Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 42

Дилпур бошед, ки ҳақиқатро ёфтаед

Дилпур бошед, ки ҳақиқатро ёфтаед

«Ҳама чизро бисанҷед, ба он чӣ хуб аст, бичаспед» (1 ТАС. 5:21).

СУРУДИ 54 Мо бояд имон дошта бошем

ПЕШГУФТОР *

1. Барои чӣ бисёриҳо сари калобаашонро гум карданд?

 ДАР рӯзҳои мо, эҳтимол, даҳҳо ҳазор равияҳои масеҳӣ вуҷуд доранд, ки ҳар яке мегӯянд, ки Худоро ба тарзи дуруст ибодат мекунанд. Фаҳмост, ки барои чӣ бисёриҳо сари калобаашонро гум карданд. Онҳо мегӯянд: «Оё як дини ҳақиқӣ вуҷуд дошта бошад? Ё ҳамаи динҳо ба Худо маъқуланд?» Оё мо чун Шоҳидони Яҳува сад фоиз боварӣ дорем, ки чизе ки таълим медиҳем, ҳақиқат аст ва тарзи ибодати мо ягона роҳест, ки ба Худо маъқул аст? Оё дар ҳақиқат ба чунин чизҳо боварӣ доштан имконпазир аст? Биёед баъзе далелҳоро дида бароем.

2. Чаро Павлуси расул боварӣ дошт, ки ҳақиқатро ёфтааст? (1 Таслӯникиён 1:5).

2 Павлуси расул комилан дилпур буд, ки дар роҳи ҳақиқат мебошад. (1 Таслӯникиён 1:5-ро хонед.) Боварии ӯ танҳо бар ҳиссиёт асос намеёфт. Ӯ Каломи Худоро бо ҷидду ҷаҳд меомӯхт. Павлус боварӣ дошт, ки «тамоми Навиштаҳо аз Худо илҳом ёфтаанд» (2 Тим. 3:16). Дар натиҷаи омӯзиш ӯ чиро фаҳмид? Ӯ аз Навиштаҳо далелҳои боварибахшеро ёфт, ки Масеҳ будани Исоро тасдиқ мекунанд, вале он далелҳоро роҳбарони дини яҳудӣ рад намуданд. Онҳо арз мекарданд, ки ба мардум дар бораи Худо ҳақиқатро таълим медиҳанд, лекин ба корҳое даст мезаданд, ки Худо аз онҳо нафрат дошт (Тит. 1:16). Павлус бошад, мисли онҳо набуд, ӯ интихоб намекард, ки ба кадом гуфтаи Худо бовар мекунаду ба кадомаш не. Ӯ тайёр буд, ки «тамоми нияти Худоро» таълим диҳад ва ба кор барад (Кор. 20:27).

3. Оё шарт аст, ки ба ҳамаи саволҳоямон ҷавоб ёбем, то боварӣ ҳосил кунем, ки ҳақиқатро ёфтаем? (Ба чорчӯбаи  «Корҳо ва ниятҳои Яҳува “сону шумор надоранд”» нигаред.)

3 Баъзеҳо ақида доранд, ки дини ҳақиқӣ бояд ба ҳар як саволи онҳо ҷавоб диҳад, ҳатто ба саволҳое, ки ҷавобаш дар Китоби Муқаддас оварда нашудааст. Оё бояд ҳамин хел бошад? Мисоли Павлусро дида мебароем. Ӯ ба ҳамимононаш мегуфт, ки «ҳама чизро бисанҷед», вале инчунин ӯ тан мегирифт, ки бисёр чизҳоро намефаҳмад (1 Тас. 5:21). Ӯ гуфт, ки «дониши мо пурра нест... Ҳоло мо ҳама чиро гӯё дар оинаи хира мебинем» (1 Қӯр. 13:9, 12). Чи хеле ки мебинем, Павлус низ мисли мо ҳар як чизро намедонист. Вале ӯ ҳақиқатҳои асосиро дар бораи Яҳува мефаҳмид ва ин барояш кифоя буд, то дилпур бошад, ки ҳақиқатро ёфтааст.

4. Чӣ тавр мо бовариамонро ба дуруст будани эътиқодамон мустаҳкам карда метавонем ва дар бораи масеҳиёни ҳақиқӣ чиро дида мебароем?

