Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дӯстиатонро бо Яҳува барқарор кунед

Дӯстиатонро бо Яҳува барқарор кунед

ҲАР сол бисёр гӯсфандони бебаҳои Яҳува дар ҷамоат барқарор мешаванд. Вақте ҳар яки онҳо бармегарданд, «дар осмон» хурсандии зиёд мешавад (Луқ. 15:7, 10). Агар шумо барқарор шуда бошед, шубҳа накунед, ки Исо, фариштаҳо ва Яҳува хеле хурсанданд, ки шумо аз нав қисми ҷамоат шудед. Вале ҳангоми барқарор кардани дӯстиатон бо Яҳува шумо бо душвориҳо рӯ ба рӯ шуда метавонед. Биёед бинем, ки баъзе душвориҳо кадоманд ва барои онҳоро паси сар кардан чӣ ба шумо ёрдам мекунад.

ДУШВОРИҲОИ БАРҚАРОРШАВӢ

Баъди ба ҷамоат баргаштан шояд бисёр бародару хоҳарон бо ҳиссиёти манфӣ мубориза баранд. Эҳтимол, ҳиссиёти шоҳ Довуд ба шумо шинос аст. Ҳатто баъди бахшида шуданаш ӯ гуфта буд: «Хатоҳоям маро пахш кардаанд» (Заб. 40:12; 65:3). Баъди дар ҷамоат барқарор шудан виҷдони шахс ё ҳисси шарм ӯро солҳои дароз азоб дода метавонад. Изабел, * ки беш аз 20 сол хориҷ шуда буд, мегӯяд: «Бовариам намеомад, ки Яҳува маро бахшидааст». Агар дилшикаста шавед, шумо аз нав рӯҳан суст гашта метавонед (Пнм. 24:10). Илоҳо ин бо шумо рӯй надиҳад.

Дигарон бошанд, хавотиранд, ки барои бо Яҳува муносибати наздикро барқарор кардан ин қадар корҳоро ба ҷо оварда наметавонанд. Баъди барқарор шудан Антуан ном бародаре мегӯяд: «Ман ҳис мекардам, ки бисёр чизҳоеро, ки ҳангоми Шоҳиди Яҳува буданам, мекардам, фаромӯш сохтам». Чунин ҳиссиёт намемонад, ки баъзеҳо пурра бо хизмати Яҳува банд бошанд.

Масалан, агар хонаи шахсе аз тӯфон хароб шуда бошад, ӯ дар бораи вақту қуввате, ки барои барқарор кардани он лозим аст, фикр карда рӯҳафтода шуда метавонад. Ба ҳамин монанд, агар дӯстиатон бо Яҳува аз сабаби гуноҳи ҷиддӣ зарар дида бошад, барқарор шудани он ба назаратон аз ҳад душвор тофта метавонад. Лекин шумо танҳо нестед.

Яҳува моро даъват мекунад: «Биёед масъаларо ҳал кунем» (Иш. 1:18). Шумо барои «масъаларо ҳал» намудан аллакай заҳмат кашидед. Яҳува ин кӯшишҳои шуморо қадр мекунад. Лаҳзае фикр кунед: Азбаски шумо ба назди Яҳува баргаштед, ӯ мисоли шуморо оварда исбот карда метавонад, ки Шайтон дурӯғгӯй аст (Пнм. 27:11).

Ба назди Яҳува баргашта шумо аллакай ба ӯ наздиктар шудед ва Яҳува ваъда медиҳад, ки ба шумо наздик мешавад (Яъқ. 4:8). Вақте дигарон мешунаванд, ки шумо дар ҷамоат барқарор шудед, онҳо, албатта, хеле хурсанд мегарданд, аммо ин кифоя нест. Лекин шумо бояд муҳаббати худро ба Падар ва Дӯстатон, Яҳува, боз ҳам зиёдтар кунед. Чӣ тавр?

МАҚСАДҲОИ ДАСТРАС ГУЗОРЕД

Пеши худ мақсадҳои дастрас гузоред. Эҳтимол, шумо то ҳол чизҳои асосиро дар бораи Яҳува ва биҳишт дар ёд доред, лекин баъзе корҳоро шумо бояд одати худ гардонед. Масалан, шумо бояд мунтазам мавъиза кунед, ба вохӯриҳо биёед ва бо бародару хоҳарон муошират кунед. Биёед баъзе мақсадҳоро дида бароем.

