Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

1921 — Сад сол пеш

1921 — Сад сол пеш

ДАР «Бурҷи дидбонӣ»-и 1-уми январи соли 1921 чунин савол омада буд: «Дар ин сол мо бояд кадом корро ба анҷом расонем?» Дар он аз Ишаъё 61:1, 2 ҷавоб оварда шуда буд, ки ба халқи Худо дар бораи супориши мавъиза кардан хотиррасон менамуд. «Рӯҳи Парвардигор Яҳува... маро тадҳин кардааст, ки хушхабарро ба нармдилон расонам... ва рӯзи интиқоми Худои моро хабар диҳам».

ВОИЗОНИ ДАЛЕР

Барои ин супоришро иҷро кардан ба Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас далерӣ лозим буд, чунки онҳо бояд «хушхабарро ба нармдилон» мерасонданд, ҳамчунин ба бадкорон «рӯзи интиқоми Худо»-ро хабар медоданд.

Бародар Ҷон Ҳоскин, ки дар Канада зиндагӣ мекард, нигоҳ накарда ба зиддият хабари Худоро мерасонд. Баҳори соли 1921, рӯзе ӯ бо як воизи калисо вохӯрд. Бародар Ҷон ба ӯ гуфт: «Биёед дар бораи Навиштаҳо оромона суҳбат кунем. Раваду агар бо ягон чиз розӣ набошем, баҳс накарда дар фикри худ мемонем ва ба нағзӣ хайрухуш мекунем». Лекин ба гуфти бародар нашуд. Бародар Ҳоскин нақл кард: «Мо ҳамагӣ якчанд дақиқа суҳбат карда будем, ки он мард дарашро чунон сахт зад, ки, фикр кардам шишаҳояш ҳозир дар рӯйи фарш майда-майда мешавад».

Он мард дод зада гуфт: «Беҳтараш ба назди бутпарастон рав!» Бародар Ҳоскин дар ҷавоб ба ӯ даҳон накушод, лекин ба худ гуфт: «Охир ман ҳозиракак бо яктоаш суҳбат кардам».

Хизматгори калисо бо ин ором нашуд. Рӯзи дигар ба касоне, ки барои шунидани нутқаш омада буданд, дар бораи бародар Ҳоскин суханҳои дурӯғ гуфт. Бародар мегӯяд: «Ӯ ба одамон гуфтааст, ки ман дар тамоми шаҳр дурӯғгӯйи ашадиам ва маро парондан даркор». Бародар ба тарс дода нашуд, ӯ хизматашро давом дод ва комёб гашт. Ӯ мегӯяд: «Он вақтҳои беҳад хуб буд. Ман бо одамон дар бораи Худо суҳбат карда, хурсандӣ мегирифтам. Дар хизмат ҳатто баъзеҳо ба ман мегуфтанд: “Туро худи Худо фиристодааст”. Онҳо баъзан ёрдами худро пешниҳод мекарданд ва ман аз ҳеҷ чиз камӣ надоштам».

ОМӮЗИШИ ШАХСӢ ВА ОИЛАВӢ

Барои он ки одамон Китоби Муқаддасро беҳтар фаҳманд, Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар маҷаллаи «Асри тиллоӣ» * барномаҳои омӯзишӣ нашр мекарданд. Дар бахши «Тадқиқотчиёни ҷавони Китоби Муқаддас» саволҳое буданд, ки волидон бо кӯдаконашон муҳокима карда метавонистанд. Волидон ин саволҳоро дода ба кӯдаконашон ёрӣ мерасонданд, ки ҷавобашро аз Китоби Муқаддас ёбанд. Баъзе саволҳо одӣ буданд, ба монанди «Дар Китоби Муқаддас чандто китоб ҳаст?» Дигарашон бошад, ба мисли «Оё ҳар як масеҳиро озор медиҳанд?» Чунин саволҳо ҷавононро тайёр мекард, ки воизони далер шаванд.