4 Як роҳи мустаҳкам кардани бовариамон ба он ки дар роҳи ҳақиқат ҳастем, ин намунаи ибодати Исоро бо тарзи ибодати Шоҳидони Яҳува муқоиса кардан мебошад. Аз ин мақола мефаҳмем, ки масеҳиёни ҳақиқӣ 1) бутпарастиро рад мекунанд, 2) номи Яҳуваро эҳтиром мекунанд, 3) ҳақиқатро дӯст медоранд ва 4) якдигарро самимона дӯст медоранд.

МО БУТПАРАСТИРО РАД МЕКУНЕМ

5. Мо аз Исо дар бораи Худоро дуруст ибодат кардан чӣ меомӯзем ва чӣ хел таълими ӯро ба кор бурда метавонем?

5 Азбаски Исо Яҳуваро беҳад дӯст медошт, ӯ ҳам вақти дар осмон буданаш ва ҳам ҳангоми дар замин буданаш танҳо Яҳуваро ибодат мекард (Луқ. 4:8). Ӯ пайравонашро таълим медод, ки мисли ӯ танҳо Яҳуваро ибодат кунанд. На Исо, на пайравони содиқаш ҳеҷ вақт дар ибодаташон расму тасвирҳоро истифода намебурданд. Азбаски Худо рӯҳ аст, ягон инсон чизе сохта наметавонад, ки ба ӯ монанд бошад (Иш. 46:5). Вале дар бораи сохтан ва дуо гуфтан ба тасвирҳое, ки баъзеҳо муқаддас меҳисобанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Аз Даҳ амре, ки Яҳува дода буд, дуюмаш чунин садо медод: «Барои худ ҳеҷ гуна буте ва ё чизе ба шакли он чӣ дар осмон, замин... аст, насоз. Ба онҳо саҷда набар» (2 Мӯсо 20:4, 5). Онҳое, ки ба Худо писанд омадан мехоҳанд, ба мазмуни ин суханон сарфаҳм мераванд.

6. Шоҳидони Яҳува ба кадом намунаи ибодат пайравӣ мекунанд?

6 Таърихшиносон мегӯянд, ки дар замонҳои расулон масеҳиён танҳо Худоро ибодат мекарданд. Масалан, дар як китоби таърихӣ гуфта шудааст, ки масеҳиёни пешин аз фикри дар ибодат истифода бурдани тасвир «нафрат доштанд» («History of the Christian Church»). Имрӯз Шоҳидони Яҳува ба намунаи он масеҳиён пайравӣ мекунанд. Мо ба тасвири «муқаддасон» ё фариштагон, ҳатто ба Исо дуо намегӯем. Мо ҳамчунин парчам ё дигар рамзҳои давлатиро парастиш намекунем. Новобаста ба он ки моро ба чӣ кор маҷбур мекунанд, мо ба суханони Исо итоат мекунем, ки гуфта буд: «Худоят Яҳуваро бипараст» (Мат. 4:10).

7. Аз кадом ҷиҳатҳо Шоҳидони Яҳува аз дигар динҳо тамоман фарқ мекунанд?

7 Имрӯз бисёриҳо ба роҳбарони машҳури дин пайравӣ мекунанд. Бисёриҳо ин роҳбаронро чунон болобардор мекунанд, ки гӯё онҳоро парастиш мекарда бошанд. Одамони зиёд ба калисои онҳо мераванд, китобҳояшонро мехаранд ва ба онҳо ё ба ташкилоташон пули бисёрро хайрия мекунанд. Баъзеҳо ба ҳар як гапи ин роҳбарони номдор бовар мекунанд. Онҳо аз дидани он роҳбарон чунон хурсанд мешаванд, ки гӯё Исоро дида бошанд. Вале онҳое, ки Худоро ба таври дуруст ибодат мекунанд, ягон инсонро пайравӣ намекунанд. Ҳарчанд мо онҳоеро, ки роҳбариро бар уҳда мегиранд, дар ташкилот эҳтиром мекунем, вале ба таълими зерини Исо гӯш медиҳем: «Ҳамаи шумо... бародаронед» (Мат. 23:8–10). Мо ягон одамро парастиш намекунем, хоҳ вай роҳбари динӣ бошад, хоҳ сиёсӣ. Ва мо мақсадҳои динӣ ё сиёсии ӯро дастгирӣ намекунем. Баръакс, мо бетарафиро нигоҳ дошта, худро бо ин ҷаҳон олуда намесозем. Барои ҳамин мо аз дигар динҳое, ки худро масеҳӣ меноманд, тамоман фарқ мекунем (Юҳ. 18:36).

