари миссионер ҳиссиёти моро чунин тасвир кард: «Дар Ҷилъод моро таълим доданд, ки бародару хоҳарони маҳалли таъйинотамонро аз таҳти дил дӯст дорем. Аз ин рӯ, вақте онҳоро дар чунин вазъиятҳои душвор монда меравем, диламон садпора мешавад». Хушбахтона, моро ба давлатҳои ҳамсояи Либерия таъйин карданд, барои ҳамин чун пештара онҳоро дастгирӣ карда метавонистем.

Шоду хурсанд ба Либерия бармегардем. Соли 1997

Энн: Моҳи майи 1996 мо, чор Шоҳиди Яҳува, дар мошине бисёр ҳуҷҷатҳои муҳимро, ки бо хизмат дар Либерия алоқаманд буд, бор кардем. Мо мехостем онҳоро ба ҷойи камхатаре, ки 16 километр аз филиал дур буд, барем. Дар роҳ мо бо шӯришгарони пурғазаб вохӯрдем. Онҳо ба осмон тир холӣ карда, мошини моро манъ карданду сеямонро кашола карда бароварданд. Худашон бошанд, мошинро ҳай карда рафтанд. Пол дар даруни мошин буд. Мо тахта барин шах шуда меистодем, ки ногоҳ чашмамон ба Пол афтод. Ӯ ба тарафи мо меомад ва пешонияш пури хун буд. Дар аввал мо фикр кардем, ки ӯро парронданд. Баъд ба сарамон зад, ки, охир, агар ӯро мепарронданд, ӯ чӣ хел роҳ гашта метавонист. Яке аз авбошон вақти аз мошин тела додани Пол ӯро зада буд. Шукри Худо, ки ҷароҳаташ сахт набуд.

Каме баъдтар мо мошини боркашеро дидем, ки дар он ҳарбиён мардуми таҳҷоиро аз минтақаи ҷанг дуртар мебурданд. Он пури одам буд ва мо ҳам ба мошин часпидем. Ронанда чунон тез ҳай кард, ки қариб парида мерафтем. Мо ӯро зора задем, ки мошинро манъ кунад, лекин аз тарс гапи мо ба гӯшаш намедаромад. Мо бо як азоб расида омадем ва, вақте мошин манъ кард, мо аз ҳол рафта будем ва сар то поямон меларзид.

Пол: Баъд мо бо сару рӯйи чирку либосҳои дарида ба якдигар нигоҳ кардем. Боварамон намеомад, ки чӣ хел зинда мондем. Дар наздикиҳоямон як чархболеро дидем, ки бисёр ҷояш пайи тир дошт. Рӯзи дигар он бояд моро ба Серра-Леоне мебурд. Барои ҳамин мо шабамонро дар як ҷойи кушод рӯз кардем. Мо шод будем, ки сиҳат-саломат омада расидем, лекин диламон ба бародару хоҳарони либериягиямон месӯхт.

ДАР ДУШВОРИИ НАВ ҚУВВАТ МЕЁБЕМ

Энн: Вақте ба Байт-Или Фритаун (Серра-Леоне) расидем, бародарон дар ҳаққи мо ғамхорӣ карданд. Акнун мо дар амонӣ будем, лекин воқеаҳои гузашта ҳеҷ аз пеши назарам намерафт. Ман ҳамеша дар тарсу хавотирӣ будам, ба назарам метофт, ки ягон бадбахтӣ рӯй медиҳад. Ҳама ҷо дар назарам хира метофт, дунё гӯё воқеӣ набуд. Шабҳо ман аз арақи сард, ларза ва ваҳму воҳима бедор мешудам, нафаскашиям душвор мегашт. Пол аз дастонам гирифта, бароям дуо мегуфт. То ором шуданам мо сурудҳоямонро месароидем. Ба назарам метофт, ки ман девона шуда истодаам ва дигар миссионер хизмат карда наметавонам.

Баъд чизе рӯй дод, ки ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Худи ҳамон ҳафта мо ду маҷалла гирифтем. Яктояш «Бедор шавед» аз 8-уми июни соли 1996 буд, ки дар он мақолаи «Чӣ тавр аз ваҳму воҳима халос шавем?» (рус.) оварда шуда буд. Он вақт ман фаҳмидам, ки чаро бо ман чунин рӯй дода истодааст. Дуюмаш, «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми майи 1996 буд. Дар он мақолаи «Онҳо аз куҷо қувват ёфтанд?» (рус.) оварда шуда буд. Дар он расми шапараке буд, ки қаноташ зарар дидааст. Он ҷо гуфта мешуд, ки шапарак ба захми қаноташ нигоҳ накарда парвоз мекунаду ҳаёташро давом медиҳад. Ба ҳамин монанд, мо низ ба захмҳои рӯҳониямон нигоҳ накарда бо рӯҳи муқаддаси Яҳува дигаронро дастгирӣ карда метавонем. Ин хӯроки қувватбахши саривақтии Яҳува буд (Мат. 24:45). Ман чунин мақолаҳоро кофта, ҷамъ овардам. Муҳокимаи онҳо ба ман бисёр ёрдам кард. Бо гузашти вақт хотираҳои даҳшатнок маро мисли пештара ғам намедоданд.