Тез-тез бо Яҳува гап занед. Падаратон, Яҳува мефаҳмад, ки аз боиси ҳисси гунаҳкорӣ шояд бароятон дуо гуфтан на он қадар осон аст (Рум. 8:26). Ҳатто агар чунин бошад ҳам, «ҳамеша дуо гӯед» ва ба Яҳува нақл кунед, ки то чӣ андоза дӯсти ӯ шудан мехоҳед (Рум. 12:12). Андре ба хотир меорад: «Ман худро бисёр айбдор мекардам ва аз гуноҳам шарм медоштам, лекин баъди ҳар як дуо ин ҳиссиёт камтару дилам оромтар мешуд». Агар шумо дар бораи чӣ дуо гуфтанро надонед, дуоҳои шоҳ Довудро, ки тавба карда буд, аз назар гузаронед. Онҳо дар таронаи 51 ва 65-уми Забур оварда шудаанд.

Мунтазам Китоби Муқаддасро омӯзед. Ин имони шуморо мустаҳкам мекунад ва, дар натиҷа, муҳаббататон ба Яҳува меафзояд (Заб. 19:7–11). Филипе мегӯяд: «Пеш аз ҳама сабаби рӯҳан суст шудану Яҳуваро хафа карданам он буд, ки ман реҷаи рӯҳонӣ надоштам. Ман намехостам хатоямро такрор кунам, барои ҳамин мақсад гузоштам, ки бо омӯзиши шахсӣ худро ҳимоя мекунам». Шумо низ ҳамин тавр карда метавонед. Агар надонед, ки чиро омӯзиш кунед, аз дӯсти баркамолатон ёрдам пурсед.

Дӯстиатонро бо бародарону хоҳарон барқарор кунед. Баъзе касоне, ки ба ҷамоат бармегарданд, метарсанд, ки дигарон аз онҳо норозӣ мешаванд. Лариса тан мегирад: «Ман шарм медоштам ва фикр мекардам, ки бародару хоҳаронро ноумед карда будам. Аз ин ҳиссиёт муддати дурудароз халос шуда наметавонистам». Дилпур бошед, ки пирон ва дигар масеҳиёни баркамол бисёр мехоҳанд, ки ба шумо ёрӣ диҳанд, то бо Яҳува дӯстиатонро барқарор кунед. (Ба чорчӯбаи  «Пирон чӣ кор карда метавонанд?» нигаред.) Онҳо беҳад хурсанданд, ки шумо баргаштед ва мехоҳанд, ки хушбахт бошед (Пнм. 17:17).

Чӣ тавр ба ҷамоат наздиктар шудан мумкин? Ҳама корҳоеро кунед, ки бародару хоҳарон мекунанд. Бо онҳо ба вохӯриҳо оед ва мунтазам дар кори мавъиза иштирок кунед. Чӣ тавр ин ба шумо кумак мекунад? Феликс мегӯяд: «Бародару хоҳарон баргаштани маро интизор буданд ва ман худро даркорӣ ҳис мекардам. Ҳама ба ман ёрӣ медоданд, ки худро узви оила ҳис кунам, фаҳмам, ки Яҳува маро бахшидааст ва хизмати ӯро давом диҳам». (Ба чорчӯбаи  «Шумо чӣ кор карда метавонед?» нигаред.)

УМЕДАТОНРО ГУМ НАКУНЕД!

Шайтон мехоҳад, ки ба шумо халал расонад, то аз нав дӯсти Яҳува нашавед, барои ҳамин ӯ ба шумо «тӯфон»-и душвориҳоро меорад (Луқ. 4:13). Аз ин рӯ хонаи рӯҳониятонро, яъне пайвандҳои дӯстиатонро бо Яҳува мустаҳкам кунед.

Яҳува нисбати гӯсфандонаш ваъда медиҳад: «Ман гумшударо мекобам, дуршударо бармегардонам, захмдорро ҷароҳатбандӣ мекунам ва нимҷонро қувват мебахшам» (Ҳиз. 34:16). Яҳува ба бисёриҳо ёрӣ дод, ки муносибаташонро бо ӯ барқарор кунанд ва мехоҳад, ки шумо ҳам дӯсти наздикаш шавед.

^ сарх. 4 Номҳо дар ин мақола иваз шуданд.