МАСЛИҲАТҲО БАРОИ ОМӮЗИШ
Муҳити хубро интихоб кунед
Мехоҳед, ки аз омӯзишатон фоидаи бештар гиред? Муҳитеро интихоб кунед, ки фикрҳоятон парешон намешаванд. Дар поён якчанд маслиҳат оварда шудааст:
-
Ҷойи муносибро интихоб кунед. Кӯшиш кунед ҷоеро ёбед, ки тоза ва равшан бошад. Дар паси миз шинед ё дар берун ягон ҷойи мувофиқ ёбед.
-
Ҷойи хилватро ёбед. Исо «саҳарии барвақт» дар «ҷойи беодам» дуо мегуфт (Марқ. 1:35). Агар дар хонаатон ҳамеша одам бошад, ба наздикон ё ҳамхонаатон хабар диҳед, ки дар кадом соат омӯзиши шахсӣ карданиед, то онҳо инро ба назар гиранд.
-
Диққататонро ҷамъ кунед. Намонед, ки чизе ҳушатонро парешон созад. Агар бо телефон, планшет ё дигар таҷҳизот омӯзиш карданӣ бошед, онро беовоз кунед ё дар ҳолате монед, ки халал нарасонад. Нохост ягон кори муҳим ба ёдатон расад, навишта монед, то баъдтар аз пайи он шавед. Агар бинед, ки диққат кардан душвор шуда истодааст, танаффус карда, каме роҳ гардед ё ягон машқ кунед.