МО НОМИ ЯҲУВАРО ЭҲТИРОМ МЕКУНЕМ

Масеҳиёни ҳақиқӣ фахр мекунанд, ки ба дигарон дар бораи Яҳува нақл мекунанд (Ба сархатҳои 8–10 нигаред.) *

8. Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува мехоҳад, ки номи ӯ ҷалол ёбад ва ҳар як шахс онро шиносад?

8 Боре Исо чунин гуфт: «Эй Падар, номи худро ҷалол деҳ». Яҳува аз осмон бо овоз ба ин дуо ҷавоб дода ваъда дод, ки ӯ номи худро ҷалол медиҳад (Юҳ. 12:28). Исо ба воситаи хизмати худ номи Падарашро ҷалол дод (Юҳ. 17:26). Барои ҳамин масеҳиёни ҳақиқӣ истифода бурдани номи Худоро шараф меҳисобанд ва ба дигарон ёрдам мекунанд, ки онро шиносанд.

9. Чӣ тавр масеҳиёни асри як исбот мекарданд, ки номи Худоро эҳтиром мекунанд?

9 Дар асри як каме пас аз ташкил ёфтани ҷамъомади масеҳӣ Яҳува «ба халқҳои дигар назар кард, то аз байни онҳо халқе ба номи худ ҷамъ орад» (Кор. 15:14). Он масеҳиёни асри як мефахриданд, ки номи Худоро истифода мебаранд ва дар ин бора дигаронро таълим медиҳанд. Расулону шогирдон ҳангоми мавъиза ва навиштани китобҳои Китоби Муқаддас номи Худоро истифода мебурданд *. Бо ин роҳ нишон медоданд, ки онҳо халқе мебошанд, ки номи Худоро мешиносонанд (Кор. 2:14, 21).

10. Мо аз куҷо медонем, ки Шоҳидони Яҳува ягона шахсоне мебошанд, ки номи Яҳуваро ба дигарон мегӯянд?

10 Оё Шоҳидони Яҳува халқе мебошанд, ки дар худ номи Яҳуваро доранд? Биёед далелҳоро дида бароем. Имрӯз бисёр намояндагони динҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро карда номи Худоро пинҳон мекунанд. Онҳо аз тарҷумаи Китоби Муқаддасашон номи Худоро гирифтаанд, дар баъзе мавридҳо истифода бурдани номи Худоро дар ибодатгоҳҳояшон манъ мекунанд *. Маълум аст, ки Шоҳидони Яҳува ягона касоне мебошанд, ки ба таври лозима номи Худоро эҳтиром мекунанд. Мо назар ба дигар динҳо дар бораи номи Худо бештар гап мезанем. Мо саъю кӯшиш мекунем, ки мувофиқи номи худ Шоҳидони Яҳува амал кунем (Иш. 43:10–12). Мо зиёда аз 240 миллион нусхаи «Китоби Муқаддас Тарҷумаи Дунёи Нав»-ро нашр кардем, ки дар онҳо номи Худо дар ҷойҳое, ки дигар тарҷумонони Китоби Муқаддас гирифта буданд, оварда шудааст. Мо адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро, ки дар онҳо номи Худо ба зиёда аз 1000 забон омадааст, нашр мекунем.

МО ҲАҚИҚАТРО ДӮСТ МЕДОРЕМ

11. Чӣ тавр масеҳиёни пешин муҳаббаташонро нисбати ҳақиқат нишон медоданд?