Ҳамчунин барои касоне, ки дар бораи Китоби Муқаддас дониши бисёртар доштанд, барномаи омӯзишии чуқуртаре вуҷуд дошт. Ба саволҳое, ки дар он барнома буданд, ҷавобро аз ҷилди якуми «Таҳқиқи Навиштаҳо» ёфтан мумкин буд. Аз ин барномаҳо ҳазорон одамон манфиат гирифтанд, лекин дар маҷаллаи «Асри тиллоӣ» аз 21-уми декабри соли 1921 эълон шуд, ки онҳо дигар нашр намегарданд. Барои чӣ?

КИТОБИ НАВ

Китоби «Сози илоҳӣ»

Супоришҳо барои хониш

Кортҳои саволдор

Бародароне, ки роҳбариро ба уҳда мегирифтанд, фаҳмиданд, ки ба омӯзандагони нав ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро зина ба зина омӯзондан лозим аст. Аз ин рӯ моҳи ноябри соли 1921 китоби «Сози илоҳӣ» («The Harp of God») нашр гардид. Шахсоне, ки нусхаи ин китобро мегирифтанд, ба барномаи омӯзишӣ номнавис мешуданд, ки он барои омӯзиши мустақилона пешбинӣ шуда буд. Ин барнома ба одамон ёрӣ медод, ки дар бораи нияти Худо, ки ӯ ба инсоният ҳаёти ҷовидона мебахшад, бисёртар фаҳманд. Омӯзиш чӣ хел мегузашт?

Вақте шахс нусхаи китобро мегирифт, ба ӯ ҳамроҳи китоб корти хурд дода мешуд. Дар он саҳифаҳое қайд шуда буданд, ки шахс бояд онҳоро мехонд. Баъди як ҳафта ба ӯ бо нома корти дигаре фиристода мешуд, ки дар асоси чизҳои хондааш саволҳо дошт. Дар охири корт супоришҳо барои хониши ҳафтаи оянда буданд.

Ин курси омӯзишӣ барои 12 ҳафта омода шуда буд. Ҳар ҳафта ҷамоати маҳаллӣ ба омӯзанда корти нав мефиристод, ки супоришҳо дошт. Одатан ин корро ба бародару хоҳароне месупориданд, ки пиронсол ё аз сабаби саломатиашон хона ба хона хизмат карда наметавонистанд. Масалан, хоҳар Ана Гарднер, ки аз Милвели Пенсилвания (ИМА) мебошад, ба ёд меорад: «Вақте китоби “Сози илоҳӣ” нашр гардид, хоҳарам Тэйл, ки маъюб буд, бисёртар хизмат карда метавонист. Ӯ ба одамон кортҳои ҳарҳафтаинаи саволдор мефиристод». Баъди тамом шудани барномаи омӯзишӣ бародар ё хоҳаре ба назди шавқманд рафта, ба ӯ кумак мекард, то Китоби Муқаддасро хубтар фаҳмад.

А. Хоҳар Тэйл Гарднер дар аробачаи маъюбиаш

КОРИ ДАР ПЕШ БУДА

Дар охири сол бародар Ҷозеф Рутерфорд ба ҷамоатҳо нома фиристод. Дар он қайд шуда буд, ки «хабари Подшоҳӣ дар ин сол назар ба тамоми солҳои дарав васеътар ва самараноктар эълон карда шуд». Ӯ фикри ояндаро карда гуфт: «Ҳоло дар пеш кор бисёр аст. Дигаронро даъват кунед, ки дар ин кори пурбаракат ҳамроҳ шаванд». Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ба ин маслиҳат гӯш доданд, зеро соли 1922 онҳо хабари Подшоҳиро чунон далерона ва боғайратона паҳн карданд, ки пештар ҳеҷ гоҳ ин тавр набуд.

^ сарх. 9 Соли 1937 маҷаллаи «Асри тиллоӣ» «Тасаллӣ» ном гирифт ва он аз соли 1946 инҷониб «Бедор шавед!» ном дорад.