ДАР ТАЪЙИНОТИ НАВАМОН ҚУВВАТ МЕЁБЕМ

Пол: Дар охирҳои соли 2004 қариб 20 сол мешуд, ки моро ба Либерия фиристода буданд. Он бароямон мисли хона гашта буд. Ҷанг ба охир расид ва бародарон дар филиал нақшаи сохтмонӣ мекашиданд. Айнан ҳамон вақт аз мо хоҳиш карданд, ки ба дигар давлат кӯчем.

Қабул кардани ин таъйинот бароямон хеле душвор буд. Мо ба бародару хоҳарон чунон дил баста будем, ки ҷудоӣ аз онҳо дарднок буд. Дар гузашта, вақте аз оилаамон ҷудо шуда, ба Ҷилъод рафтем, мо дидем, ки худро ба дасти Яҳува супоридан чӣ қадар баракатҳо меорад. Барои ҳамин ин таъйинотро низ қабул кардем. Моро ба Гана, ба ҳамсоядавлати Либерия, фиристоданд.

Энн: Вақте аз Либерия мебаромадем, мо бисёр ашк рехтем. Аз сухани Фрэнк ном бародари бохираду пиронсоле ба ҳайрат омадем. Ӯ гуфт: «Шумо бояд моро фаромӯш кунед!» Баъд ӯ фаҳмонд: «Мо медонем, ки шумо моро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунед, лекин шумо бояд бо тамоми дилу ҷон аз пайи таъйиноти наватон шавед. Яҳува шуморо таъйин кардааст. Акнун тамоми муҳаббататонро ба бародару хоҳарони Гана бахшед». Суханони он бародар малҳами ҷонамон гашт. Мо диламонро барои дӯстони нав боз кардем, ҳарчанд дар он ҷо танҳо якчанд кас моро мешинохт ва ҳама чиз бароямон нав буд.

Пол: Лекин мо бародару хоҳарони ганагиямонро дарҳол дӯст доштем. Дар он ҷо ҳамимононамон хеле зиёд буданд. Мо аз садоқатмандию имони қавии дӯстони навамон бисёр чизҳоро омӯхтем. Баъди 13 соли хизматамон дар Гана моро як навигарии дигар интизор буд. Аз мо хоҳиш карданд, ки дар филиали Кения, дар Африқои Шарқӣ, хизмат кунем. Ҳарчанд мо ҳамдинонамонро аз таъйиноти пештара сахт ёд мекардем, дар Кения бо бародару хоҳарон дарҳол дӯст шудем. Филиали мо барои кори мавъиза дар минтақаҳои калон ҷавобгар аст ва кор дар он ҷо дар ҷӯш аст.

Бо дӯстони навамон дар Африқои Шарқӣ. Соли 2023

ТАҶРИБАИ ЗИНДАГИИ МО

Энн: Дар давоми солҳо мо мушкиливу даҳшатҳои бисёрро аз сар гузарондем. Одатан чунин воқеаҳо дар ҷисму рӯҳи инсон пай мегузоранд ва мо аз ин эмин нестем. Агар имрӯз овози тиру тӯпро шунавам, дилам беҳузур шуда, дастонам аз кор мемонанд. Аз таҷрибаи ҳаётам фаҳмидам, ки Яҳува барои қувват бахшидани мо ҳамеша тайёр аст. Ӯ инро баъзан ба воситаи бародару хоҳарон мекунад. Агар мо реҷаи рӯҳониро нигоҳ дорем, Яҳува қувват медиҳад, ки ҳар супоришро иҷро карда тавонем.

Пол: Баъзеҳо аз мо мепурсанд: «Хизмат чӣ хел? Ба шумо ин ҷой маъқул?» Медонед чӣ, давлатҳо чӣ қадар зебо набошанд, дар як дам вазъияташон дигар шуда метавонад. Барои ҳамин мо на ягон минтақаро, балки бародару хоҳарони азизамон, оилаамонро, дӯст медорем. Ҳамаамон аз якдигар фарқ кунем ҳам, як Худоро дӯст медорем ва ин муҳаббат моро мепайвандад. Ману Энн фикр мекардем, ки моро барои дастгирӣ кардани онҳо фиристодаанд. Дар асл, мо аз онҳо рӯҳбаландӣ мегирифтем.

Ба куҷое, ки наравем, мебинем, ки бародарии мо як муъҷизаи ҳозиразамон аст. Ба куҷое, ки қадам намонем, он ҷо бародару хоҳаронамон ҳастанд, ки моро пазироӣ мекунанд. То даме дар ҷамоатем, мо соҳиби оилаву хонаи осудаем. Мо аз як чиз дилпурем: агар ҳамеша ба Яҳува такя кунем, ӯ дар ҳар вазъият моро қувват мебахшад (Флп. 4:13).

a Барои хондани саргузашти Ҷон Чарук бо номи «Ман аз Худо ва Масеҳ миннатдорам» ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми марти 1973 (англ.) нигаред.