11 Исо ҳақиқатро дар бораи Худо ва ниятҳои ӯ дӯст медошт. Ӯ мувофиқи ин ҳақиқат зиндагӣ карда дар бораи он ба дигарон гап мезад (Юҳ. 18:37). Пайравони аслии Исо низ ҳақиқатро хеле дӯст медоштанд (Юҳ. 4:23, 24). Петруси расул эътиқоди масеҳиёнро «роҳи ростӣ» номид (2 Пет. 2:2). Масеҳиёни пешин аз сабаби ҳақиқатро зиёд дӯст доштанашон ақидаҳои динӣ, расму оинҳои маҳаллӣ ва ҳатто ақидаҳои дӯстдоштаашонро, ки бар зидди ҳақиқат буд, рад менамуданд (Қӯл. 2:8). Имрӯз низ масеҳиёни ҳақиқӣ бисёр кӯшиш мекунанд, ки «дар ростӣ роҳ» раванд, тамоми эътиқоди онҳо ва роҳи зиндагии онҳо айнан бар Каломи Яҳува асос меёбад (3 Юҳ. 3, 4).

12. Вақте Ҳайати роҳбарикунанда пай мебарад, ки ба фаҳмиши таълимоти Китоби Муқаддас тағйироте даровардан лозим аст, чӣ кор мекунад ва барои чӣ?

12 Шоҳидони Яҳува намегӯянд, ки онҳо ҳама вақт Китоби Муқаддасро пурра мефаҳманд. Баъзан онҳо ҳангоми фаҳмондани таълимоти Китоби Муқаддас ё тарзи ташкил додани ҷамоатҳо хато мекунанд. Мо аз ин набояд ҳайрон шавем, зеро Китоби Муқаддас аниқ мегӯяд, ки халқи Худо бо гузашти вақт ҳақиқатро беҳтар мефаҳманд (Қӯл. 1:9, 10). Яҳува ҳақиқатро оҳиста-оҳиста ошкор мекунад, мо бояд пурсаброна вақтеро интизор шавем, ки фаҳмиши ҳақиқат беҳтар мегардад (Пнм. 4:18). Вақте Ҳайати роҳбарикунанда пай мебарад, ки ба ягон фаҳмиши ҳақиқат тағйирот даровардан лозим аст, онҳо инро дарҳол мекунанд. Бисёри калисоҳо имрӯз таълимоташонро дигар мекунанд, зеро мехоҳанд, ки ба аъзоёнашон ё дигар одамони ҷаҳон писанд оянд. Вале Шоҳидони Яҳува бо мақсади ба Худо писанд омадану ӯро мисли Исо ибодат кардан ба фаҳмиши таълимоти Китоби Муқаддас тағйироти лозима медароранд (Яъқ. 4:4). Мо на барои он дигаргунӣ медарорем, ки назари одамон дар ҷаҳон дигар шуд, балки Китоби Муқаддасро беҳтар фаҳмидем. Бале, мо ҳақиқатро дӯст медорем (1 Тас. 2:3, 4).

МО ЯКДИГАРРО АЗ ТАҲТИ ДИЛ ДӮСТ МЕДОРЕМ

13. Кадом хислати муҳимро масеҳиёни ҳақиқӣ бояд нишон диҳанд ва имрӯз чӣ тавр Шоҳидони Яҳува ин хислатро зоҳир мекунанд?

13 Масеҳиёни асри як бо хислатҳои хубашон фарқ мекарданд, лекин асосан онҳоро аз рӯйи муҳаббаташон мешинохтанд. Исо гуфта буд: «Агар дар байнатон муҳаббат бошад, ҳама мефаҳманд, ки шогирдони ман ҳастед» (Юҳ. 13:34, 35). Имрӯз Шоҳидони Яҳува дар тамоми дунё аз муҳаббати ҳақиқӣ ва ягонагӣ баҳра мебаранд. Онҳо аз дигар динҳо фарқ мекунанд, чунки нигоҳ накарда ба он ки аз дигар давлат ва маданият ҳастанд, мисли як оила мебошанд. Исботи инро мо дар вохӯриҳо ва анҷуманҳоямон мебинем. Ин ба мо ёрдам мекунад, то дилпур бошем, ки тарзи ибодати мо ба Яҳува маъқул аст.

14. Мувофиқи Қӯлассиён 3:12–14 чӣ хел мо бо як роҳи муҳим нишон дода метавонем, ки якдигарро аз дилу ҷон дӯст медорем?

14 Навиштаҳо моро даъват мекунанд, ки «якдигарро аз дилу ҷон дӯст» дорем (1 Пет. 4:8). Яке аз роҳҳои нишон додани муҳаббат ин ҳамдигарро бахшидан ва ба камбудиҳои якдигар чашм пӯшидан аст. Мо ҳамчунин имконият меҷӯем, ки нисбати тамоми аҳли ҷамоат, ҳатто нисбати онҳое, ки мумкин моро хафа карданд, саховатманд ва меҳмондӯст бошем. (Қӯлассиён 3:12–14-ро хонед.) Бо нишон додани чунин муҳаббат мо исбот мекунем, ки масеҳиёни ҳақиқӣ ҳастем.

«ЯК ИМОН»

15. Боз аз кадом ҷиҳатҳо мо ба намунаи ибодати масеҳиёни асри як пайравӣ мекунем?

15 Мо ба намунаи ҷамоати масеҳиёни асри як аз дигар ҷиҳатҳо низ пайравӣ мекунем. Масалан, ташкилоти мо мисли он масеҳиён амал мекунад. Мо мисли масеҳиёни асри як нозирони ноҳиявӣ, пирон ва хизматгузорони ҷамоат дорем (Флп. 1:1; Тит. 1:5). Мо мисли онҳо қонунҳои Яҳуваро дар бораи алоқаи ҷинсӣ ва издивоҷ истифодаи хун ва ҳифз кардани ҷамоат аз касоне, ки тавба накардаанд, эҳтиром мекунем (Кор. 15:28, 29; 1 Қӯр. 5:11–13; 6:9, 10; Ибр. 13:4).

16. Мо аз суханони Эфсӯсиён 4:4–6 чӣ мефаҳмем?

16 Исо гуфта буд, бисёриҳо даъво мекунанд, ки шогирдонаш мебошанд, вале ҳамаи онҳо ҳақиқӣ нестанд (Мат. 7:21–23). Дар Каломи Худо инчунин пешгӯйӣ шудааст, ки дар рӯзҳои охир бисёриҳо танҳо худотарс метобанд (2 Тим. 3:1, 5). Вале Китоби Муқаддас аниқу равшан мегӯяд, ки барои ба Худо писанд омадан «як имон» вуҷуд дорад. (Эфсӯсиён 4:4–6-ро хонед.)

17. Кӣ имрӯз ба намунаи Исо пайравӣ карда як имони ҳақиқиро нишон медиҳад?

17 Кӣ дар рӯзҳои мо имони ҳақиқӣ нишон дода истодааст? Мо як қатор далелҳоро дида баромадем. Мо намунаи ибодати Исо ва масеҳиёни асри якро фаҳмидем ва ба хулоса омадем, ки танҳо Шоҳидони Яҳува Худоро бо ин тарз ибодат мекунанд. Мо хеле хурсандем, ки Шоҳидони Яҳува мебошем ва дар бораи Яҳува ва ниятҳояш ҳақиқатро медонем. Биёед минбаъд низ бо дилпурӣ ба ҳақиқат маҳкам часпем.

СУРУДИ 152 Қувват, умед ва такягоҳи мо

^ сарх. 5 Исо нишон дода буд, ки чӣ тавр Худоро ибодат кардан даркор. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр шогирдонаш ба намунаи ӯ пайравӣ мекарданд ва чаро гуфтан мумкин аст, ки имрӯз Шоҳидони Яҳува бо ҳамон тарз Худоро парастиш мекунанд.

^ сарх. 9 Ба чорчӯбаи «Оё масеҳиёни асри як номи Худоро истифода мебурданд?» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 1-уми июли соли 2010 саҳ. 6 (рус.) нигаред.

^ сарх. 10 Масалан, соли 2008 рӯҳонӣ Бенедикт 16 амр дод, ки номи Худоро дар хизмати калисо сурудҳо ё дуоҳо «дигар истифода набаранд ё ба забон наоранд».

^ сарх. 63 ШАРҲИ РАСМҲО: Ташкилоти Яҳува «Тарҷумаи Дунёи Нав»-ро ба беш аз 200 забон нашр кард, ки одамон онро ба забони модариашон мехонанд ва дар он номи Худо омадааст.